9.5 C
Душанбе

ОМАДАМ БАР ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

(Гуфтугӯи вижаи абераи аллома Аҳмади Дониш доктор Одил Дониш бо корманди ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”)

Тавре дар саҳифаи аввали ин шумора хабар додем, солҳои 2024-2025 бо талошҳои пайвастаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб шахсият ва асолати бозмондагони мутафаккир ва ислоҳталаби тоҷик дар асри ХIХ Аҳмад Махдуми Дониш муайян ва тасдиқ карда шуданд. Бо ин мақсад аз Тоҷикистон гурӯҳи таърихшиносон ба шаҳри Қоҳира сафар карда, муддати ду ҳафта бо наберагон, аберагон ва чаберагони алломаи бузурги тоҷик дидору мулоқоти тадқиқотӣ намуданд. Дар натиҷа собит карда шуд, ки сулолаи овозадори Дониш, ки ҳоло сокини давлатҳои Миср, Фаронса, Британия ва ИМА мебошанд, дар ҳақиқат аз бозмондагони Аҳмади Дониш буда, хотираву арзишҳои зиёдеро аз сарзамини аҷдодӣ, фарҳанги миллӣ ва шахсияти бузурги илмию таърихӣ маҳфуз доштаанд.

Ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳанӯз моҳи марти соли 2026 нахустин шуда дар ин мавзуъ мақолаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода ва кордори сафорат Абдуғаффор Камолзодаро ба нашр расонида буд, ки то имрӯз мавриди истиқболи васеи ҷомеа қарор гирифта, аз тарафи нашрияву саҳифаҳои гуногун пайваста бознашр мешавад.

Инак, боиси хушнудист, ки бо даъвати роҳбарияти олии кишвар абераи Аҳмади Дониш доктор Одил Дониш дар чорчӯби як конфронси илмии байналмилалӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Ба ватани аҷдодии худ омадани наберагони Дониш на танҳо орзуи деринаи худи онҳо, балки орзуи деринаи тамоми мардуми Тоҷикистон ва хосса мухлисону дӯстдорони ин маорифпарвари бузург буд. Хушбахтона, дар доираи ин сафар доктор Одил Дониш ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва идораи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” низ ташриф овард. Дар ин фурсатҳои муносиб ҳамкори мо Мирзошариф Абдусаломзода бо меҳмони гиромӣ мусоҳибаи вижа ва бисёр ҷолиберо анҷом додааст, ки инак, пешкаши хонандагони гиромии ҳафтанома мегардад.

– Ҷаноби доктор Одил, нахуст мехоҳам Шуморо ба сарзамини аҷдодии худ – Тоҷикистон самимона хайрамақдам гӯям. Барои мо, аҳли фарҳангу адаби тоҷик, мулоқот бо намояндаи хонадони Аҳмади Дониш рӯйдоди басо муҳим ва фараҳбахш аст.

Мехостам суҳбатро аз ин оғоз кунем, ки Шумо бори нахуст кай фаҳмидед, ки хонадонатон ба мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш иртиботи насабӣ дорад? Ин ривояти хонаводагиро кӣ ба Шумо расонидааст?

– Дар оилаи мо ин маълумот аз чанд роҳ ҳифз шуда буд. Яке аз амакҳои ман тақрибан панҷоҳ сол пеш ба Узбекистон ва шаҳри Бухоро сафар кардааст. Дар он ҷо ба ӯ гуфтаанд, ки қабри Аҳмади Дониш дар Бухоро ҷойгир аст. Ҳамзамон ба ӯ китоберо дар бораи Аҳмади Дониш тақдим кардаанд, ки ба забони узбекӣ навишта шуда буд. Амакам ин китобро бо худ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб овард. Азбаски касе дар оила забони узбекиро намедонист, онро ба яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи Ал-Азҳар додем. Ӯ дар бораи шахсияти Аҳмади Дониш маълумоти бештар ба мо пешниҳод кард. Манбаи дигари маълумот нақлҳои бибии ман буданд. Ӯ дар бораи шавҳараш Муҳаммад Дониш, ки аз фарзандони Аҳмади Дониш буд, ҳикоят менамуд. Муҳаммад Дониш дар шаҳри Тантаи Миср зиндагӣ дошт. Мо низ бо ҳамроҳии як ҳайати аз Тоҷикистон омада ба ин шаҳр рафта, макони марбут ба ӯро зиёрат кардаем. Бибии ман нақл мекард, ки дар гузашта ҳоҷиёне, ки барои адои ҳаҷ ба Ҳиҷоз мерафтанд, дар роҳи сафарашон муддате дар хонаи хонадони мо меистоданд. Онҳо баъзан чанд ҳафта дар он ҷо истироҳат мекарданд ва баъдан сафари худро идома медоданд. Инчунин, аз нақлҳои онҳо ва муносибатҳои хонаводагӣ баъзе расму ойинҳо ва анъ анаҳои таъомпазӣ ба зиндагии оилаи мо роҳ ёфтаанд То имрӯз дар хонадони мо баъзе аз ин анъанаҳо боқӣ мондаанд. Масалан, омода кардани оши палав ва лағмонро ҳанӯз ҳам дар оила медонанд. Ҳатто насли ҷавони хонавода низ бо ин таомҳо ошно аст. Ҳамсари ман палав омода мекунад, аммо лағмонпазӣ каме мураккабтар аст. Лағмон яке аз таомҳои дӯст доштаи ман ва фарзандонам мебошад. Ҳамин тавр, маълумоти аввалин дар бораи решаҳои хонаводагии мо аз тариқи китоб ва маълумоти бештар аз нақлҳои бибиям ба даст омад. Баъдтар, ҳангоми мулоқот бо яке аз сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср ман худро муаррифӣ карда, гуфтам, ки Одил Дониш ҳастам. Ӯ фавран дар бораи падар ва хонадони мо пурсон шуд ва номи чанд нафар аз аъзои оиларо ба забон овард. Ман ҳайрон шудам, ки чӣ гуна онҳоро мешиносад. Ӯ нақл кард, ки дар ҷавонӣ бо падар ва амакҳои ман шиносоӣ доштааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Қоҳира маконе вуҷуд дошт, ки тоҷирон ва мусофирони аз Бухоро омада дар он ҷамъ мешуданд. Бобои ман онҳоро қабул карда, бо ғизо таъмин менамуд ва меҳмоннавозӣ мекард. Ин макон ба корвонсарой шабоҳат дошта, дар наздикии қалъаи Қоҳира ҷойгир будааст.

Тақрибан панҷ-шаш сол пеш духтарам тасмим гирифт, ки дар бораи таърихи хонадони мо маълумоти бештар пайдо кунад. Ӯ бо сафири Тоҷикистон дар Кувайт Хусрав Нозирӣ тамос гирифт. Он давра ба замони пандемияи «COVID-19» рост омад, бинобар ин имконияти мулоқот маҳдуд буд. Бо вуҷуди ин, мо тавонистем маълумот мубодила кунем ва ҷустуҷӯҳои худро идома диҳем. Духтарам ҳамчунин тавассути интернет бо баъзе муҳаққиқоне шинос шуд, ки ба омӯзиши шахсияти Аҳмади Дониш машғул буданд. Аз ҷумла, маълумотеро дар бораи як донишҷӯи тоҷик дар Сан Франсиско ва як муҳаққиқи итолиёӣ пайдо кард. Дар ҷараёни ҷустуҷӯҳо мо ба ҳуҷҷатҳои қадимаи оилавӣ низ рӯ овардем. Дар байни онҳо шаҳодатномаи шаҳрвандии Миср, ки ба бобоям дода шудааст, мавҷуд буд. Эҳтимол, он ба соли 1934 тааллуқ дорад. Дар ин ҳуҷҷат бобои ман ҳамчун шаҳрванди руси туркистониасл муаррифӣ шудааст. Баъдан як донишманди тоҷик, ки ба омӯзиши Аҳмади Дониш машғул буд, ба Миср омад. Ӯ бо мо ба шаҳри Танта рафт ва макони қабри бобоямро нишон дод. Мо дар он ҷо аксҳо гирифтем.

–Оё дар хонадони Шумо ягон ёдгории хаттӣ, дастхат, мактуб ё ашёи таърихии марбут ба Аҳмади Дониш нигоҳ дошта шудааст?

– Бале, дар оилаи мо як нусхаи Қуръони карим мавҷуд аст, ки дастнавис мебошад. Мо ҳадс мезанем, ки он бо хатти худи Аҳмади Дониш навишта шудааст. Албатта, барои муайян кардани ин масъала таҳқиқоти махсус зарур аст. Ин нусха ҳоло дар дасти яке аз амакбачаҳои ман қарор дорад. Мо аз он чанд акс гирифта, ба яке аз профессороне, ки барои омӯзиши мероси Аҳмади Дониш ба Қоҳира омада буд, фиристодем. Инчунин, дар хонадони мо акс ва тасвири марбут ба Аҳмади Дониш низ мавҷуд аст. Дар раванди мулоқот ва таҳқиқоти минбаъда мо ин маводро бо муҳаққиқони тоҷик аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар миён гузоштем. Умедворем, ки бо ҳамкории мутахассисон метавонем дар оянда маълумоти бештар ба даст оварем.

– Ҷаноби Одил Дониш, агар дуруст фаҳмида бошам, Шумо бо баъзе намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон низ дар робита ҳастед. Оё ин робитаҳо барои шинохти таърихи хонадонатон мусоидат кардаанд?

– Бале, албатта. Дар ин самт робита бо муҳаққиқони тоҷик барои мо аҳаммияти калон дорад. Мо бо баъзе намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муҳаққиқони таърихи Аҳмади Дониш ҳамкорӣ ва мубодилаи маълумот доштем. Аз ҷумла, корманди академия Аскаралӣ Раҷабов, ки шахсан ба Миср сафари хизматӣ намуда буданд. Мо мехоҳем, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо, аксҳо ва маводи дар ихтиёри оила мавҷудбуда мавриди омӯзиши мутахассисон қарор гиранд.

– Хонадони Шумо чандин насл аст, ки дар Миср зиндагӣ мекунад. Имрӯз решаҳои тоҷикӣ барои Шумо чӣ маъно доранд? Робитаи худро бо мероси аҷдодӣ чӣ гуна нигоҳ медоред?

– Ростӣ, ман дар ин ҷо худро воқеан дар байни аҳли хонавода ва наздикони худ эҳсос мекунам. Аз ҳамон лаҳзае, ки ҳамроҳи сафири Тоҷикистон ба сафорат рафтам, чунин ҳис доштам, ки ба хонаи худ ворид шудаам. Ҳеҷ эҳсос намекардам, ки дар як сафоратхонаи хориҷӣ қарор дорам. Баръакс, худро дар муҳити ошно ва байни наздикон медидам. Меҳмоннавозӣ, самимият ва пазироии мардуми Тоҷикистон ба ман хеле писанд омад. Ин хусусиятҳо аз қадим ба мардуми тоҷик хос будаанд. Тақрибан ду сол ё бештар аз ин пеш мо дар оила ба чунин хулоса омадем, ки бояд робитаи худро бо Тоҷикистон барқарор кунем ва тақвият диҳем. Намехостем, ки шиносоии мо бо Аҳмади Дониш танҳо дар хондани китобҳо маҳдуд шавад. Мехостем ба сарзамине биёем, ки аҷдоди мо аз он ҷо бархостаанд, онро аз наздик бубинем ва робитаи худро бо таърихи он эҳсос кунем. Зеро вақте инсон ба сарзамини аҷдодии худ меояд, ин робита барои ӯ маънои дигар пайдо мекунад. Ман аз рӯзи омаданам ин эҳсосро дорам, ки дар хонаи худ ва миёни аҳли хонаводаам қарор дорам.

– Шумо бо осори Аҳмади Дониш то кадом андоза ошно ҳастед? Оё аз навиштаҳои ӯ чизе мутолиа кардаед ва кадом андешаҳои ин мутафаккирро барои наслҳои имрӯза муҳим медонед?

– Ман баъзе тарҷумаҳо ва маълумоти мухтасарро дар бораи Аҳмади Дониш мутолиа кардаам. Мутаассифона, забони тоҷикиро хуб намедонам ва наметавонам осори ӯро дар шакли аслӣ бихонам. Ҳангоми шиносоӣ бо зиндагӣ ва андешаҳои ӯ барои ман як масъалаи ҷолиб таваҷҷуҳбарангез гардид: монандии афкори Аҳмади Дониш бо андешаҳои яке аз ислоҳотгарони маъруфи Миср – Рифъа ат-Таҳтовӣ. Рифъа ат-Таҳтовӣ дар замони Муҳаммадалипошо ба ҳайати донишҷӯёне, ки барои таҳсил ба Фаронса фиристода мешуданд, ворид буд. Ӯ мебоист рафтори донишҷӯёнро назорат кунад, аммо дар баробари ин, аз фурсат истифода бурда, ҷомеаи Аврупо, низоми маориф, илм ва ҳаёти иҷтимоии онро меомӯхт. Баъдтар ӯ мушоҳидаҳо ва андешаҳои худро дар бораи Аврупо дар шакли асар баён кард. Вақте андешаҳои ӯро бо навиштаҳои Аҳмади Дониш муқоиса мекунем, шабоҳатҳои ҷолиберо мушоҳида менамоем. Ҳарду ба масъалаи маориф ва зарурати тағйир додани низоми таълим таваҷҷуҳи махсус доштанд. Онҳо бар ин назар буданд, ки танҳо омӯзонидани дин ва қироати Қуръон барои тарбияи насли оянда кофӣ нест. Дар баробари ин, кӯдакон бояд илмҳои дақиқ, ҳисоб, нуҷум, физика, ҷуғрофия ва дигар донишҳои заруриро низ омӯзанд. Рифъа ат-Таҳтовӣ ҳатто аз баъзе ҷиҳатҳои ахлоқию иҷтимоии ҷомеаи Фаронса ба ваҷд омада буд. Ӯ қайд мекард, ки дар он ҷомеа мардум ба бисёре аз арзишҳое, ки ислом низ таъкид мекунад, аз ҷумла ростқавлӣ, ҳифзи амонат ва риояи ҳуқуқи ятимон, амал менамоянд.

Ба назари ман, ин андешаҳо имрӯз ҳам аҳаммияти худро гум накардаанд. Мо бояд ба насли ҷавон нишон диҳем, ки ҳанӯз беш аз саду панҷоҳ сол пеш дар Шарқ шахсиятҳое буданд, ки зарурати ислоҳоти маориф, рушди илм ва истифодаи донишҳои муосирро дарк карда буданд.

– Оё зиёрати оромгоҳи Аҳмади Дониш дар Бухоро барои Шумо орзуи шахсӣ маҳсуб мешавад? Ин сафар аз нигоҳи эҳсоси оилавӣ ва пайванди наслҳо чӣ маъно дорад?

– Албатта, ин барои ман аҳаммияти хеле бузург дорад. Вақте кӯдак будам, ҳамроҳи оилаамон аз Қоҳира ба Искандария сафар мекардем. Дар роҳ аз шаҳри Танта мегузаштем, ки оромгоҳи бобоям дар он ҷо ҷойгир аст. Падарам ҳамеша дар он ҷо таваққуф карда, ба руҳи бобоям сураи «Фотиҳа» мехонд. Ӯ аз ману бародарам низ хоҳиш мекард, ки дуо кунем. Он лаҳзаҳо то имрӯз дар ёдам мондаанд. Акнун худам мехоҳам ба оромгоҳи ӯ биравам, барои руҳаш дуо кунам ва ин пайванди таърихию оилавиро эҳсос намоям. Яке аз арзишҳое, ки бобоям аз Аҳмади Дониш ба мерос гирифта буд, таваҷҷуҳи махсус ба таълиму тарбияи фарзандон аст. Барои ӯ таҳсили фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа дошт. Тибқи маълумоте, ки дар оила нигоҳ дошта шудааст, бобоям панҷ писар ва як духтар дошт. Ҷолиб он аст, ки ӯ ҳатто дар шароити иҷтимоии он давраи Миср барои таҳсили духтараш низ талош кардааст. Ӯ духтараш Саъдияро ба Қоҳира фиристодааст, то дар соҳаи тиб таҳсил кунад. Саъдия аз ҷумлаи занони аввалине будааст, ки дар Миср ба омӯзиши тиб пардохтаанд.

Фарзандони дигари ӯ низ дар соҳаҳои гуногун таҳсил кардаанд: яке физика ва илмҳои табиӣ, дигаре муҳандисӣ омӯхтааст. Падари ман бошад, ба коллеҷи ҳарбӣ дохил шуда, афсари артиши Миср гардид. Ӯ бо нишони фахрӣ қадрдонӣ шуда, баъдан сафири Миср дар Малайзия ва Юнон буд. Ба назари ман, ин ҳама идомаи ҳамон ҷаҳонбинӣ ва таваҷҷуҳи Аҳмади Дониш ба илму маърифат мебошад.

Ӯ мехост, ки фарзандон донишманд бошанд, соҳиби касбу ихтисос гарданд ва дар ҷомеа нақши созанда дошта бошанд.

– Оё Шумо омода ҳастед, ки бо муҳаққиқон ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон дар самти омӯзиши таърихи хонавода, ҷамъоварӣ ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳои марбут ба Аҳмади Дониш ва фарзандони ӯ ҳамкорӣ намоед?

– Албатта. Яке аз орзуҳои ман ин аст, ки мо тавонем дастнависҳои зиёдеро, ки ба забони тоҷикӣ ва бо хатти форсӣ навишта шудаанд, ҳифз ва омӯзиш намоем. Бо назардошти он ки имрӯз дар конфронси марбут ба зеҳни сунъӣ ва технология иштирок дорем, фикр мекунам, ки метавонем дар ин самт аз имкониятҳои технологияи муосир истифода барем. Масалан, таҳияи низом ё барномаи махсусе, ки қобилияти хондан ва шинохтани дастнависҳои куҳнаи бо хатти форсӣ навишташударо дошта бошад, метавонад бисёр муфид бошад. Ман худам кӯшиш кардаам, ки тавассути баъзе барномаҳои мавҷуда матни дастнависҳоро бихонам. Баъзан натиҷаи хуб медиҳад, вале на ҳамеша. Аз ин рӯ, зарурати таҳияи як низоми мукаммал ва махсусро эҳсос мекунам. Ба назари ман, бояд тамоми дастнависҳои марбут ба Аҳмади Дониш ва осори ӯ ба таври муназзам рақамикунонӣ шаванд. Яъне, онҳоро бо сифати баланд нусхабардорӣ намуда, ба шакли рақамӣ табдил диҳем. Ин имкон медиҳад, ки муҳаққиқон аз кишварҳои гуногун ба онҳо дастрасӣ пайдо кунанд, матнҳоро бихонанд, муқоиса намоянд ва тарҷума кунанд. Дар байни маводе, ки дар ихтиёр дорем, дастнависҳое низ ҳастанд, ки дорои маълумоти ҷолиби илмӣ мебошанд. Масалан, яке аз онҳо ҷадвал ва номҳои баъзе ситораҳою ҳаракати онҳоро дар бар мегирад. Ҳангоми омӯзиши ин навиштаҳо ҳайратовар аст, ки чӣ гуна муаллиф тавонистааст бе истифодаи телескоп ҳаракат ва ҷойгиршавии ҷирмҳои осмониро мушоҳида ва ҳисоб кунад. Ман фикр мекунам, ки чунин мавод бояд ба таври ҷиддӣ таҳқиқ ва барои наслҳои оянда ҳифз карда шавад. Дар ин самт ҳамкории мо бо олимон ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон метавонад натиҷаҳои хуб диҳад.

– Дар Тоҷикистон низ барои омӯзиши мероси Аҳмади Дониш корҳои муайян идома доранд. Аз ҷумла, баъзе ҳуҷҷатҳо ва маводи бойгонии марбут ба Бухоро аз бойгониҳои Тошканд дастрас гардида, мавриди омӯзиш қарор доранд. Ба фикри Шумо, ҳамкории муштарак дар ин самт чӣ натиҷа дода метавонад?

– Ин иқдом бисёр муҳим аст. Ман аз чунин ташаббусҳо истиқбол мекунам ва умедворам, ки ҳамкории муштараки муҳаққиқон метавонад ба кашфи маълумоти нав дар бораи таърихи Аҳмади Дониш ва хонаводаи ӯ мусоидат намояд. Бовар дорам, ки агар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва рақамикунонӣ шаванд, мо метавонем ба бисёр масъалаҳои то ҳол норӯшани таърихи оилавӣ ва зиндагии ин шахсият посух пайдо кунем. Ман низ омодаам, ки дар доираи имкониятҳои худ бо муҳаққиқони тоҷик ҳамкорӣ намоям ва маводи дар ихтиёрдоштаро барои омӯзиш пешниҳод кунам.

– Ба назари Шумо, тарҷумаи осори Аҳмади Дониш ба забони арабӣ ва муаррифии андешаҳои ӯ ба хонандагони Миср ва ҷаҳони араб то чӣ андоза муҳим аст?

– Ин масъала ниҳоят муҳим аст. Ба андешаи ман, бояд осори Аҳмади Дониш ба забони арабӣ тарҷума шуда, ба хонандагони Миср ва дигар кишварҳои араб муаррифӣ гардад. Имрӯз мо бештар аз ҳар вақти дигар ба чунин андешаҳои навсозона ва маорифпарварона ниёз дорем… Муаррифии ӯ дар ҷаҳони араб натанҳо шиносонидани як шахсияти таърихӣ, балки муаррифии мактаби фикрӣ ва фарҳанги илмпарваронаи мардуми тоҷик мебошад.

– Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед? Тасаввури пешини Шумо дар бораи ин кишвар чӣ гуна буд ва пас аз шиносоии наздик чӣ эҳсосоте пайдо кардед?

– Ман аз Тоҷикистон, воқеан, ба ваҷд омадам. Шоми гузашта, вақте аз фурудгоҳ ба меҳмонхона мерафтем, аз чандин кӯчаю хиёбонҳои Душанбе гузаштем. Шаҳр хеле зебо аст. Он чизе, ки диққати маро махсусан ҷалб кард, гулзорҳо, дарахтон, ороиши зебои кӯчаҳо, равшанидиҳии шабона ва меъмории биноҳои муосир буд. Кӯчаҳо васеъ ва муҳити шаҳр ба назар хеле муназзам менамояд. Ростӣ, пеш аз сафар тасаввур мекар дам, ки Душанбе шаҳри нисбатан хурд аст. Аммо дарёфтам, ки он шаҳри бузургест ва бузургии он, пеш аз ҳама, дар мардуми соҳибфарҳангу меҳмон навозаш таҷассум меёбад. Аз ҳама бештар меҳрубонӣ, сами мият ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон ба дилам таъсир гузошт. Ман худро дар ин ҷо хеле роҳат ва наздик ба мардум эҳсос кардам.

– Шумо дар соҳаи технология ва зеҳни сунъӣ низ фаъолият доред. Ба назари Шумо, оё зеҳни сунъӣ дар оянда метавонад инсонро идора кунад ё инсон ҳамеша идоракунандаи ин технология боқӣ мемонад?

– Ин саволест, ки имрӯз касе наметавонад ба он ҷавоби қатъӣ диҳад. Мо дар марҳалае қарор дорем, ки технология бо суръати ниҳоят баланд рушд мекунад. Дар панҷ соли оянда шояд тағйироте ба вуҷуд оянд, ки имрӯз ҳатто тасаввур кардани онҳо душвор аст. Масалан, ширкати «Anthropic», ки низоми зеҳни сунъии «Claude»-ро таҳия мекунад, дар маводи марбут ба фаъолияти худ ба масъалаи хатарҳои эҳтимолии зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст. Ин нишон медиҳад, ки ҳатто ширкатҳои пешсафи ин соҳа низ зарурати баррасии ҷиддии хатарҳои онро эътироф мекунанд. Масъала дар он аст, ки зеҳни сунъӣ метавонад қобилияти омӯзиши мустақилона пайдо кунад ва дар баъзе ҳолатҳо аз доираи назорати инсон берун равад. Аз ин рӯ, истифодаи он бояд бо қоидаҳо ва меъёрҳои мушаххас танзим карда шавад. Вақте инсоният неруи атомиро кашф кард, зарурати таъсиси созмонҳо ва низомҳои байналмилалии назорат ба истифодаи он ба миён омад. Ба андешаи ман, дар соҳаи зеҳни сунъӣ низ бояд як низоми байналмилалии танзим ва назорат вуҷуд дошта бошад, ки ҳудуд ва меъёрҳои истифодаи онро муайян намояд. Мо наметавонем ин технологияро бидуни назорат ба ҳоли худ гузорем. Зеҳни сунъӣ метавонад ба низомҳои энергетикӣ, обтаъминкунӣ ва дигар инфрасохтори ҳаётан муҳимми кишварҳо таъсир расонад. Агар чунин низомҳо мавриди ҳамла ё истифодаи нодуруст қарор гиранд, оқибатҳои он метавонанд хеле ҷиддӣ бошанд. Масалан, қатъ гардидани фаъолияти неругоҳҳо ё иншооти бузурги обтозакунӣ метавонад зиндагии миллионҳо нафарро халалдор созад. Ҳатто эҳтимоли қатъ шудани таъмини барқ дар як шаҳри бузург барои чанд рӯз метавонад ба буҳрони ҷиддӣ оварда расонад. Аммо аз ҷониби дигар, зеҳни сунъӣ имкониятҳои бузурги мусбат низ дорад. Он метавонад дар муддати кӯтоҳ дар таҳқиқоти тиббӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои табобати бемориҳои вазнин, аз ҷумла саратон ва ҳалли мушкилоти илмӣ кумак расонад. Аз ин рӯ, зеҳни сунъиро метавон як силоҳи дутарафа номид. Он ҳам метавонад ба инсоният фоидаи бузург расонад ва ҳам дар сурати истифодаи нодуруст хатарҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оварад. Муҳим он аст, ки инсон ҳамеша масъулият ва назоратро дар дасти худ нигоҳ дорад.

– Дар доираи сафар ва мулоқотҳоятон бо намояндагони муассисаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи технология ва зеҳни сунъӣ, барои ҳамкории минбаъда чӣ имкониятҳоро мебинед?

– Пас аз мулоқоту суҳбатҳое, ки имрӯз доштам, ба ояндаи Тоҷикистон бо назари нек менигарам. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон дар соҳаи технология ва зеҳни сунъӣ имкониятҳои хуб дорад. Аз ҷумла, шахсоне, ки имрӯз бо онҳо суҳбат доштам, дорои дониш ва ҷаҳон бинии васеъ мебошанд. Умедворам, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии онҳо метавон дар ин самт корҳои назаррас анҷом дод. Ман барои Тоҷикистон ва мардуми он пешрафту муваффақият орзу мекунам. Бовар дорам, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технология имкониятҳои зиёде барои ҳамкорӣ мавҷуданд.

– Дар анҷоми суҳбат мехостем аз Шумо хоҳиш кунем, ки тавассути рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» паёми худро ба мардуми Тоҷикистон изҳор намоед.

– Шумо мардуми бисёр хубу меҳрубон ҳастед. Меҳмоннавозӣ, самимият ва муносибати гарми шумо, воқеан, маро ба ваҷд овард. Ман ваъда медиҳам, ки ин сафарро такрор хоҳам кард. Ин дафъа мехоҳам ҳамроҳи ҳамсарам ва фарзандонам ба Тоҷикистон биёям, то онҳо низ бо сарзамини аҷдодии худ аз наздик шинос шаванд. Барои ман муҳим аст, ки фарзандонам решаҳои худро бишносанд, таърихи хонавода ва пайванди онро бо ин сарзамин эҳсос кунанд. Намехоҳам шиносоии онҳо бо Тоҷикистон танҳо як сафари кӯтоҳ бошад. Мехоҳам онҳо низ ин кишвар, фарҳанг ва мардуми онро амиқтар бишносанд. Бори дигар ба мардуми Тоҷикистон ва Роҳбарияти Олии кишвар барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимонаашон изҳори сипос менамоям!

мақолаи гузашта
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо