9.5 C
Душанбе

ПРОФЕССОРИ ХУНЁГАР

ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ФУРҚАТ САИДЗОДА АЗ ҶУМЛА ОН НАФАРОНЕСТ, КИ ИМСОЛ ЗАҲМАТАШ БО ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ҚАДР ШУД. АЗ Ӯ ПУР СИДАМ, КИ ХАБАРИ ДАРЁФТИ ҶОИЗА ЧӢ ГУНА БА ШУМО РАСИД? ПОСУХ ДОД, КИ «НОГАҲОНӢ, БА МОНАНДИ ҲАР ҶОИЗАВУ УН ВОНҲОИ ФАХРИЕ, КИ САЗОВОР ШУДААМ. БАНДА ДОИМ ДАР ҶУ СТУҶӮИ ТАРОНАИ НАВ, АНДЕШАИ СОЗАНДА ВА ЭҶОДИ СУРУДИ ДИЛНИШИНАМ, АЗ ИН РӮ, АЗ ДӮСТОН ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ХАБАРҲОИ НАВРО МЕШУНАВАМ. АЛБАТТА, НОИЛ ШУДАН БА ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ УСТОД АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БАРОЯМ ГУВОРОСТ, АГАР ВОҚЕАН АРЗАНДА ВА ДАР ҶОДАИ ҲУНАР КОРЕРО БА СОМОН РАСОНИДА БОШАМ».

Инак, дар дасти мо китоби «Сози ватандорӣ»-и роҳбари бадеии ан самбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидзо да. Ҳамин китоб шуҳрати ҳунарманди асилро боло бардошта, исмашро дар қатори барандагони ин ҷоизаи олӣ қарор дод. «Сози ватандорӣ» дар баробари китобҳои дигари муаллиф – «Мутри би ишқ» (2016), «Дастури таълимӣ» (2020), «Ворисони Шашмақом» (2024) ба сифати воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои сарояндагии муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбии мусиқии ҷумҳурӣ истифода мешавад. Ба навиштаи Шоири халқии Тоҷики стон Муҳтарам Ҳотам дар пешгуфтори китоб «…ин оҳангсозу мусиқидону овозхону мусаннифу мунтақид як заҳматкаши сарсупурда дар ҷодаи санъати мусиқӣ аст, ҳам дар мусиқии классикӣ ва ҳам дар мусиқии муосир. Оҳангҳояш дилхезу дилнишинанд. Имрӯз суруду мусиқӣ мисли бисёр бахшҳои дигари фарҳанг рисолати дигар, шеваи дигаргуна мехоҳад. Ин рисолату ин шеваро Фурқат Саидзода хуб дарк мекунад, зеро ӯ ҳунарвару заргари санъати касбист”. Фурқат Саидзода фаъолияти ҳуна риашро соли 1993 ба ҳайси сароянда аз ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» оғоз бахшида, баъдан дар ансамбли давла тии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов идома додааст. Соли 2004 ба сифати овозхон дар ансамбли «Дарё» фаъолият наму да, соли 2005 сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии «Телевизиони Тоҷикистон» ва соли 2007 роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шаш мақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов таъйин гардид. Муаллифи чандин оҳанг буда, имрӯз дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик бо садои ӯ наздики 200 оҳангу таронаву суруд, аз қабили «Танавор» (шеъри Мирзо Турсунзода), «Ушшоқи Ҳисор» (ғазали Ҷомӣ), «Талқинчаи Сабо» (ғазали Ҳофиз), «Хоки Ватан» (шеъри Бозор Собир), «Дунё» (шеъри Муҳаммад Ғоиб), «Ватан сарҷамъии  мост» (шеъри Лоиқ Шералӣ), «Замини Тоҷикистон» (шеъри Камол Насрулло), «Кони нур» (шеъри Низом Қосим), «Сарқонун» (шеъри Рустам Ваҳҳобзо да), «Таронаи Роғун» (шеъри Давлат  Сафар) сабт шудааст. Ӯ мегӯяд, ки «тамоми таронаҳои офаридаамро чун фарзанд дӯст ме дорам, аммо сурудҳои меҳанпарастӣ малҳамбахши дардҳояманд, гумкар даҳои хешро он ҷо меҷӯяму меёбам, ором мешавам, зеро қалбам таскин меёбад». Ба кишварҳои Русия, Эрон, Озар бойҷон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Амрико, Узбекистон, Фа ронса сафарҳои ҳунарӣ намуда, санъ ати «Шашмақом»-ро тарғиб кардааст. – Аслан, рисолати ҳунарманд тарона ва оҳангҳои дилнишин офари дан аст, ки солҳои сол ӯро муаррифӣ кунанд. Агар суруд аз қалби ҳунарманд бурун ояд, ҳатман ба дили мухлисону дӯстдорони ҳунар роҳ меёбад. Таро наҳои ҳунарвар ифодакунандаи дарди мардум бояд бошанд, яъне суруд аз дил бархоста ба дил нишинад. Он гоҳ соҳибҳунар садрнишин ва аз маҳбуби яти хос бархурдор мегардад, аммо на ҳар тарона шӯри анҷуман мешавад, Вақте ба суруду оҳангҳои ҳофизони машҳур Акашариф Ҷӯраев ё Аҳмад Зоҳир гӯш медиҳед, ба дунёи хаёлот ворид мегардед, ки чӣ тавр онҳо таво нистаанд бо садову ҳунари нотакрор ба дилу дидаи дӯстдорони ҳунар роҳ ёбанд. Ана, ҳамин аст вазифаи ҳунар манд, – мегӯяд Фурқат Саидзода. Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналисто ни Тоҷикистон Фурқат Саидзода ҳам чун муаллиф бо ҳамовозии ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фаз лиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оркестри давлатии сим фонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилабарномаҳои консертии телевизиониро, ба монанди «Шаббодаи Хуррамшаҳр» (2020), «Савти Камол» (ба истиқболи 700-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ), «Пири хирад» (барнома бар ашъо ри Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, 2022), «Ватан шавем» (ба истиқболи «Рӯзи Шашмақом», 2022), «Шоми ғазал» ба истиқболи 700-солагии Ҳофизи Ше розӣ (Париж, 2025), «Шаби чилла» аз эҷодиёти Шайх Фариддудини Аттор ва Ҳаким Умари Хайём (Нишопур, 2025) таҳия ва сабт намудааст. Тули фаъолияташ чанд барномаи муаллифиро дар шабакаҳои телеви зионӣ, аз қабили «Шаҳдрез», «Хаёли сабз» ва «Пайванди меҳр», «Навоят дардҳо дорад», «Самои Зуҳра», «Зиндагиномаи Ҳусейн Насриддин», «Ормони Ориёӣ», «Нидои қарнҳо», «Лаззати дидор» (аз эҷодиёти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бой муҳаммад Ниёзов), «Ошёни меҳр» (ба истиқболи 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзо да), «Борбади сонӣ» (аз эҷодиёти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев), «Хуршеди беғуруб» (суруду таронаҳо аз эҷодиёти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов) ро таҳия намудааст, ки ин барномаҳо дар хазинаи тиллоии телевизиони тоҷик маҳфузанд. Фурқат Саидзода донандаи хуби мусиқии суннатии тоҷик маҳсуб ёфта, дар интихоби матн дақиқкор аст. Ба умқи маънӣ хуб фурӯ меравад ва онро бо лаҳни ширинаш ба дили шунаван да мерасонад. Дар баробари ин, қо билияти баланди навохтани асбобҳои мусиқиро дорад. – Қиблагоҳам Фатҳуллоҳ Саидов (равонашон шод бод!) хонандаи су рудҳои мардумӣ буданд ва ҳар гоҳе илҳоми овозхониашон боло мегирифт, дар муҳити хонавода таронаҳои руҳна воз месароиданд ва ман бо шавқ ба нағмапардозиашон гӯш андохта, зери лаб бо он кас ҳамнаво мешудам. Ин садо маро кашон-кашон ба дунёи ҳу нар овард ва нахуст сирри таронаҳои мақомсароиро дар Донишкадаи давла тии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (бахши сарояндагони анъ анавӣ) аз устодон Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзов омӯхтам, зеро «Шашмақом» тули таърих шоҳкори дилписанд маҳсуб меёфт ва ҳоло ҳам ҳамин хел аст ва хоҳад монд. Дилбох тагони он дар ҳама давру замон аҳли маънӣ будаанд. Бештари халқҳои Шарқ сурудҳои суннатии хешро бо гулу ё ҳалқ месароянд, аммо ҳунарварони тоҷик «Шашмақом»-ро бо дил месароянд, –– ба ёд меорад ҳунарпеша. Аз мусоҳибам мепурсам, ки аз фаъолияти хеш тайи солҳои гузашта қаноатманд ҳастед? Мегӯяд, ки «на, ҳеҷ гоҳ, ҳамон вақ те ҳунарманд аз фаъолияти эҷодиаш қаноатманд шуд, ин поёни кор аст. Орзуҳои зиёд баҳри густариши му сиқии куҳани тоҷикон дар дил дорам, ки онҳоро ба субут бояд бирасонам ва рисолати фарзандии хешро назди Меҳани азизу биҳиштосоям анҷом диҳам». Барои хизматҳои арзанда дар руш ди соҳа ва маҳорати баланди эҷодӣ Фурқат Саидзода бо медали «Хизмати шоиста» (2007), «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (2013), «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» (2021) ва «Ҳу нарпешаи халқии Узбекистон» (2024) сарфароз гардонида шудааст.  Фурқат Саидзода дар баробари фаъолияти ҳунариаш ба ҳайси про фессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сат торов ба шогирдон нозукиҳои санъати «Шашмақом»-ро меомӯзонад. Ба муносибати 35-солагии Истиқ лоли давлатӣ ҳунармандони ансам бли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов бо таронаҳои хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ дар барномаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ фаъо лона иштирок карданд. – Мехоҳем барномае аз таронаҳои носуруда пешкаши дилбастагони ҳунари асил гардонем, – меафзояд роҳбари даста. Дар навбати хеш мо низ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба про фессори хунёгар Фурқат Саидзода му борак мегӯем ва дар фатҳи қуллаҳои баландтари эҷодӣ барояш неруи тоза мехоҳем.

АЛӢ ҶӮРА, «АС»

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо