9.5 C
Душанбе

ОДИНАМУҲАММАДИ СӮФӢ

Ман ранҷу ғами туро китобат кардам,

Андуҳи туро нишони қисмат кардам.

Тақдир ману туро наовард ба ҳам,

Акнун ба набудани ту одат кардам.

Чашмам раҳи баргашти туро меҷӯяд,

Оҳ аз ҷигари сӯхтаам мерӯяд.

Имшаб ба лаби тирезаи хонаи ту

Борон ба забони ман сухан мегӯяд.

Ҳатман ту ба шаҳри орзу меоӣ,

Чун об замоне лаби ҷӯ меоӣ.

Кӯҳе нарасад ба кӯҳи дигар, аммо

Як рӯз ба ман ту рӯ ба рӯ меоӣ.

Имрӯзи маро пагоҳ кардӣ, рафтӣ,

Ҳарчанд ки иштибоҳ кардӣ, рафтӣ.

Ёдам мондаст охирин омаданат:

Гаштию ба ман нигоҳ кардӣ, рафтӣ.

Ҳарчанд ки гул будию пар-пар шудаӣ,

Бегонаю ношиносу дигар шудаӣ.

Хушбахт бимон, агарчи бе ман ҳастӣ,

Дирӯз хабар шудам, ки модар шудаӣ.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо