9.5 C
Душанбе

СУГВОРӢ. ҒАЙРАТ ҲАКИМ

21-уми октябри соли равон баъди бемории тулонӣ рӯзноманигор ва нависандаи шинохтаи тоҷик Ғайрат Ҳаким аз олам чашм пӯшид. Ғайрат Ҳаким 18-уми июли соли 1947 дар ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло шаҳри Истаравшан) ба дунё омада, баъди ба итмом расонидани факул таи филологияи Институти педа гогии Ленинобод ба номи С. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) фаъолияти хешро ба сифа ти мухбир дар рӯзномаи “Зарбдор” оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаҳои гуногун фаъолият доштааст. Мавсуф дар рушди насри детек тивӣ саҳми бориз дорад. Дар асарҳои адиб мо бо дунёи ҷинояткорон, му боризаи беамони кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ ва фош наму дани ҷиноятҳои гуногун ошно ме шавем. Ӯ муаллифи маҷмуаи қиссаю ҳикояҳои “Вохӯрӣ дар роҳ”, “Сиришки сурур”, “Дод аз дасти фалак”, “Тира моҳи вопасин”, “Ифшогари асрор”, романи сегонаи “Ахтари рахшон”, “Байни обу оташ”, “Ганҷ дар вайрона” ва ғайра мебошад. Баъзе асарҳояш  ба забонҳои русӣ, олмонӣ, англисӣ, туркманӣ ва узбекӣ тарҷума шу даанд. Аз соли 1987-ум узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Хидматҳои Ғайрат Ҳаким дар рушди матбуоту адабиёти тоҷик бо Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, Ҷоизаи адабии ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ва унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд. Ёдаш гиромӣ бод!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо