9.5 C
Душанбе

БЕ ЗАБОН МИЛЛАТ НЕСТ, БЕ МИЛЛАТ ЗАБОН НЕСТ…

Хазинаи сабтҳои Радиои “Тоҷикистон” хазинаи тиллоии маърифат аст ва ҳанӯз қисми бисёри он “кашф” нашуда аст. Ғайр аз тавассути радио ба мардум шунавонидан ҷое нашр нагардидаанд. Ин садоҳо имрӯз таъриханд, садоҳои зиндаи халқи тоҷиканд. Ҳоло аз ин силсила муҳовараи ходими вақти радио Маъруф Бобоҷон бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода ва академик Муҳаммадҷон Шакуриро манзури хонандагон мекунем, ки моҳи марти соли 1981 сабт гашта аст.
Маъруф Бобоҷон: – Устодони муҳтарам, имрӯз вақте ки рӯзномаю маҷалла ва асарҳои нави адибонро мутолиа мекунем, ба назар калимаю ибораҳои нав мерасанд. Назари шумо ба ҳамин масъала чӣ гуна аст?
Сотим Улуғзода: – Ба эҳтиёт, до ниста, навиштан даркор. Аммо умуман агар гӯем, устодон – ҳам Горкий, ҳам Айнӣ тарафдор набуданд ба ин, ки ба забони адабӣ луғатҳои шева, ки фақат дар як маҳал фаҳмида мешаванду дар маҳалҳои дигар фаҳмида намешаванд, дохил карда нашаванд. Ба ҳар ҳол ин ҷо завқу салиқаи ҳар қаламкаш рол бозӣ мекунад. Вай худаш бояд муайян кунад, ки агар фалон калимаро аз шева ба маънӣ дарорад, ният пайдо мекунад ё намекунад, мардум мефаҳмад ё намефаҳмад, инро худаш бояд ҳал кунад. Масалан, фалон калимаро даровардем, ҷоиз аст ё ҷоиз нест, гуфтан мушкил. Ин ба фаҳми донишу идроки ҳамон қаламкаш бисёр воба стагӣ дорад.
Маъруф Бобоҷон: – Ин ҷо гуфтаи устод Айниро мисол овардан бамаврид аст. «Забонро ба ғалбери фикр бехта, ба чилбури маънӣ сайқал занед».
Сотим Улуғзода: – Бале ва дар ҷойи дигар гуфтаанд: “Бо суҳони қоида суфта ва бо чилбури маънӣ сайқал додан даркор”. Бисёр нағз гуфтаанд домулло.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Зарур бувад, раво бувад. Ҳозир нависандагони мо аз лаҳҷа, аз калимаҳои маҳдуди маҳалли худашон, дар ҳақиқат, бисёр кор фармуда истодаанд.
Сотим Улуғзода: – Дуруст. Дӯсти ман Сорбон, як нависандаи, дар ҳақиқат, зиндагишинос дар истеъмоли калимаҳои шевагӣ зиёдаравӣ мекунад. Ман як повести ӯро хондам, аз бист зиёд калимаро ҳеҷ нафаҳмидам. Дар луғат ҳам нест. Бояд, ки аз муаллиф инро пурсид. Хуб, мо, ки дар як шаҳр зиндагӣ дорем, пурсиданамон мумкин, аммо онҳое, ки берун аз шаҳр ин асарро мутолиа мекунанд, чӣ кор мекунанд?! Инро андеша кардан даркор! Ҳол он ки муродифи ҳамон калимаҳо дар забони адабӣ ҳаст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Чизҳое, ки аз гуфтугӯйи маҳаллӣ мегиранд, бояд баръакс, барои фаҳмидани хусусиятҳои зиндагии маҳалле, барои фаҳмидани фикру андешаҳои қаҳрамон ёрмандӣ кунанд, на ин, ки маънои асарро хира кунанду аз фаҳми хонанда дур баранд. То он дараҷае, ки калимаҳои лаҳҷавӣ дар асар барои фаҳмидани мақсаду мароми қаҳрамон, хислатҳову психология ва савияи мадании ӯ, барои зоҳир кардани хусусиятҳои як маҳал, зиндагии як шаҳр ё ин ки як қишлоқ ёрмандӣ мекунанд, ба фикрам, чизи мусбат аст. Дар ин сурат вожаҳои шевагӣ бояд чунон кор фармуда шуда бошанд, ки хонанда асосан аз ғайри эҳтиёҷ пайдо кардан ба луғат фаҳмида тавонад. Ҳар калима дар ҷумла бояд ҳамчунон омада бошад, ки аз рафти ҷумла, аз рафти фикр, аз контекст маъниаш маълум шавад. Он ҷое, ки калима ё ибораи маҳаллӣ хонандаро ба ҷустуҷӯйҳои бисёре маҷбур мекунад, он гоҳ, ба фикрам, вазифаи худашро иҷро накардааст, баръакс, халал расондааст.
Сотим Улуғзода: – Ман дар романи «Восеъ» якчанд калимаи маҳаллиро истифода бурдам, тарсида-тарсида, лекин ҳоло шумо гуфтед, ки худи контекст, худи рафти ҷумла маъниро фаҳмонда метавонад, агар ягон калима нофаҳмо бошад. Ман ба ҳамин нигоҳ карда, кор фармудам. Чанд вақт гӯш андохтам, ки эътироз мешавад. Хайрият, гап нашуд.
Маъруф Бобоҷон: – Воқеан, дар романи «Восеъ» қаҳрамонҳо аз ноҳияҳои гуногун ҳастанд. Як қисмашон аз тарафи Самарқанду Бухоро, як қисмашон аз кӯҳистон. Лекин сухани ҳар қаҳрамон чунон сохта шудааст ва аз оҳанги сухан тамоман маълум аст, ки ин персонаж аз куҷост, намояндаи кадом лаҳҷа аст. Ҳатто калимаҳои лаҳҷавӣ кор фармуда нашуда бо шанд ҳам, аз сохти ҷумла оҳанги сухани мардуми як маҳалро шу нидан мумкин аст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Ин, ба фикрам, яке аз беҳтарин роҳҳои фардӣ кунондани забони персонаж дар насри реалистӣ мебошад. Вале кори душвор аст. Бо ҳар чи бисёртар кор фармуда ни калимаҳои маҳаллӣ хусусияти лаҳҷаро ифода кардан осон аст. Ин корро ҳар нависанда ҳам мета вонад. Аммо бо истифодаи андак ба ин мақсад расидан ба баъзе нависандагон муяссар мегардад.
Сотим Улуғзода: – Дар асарҳои Шолохов бисёр кали маҳои казакҳо дохил шудааст, лекин дар хондану фаҳмидан кас душворӣ намекашад. Устод Горкий дар ду-се мақолааш бисёр сахт баромад карда буд, ба муқобили дохил карда ни калимаҳои сохтаю хунук ба забони русӣ. Ҳатто бо нависандаҳои номӣ мубоҳиса карда буд. Ана, ҳамин ҳодиса, агар мулоҳиза кунед, дар адабиёти мо ҳам ҳаст. Ба қарибӣ ман як чизро қайд карда будам: як нависандаи ҷавон «бесулақай» навиштааст. Ин калима чӣ маънӣ дорад?
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Су лақаяш чист, ки бесулақаяш бошад!
Сотим Улуғзода: – Касе намедонад, ки ин калима аз куҷо омадааст. Як калимаи таҳриршудаи арабӣ ё туркист. Бисёр хунук аст. Ба наздикӣ дар як мақола хондам, ки аниқият навиштаанд. Ин калимаи сохта ба ҳеҷ як қонуни забони тоҷикӣ дуруст намеояд. Сунъӣ буданаш маълум. Аз ин сохтакориҳо ва калимоти хунук бояд ҳазар кард!
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Бо вуҷуди ҳамин, домулло, ба лаҳҷа муроҷиат кардани нависандаҳо, умуман агар гирем, ҳодисаи манфӣ нест. Ҳар кор як ҳадду андоза бояд дошта бошад. Ҳар кор як меъёр дорад. Гап дар бораи он меравад, ки ҳамин меъёр бояд риоя гардад, ҳадду андоза ба назар гириф та шавад. Зотан забони умумихалқӣ сарчашмаи асосии инкишофи забони адабист. Аз ҳама лаҳҷаҳову шеваҳо, чизҳои бисёр муҳим ёфтан мумкин аст. Ёфтану ба забони адабӣ дохил кардан лозим аст. Лекин ин корро ба эҳтиёт, ба салиқа бояд анҷом дод, то ки фақат бо иси ғаномандӣ афзудани забони адабӣ гардад. Яке аз бузургтарин хизматҳои устод Айнӣ ҳамин аст, ки забони адабии ҳазорсоларо ба забони халқии имрӯза наздик овард ва забони халқии ҳозираро ба дараҷаи забони адабии ҳазорсолаи сайқалдида бардошт. Ин корро давом додан даркор аст. Хусусан имконияти лаҳҷаҳои кӯҳистонро истифода намуда, ғаномандии забони адабиро афзудан аз вазифаҳои муҳим аст. Ин ҳам васияти Айнист.
Сотим Улуғзода: – Ин кор оянда дорад. Институти забон ва адабиёт луғати шеваҳоро тайёр карда исто дааст. Вақте ки ин луғат чоп шавад, фаҳмидани калимаҳои шевагӣ осон тар мешавад ва онҳо ба адабиёт роҳ меёбанд. Ҳоло, ки луғат нест, мо наметавонем маънии калимаҳои шева гиро дар ягон ҷо баён кунем, фаҳмем. Одам чӣ қадаре, ки умр бинад, тамоми умр забони адабии модарии худашро бояд омӯзад. Забон як баҳри бекарона, бетаг аст. Забон ҳам материал, ҳам ҳолати ҳар як нависандаю қаламкаш аст. Аз ин материал устод «Шоҳнома» месозад ва як нафари дигари беҳунар чизе месозад, ки ғайр аз худаш каси дигар аз хондани он завқ намебарад. Ё маҷбур аст муҳаррир хуни ҷигар шуда, вайро таҳрир кунад. Бинед, тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо. Аз ҳамон материал «Шоҳнома» ҳам сохта шу дааст, китобҳои Садриддин Айнӣ ҳам эҷод шудаанд ва як олам, мебахшед, чизҳои бемаънӣ ҳам. Омӯхтан лозим, донистан лозим.
Маъруф Бобоҷон: – Гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо.
Сотим Улуғзода: – Бисёр нағз гуфтед. Забонро меофарад халқ, аммо забони адабиро месозад шоир, нависанда, қаламкаш. Умуман, қариб шаст сол аст, ки ман қаламкашӣ меку нам. Оё гуфта метавонам, ки забони модариву адабии худамонро пурраву пухта медонам? Ё касе аз қаламкашҳо гуфта метавонад, ки забони адабиро пурра медонад?
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Албат та, не!
Сотим Улуғзода: – Аз нависанда гони муосири мо касе, ки забони тоҷи киро ҳақиқатан аз ҳамаи мо бештар ва хубтару мукаммалтар медонист, устод Айнӣ буд. Албатта, манбаи якуми мо барои забондонӣ забони халқ аст. Манбаи дувум адабиёти гузаштаи мо, манбаи сеюм он чизҳои нав ва пур маънӣ ва зебо, ки аз забонҳои дигар ва дар навбати аввал аз забони русӣ ба воситаи тарҷумаҳои нав ба забони мо дохил мешаванд. Ин се сарчашма, ба як гуфтае ин се рукни забони тоҷикӣ, аммо ба як гуфтае рукни чорум ҳам ҳаст. Ин қобилияти суханофаринии нависандаву шоир. Ҳар як шоир, ҳар як нависанда суханофарин аст. Ин қадар забони бойе, ки мо дорем, ин қадар хазинаи луғавии ғание, ки ҳаст, инро офаридаанд: Рӯдакиҳо, Фирдавсиҳо, Ҷомиҳо. Бинобар ин, ҳар кас гӯяд, ки ман забони модарии худамро хуб ме донам, ин ё аз ҷаҳолат аст ва ё фақат худписандӣ.
Маъруф Бобоҷон: – Дар натиҷаи нағз донистани он се манбае, ки шумо гуфтед, омӯхтани забони адабӣ муяс сар мешавад. Садриддин Айнӣ воқеан устоди суханофаринӣ буд, ҳақиқатан доди сухан дода буд. Лекин даъво надошт, ки забони тоҷикиро пурра медонад.
Сотим Улуғзода: – Ҳеҷ вақт на гуфтаанд. Меомӯхтанд. Мо худамон шоҳид, ки то охири умрашон мекоф танд, мехонданд, луғат медиданд. Баъзе қаламкашони ҷавони мо ба адабиёти куҳна бо назари назарногирӣ ё беэътиноӣ аҳаммият медиҳанд.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Агар ин хел бошад, фардо асарҳои Айниро ҳам китоби куҳна дониста, аз онҳо даст хоҳанд кашид.
Сотим Улуғзода: – Баъд, китоби куҳна то китоби куҳна фарқ дорад. Охир, «Шоҳнома» китоби куҳна аст-ку, девонҳои Ҳофиз, Саъдӣ, Камол ё аз наср агар гирем, «Калила ва Димна», «Анвори Суҳайлӣ» ҳам китоби куҳ на. Дар он китобҳои куҳна он қадар луғатҳои зебо ва таъбирҳои бисёр рехта ва пурмаънӣ ҳастанд, ки онҳоро зуд ёд гирифтан даркор. Вагарна забо ни мо ба имрӯз наздик, аммо аслашро гирем, камбағал, камранг ва маҳдуд мебарояд.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Забон забони дурушти кӯчагӣ шуда мемонад. Ин ҳодиса чизи нав нест. Ин назариёте, ки баён шудаасту шумо зикр кардед, чизи нав нест. Дар вақташ солҳои бистуму сиюм ҳам ҳамин хел як му боҳисаи калон сар шуда буд. Як гурӯҳ мегуфтанд, ки тоҷикон забони адабӣ надоранд, барои онҳо бояд забони адабӣ созем. Ин гурӯҳ адабиёт ва забони ҳазорсоларо инкор мекарданд ва ақида доштанд, ки асосан бояд ба гуфтугӯи омма такя кунем, байни гуф тугӯ ва забони адабӣ фарқ набошад. Мақсади онҳо ба омма наздик кардани забони адабӣ буд. Мо хуб санҷидем, хуб дидем, ки он роҳ роҳи нодуруст будааст.
Маъруф Бобоҷон: – Яъне надо ниста рад кардани ҳар он чӣ ба назар куҳна менамояд.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Агар ба забоне, ки дар муддати ҳазор сол сайқал дид, зебову тавоно шуд, ҳама таҷрибаи маънавии умри дарози халқи моро фаро гирифт, беэътиноӣ кунем, аҷаб кӯрнамак хоҳем буд. Агар аз таҷрибаи классикон фоида набарем, пас, ба чӣ такя кардан лозим меояд?! Забони адабии тоҷикӣ хусусан дар за бони мо торафт ба забони умумихалқӣ наздик шуда истодааст. Робитаи за бони умумихалқӣ ва забони адабӣ то рафт меафзояд ва устувор мешавад.
Сотим Улуғзода: – Сӣ сол пешу ҳозирро муқоиса кунед, фарқ аз замин то осмон.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Ё ин ки сад сол пеш, масалан, забони Аҳмади Донишро гиреду забони нависандагони имрӯзаро. Боз аз замин то осмон фарқ мекунад. Лекин асоси ин забон як аст. Забони адабӣ дар инкишофи худ ба за бони умумихалқӣ такя мекунад. Аммо ин гап чунин маънӣ надорад, ки бояд аз дастовардҳои устодони суханофарини гузашта рӯй гардонда, фақат ба забони умумихалқӣ такя кунем.
Маъруф Бобоҷон: – Роҷеъ ба масъалаҳои забони адабӣ бисёр чизҳои пухтаву санҷидаву фоиданок эҷод шуданд, ки онҳоро нависандаҳо, хусусан, нависандаҳои ҷавон бодиққат хонданашон лозим аст. Масалан, китоби шумо, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, – «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта маконе дорад» дар ин боб дастури хубест.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Ҳоло бисёр зиёиён таъбирҳои вайрон, калимаю ибораҳои нодурустро кор мефармоянд. Ин ҳол чандин сол боз дар забони адабӣ, дар матбуот давом дорад ва ҳеҷ муяссар нашуда истода аст, ки ин вайронкориро аз саҳифаҳои матбуот берун кунем.
Сотим Улуғзода: – Ман мехостам ду-се мисол биёрам, барои он, ки ба нозукиҳои ифода кам аҳаммият медиҳем ё ин ки намедонем. Ғайри донистани калима, боз тарзу чӣ гуна дар ҷумла кор фармудан бисёр но зукиҳо дорад. Дар ҳикояҳо ба ҳамин гуна чизҳо вохӯрдам: «Дар ин дунё чӣ корҳое, ки мешаванд». Дурусташ: «чӣ корҳое, ки намешаванд». Ё ин ки «Писаронам калон мешаванд, оянда ба ҳамаи онҳо хонаву дари алоҳида лозим». Гӯё тамоман дуруст. Вале диққат кунед, нодуруст. «Хонаву дари алоҳида ба ҳар кадоми онҳо» гуфтан лозим буд. Ба ҳамин нозукиҳо аҳаммият додани нависандаҳо лозим аст. Мисолҳои дигар: «Фалонӣ чунон масти лояқил буд, ки шаф-шафкунон аранге пойҳояшро кашола карда, роҳ мерафт». Аввалан дар забон калимаи «лояқил» нест, «лояъқил» ҳаст, «шафшафкунон» чӣ маънӣ дорад? Тамоман бемаънӣ. «Фалонӣ аллакай аз пагоҳӣ нӯшида, по ба по рост намеистад». Истеъмоли «по ба по» ин ҷо тамоман хатост. «Ба по рост намеистод» гуфтан лозим. Ҷумлаи дигар: «Бо одами маст беҳуда сар ба сар нашавам». Маънии «сар ба сар» ҳамчунин «по ба по»-ро нависандаи ҷавон нафаҳмидааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Дар забони адабӣ «сар ба сар» ба маънои «тамоман» аст. Яъне «аз ин сар то он сар, аз аввал то ба охир».
Сотим Улуғзода: – Ҷумлаҳое вомехӯранд, ки маънии онҳо тамоман ғалат аст. Якчанд мисол меорам: «Илёс ба баногӯши мард як шаппотӣ фаровард». «Шаппотӣ фаровардан» худаш таъбири хатост. «Он мард даруни хоктӯда ҷӯлида ва ҳанӯз чизеро нафаҳмида, чашмонаш гӯё дар рӯи шонаҳои Илёс роҳ медиданд». Тамоман муғлақ. Мо ҳақ надорем ба ин чизҳои каммаънӣ ё тамоман бемаънӣ роҳ диҳем. Боз чанд мисол: «Ба солҳои аввали хонадории онҳо ҳаваси кас меомад». Гӯё тамоман дуруст, лекин диққат кунед, ба «солҳо» ҳавасатон меомад ё ки ба «хонадории онҳо»? «Фалонӣ номи занашро бе «ҷонам»-у «дилам» ба забон намегирифт. «Ҷо нам», дуруст, аммо ба зан «дилам» гуфта муроҷиат карданро ман ҳеҷ нашунидаам. «Лекин вақтҳои охир кадом як мори ресторан аз пеши роҳи онҳо баромаду Илёс менӯшидагӣ шуд, аз занаш дилмонда гашт». Диққат кунед, тамоман ҷумла хом, маънӣ хом ва услуб хароб. «Мори ресторан» чӣ образ аст, ресторан магар мор дорад?! Баромадани морро аз ресторан як та савур кунед. «Чеҳраи масту оболуд». Чеҳраи «оболуд» чӣ хел мешавад?! Тамоман калимаи сохтаи бемаънӣ.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Об чизи тоза. Барои олудагӣ чизи нотозае му носибтар будагист. Масалан, хоколуд.
Сотим Улуғзода: – Дар як жур нал сарлавҳаи як асарро хонда, дар тааҷҷуб мондам: «Дастони эъҷозо фарин», ба назари ман «эъҷозофа рин» калимаи сохтаи бемаънист. Ё ман хато мекунам? Эъҷоз чӣ хел меофаранд? Эъҷоз мекунанд, нишон медиҳанд. Эъҷозкор гуфтан дуруст. «Эъҷозофарин»-ро муаллиф худаш сохтааст, лекин бемаънӣ, мантиқ на дорад. Ин чизҳо бори дигар таъкид мекунанд, ки забонро бо нозукиҳояш омӯзем ва бисёр боэҳтиёт ва донистаю санҷида қалам ронему ҳарф занем.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Ба фикрам, домулло, ин мисолҳое, ки овардед, барои фаҳмидани вазъияти имрӯзаи забони тоҷикӣ, барои донистани он муносибате, ки имрӯз қаламкашҳои мо ба забони адабӣ доранд, бисёр муҳим аст. Беэҳтиётӣ ба ниҳояти дараҷа расидааст. Шумо аз ҷавонон мисол овардед, аммо натанҳо адибони ҷавон, журналистони навкор, олимшавандагони навқалам, балки бисёр қаламкашҳои таҷрибадор ҳам диққат накарда, қалам меронанд. Бедиққатӣ хусусияти асосии ҳамаи қаламдастҳои мо шудааст. Бедиққатӣ, масалан, ба чӣ? Бедиққатӣ ба қоидаҳои забон. Ҳар як нависанда, коркуни матбуоту нашриёт, вақте ки қалам ба даст мегирад, бояд нисбат ба қоидаҳои забон эҳтиром, ҳатто як ҳассосияти махсус дошта бошад. Қоидаву қонунҳои забонро ҳама вақт фикр кунад, то ки нозук фаҳмад. Дар ниҳояти эҳтиёткорӣ диққат кунад, ки чӣ қоидаҳо ҳаст, дар кадом вақт фалон хел калима сохтан мумкин аст, дар кадом вақт мумкин не. Масалан, бояд донад, ки «асарҳои каммашҳур» гуфтан мумкин нест. Чунки «кам» бо сифат не, балкӣ бо исм калимаи мураккаб месозад. Ва ҳол он ки «машҳур» сифат аст. Аз рӯи қоида бояд баъди «кам» ояд. Масалан: камгап, камкор, камхун.
Маъруф Бобоҷон: – «Машҳур» «кам»-у «зиёд» надорад, ба фикрам.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Бале, дар мисоли боло на «каммашҳур», балкӣ «камшуҳрат» гуф тан даркор буд, зеро «шуҳрат» исм аст, исми ҳамон сифати машҳур мебошад. Яъне дар чунин мавридҳо аввал аз сифат исм ёфта, баъд калима сохтан лозим меояд. Худи ҳамон муаллиф, номашро на мегирам, чунин калима сохтааст: «Дигаронро камэътиборнок меҳисобад». Ин ҷо «камэътибор» гуфтан даркор буд. Охир, масалан, «камкорнок» на мегӯем, «кампулдор» намегӯем, «кам пул», «камкор» мегӯем, дигар суффикс лозим нест. Умуман, бо суфикси «нокӣ» калима сохтан дар аксари мавридҳо нодуруст аст. «Ғайратнокӣ, мақсаднокӣ, ҳосилнокӣ». «Ғайратнокии вай бештар гардид». Ва ҳоказо.
Сотим Улуғзода: – Ин муаллифатон ҳамин «нок»-ро бисёр нағз медидааст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Шояд, аммо «ғайраташ бештар гардид» мегуфт, бас буд. «Даҳшатнокии зилзила». Сухани бесаводона аст: «даҳшати зилзила» гуфтан лозим. Ё ин ки «Ма даниятнокии колхозчиён баланд шуд». Дуруст нест. «Маданияти колхозчиён баланд шуд» гуфтан даркор. Ҳоло чунин калима сохтан яке аз тарзҳои асосии истилоҳсозӣ шудааст.
Сотим Улуғзода: – Ин аз камсаводист.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Агар андак диққат кунем, саводро балан дтар бурдан мумкин аст. Диққат яке аз хусусиятҳои муҳимми инсон аст. Суръати диққатро бояд ба суръати замон мувофиқ кунем. Замон замони шитоб аст. Аз ин рӯ, диққати мо ҳам бояд бо шитоб кор кунаду баробари замон равад.
Сотим Улуғзода: – Ба назди кӣ боз як чиз хондам, ба калимаи «манзур» дучор шудам. Як маънии «манзур» «хушоянд кардан» аст. Аммо ҳамон «манзур»-ро мегӯянд, ки худатон медонед, бо чашм дида ша вад. «Бастакор дар оҳанг таъғйироте дароварду ба сомеъ манзур кард». Дар ин ҷумла оҳангро манзур кардан тамоман ғалат аст. Вақте ки феълро ҳамроҳ кардем, дониста кор фармудан даркор. «Эътибор кардан», «диққат кардан» дуруст буд. Мо ҳамин тавр таълим гирифтагӣ.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Саводи шумо баҷо. Аз саводи баъзе нависан дагони солхӯрда бояд шикоят накунем. Вале, ин ҷо масъалаи ҷиддие ҳаст. Ба фикри ман, саводи ибтидоии аҳли қалам дар республикаи мо торафт паст шуда истодааст. Саводе, ки дар мактаб мегиранд, бояд як пояи муайян дошта бошад. Дар соҳаи забон аввал саводи ибтидоӣ доштан даркор, ки онро мактаби миёна медиҳад. Баъзе аз нозукиҳои забонро бояд ҳар кас донад ва хусусан ҳар касе, ки қалам ба даст мегирад, бояд аз ин назар таҳкур сие дошта бошад. Он гоҳ рафта-рафта суханофарин шуданаш мумкин аст.
Сотим Улуғзода: – Писарону дух тарони мо мактаби миёнаро, ки тамом карданд, саводи зарурии тоҷикиро ҳатман бояд дошта бошанд. Аз онҳо талаб карда намешавад, ки роману достон нависанд, лекин босаводона гап задану навиштани онҳо шарт ва зарур аст.
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Ин ҷо як масъалаи дигаре ҳаст, домулло. Тасаввур кунед, ки дарси забон дар синфи 8-ум ба охир мерасад. Талаба натанҳо то синфи даҳро тамом кар данаш дигар дарси забон намехонад, балки ба мактаби олӣ, ки омад, агар ба факултети ғайри филология дохил шавад, дигар аз забономӯзӣ маҳрум аст. Забони тоҷикӣ дар мактабҳои олӣ фақат дар факултетҳои филологияи тоҷикӣ дарс дода мешаваду тамом. Дар забони тоҷикӣ натанҳо дар мак таби миёна бояд дарси асосӣ бошад, балки дар мактабҳои олӣ ҳам, дар ҳа маи факултетҳо мавқеи муайяне ишғол намояд. Дар факултетҳои ғайри фи лология забономӯзӣ бояд бештар бо роҳи услубшиносӣ ва маданияти сухан сурат гирад. Грамматика ҳам лозим аст, вале бо грамматика маҳдуд шудан мумкин нест. Ҷавонон дуруст ифода кардани фикрро бояд ёд гиранд. Чунки ҳар кас, хоҳ филолог бошад, хоҳ табиб ё агроном ё инженер, мактаби олиро, ки тамом кард, бо мардум, бо омма сарукор пайдо мекунад. Лозим аст, ки фикрашро дар вақти гуфтугӯ дуруст баён карда тавонад. Забони тоҷикӣ ба ҳамаи мутахассисҳо зарур аст.
Сотим Улуғзода: – Мо гоҳе ҳай рон мешавем, баъзе мутахассисону унвони олидорон ба забони модарии худ нутқ карда наметавонанд, бисёр душворӣ мекашанд. Ҳатто мактуби одиро бо забони модариашон навишта наметавонанд. Ин бисёр камбудии ка лони мост. Аз афташ, сабаби ин ҳама камбудие, ки дар омӯзиши забон дар мактабҳо ҳаст, аз набудани услубши носист. Грамматикаро тамоман об карда хӯред ҳам, як ҷумлаи дуруст сохта натавонистанатон ҳам мумкин. Охир, дар замони Саъдию Ҷомӣ граммати каи забони форсӣ набуд. Синтаксис ҳам набуд. Онҳо ба воситаи услуб ин забонро азхуд карданд. Ман мехостам арз кунам, ки забони модарии худро ҳар фард бояд дӯст дорад ва эҳтиром кунад.
Маъруф Бобоҷон: – Ба хотири ман як панди бисёр хуби Сухомлинский омад, ки гуфтааст: «Инсоне, ки забони модарии худро дӯст намедорад, инсо не, ки дили ӯро каломи ширини модарӣ ба туғён намеоварад, бадзотест, ки аз тоифаи худ ҷудо афтидааст».
Муҳаммадҷон Шакурӣ: – Забони модарӣ мероси бузурги гузаштагон аст, ки ба мо гузошта рафтаанд. Онро олуда кардану хор кардан гуноҳ аст.
Сотим Улуғзода: – Гуноҳи нобахшиданӣ…
Маъруф Бобоҷон: – Устодони гиромӣ, ташаккур ба шумо, ки вақти пурқимати худро дареғ надошта, суҳ бати ҷолиб ва хеле зарурӣ оростед.
Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед!

ТАҲИЯИ ОБИД САИДЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо