9.5 C
Душанбе

ЯК ҲАФТА АДАБ ВА ЯК ҶАҲОН СИПОС

Ҳафтаи гузашта барои вилояти Суғд, хосса барои шаҳри бостонии Хуҷанд ҳафтаи адабиёт буд. Ҳафтаи шеъру сухану ҳунару андеша. Тайи як ҳафта ин шаҳри бузург мизбони Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон ва силсилаи васеи чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ дар атрофи он гашт. Ин машварат, ки бо ҳузури роҳбарияти Итти фоқи нависандагони Тоҷикистон, беш аз 40 нафар устодони шеъру сухан ва навқаламон аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ, садҳо нафар аз аҳли илму ада бу фарҳанги вилоят ва даҳҳо нафар ҳаводорони шеъру сухан баргузор шуд, бо маросими бошукӯҳе дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд оғоз гашта, бо доир шудани беш аз 10 нишасти корӣ ва таҳлилӣ дар муассисаҳои гуногуни фарҳангии Хуҷанд, аз ҷумла Кохи Суғдиён, Маркази фарҳангии Хуҷанд, Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд ва ғайра идома ёфт. Дар канори он дар ин рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони Машварати адибон аз та моми ҷумҳурӣ шаби ёдбуди чеҳраҳои мондагори илму адаби миллат чун Тоҷӣ Усмон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Анвар Олим ва ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким бо шукӯҳи хосса доир гаштанд. Қобили зикр аст, ки баргузории ин ҷашнвораи бузурги адабӣ ва мулоқоти васеи чанд насли адибони кишвар дар Хуҷанди суханпарвар маҳз бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода им конпазир гашт. Раиси муҳтарами вилоят бевосита дар кори ҳамоиши адибони ҷавон ширкат карда, дар суханронии оғозбахши худ паҳлуҳои гуногуни рушди адабиёт дар вилояти Суғд дар даврони Истиқлолро баррасӣ ва муаррифӣ намуд. Бо таъкиду таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбари вилоят, ки инак бори дувум мизбонии машварати мазкурро ба дӯш доштанд, ҳар як чорабинии ҳамоиш дар сатҳи баланду шоиста гузашт. Бо истифода аз ин фурсат Раёсати Итти фоқи нависандагони Тоҷикистон эҳтиром ва миннатдории худ ва сипоси ҳар як иштирокдо ри ҳамоишро шахсан ба Раиси вилояти Суғд ва тамоми масъулону коргузорони ин чораби ниҳо изҳор менамояд. Мо шоҳиди таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти вилоят ба фарҳангу адабиёт буда, онро намунаи муносиби татбиқи сиёсати адабпарварона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат медонем. Бинобар аҳаммияти хоссаи ин ҷашнвораи адабӣ барои рушди тамоми самтҳои адабиёти миллии мо, шумораи навбатии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» асосан ба Машварати ҷумҳуриявӣ ва силсилаи чорабиниҳои адабии зикргардида дар Хуҷанди бостон бахшида шуда, дар саҳифаҳои он баррасии раванду ҷузъиёти Машварати адибон ва чорабиниҳои канории он, натиҷаву дастовардҳои асосии ҳамоиш, арзёбии вазъи имрӯзи назму насри ҷавонон, таассуроти иштирокдорони машваратҳо ва ғайра ба таври васеъ инъикос ёфтаанд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо