9.5 C
Душанбе

ДОСТОНИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК

Соли 1994. Авҷи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон. Баҳори он сол хоҳари хурди ам Гулшан мактаби миёнаро хатм кард. Ӯ орзуи табиб шуданро дар сар мепарва рид. Ба ҷуз аз модари раҳматиам дигар ҳамаи мо, мардони хонавода, мухолифи таҳсили ӯ дар пойтахт будем. Зеро он солҳо тақрибан ҳар рӯз аз Душанбе ва гӯшаю канори дигари ҷумҳурӣ хабари қатлу ғорат ва бедодгариҳои силоҳдо рони бесар ба гӯш мерасид. Гурӯҳҳо ва афроди мусаллаҳи фурсатталаб даст ба ҷиноят мезаданд ва талошҳои Ҳукумати навпои ҷумҳуриро барои таъмини ам ният мехостанд беарзиш ҷилва диҳанд. Ҳамзамон, ташвишу изтироби мардум аз фардои зиндагиашон бештар мешуд. Мо ҳарчанд дар 30-километрии шаҳр зиндагӣ мекардем, ба далели ноамнӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ дар он солҳо, розӣ ба идомаи таҳсили Гулшан дар Душанбе набудем. Аммо модарам пофишорӣ ме карданд, ки бояд духтарашон бихонад ва табиб шавад. Ҳамин якравии модар сабаб шуд, то Гулшани мо соли 1994 донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикис тон гардад. Ӯ дар хонаи ман, дар шаҳр зиндагӣ мекард. Соли 2000 таҳсилро бо сари баланд ба анҷом расонд ва соҳиби диплом шуд. Акнун дар яке аз зоишгоҳҳои кишвар мутахассиси навзо дон (неонатолог) мебошад ва ҳамзамон дар коллеҷи тиббӣ ба шогирдон дарс медиҳад. Фарзандони хуб ва хонаю дари обод дорад.

***

Вақти тамошои се қисми аввали силсилафилми ҳунарии “Гулшан” ба коргардонии Муҳиддини Музаффар ба ёди хоҳарам Гулшан афтодам, ки аз қазо ҳамноми қаҳрамони марказии ин филм аст. Нақши Гулшанро Сумая Раҷабова, иҷро мекунад ва ин филм аввалин ҳузу ри ӯ дар синамост. Сумая бистуяк сола аст, мактаби миёнаро дар шаҳри Маскав хатм карда, акнун донишҷӯи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) мебошад. Ин филми иҷтимоию равонӣ дар жанри драма таҳия шуда, сарнавишти духтари рустоиеро ба тасвир мекашад,ки мисли хоҳари ман баъд аз хатми мактаб орзуи таҳсил дар донишгоҳро дорад. Аммо муҳити деҳа, урфу одати шах шудаи мардум, дидгоҳҳои занситезона ва пешдовариҳои падари Гулшан ва ҷавони ошиқи ӯ Исмат (Шоҳмурод Аюб зода), дар пайроҳаи орзуҳои ин духтари ташнаи илму дониш ғавчӯб аст. Ман ҳангоми тамошои филм таҳти таъсири фидокории модари Гулшан, яъне Ҳабиба (Фирӯза Раҳмонова) қарор гирифтам, ки монанди модари ман дар муқобили маҷрои худхоҳиҳои атрофиён устувору побарҷо истод ва барои амалӣ шудани орзуи духтари худ ёриашро аз ӯ дареғ надошт. Ҳабиба пинҳонӣ аз шавҳараш Мирзо (Искандар Каримов), сарвати хо навода, гови ширдеҳ ба номи Заргулро мефурӯшад, то имкони сафари Гулшан ба Душанбе ва харҷи таҳсили ӯ фароҳам шавад. Моҷароҳои зиёде дар масири зиндагии ин духтари деҳотии қолабши кан ва ҷасур ба вуқуъ мепайванданд. Баъд аз вуруд ба шаҳри азиму пурғавғо дар оғӯши шаб Гулшанро дар ҷустуҷӯи сарпаноҳе саргардон мебинем. Ин ҷо ду ҷавони шабгард бо баҳонаи кумак дар ҳалли ин мушкил Гулшанро ба гӯшаи хилвате мебаранд ва кифашро аз ӯ ме рабоянд. Ҳамаи нияту орзуҳои духтари ҷавон дар як лаҳза мисли сароб аз байн меравад, зеро донишҷӯ шудани ӯ бидуни ҳуҷҷатҳое, ки дар дохили ин борхалта маҳфуз буд, номумкин аст. Гулшан бо тамоми нерую тавон дунболи дуздон меафтад. Дар вақти давидан аз пушти онҳо, зиндагӣ дар шаҳр аввалин зарбаи худро ба Гулшан ворид мекунад-мо шине бо суръати баланд ӯро аз по зада меафтонад. Аз ҷараёни ҳаводиси филм тамошо бин пай мебарад, ки Фирдавс (Фирӯзхон Амирқулов), ҷавони 20-солаи мағрур ва  нозпарвари хонаводаи Рауф (Лутфулло Давлатзода) савганди додаи худро ба Гулшан мешиканад ва ӯро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошта, бо духтари дига ре издивоҷ мекунад. Ӯ фарзанди падари сарватмандест, ки дар ҷашни бистсо лагии писари ягонаи худ ба ӯ мошини БМВ ҳадя кардааст ва пулу сарватро “ирода, қудрат ва тавоноӣ” меҳисобад. Саҳнаи пайдо шудани Гулшан дар маҳфили арусии Фирдавсу аруси нави ӯ (Дилноза Нимонова) дар тарабхона, табрики навхонадорон аз сӯйи ӯ ва ба ҳаво партофтани ҳуҷҷатҳои талоқаш бо Фирдавс дар оғози филм далолат бар  он дорад, ки тамошобин дар қисматҳои дигари сериал шоҳиди моҷароҳои зиёде аз зиндагии як духтари деҳотӣ дар шаҳри бузург хоҳад шуд… Ин хулосаи достони се қисмати авва ли сериали “Гулшан” аст, ки акнун имкони тамошои он дар пойгоҳи интернетии киностудияи “Довфилм” ва ютубканали “Довфилм” бар ивази 6 сомонӣ барои ҳар қисмат фароҳам аст. Нагуфта намонад, ки ин филм аз 90 қисмат иборат аст ва дар ду соли оянда таҳия хоҳад шуд. Сериали “Гулшан” ба баррасии муш киле пардохта, ки дар ҷомеаи суннатии мо комилан аз байн бурдани он номумкин ба назар мерасад. Бахусус, дар деҳот ҳар сол садҳо духтари ҷавон баъд аз хатми мактаби миёна ба тақдир тан медиҳанд ва орзуи идомаи таҳсил дар ҳунаристону донишгоҳҳоро дар замини қалби худ “гӯр мекунанд”. Онҳо ҳарчанд монанди қаҳрамони марказии силсила филми ҳунарии “Гулшан” медонанд, ки “дунё бо деҳаи онҳо тамом намешавад” (иқтибос аз суҳбатҳои Сумая Раҷабова, бозигари нақши Гулшан), дар муқобили худхоҳию тангназарии волидайн ва хешу табор коре аз дасташон намеояд. Гулшани Сумая Раҷабова як дух тари муборизу боҳуш аст, ӯ ба раиси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ нома мефиристад ва аз ӯ дархости кумак мекунад. Посухи нома ба дасти падари Гулшан меафтад ва дар оташи қаҳру ғазаби ӯ месӯзад. Аммо Гулшан ноумед нест ва маҳз қотеияти ӯ барои таҳсил дар донишгоҳ аз рӯи квотаи президентӣ боис мешавад, то модараш саранҷом аз ин тасмими дух тари худ ҳимоят кунад. Ҳарчанд модар эътиқод дорад, ки “тақдирро дигар карда намешавад.” Гулшан ҳанӯз дар вақти зиндагӣ дар деҳа, ҳангоми ҷанҷоли хонаводагии ҳамсояашон Абдураҳмон, ки ба хотири бефарзандӣ ҳамсараш Зуҳроро мехоҳад аз хонааш биронад, садои эътироз ба ланд мекунад. Ба гуфтаи Сумая Раҷабова, ӯ танҳо ба хотири шахсияти Гулшан розӣ шуда дар ин сериал нақш ифо кунад. “Ин қиссаи як духтар нест. Ин қиссаи садҳо духтар аст. Чунин духтароне, ки орзуи таҳсил доранд, аммо имкон надоранд, дар ҳама ҷо хеле зиёданд. Барои ман иҷрои ин нақш як масъулияти баланд аст, зеро бояд қаҳрамонамро тавре нишон бидиҳам, ки ҳар духтар эҳсос кунад ман аз номи онҳо суҳбат мекунам ва достони зиндагии онҳоро бозгӯ мекунам. Умедво рам, тамошобинон Гулшани маро ҳамон қадар дӯст медоранд, ки ман ӯро дарк кардам ва шахсияташро дӯст доштам,” – мегӯяд ӯ. Албатта, аз рӯи се қисми як сериали иборат аз 90 қисмат дар бораи ҳусну қубҳи он намешавад зиёд навишту гуфт. Аммо нуктаи бебаҳс ин аст, ки ин филми ҳунарӣ монанди корҳои дигари коргардони боистеъдод Муҳиддини Муза ффар бар асоси меъёрҳои ҳирфа ии синамо ва бо риояти арзишҳои миллӣ сохта шуда аст. Филмномаро Бахтиёр Каримов навишта ва нави санда Сироҷид дин Икромӣ онро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Мусиқии филмро Шери Маршел, оҳангсози тотор табори аҳли Узбе кистон сохта, ки ҳоло муқими Маскав аст. Кори наворбардори филм Шуҳрат Қурбонов ҳам шоистаи таҳсин аст. Чаҳор қисми аввали филм дар ҳудуди деҳаи Гули хайрии ҷамоати деҳоти Элоки ноҳияи Файзобод ва шаҳри Душанбе ба навор гирифта шуда ва паставлиди он, яъне тадвину танзим ва рангомезию са догузорӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон анҷом шудааст. Ба гуфтаи коргардони “Гулшан” онҳо талош кардаанд забони филм забо ни меъёри форсии тоҷикӣ бошад. Воқеан эҳсос мешавад, ки рӯи забони филм хеле кор шуда ва бидуни шак ҷалби нависанда С. Икромӣ барои тарҷумаи филмнома иқ доми бисёр муҳимме ҳаст. Бо вуҷуди ин, баъзе ноҷӯриҳо дар забони қаҳрамонҳои филм ба гӯш мерасанд. Ба назари ман, беҳтар буд аз истифодаи калимаю ибо раҳое монанди “раҳмати калон”, “таға” ё “очата об барад” дар ин сериал парҳез мекарданд. Умед аст, ки дар қисматҳои боқимондаи филм ин мавзуъ ба инобат гирифта мешавад. Нуктаи муҳимме, ки рӯи он бояд таъкид кард, талоши Муҳиддини Му заффар барои оғози раванди таҳияи сериалҳои бокайфияти тоҷикист. Дар се даҳсолаи ахир мардуми мо асосан сериалҳои русию туркӣ ва узбекӣ тамошо мекунанд. Шабакаҳои телевизионии Ру сия, Узбекистон, шабакаҳои форсии GEM TV ва интернет чунин фурсатеро барои мухотабони тоҷик фароҳам овардаанд то онҳо ташнагиашонро бо тамошои сериалҳои сохтаи хориҷиҳо шикананд. Аммо ҷойи нигаронист, ки муҳтаво, сару либоси ҳунарпешаҳо ва бисёре аз саҳ наҳои онҳо бо арзишҳои ахлоқию динӣ ва фарҳангии мардуми мо аслан ҳамхонӣ надоранд. Намедонам, оё масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Тоҷикфилм” боре ба забони сериали “Хусури ман” таваҷҷуҳ карда бошанд? Филме, ки созандагонаш танҳо ба хотири таҳқири забони давлатӣ бояд дар назди қонун ва мардум посух гӯянд. Вақте чунин се риалҳои тоҷикӣ дар интернет миллионҳо тамошобин доранд, оё ба ин васила мо ба ривоҷи забони бебандубор ва кӯчаю бозорӣ дар миёни насли ҷавон ёрӣ на мерасонем?! Маро як пурсиши дигар ҳам  ором намегузорад. Чӣ тавр ҳунармандо ни машҳури театр ва синамои тоҷик розӣ мешаванд дар чунин сериалҳои беарзиш нақш иҷро кунанд? Дар бораи силсилафилми ҳунарии “Гулшан” як нуктаи дигарро ҳам бояд ёдовар шуд. Мо дар ин филм бори ди гар бо ҳунармандони номошнои театр ва синамои тоҷик рӯбарӯ мешавем. Лутфулло Давлатзода, Фирӯза Раҳмо нова, Искандар Каримов, Замирахон Юлдошева ва Малоҳат Абдуллоева дар миёни мардум ва ҳаводорони ҳунар аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор ҳастанд ва бозии дурахшони онҳо дар сериали “Гулшан” қобили тавсиф аст. Ҳамчунин ин сериал чеҳраҳои нави синамоиро ба мо муаррифӣ мекунад. Фирӯзхон Амирқулов (Фирдавс), Шоҳмурод Аюбзода (Исмат), Ёсамин Мусоева (Савсан) ва Муҳам мадҷон Эгамов (Сиёвуш) бори аввал дар як филми ҳунарӣ нақш меофаранд. Сумая Раҷабова, бозигари нақши  Гулшан низ аз чеҳраҳои нави олами синамои миллӣ ва бозёфти арзишманди коргардони филм аст. Ба гуфтаи Муҳид дини Музаффар, Сумаяро аз миёни беш аз 400 довталаби иҷрои нақши Гулшан интихоб кардаанд. Симои тоҷикона, ақлу фаросат, донишу ҷаҳонбинӣ, худшино сию сахткӯшӣ ва маҳорати нақшофари аш сабаби даъвати ӯ ба ин силсилафилм шудааст. Сумая Раҷабова имсол дар озмуни “Духтари зебои шаҳри Душанбе” (Miss Dushanbe-2026) ширкат кард ва унвони “Духтари маҳбуби дилҳо”(Miss Popular Choice)-ро соҳиб шуд. Силсилафилми “Гулшан” танҳо до стони пуршебу фарози хонаводаи Гул шан нест, балки саргузашти духтареро ривоят мекунад, ки аз таҳқиру шикаст то қудрату муваффақият роҳи душво реро пушти сар гузоштааст. Дар ҷомеаи мо духтарони зиёдеро метавон пайдо кард, ки ҷаҳолату тангназарӣ ва хурофот зиндагиашонро нобуд карда ва онҳо ночор таслими тақдири талх шудаанд. Аммо ҳамзамон садҳо духтаре ҳаст, ки ба рағми маҳдудиятҳо ва урфу одатҳои ноҷо дар муҳити деҳот, худро шабеҳи паранда аз қафас раҳо карда, ба боли орзуҳо нишастаанд ва ба кӯйи саодату хушбахтӣ расидаанд. Ҳоло намедонем, ки дар 87 қисми боқимондаи сериали “Гулшан” достони талошу пайкори ин духтари деҳотӣ ба куҷо мерасад? Ва аз гирдоби шикасту ғам ӯ чӣ гуна наҷот ёфта, қуллаҳои пирӯзию муваффақи ятро тасхир мекунад.

***

Дар охири ин навишта мехоҳам достони зиндагии Гулшани хоҳарамро ёдовар шавам. Ӯ ва шавҳараш соҳиби панҷ фарзанд, аз ҷумла се духтар ҳастанд. Духтари бузургашон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад. Духтарони дугоникашон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳастанд. Баъди тамошои нахустин қисмҳои силсилафилми “Гулшан” бори дигар ба ин натиҷа расидам, ки агар дар 32 сол пеш пофишорию ҳимояти сарсахтонаи модари дурандеши ман намебуд, шояд Гулшани мо низ имрӯз мисли ҳазорон тан аз духтарони ҳамсолаш бо ашку ҳасрат ба ёди орзуҳои амалинашудааш талх мегирист. Паёми аслии филми “Гулшан” низ ҳамин аст: ҳеҷ чиз дар зиндагӣ осон ба даст намеояд. Ҳар инсон бояд барои амалӣ шудани орзую ормонҳо ва шу куфтани гулшани руъёҳояш пайваста талош кунад.

СУҲРОБИ ЗИЁ, РӮЗНОМАНИГОР

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо