ДУШАНБЕ
Ман аз оҳанги лаби рӯд суруд овардам,
Ба Душанбеи гуландом дуруд овардам.
Аз дами гарми сабову сари болидаи кӯҳ
Сухани сабзу муаттар ба вуҷуд овардам.
Шаҳри виҷдони манӣ!
Муҳри паймони манӣ!
Зодаам дар дили ту,
Модари ҷони манӣ!
Қадди болойи ту ҳастанд сарафрозонат,
Рӯйи зебойи ту – ойинаи дилбозонат.
Бо ҳамин гавҳари якто, ки ту дорӣ, ҳастӣ
Арҷи мардони накуному ватансозонат!
Шаҳри виҷдони манӣ!
Муҳри паймони манӣ!
Зодаам дар дили ту,
Модари ҷони манӣ!
Кокули шӯх бувад рӯди шикан дар шиканат,
Зеби гулзори танат куртаи нағзи чаканат.
Руҳи бедори ту чун бурда дили пиру ҷавон,
Ҳар ки по монд ба хоки ту, бихонад ватанат
Шаҳри виҷдони манӣ!
Муҳри паймони манӣ!
Зодаам дар дили ту,
Модари ҷони манӣ!
ҶОДУ
Ту чун кабӯтари сапед пар-пар мезанӣ,
Ва аз китоби нави ман ҳарфи тар мезанӣ,
Дилҷӯйӣ!
Оҳам дам аз най мезанад
Ва дилам паёпай мезанад,
Беҳолам!
Хандаҳоят чун обшор мерезанд,
Бозии кокулонат атр мебезанд,
Хушрӯйӣ!
Андешаам шиканҷасозӣ мекунад,
Эҳсос панҷадарозӣ мекунад,
Лолам!
Нигоҳат димоғи сӯхтаро мекушояд,
Банди дили ғамандӯхтаро мекушояд,
Ҷодӯйӣ!
Аз ин сеҳри дилбариву сирри беҳолӣ,
Аз ҷодӯйи атри хандаву қудрати лолӣ
Меболам…
***
Маро бо олами зебойи рӯят мубтало кардӣ,
Ба як гетии нопайдои ҳушат ошно кардӣ.
Ту дар ин рӯзгори дил ба суду даст бар нобуд,
Дил аз дастам рабудию ба кори худ вафо кардӣ.
Хами як ноз аз по афканад мардони барпоро,
Маро аз бори хотирдори номардон раҳо кардӣ.
Дилам гум мезанад бо ҳар хироми гарми болоят,
Ғурури нозполоят барои дил фидо кардӣ.
Дами анбӯҳи гесӯят барад андӯҳи бисёрам,
Ба он афсуни чашмат аз ғами дунам раҳо кардӣ.
Ба поси рӯйи зебоят, ба нози чашми шаҳлоят,
Ҷавобам бар таманноят, таманноро баҷо кардӣ.
Ту, инак, гавҳари ноёб дар гардуни саргардон,
Дили гунҷовари дунёи пайдоро адо кардӣ.
***
Маро зи хеш ҳамин чеҳраи накӯй барад,
Суруди шеваи ширини гуфтугӯй барад.
Бародарони дилу ақлро ба ҷанг орад,
Ба кеши фитна чу аз байн нақши мӯй барад.
Лабони ташнаи эҳсоси ман ба сар бикашанд
Сароби гарми нигоҳе, ки дар сабӯй барад.
Бухори лаззати дилро ба шарми рух машикан!
Касе ниюшад аз ин таб, ки ҳанги бӯй барад.
Ба кас нагуфтаму аз чашма об менӯшам,
Ки мӯ ба мӯ хатари хоб ҷӯ ба ҷӯй барад.
Чу кина аз шикани тозиёна меҷӯшӣ,
Лигоми сабр маро то ба орзӯй барад.
Ҳасад зи сурфаи талхи нигоҳ мерезад,
Агарчи ранҷ дами баста бар гулӯй барад.
Чу вожаҳо гуваҳи нақши пойи маънианд,
Бигиру нек биовар, ки обрӯй барад.
***
Шойистатар зи қомати сабзат баҳор нест,
Донотар аз фиреби нигоҳат хумор нест.
Чашмат ба ноз гардани абрӯй мекашад,
Беҳтар аз ин муомала майли канор нест.
Дар хонаи мусаввари андешаам кунун,
Зеботар аз малоҳати рӯят нигор нест.
Дар панҷаҳои лоғари пур аз назокатат
Як каф пиёла ҳасту дили ин фигор нест.
Гардун, бидӯз домани даргоҳи сифлахез,
Моро инони ҳодиса дар ихтиёр нест.
Ин пири кундаҳои гаронбори поҷабин,
Бар мо карашма дораду моро қарор нест…
Дасти ҳунар, ки нест, адаб низ меравад,
Ганҷи ҳасад дар олами ҷуд эътибор нест!
Дунё ба шоми маҷлиси Аҳриман омадаст,
Сӯзандатар зи нури Аҳуро шарор нест.
Эй соғари шароб, ба бӯйи наҷотбахш,
Масти ба вом деҳ, ки тавони виқор нест.
Дар шоми гесувони ту маҳтоб мехурам,
Шеъри шароби шишаи рӯят шиор нест!
Аз хандаҳои настараният дилам шукуфт,
З-атри димоғи ёсаманият шумор нест.
Боистатар аз он, ки канори ту, ёр ҳаст,
Шоистатар зи қомати сабзат баҳор нест…
***
Шеър – эҳсоси падидор, сухан бозӣ аст,
Ройи уфтода зи пиндор суханбозӣ аст.
Матлаби тоза зи таҳкурсию бомаш пайдост,
Ҳарзаи бедару девор зақанбозӣ аст.
Мармари қомати имоншиканат шӯхӣ нест,
Куртаи зарди гули нор ба тан бозӣ аст.
Мо ба бӯйи суману наргиси шаҳлои ту маст,
Бодаву сабзаву гулзор чаманбозӣ аст.
Эй, ки бо васфи ба ними нафас аз худ биравӣ,
Муҳри ташхис – гирифтор! Хафан бозӣ аст.
Зӯрҳо, мо ба ҷамоле дили худ бохтаем,
Коҳиши хоҳиши пайкор расанбозӣ аст.
Номдорон зи сари дор Ватан месозанд!
Ҳамла бар хони шакардор ватанбозӣ аст.
Майл бар доми парастор зи худбохтагист,
Нафс гардандаи ҳанҷор, бадан бозӣ аст.
Оташи меҳр дурахшону ҷаҳон равшан бод!
Наъра дар гунбади дастор кафанбозӣ аст.
Абр мебораду ман домани дил мегирам,
Марзи паҳнову сазовор, даман бозӣ аст.
Нарм-нармак ба ҳавойи тари борон боз ой,
Раъй – пазмонии дидор, сухан бозӣ аст…
***
Эй қомати баланди ту авҷи нумӯйи ишқ,
Девонагии ишқ даруни сабӯйи ишқ!
Ором менамоиву ошӯб медамад
Тӯфони андаруни ҳавасҳо ба сӯйи ишқ.
Аз сурхии лабони ту фаввора мезанад
Ҳарфи нафасчашида пур аз гуфтугӯйи ишқ.
Бар гардани латифи ту лағжид оҳи ман,
Вақте зи тоби зулфи ту бархост бӯйи ишқ…
Пур мешавад дилам зи қивоми вуҷуди хеш,
Дар нури хандаҳои ту бинам чу рӯйи ишқ.
Дидам, ба ҷони хаста чи уммед медиҳад,
Ин рақси чашмҳои базебат ба мӯйи ишқ.
Дар пеши пойи хуби ту куштам ситораро,
Риндам, вале сипосгари обрӯйи ишқ.
Роҳат хуҷаста бод дар ин шаҳри Офтоб!
Хуш бод рӯзгори ту дар ҷустуҷӯйи ишқ!
Аз ҷони ман ҳар он чи бихоҳӣ, аз они туст,
Ман масти буди поки ту, эй нозбӯйи ишқ…
***
Не аз раҳи меш меравам сӯйи Худо,
Ё аз гаҳи кеш меравам сӯйи Худо.
Обу гилам аз бовари бегона тиҳист,
Чун огаҳи хеш меравам сӯйи Худо!
***
Бар пойи чамида бухл хори ману мост,
Бар қадди хамида рашк бори ману мост.
Андешаи тоза – қомати болида,
Ҳар шеъри расида ифтихори ману мост!
***
Ёрон, дили хеш ҳамдами ёр кунед,
Ҳар бор агар нашуд, дигар бор кунед.
Дар мазҳаби ишқ ноумедӣ куфр аст!
Дар «мактаби умр» синф такрор кунед…
***
Чун буд набуд, аз чи тарс овардам?
Аз гарму хунук шодиву арс овардам.
Дар хонаи Будгор ҳушёр шудам,
Аз мактаби рӯзгор дарс овардам…
***
Фарҳанги зи кӯҳ кохсозӣ дорем,
З-он бораи меҳр сарфарозӣ дорем.
Бо хандаи Офтоб рӯшан гардем,
Аз хуфтани шом бениёзӣ дорем.
***
Эй Кӯҳ,чу бонги магасон мешунавӣ,
Ҳам поси дил аз дами касон мешунавӣ.
Бо гардани афрохтаат боке нест,
Чизе, ки шунидию пасон мешунавӣ…





