9.5 C
Душанбе

«ТОҶИ СОМОН» БА САРИ КӢ НИШАСТ?

ТАВРЕ ХАБАР ДОДА БУДЕМ, АЗ 15 ТО 19-УМИ ОКТЯБР ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ СЕЮМИН СИНАМОҶОИЗАИ МИЛЛИИ «ТОҶИ СОМОН» ТАҲТИ УН ВОНИ «ҚАДРШИНОСИИ ҲУНАРИ АСИЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД. ФЕСТИВАЛИ МАЗКУР ДАРВОҚЕЪ БА ҶАШНИ ҲАҚИҚИИ ФИЛМСО ЗОНУ ДӮСТДОРОНИ КИНО ТАБДИЛ ЁФТ. БАРНОМАИ ИМСОЛАИ ФЕСТИВАЛ АСОСАН БА СЕ САМТИ МУҲИММИ СОҲАИ СИНАМО НИГАРОНДА ШУДА БУД: ТАШ КИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ «УСТОД ВА ШОГИРД»; НАМОИШИ ФИЛМҲОИ ИСТЕҲСОЛИ СИНАМОГАРОНИ ВАТАНӢ; БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ КИНОИ КИШВАРҲОИ ҒАЙР ВА САФАРУ БОЗДИД АЗ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ. МО НИЗ БО ТАР ТИБИ БАРНОМАИ ФЕСТИВАЛ МЕКӮШЕМ ХОНАНДАГОНИ ҲАФТАНОМАРО БА ИН РӮЙДОДҲОИ СИНАМОӢ ОШНО БИСОЗЕМ.

НАМОИШИ ФИЛМҲОИ ВАТАНӢ

 Шуруъ аз 15-уми октябр намоиши филмҳои ватанӣ дар кинотеатри Зебун нисо оғоз гардид. Тибқи иттиллои Му ассисаи давлатии «Тоҷикфилм», имсол барои иштирок ва рақобат дар фестивал беш аз 100 филм пешниҳод гардида, тақрибан чилтои он аз ҷониби Комиссияи интихоби филмҳо ба озмун роҳ ёфтанд. Аз он ҷумла: 7 филми бадеии пурра, 6 филми бадеии кӯтоҳ, 14 филми муста над, 6 филми аниматсионӣ ва 5 филми сохташуда бо зеҳни сунъӣ. Филмҳои бадеие, ки ба фестивал роҳ ёфтанд инҳоянд: «Моҳӣ барои Чер чилл» (коргардонҳо Н. Раҳматова, О. Шарипов);«Ошёни меҳр» (коргардон М. Исмоил); «Умед» (коргардон Ҷовидон Аминзода); «Сабр» (коргардон Зафари Валӣ), «Решаҳо» (коргардон Абдулҳай Зокиров) ва филми таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ», ки бори аввал нишон дода мешуд.

МЕҲМОНОНИ СИНАМОҶОИЗА

имсол ба синамоҷоизаи«Тоҷи Со мон» 56 меҳмон аз нуҳ кишвари олам даъват шуда буданд. Инҳо синамогарони Қирғизистон, Федератсияи Русия, Узбе кистон, Туркманистон, Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Фаронса буданд. Рӯзи аввали фестивал, шоми 15-уми октябр дар «Кохи Наврӯз» Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид. Меҳмонону иштирокчиёни Синамоҷои за аз роҳрави сурх гузашта, дар фазои тантанавӣ дохили толор шуданд. Баъдан ҳозирин филми таҳиянамудаи синамо гарони Эронро бо номи «Қиморбоз» тамошо карданд. Рӯзҳои дигар бинандаи тоҷик ҳамчунин метавонист филмҳои дигари истеҳсолнамудаи ин кишварро бубинад. 16-уми октябр дар доираи фестивал ҳамчунин Рӯзи кинои Узбекистон бар гузор карда шуд. Чанд филми синамо гарони узбек дар кинотеатри «Кайҳон» манзури тамошобинон гардид. Рӯзҳои 17-ум ва 18-уми октябр дар кинотеатри «Ватан» ва «Кохи Наврӯз» Рӯзҳои кинои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардиданд. Синамогарони рус рӯзи аввал барои тамошобини тоҷик филми «Авиатор» ро пешкаш намуда, дар идома филмҳои «Буратино», «Отец» (Падар), «Двое в одной жизни, не считая собаки» (Ду нафар бо як ҳаёт, бе шумори саг)-ро нишон доданд. Филмсозони қирғиз ба рои тамошобини тоҷик филми бадеии«Фармоиш» (Буйрук)-и коргардон Достон Мадалбековро оварда буданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК

Дар доираи фестивал ҳамчунин Рӯзи кинои тоҷик ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар Осорхонаи мил лии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ ва форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкориҳои муштараки киносозон ва продюсерон» доир гардид. Дар форум директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён аз имкони ятҳои васеи ҳамкориҳои муштарак дар самти филмофарӣ сухан гуфт. Ҳамчунин дигар иштирокчиён дар мавзуи мазкур суханронӣ намуда, аз имкониятҳои мавҷуда ҳарф заданд. Аз ҷумла роҳбари ҳайати синамогарони Ҷумҳурии исломии Эрон Руҳуллоҳ Ҳусайнӣ иброз дошт, ки синамои Эрон 126 сол дорад ва дар тули ин давра таҷрибаи ғаниеро дар самти филмофарӣ омӯхтааст, ки метавонад барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак зами наи мусоид фароҳам оварад. Руҳуллоҳ Ҳусайнӣ ҳамчунин зикр сохт, ки офа ридани филмҳои муштарак дар бораи шахсиятҳои бузурги таърихӣ имрӯз хеле муҳим аст. Раиси Иттифоқи синамогаро ни тоҷик Сафар Ҳақдод иброз дошт, ки имрӯз моро лозим аст ба тарбияи мута хассисони ҷавон аҳаммияти хосса зоҳир намоем. Филмофарони ҷавони тоҷик натанҳо аз ҳамтоёни руси худ, балки аз таҷрибаи синамогарони дигар кишварҳо низ бояд таҷриба омӯзанд, – илова кард номбурда. Ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик шоми он рӯз дар кинотеатри «Ватан» чорабинии тантанавӣ доир гардида, як қатор фаъолону кормандони собиқадори соҳаи синамо бо ифтихорномаву ун вонҳои фахрӣ қадрдонӣ карда шуданд. Баъдан нахустнамоиши филми таърихии «Ахтарони адаб: Ҷомӣ ва Навоӣ» пеш ниҳоди ҳозирин гардид.

ДАРСИ УСТОД ВА ШОГИРД

Шуруъ аз рӯзи аввали фестивал дар сҳои «Устод ва шогирд» дар маконҳои гуногуни фарҳангӣ доир гардиданд. Ҳам чунин, як қисми меҳмонон рӯзи нахусти Синамоҷоиза аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дидан намуда, дар баробари вохӯрию гуфтугӯ дарсҳои «Устод ва шогирд»-ро баргузор наму данд. Филмноманавис ва профессори кафедраи коргардонии филми бадеии Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематография (ВГИК) Владимир Котт дарси «Устоду шогирд»-ро дар мавзуи «Забони синамо» доир намуд. Ҷустуҷӯи забони хоси синамо мавзуи меҳварии дарс буд, ки дар он масъалаҳои ташак кули диди эҷодӣ, интихоби воситаҳои баёни бадеӣ ва дарёфти шеваи фардии коргардонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, Ҷамшед Усмонов филмноманавис ва режиссёри тоҷик, ки айни ҳол муқими кишвари Фаронса аст ба филмсозони ҷавони тоҷик розҳои касбиро тариқи дарси «Устоду шогирд» ифшо намуд. Мавзуи дарс «Тасаввури эҷодӣ, сенария, наворбардорӣ ва тан зим» интихоб шуд. Зимни машғулияти эҷодӣ Ҷамшед Усмонов аз таҷрибаи шахсии худ дар соҳаи филмсозӣ нақл карда, раванди ташаккули ғояи нахустин филмаш ва марҳалаҳои татбиқи онро аз тасаввури эҷодӣ то офаридани асари синамоӣ шарҳ дод. Дар Мактаби синамо гарони ҷавон дарси «Устод ва шогирд» дар мавзуи «Санъат ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф ва истеҳсоли филм» баргузор гардид. Машғулиятҳои устодони Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинемато графия ҳамчунин дар Маркази илмию фарҳангии Русия дар Тоҷикистон идома ёфтанд. Ин ҷо пеш аз машғулият до нишҷӯёни тоҷик, ки айни ҳол дар Дониш кадаи давлатии умумииттифоқии кинематография таҳсил мекунанд, барномаи ҳунарии омоданамудаи худро пешкаши ҳозирин карданд. Баъдан устодо ни донишкадаи мазкур дар бораи роҳҳои дохилшавӣ ба ин муассисаи бонуфузи таҳси лоти олии соҳавӣ, талаботи қабул ва имкониятҳои таҳсилро шарҳ до данд.

САФАР БА ШАҲРУ НОҲИЯҲО

Тибқи барнома дар рӯзҳои баргузо рии Синамоҷоиза меҳмонони чорабинӣ ба шаҳрҳои Норак, Турсунзода ва Ҳи сор сафар карда, аз ҷойҳои таърихӣ ва маконҳои дилкаши ин маконҳо дидан намуданд. Ин сафар ба синамогарони хориҷ имкони ошноӣ бо манзараҳои зебо ва филмбоби Тоҷикистонро фароҳам овард. Дар шаҳру ноҳияҳои мазкур меҳ мононро бо нону намак ва рақсу суруд пешвоз гирифтанд. Ҳамчунин барои синамогарони хориҷӣ дар «Боғи Ирам» рӯзи 18-уми октябр намоиши ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шуд.

ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲО

Ва инак, рӯзи деринтизор барои си намогарони тоҷик фаро расид! Шоми 19-уми октябр саҳни Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дарвоқеъ идгоҳеро мемонд, ки дӯстдо рони санъати кино дар он ҷамъ омада буданд. Ҷеҳраҳои шинохтаи синамо ва нафароне, ки акнун вориди майдонҳои сабту эҷод ва танзим мешаванд, ба ҳам омада, интизори оғози чорабинии тантанавӣ буданд. Роҳрави сурх – ҷой гоҳе, ки ҳар филмофари дунё орзуи ба он расиданро дорад, майдони назди театрро зебу зиннати хосса мебахшид. Баъди интизориҳои тулонӣ ровӣ таҳти мусиқии тантанавӣ аввалан меҳмонони фестивал ва баъдан мизбонони ин чо рабинии фараҳбахшро ба гузаштан аз роҳрави сурх даъват намуд. Лаҳзаҳои хеле шодизо ва ҳаяҷонбахш барои ҳар нафаре, ки дилдодаи ин санъати бузург аст. Тантанаҳои идона дар толори театр идома ёфта, аввалан муовини Сарва зири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аҳли синамои кишварро бо ин рӯйдоди муҳимми сол – Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» табрику таҳният гуфта, зикр сохт, ки: «Рушди соҳаи синамо пайваста таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Шаҳодати ин гуфтаҳо он аст, ки соли 2023 «Барномаи рушди кинои Тоҷи кистон то солҳои 2027» таҳия ва тасдиқ гардид. Барномаи мазкур барои баланд бардоштани сатҳу сифати синамои ва танӣ, дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ ва иштироки фаъоли синамогарон дар ар саи байналмилалӣ равона гардидааст». Баъдан супоридани ҷоизаҳои му айянгардида ба ғолибони фестивал шуруъ гардид. Хотирнишон мекунем, ки иштирокчиёни фестивал аз рӯйи 18 номинатсия қадрдонӣ шуданд: беҳтарин филми дебютӣ; беҳтарин рассоми таҳи ягар; беҳтарин рассоми либос; беҳтарин наворбардор (оператор); беҳтарин тан зим; беҳтарин филми кӯтоҳ; беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ; беҳтарин филми тасви рӣ; беҳтарин нақши занона; беҳтарин нақши мардона; беҳтарин коргардон; беҳтарин филми муштарак; беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ сохташуда; ҷоизаи махсуси ҳакамон; ҷоиза барои беҳтарин филми бадеӣ; ҷоизаи барои беҳтарин филми бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки «Тараннуми Истиқлол» ном гирифта, ба 35-солагиии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ва ахиран «Шоҳҷоиза». Аввалин ҷоиза, ки аз тарафи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомолӣ омода шудааст ба Ҳунарпе шаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева дода шуд. Ба муаллифону коргардонҳои филмҳои мустанад мисоли «Рӯзгори Саодат» (аз ҳаёт ва фаъолияти Ҳу нарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова) «Бозгашт», «Доманаи сабзи кӯҳистон», «Яғноб», «Сад муъҷизаи табиат», «Қаълаи Муғ», ва «Нахӯдак» «Диплом барои иштироки фаъолона дар фестивали «Тоҷи Сомон»» тақдим карда шуд. Ҷоизаи «Беҳтарин филми дебютӣ» ро филми мустанади «Ансор ва Мубин» (коргардон Ҷамшед Шоев) соҳиб гардид. Ҷоизаи «Беҳтарин рассом» барои фаъо лияти назаррас дар филми таърихии «Дурахши Ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ба Тоҳир Назар ва Лутфулло Неъмат лоиқ дониста шуд. Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор»-ро Наврӯз Саидов аз филми «Моҳӣ барои Черчилл» (кор гардонҳо О. Шарифов ва Н. Раҷабова) гирифт. Ҳамчунин филми мазкур ҷоизаи «Беҳтарин танзим»-ро низ ба даст овард. Коргардон Рустам Шоазимов бо филми «Нафас»-и худ ба ҷоизаи «Беҳтарин филми кутоҳмуддат» сазовор гашт. Ҷои заи «Беҳтарин филми тасвирӣ» ба Тами ша Муминова тақдим гардид. «Беҳтарин нақши занона» ба ҳунари Амина Ҳафизо ва аз филми «Фосилаҳо» (коргардон Ш. Қосимов) дода шуда, ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро Пӯлод Нозимов аз филми «Моҳӣ барои Черчилл» соҳиб гар дид. «Коргардони беҳтарин» Абдулҳай Зокиров эълон шуд, ки филми «Решаҳо» ро таҳия намудааст. Ҷоизаи «Беҳтарин филми муштарак» ба филми «Хуршеду Моҳ»-и коргардон Манзаралӣ Шералӣ ва ширкати ZARDIL SINEMA дода шуд. «Ҷоизаи махсуси ҳакамон»-ро коргардон Муҳаммадрабии Исмоил барои филми бадеии «Ошёни меҳр» гирифт. Комил Сафаров бо сохтани филми «Дузди Офтоб» ба ҷоизаи «Беҳтарин филми бо ҳуши маснуӣ офаридашуда» муваффақ гашт. Доварон филми «Сабр»-и Зафари Валиро аз «Хатлонсинамо» «Беҳтарин филми бадеӣ» эълон карданд. Ҷои заи «Тараннуми Истиқлол» ба филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» ба коргардон Носир Раҳмон тақдим гардид. Боис ба зикр аст, ки ин ҷоиза бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳу рии Тоҷикистон созмон ёфтааст. Ҷоизаи махсус барои рушди синамо ба устдон ва донишҷӯёни бахши сеюми тоҷикии Донишкадаи давлатии умуми русиягии кинематографияи ба номи С. А. Герасимови шаҳри Маскав (ВГИК) дода шуд. Ва ахиран «Шоҳҷоиза»-ро филми таърихии муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо коргардонии Файзулло Файзов ва Дилмурод Масаидов соҳиб гардид. Ҳамин тариқ, ба андешаи мутасад диёни ин рухдоди фарҳангӣ, сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бори дигар нақши синаморо дар му аррифии таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯст собит намуд. Қадрдонии филмофарон ва асарҳои беҳтарин, бешак, барои рушди минбаъдаи ҳунари синамо ва кашфи истеъдодҳои нав заминаи мусоид фа роҳам меорад. Мо низ умед бар он мебандем, ки Синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон» дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи арзишманди худро пайдо карда, барои рушди синамои ватанӣ солиёни зиёд хидмат мекунад.

МИЖГОН ХАЛИЛЗОДА, «АС»

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо