Партави зарҳали ҳилоли Хуҷанд
Медамад бар шаби хаёли Хуҷанд.
Руди Сайҳун навор мегирад
Гузари рӯзу моҳу соли Хуҷанд.
Ҳама фазлу фазилати ноб аст,
Офарин бар Хуҷанду Оли Хуҷанд.
Чӣ муҳити муаттаре дорад
Пири мо, Хоҷаи Камоли Хуҷанд.
Қадди таърих сахт кӯтоҳ аст
Пеши пешинаву ҷалоли Хуҷанд.
Аз хати мехию хати суғдист
Рози пинҳони хатту холи Хуҷанд.
Ба «Тирози ҷаҳон» мулаққаб шуд
Обу иқлиму эътидоли Хуҷанд.
Дар чаманҳои атргардонаш
Ҳама мастанд аз ҷамоли Хуҷанд.
Пистаи нарму рӯғани бодом
Шеваю гӯишу мақоли Хуҷанд.
Байтҳои ҳарири Фарзона
Ғазали тозаи ғизоли Хуҷанд.
Ҳама қанду набот мебандад
Қандаки сабзи навниҳоли Хуҷанд.
Хоки покаш ба дида бардорам
Рӯзи шукронаи висоли Хуҷанд.
Ё Раб, аз ҳар газанд эмин бод
Рӯзгорони безаволи Хуҷанд.
АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО





