34.1 C
Душанбе

ЗОДГОҲИ МАВЛОНО КУҶОСТ?

“Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфаро зии мо, тоҷикон ва тамоми башарият аст. ӯ аслан зодаи вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд”.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таърих гувоҳ аст, ки Вахшонзамин аз замонҳои қадим то қарни сездаҳи милодӣ водии ободу маъмур ва сар сабз будааст. Ковишҳои бостоншиносӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки мулки Вахш дар замони давлатдории Бохтар, Юнону Бохтар, Кӯшониён, Ҳайтолиён, Хилофати Араб, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Ғуриён яке аз сарзаминҳои ободу сернуфузи Бохтарзамин ба ҳисоб ме рафт. Дар ин водӣ шаҳрҳои бузургу дорои тамаддуни олӣ ва пешрафта арзи вуҷуд намуда буданд. Шаҳрҳои Вахшгирд, Вахш, Кайқубодшоҳ, На вдиз, Шаҳритӯс, Айваҷ (Арайнавайҷаи бостонӣ – ватани нахустини ақвоми ориёӣ), Ҳаловард, Леваканд ва ғайра аз таърихи куҳан ва тамаддуни ғании ин мулки бостонӣ гувоҳанд. Вахшонза мин то давраи истилои муғул соҳиби тамаддуни пешрафта ва олӣ буд. Дар ин водӣ олимону донишмандон, хуш нависону ҳунармандон, меъморону наққошон, адибони барӯманде зиндагӣ ба сар мебурданд. Азбаски мулки Вахш порае аз қаламрави давлати паҳновари Бохтар ба ҳисоб мерафт ва маркази он шаҳри бостонии Балх буд, аксари адибони ин водӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ бо нисбаи “Балхӣ” ёд шудаанд. Аз байни адибон ва донишмандони бу зурги Вахшонзамин ду нафар натанҳо дар адабиёти форсизабон, балки дар адабиёти ҷаҳонӣ шуҳрат ва мақоми баланд доранд. Ин ду тан яке Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигаре Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Донишманди маъруфи тоҷик, докто ри илмҳои фалсафа, профессор Хур шед Зиёӣ дар бораи рӯзгор ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Дурахше аз Вахш» дар рӯзно маи «Ҷумҳурият» (26 июли соли 2007) мақолаи илмии арзишманд ба табъ расонид. Ӯ дар мақолаи мазкур қайд кардааст, ки ба гуфти падари Мав лоно–Баҳоуддин Валад дар асараш «Маориф», ӯ солҳои 1203-1210 милодӣ бо аҳли хонаводааш дар мулки Вахш иқомат доштааст. Дар ин давра писа раш Ҷалолиддин дар Вахш таваллуд меёбад. Ӯ дар соли таваллуди писараш воиз ва имомхатиби яке аз масҷидҳои он будааст. Аз ҳамин ҷост, ки Баҳоуд дин Валад дар асари худ чандин бор аз Вахш ёд кардааст. Аз ҷумла, дар ҷилди аввали ин асар ӯ дар бораи фаъо лияти худ дар ин мулк сухан мегӯяд. Дар ҷилди дуюми асараш Баҳоуддин Валад муноқишаҳои байниҳамдигарии донишмандони ин мавзеъ ва аз тарафи Ғӯриён тасарруф шудани Вахшонза минро дар қарни шашуми ҳиҷрӣ зикр кардааст. Дар охири иқоматаш дар ин мавзеъ ва пеш аз тарки он вай мена висад: «Ба дилам омад ба Вахш, ки чӣ гуна дигарон ба Самарқанду Бағдод ва Балх ба шаҳрҳои ҷалил мебошанд ва ман дар ин кунҷе монда?».

Бояд тазаккур дод, ки муҳаққиқони ховаршиноси Шарқу Ғарб ба масъалаи муайян сохтани зодгоҳи аслии Мавлоно машғул гардидаанд ва яке аз навтарин пажуҳишҳо дар ин самт ба қалами муҳаққиқи амрикоӣ Франклин Луис та аллуқ дорад. Барои исботи он ки Вахш зодгоҳи Мавлоно аст, Франклин Луис чанд далел меоварад. Аввалан, маълу моти тарҷумаҳолиро, ки дар китоби «Маориф»-и Баҳоуддин Валад зикр шудааст, таҳлил намуда, менависад: «Баҳоуддин (падари Мавлоно) шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210 милодӣ, дар давро не, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳо уддин дар хонааш, дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуддин ва хонаводааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ будааст». Баъдан, ба масъалаи он ки чаро Мавлоно Румиро зодаи Балх меҳисо банд, дахл намуда, Франклин Луис қайд мекунад: «Балх дар дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин ва Ҷалолиддин бо муҳоҷирони дигар аз Хуросон гуфтугӯ мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро аниқтар муайян мекарданд, ҳад ди ақал изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд. Вале бо мардуми Анатолия (Рум) онҳо шояд мегуфтанд, ки аз Балх омадаанд, аз яке аз марказҳои муҳим ми фарҳангии замонаашон то суқут аз дасти муғулон. Ин амал як нуқтаи назари маъмули муносибатҳоро нишон медиҳад, сокинони шаҳрҳои музофотӣ дар тамоми ҷаҳон ҳангоми дур будан аз ватан худро ҳамчун сокини ба худ наздиктарин шаҳри бузург муаррифӣ месозанд». Ба ин гуфтаҳо илова мебояд кард, ки асари пажуҳишгари амрикоӣ Фран клин Луис «Мавлавӣ, дирӯз, имрӯз ва Шарқу Ғарб» ном дошта, дар тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (Теҳрон, нашриёти «Со лис», соли 1375 ҳиҷрии шамсӣ) ба табъ расидааст. Асари илмии мазкур ба за бони англисӣ “Rumi: Past and Present, East and West” унвон дошта, соли 2000 аз ҷониби “Oneworld” нашр шудааст.

Франклин Луис ба таҳқиқоти ховар шиноси швейтсарӣ Фритс Майер такя карда, қайд мекунад, ки ҷойи сукунати хонаводаи Ҷалолиддини Балхӣ дар солҳои аввали асри XIII на шаҳри Балх, балки шаҳри Вахш будааст. Асари Фритс Майер “Баҳоуддини Валад: зин дагӣ ва асосҳои андешаи ирфонии ӯ” ном дошта, аз унвонаш бармеояд, ки ин рисолаи илмӣ ба пажуҳиши рӯзгор ва осори тасаввуфии падари Мавлоно Баҳоуддин Валад бахшида шудааст. Китоби номбурда ба забони олмонӣ (Leiden, E.J. Brill, 1989, 484 саҳ.) нашр гаштааст. Дар асари Франклин Луис ба таври мушаххас дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно–Вахшонзамин маълумоти арзишманд дода шудааст, ки як қисми он аз мадди назари пажуҳишгари тоҷик Хуршед Зиёӣ дур мондааст.Он ҷо дар бораи зиндагиномаи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷумла навишта шудааст: «Аз он ҷо, ки Мавлавӣ ва Мавлоно лақабҳои эҳтиромомези бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ, хосса шибҳи қора (яъне нимҷазираи Ҳинд–Қ.С) ҳастанд, мад халҳои доиратулмаорифҳо ва намоян даҳои китобҳои форсӣ мавзуи китоби ҳозирро гоҳ бо номи Мавлавӣ Ҷало лиддини Балхӣ мешиносанд, ки Балхӣ бар аслу насаби хонавода дар Балх (Афғонистони кунунӣ) далолат дорад, аммо чуноне хоҳем дид, зодгоҳи Румӣ дар Балх нест, балки дар шаҳри кӯчаке аст, ки имрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Аммо шоири мо дар шеъру адаб худовандгори тамоми шеър аст ва Мавлоно ва Мавлавӣ лақабҳоенд, ки шоирро ба аксари эрониён мешино сонанд». Франклин Люис шаҳри Вахши асримиёнагиро ба Левканд/Леваканд ё Сангтӯда нисбат медиҳад. Ӯ онро дар соҳили шарқии рӯди Вахш ҷойгир медо над ва тақрибан 65 км ҷанубу шарқи Ду шанбе шуморида менависад: «Мавло но Ҷалолиддини Балхӣ эҳтимолан дар Вахш ба дунё омадааст. Вахш дар он замон аз ҷиҳати фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳавзаи Балх тааллуқ дошт. Падари Мавлоно – Баҳоуддин Валад дар ҳамин минтақа ба ҳайси донишманд, фақеҳ ва воиз фаъолият мекард. Аз ин рӯ, нисбат додани Мавлоно ба Балх бо нисбаи Балхӣ бо эҳтимоли таваллуди ӯ дар Вахш мухолифат надорад». Бояд таъкид кард, ки аксари дониш мандони маъруфи эронӣ низ ақидаи доктор Бадеуззамон Фурӯзонфарро дар мавриди зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддин будани Вахши Тоҷикистон эътироф карда, ҷонибдорӣ намуда анд. Аз ҷумла Козими Баргнесӣ, ки таҳқиқоти навтаринро дар бораи аҳвол ва осори Мавлоно анҷом додааст, дар ин бора дар боби «Даврони кӯдакӣ, навҷавонӣ ва таҳсил» чунин ибрози назар намудааст: «Шаҳри Балх, ки хо надони Мавлоно нисбаи Балхии худро аз он гирифтаанд, аз шаҳрҳои бузурги Хуросони он рӯзгор буд, ки имрӯза дар кишвари Афғонистон аст. Шамс (Табрезӣ– Қ. С.) дар «Мақо лот» он гоҳ ки аз Иброҳими Адҳам ёд мекунад, ӯро подшоҳи шаҳри Мавлоно мехонад, аммо дарвоқеъ, хонадони Мавлоно на дақиқан дар худи Балх, балки дар шаҳраке бо номи Вахш, дар шимоли Омӯдарё (рӯди Ҷайҳун) ме зистанд, ки аз назари фарҳангӣ тобеи Балх буд ва бахше аз мамлакати рӯ ба завол овардаи Ғӯриён ба шумор ме рафт». (Ниг. Козими Баргнесӣ. Муқад димаи «Куллиёти Шамси Табрезӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, бар асоси чопи шодравон Бадеуззамон Фурӯзон фар, Теҳрон: «Фикри рӯз», соли 1381 ҳиҷрии шамсӣ, саҳ. 15). Ин навишта аз он шаҳодат медиҳад, ки қазияи аз диёри Вахшонзамин буда ни Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ бофтаву сохтаи пажуҳишгарон набуда, аз ҷониби олимони ховаршиноси Шарқу Ғарб тасдиқ ва мавриди таъйид қарор гирифтааст ва месазад, ки мо, тоҷикон, ифтихор дошта бошем, ки ин дониш манд ва мутафаккири бузург ҳаммил лат, ҳамдиёр ва ҳамшаҳрии мост. Пас аз понздаҳ соли Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 ба Ҷумҳурии Туркия сафари расмӣ анҷом доданд ва зимни сафар оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар шаҳри Қуния зиёрат намуданд. Бо пешниҳод ва ташаббуси фарҳангдӯстона ва наҷиби Сарвари давлатамон моҳи сентябри соли 2007-ум 800-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо қарори ЮНЕСКО дар кишварҳои Туркия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва кулли ҷаҳони мутамаддин бошукӯҳ таҷлил карда шуд. Боиси хурсандист, ки ба муносибати ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (алҳол Бохтар)-и Тоҷикистон ва Қунияи Туркия бародаршаҳр эълон гардиданд. Аз ҷониби дигар, гузоштани номи Ҷалолиддини Балхӣ ба собиқ ноҳияи Колхозобод (Ҳаловарди қадим), бунёди хона-музей ва муҷассамаи Мавлоно дар маркази ноҳияи мазкур ва ғайра кори хайру наҷиб буда, ҳақиқати таърихиро дар бораи Вахшонзамин – зодгоҳи аслии ин абармарди таърих таъкид месозад, ки ҳамшаҳриёнаш вайро аз ёд набаровардаанд ва хотираашро пос ва гиромӣ медоранд. Оре, сарзамини Вахши тоҷикон таърихи бостонӣ дорад. Олимони таърихшинос бар ин ақидаанд, ки маҳз дар давраи истилои муғулони хунхор мардуми ин сарзамин қатли ом гардид ва шабакаи обёрии водии Вахш ба куллӣ вайрон карда шуд. Дар натиҷа, қисми зиндамондаи сокинони водӣ ба ҷониби кӯҳҳо фирор намуданд ва ин сарзамин ба найзору ботлоқзор табдил ёфт. Аз ҳамон давра мардум борҳо кӯ шиданд, ки ватани обоии хешро обод созанд, вале азбаски шабакаи обёрӣ ба пуррагӣ вайрон карда шуда буд, ин водиро аз сари нав эҳёву обод карда натавонистанд. Баъди пирӯзии Инқилоби Октябр давлати тозабунёди Иттиҳоди Шуравӣ ба ашёи гаронбаҳои саноатӣ – пахта сахт эҳтиёҷ пайдо карда буд. Мута хассисони Шуравӣ баъди омӯзиши обу хоки водии Вахш ба хулосае омаданд, ки дар ин водӣ пахтаи навъи маҳиннахи мисриро парвариш намудан мумкин аст. Ба ҳамин хотир дар оғози солҳои сиюми қарни бист сохтмони сарбанду канали Вахш ва обёриву корам намуда ни ин сарзамин шуруъ гардид. «Вахш строй» ба яке аз сохтмонҳои бузург ва зарбдори Шуравӣ табдил ёфт. Давлати Шуравӣ ба мақсади обёрӣ намудани ин сарзамин бо пули тилло аз Амрико экскаватор ва дигар техникаи зарури ро харида овард ва дар як муддати кӯтоҳ канали мазкур канда шуд ва оби Вахш ин водиро аз сари нав ҷони тоза бахшид ва ба макони «тиллои сафед» ва дигар навъҳои шаҳдбори меваҷоту зироат, бахусус меваҷоти ситрусӣ табдил дод. Дар ободонии ин сарза мин намояндагони тоҷикони водиҳои Хуҷанду Фарғона, Кӯлобу Қаротегин ва қавму миллатҳои дигари шуравӣ, пеш аз ҳама, узбекҳо ва русҳо саҳме арзанда гузоштанд. Дар фарҷом хонандагони соҳиб завқи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ро ба муносибати Рӯзи бузургдошти Мавлоно табрику таҳният гуфта, мақолаи худро бо як рубоии шогирди маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румии Вахшонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим ҳусни мақтаъ мебахшам, ки барҳақ фармуда:

Мавлоно рафт, лек нақшаш боқист,

Дар рӯйи ҷаҳон нуру дурахшаш боқист.

Он мастию он ҷунуну он завқи латиф

Дар шеъри равони рӯди Вахшаш боқист.

ҚИЁМИДДИН САТТОРӢ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо