9.5 C
Душанбе

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР ҚАБУЛГОҲ

Вақте ки ба хӯроки нисфирӯзӣ ме рафтам, болои нимкати чӯбини назди ошхона шахси ношиносе дароз кашида, «роҳат» дошт. Як остини пиҷакаш ове зону тукмаҳои куртааш кушода. Роҳгу зарон медиданду парвое надоштанд. Ба қавле, меҳри «кабутакам» тофту «бародар, ҳой бародар, хезед…» гуфтам нихтакунон. Афсус, аз вай садое набуд. Ҳисси одамгариам боло гирифту ба «Телефони боварӣ»-и нозири минтақавӣ занг задам. Медонам, ки оромию осуда гии шаҳрак дар зиммаи ӯст.– Нозири минтақавӣ гӯш мекунад. Хизмат?– Ин «Телефони боварӣ» аст?– Ҳо, ҳамин хел гӯед ҳам, мешавад.– Сари роҳ, дар нимкати чӯбин нафа ре дароз кашида…– Чӣ, мурд-мӣ?– Не-е, аз афташ маст, ё дилаш қапидааст.– Ба «Ёрии таъҷилӣ» занг назадед?– Бародар, ба «Ёрии таъҷилӣ» занг занам, боз як ташвиш… Ман як одами роҳгузар.– Хуб, ному фамилия, ҷои истиқомат.– Чӣ, ман ба «Телефони боварӣ» занг мезанам. Ба фикрам, шинос кардан шарт нест.– Ин ба фикри шумо, вале ҳар касу нокасу алкашу пиён аз ким-кадом кӯчаю пасткӯча занг занад, мо аз куҷо меёбем. Шумо хотирҷамъ бошед, қасам бо номи Худо, ки номатонро ба касе намегӯем. Дила тахт кунед. Ҳамин аст, телефони боварӣ… Дилу нодилон худамро муаррифӣ кардам.– Ҷудо соз. Суроға? Кӯчаи… ба фикрам Ҳоҷӣ Сайдуллохон, рақами…– Истед, истед, ин хел кӯча дар мин тақаи мо нест. Пештар чӣ буд номаш?– Пештар… аниқаш, назди ошхонаи «Дилором».– Хуб, шахси хобкарда мард ё зан?– Уфф…Зан дар кӯча хоб намекунад ку… – Майлаш, гуфти шумо шавад. Акнун гӯед, ки тахминан чандсола?– О, бародар, ман бори аввал меби нам. Раҳмам омаду…– Пояшро ба кадом ҷониб дароз кардааст? Пойафзораш мӯза, туфлӣ ё калуш?– Вой-войе, ҳарду пояш ҳам ба тарафи ош хона дароз кардагӣ. Дар якташ мӯза, дар дуюмаш калуш, шуд-мӣ?– Асабонӣ нашавед, бародар. Пеш аз занг задан нағзакак омӯхтан даркор буд… нафарони дар гирди он одам бударо номнавис мекар дед. Ба рӯяш об пошед буд, шамол дода, ба худ оварда, сонӣ занг занед, беҳтар мешуд. То мо рафтана пули набудагиро ба саратон бор кунад-чӣ? Хуб, мо ҳозир меравем.  Асабам вайрон шуд-мӣ, намедонам, пеши назарам тип-торик… аз афташ, фишори хунам боло рафтааст. Аз карда ам пушаймон будам. Бо ҳамин алфоз ба ошхона даромадаму аввал чойи кабуди талх фармудам. То овардани хӯрок ду пиёла нӯшида, каме ба худ омадам. Ҳа мин вақт «Телефони боварӣ» занг зад…– О, шахси дарозкашидаи шумо нест-ку!– Чӣ? Чанд дақиқа қабл буд-ку… Намедонам…– Чӣ, намедонед? Дар куҷое бошед, ҳозир шавед! Ба хӯроки овардаи пешхизмат ҳам нигоҳ накарда, берун омадам. Ҳақиқатан ҳам он мард набуд.– Чӣ, шумо моро масхара мекунед?– Ба Худо, навакак буд-а…– Буд-набуд, як бадмасту як шахси галстукдори фиребгар буд. Ҳамин тавр? Аз ин баҳсу мунозира чанд нафар тамошогар лаззат мебурданд. Вале касе куҷо рафтани он шахси номаълумро намегуфт.– Хулоса, шуморо барои саргардон кардани милитсия ба шуъба мебарем.  Боқимонда гап дар ҳамон ҷо… Собирҷон, – гӯён ҳамроҳашро фарёд кард нозир ва маро аз дастам гирифта, ба машина шинонданд. Дар шуъба низ ана ҳамин савол-ҷавоб такрор ёфт. Хушбахтона, пас аз се рӯз ҷавобам доданд.  – Бубахшед, мумкин-мӣ?– Э, марҳамат, марҳамат, биёян, биёян. Не, ин тараф гузаред, марҳа мат…– Раҳмат, рафиқ директор. Мана ба ҳамин аризаи ман якто имзо мегузоштед.– Ҳеҷ гап не, худи ҳозир имзо меку нем-дия. Шумо як пиёла чойи кабудро нӯши ҷон кунед, ман бошам, дар як дақиқа…– Э, истед, истед, ба ёдам расид, ман хислатнома надорам-ку.– Чӣ шудааст? Пагоҳ оварда, ба шуъ баи кадрҳо месупореду вассалом. Ё дар давоми кор шуморо худамон меомӯзем.– Сабил монад, маълумотномаи дух тур ҳам фаромӯш шудааст.– Дида истодаам, ки шумо асп барин сиппа-сиҳат. Коғаз он қадар муҳим нест.– Ҳа, гуфтагӣ барин, ман барои ин корхона роҳхат нагирифтаам.– Ҳиҷолат накашед. Мадоме ки ба мо кадр лозим, бе ҳамон роҳхат ҳам қабул мекунем.– Рост-куя… Вале бо як даромадан имзо кардани шумо, аҷаб не, ба сало матиам таъсир расонад, мегӯям-дия…– Чаро?…– Зеро аз осонакак буд шудани корам якбора гурдакаф шуда…– Оббо, додари ҷон-е. О, он замонҳое, ки корафтодагон сарсон мешуданд, кайҳо дар саҳифаҳои таърих ҷой гириф таанд. Ҳоло замон дигар, талабот сахт. Мана дар як сония…– Ҳой, ҳой, чӣ кор карда истодаед, рафиқ директор…– Имзо гузошта истодаам. Мана шуд. Барори кор.– Чӣ?… Имзо гузоштед? Ба ростӣ? Э, воҳ…– Ҳой хоболуд, хезед, директор рафт. Пагоҳ биёед… Аз ин суханони котибаи директор якбора бедор шудам. Дар қабулгоҳ касе набуд. Афсус, сад афсус, ки рӯзи чорум ро низ дар қабулгоҳ бо хоби ширин паси сар кардам…

ЭГАМНАЗАР СОҲИБНАЗАРОВ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо