9.5 C
Душанбе

ДАРАХТИ ПУРБОРИ  МАЪРИФАТ

АЗ БУЗУРГИИ ШАХСИЯТҲОЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ ХОСУ ОМ ЭЪТИРОФ ГАРДИДААНД, ҲАРФ ЗАДАН РӮЗРО РАВШАНУ ОФТОБРО ЧАРОҒИ РӮЗ ГУФТА ТАЪКИД КАРДАН АСТ. ВАЛЕ ЧӢ ГӮЕМ, КИ АГАР ЧАРОҒИ МАЪРИ ФАТ ХОМӮШ ГАРДАД, ОДАМӢ БО ДУ ДИДАИ БОЗ ДАР РӮЗИ РАВШАН БА СӮЙИ ВАРТА ГОМ МЕБАРДОРАД. УСТОД МУҲАММАДҶОН ШАКУ РИИ БУХОРОӢ НИЗ АЗ ЗУМРАИ ОН АБАРМАРДОНЕАНД, КИ БАРОИ РӮШАН НИГОҲ ДОШТАНИ ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ХИЗМАТҲОИ ШОЁН КАР ДААНД. БА АНДЕШАИ МАН, САҲМИ ЭШОНРО ДАР ИН РОСТО ОНЕ ТАН ГИРИФТАН НАМЕХОҲАД, КИ Ё ЧАШ МИ ДИЛАШ КӮР БОШАДУ Ё ВУҶУ ДАШРО КИРМИ БУХЛУ ҲАСАД БА ФАСОДӢ РАСОНИДА. МЕГӮЯНД, КИ ҲАР ШАХСИ ТАВОНОРО РАҚИБЕСТ. НОТАВОНБИНУ ҲАРИФЕ ПАЙДО КАРДА ТАВОНИСТАН ҲАМ, АЗ ЯК ҶИҲАТ, НОНИ ХУДРО ҲАЛОЛ КАРДА ХӮРДАН АСТ. АЗ ИН РӮ, НОНИ УСТОД ШАКУРӢ ҲАМЕША ҲАЛОЛ БУД! ОДАТ АСТ, КИ ЧУН ДАР БОРАИ СИМОИ МАЪРУФЕ, БА МИСЛИ НА ВИСАНДАЕ, ОЛИМЕ Ё ҲУНАРПЕШАЕ МЕНАВИСАНД, ПЕШ АЗ ҲАМА, РӮЙ ХАТИ КОРҲОИ БАСОМОНРАСОНИДА, НОМГӮЙИ КИТОБҲОИ ТАЪЛИФКАРДА Ё НАҚШҲОИ ОФАРИДААШРО МЕО РАНД. ВАЛЕ РОҲИ УМРИ СИПАРИ ДАИ ЭҶОДКОРОН ҲАМ БАРОИ БОЛО БУРДАНИ МАЪРИФАТИ МАРДУМ НАҚШ ДОРАД. АЛАЛХУСУС ЧУН ИН ДУДМОНИ МАЪРУФИ БУХОРОИРО, КИ АЗ САРГУЗАШТИ ҲАР ЯК УЗВИ ОН МЕТАВОН КИТОБИ ИБРАТАНГЕЗЕ НАВИШТ, ТАЪКИД БОЯД.

***

Чашмони модар чархак мезад, лабони хушкидааш моили сухангӯйӣ мешуданд, вале забонаш ёрои гуф тор набуд. Бемор намехост ба марг тан диҳад: фарзанди ятимаш рӯйи хона танҳо мемонад. Кампири ҳамсоя ба ҳалқи ҷавонзан об мечаконад ва Муҳаммадҷонро аз хона берун кардан мехоҳад, то тифли ҳаштсола шоҳиди ҷонкании модар нагардад. Аммо кӯдак аз сари болин дур шудан намехоҳад. Дили кӯчакаш эҳсос мекунад, ки аз ҳаёти волидааш дақиқаҳои башумор мондаанд, бинобар ин, ба тарҳи рӯйи коҳидаи бемор зеҳн мемонад, то дар дилу дида сурати азизи модарро як умр ҳифз намояд.

***

Замонаи вазнин гӯиё одамиятро аз рӯйи замин бардошта буд. Мардуми замонасоз, ҳатто фарзанди калони хо надон пой аз остонаи ин хона барканд. Садри Зиё дар дами пирӣ танҳо монд ва дар гирди ин шамъи маҳфилафрӯз дигар парвонаҳои равшанидӯст парпа рак намезаданд. Ӯ то нафаси охирин мекӯшид нуру зиё пошад, то Бухоро ба торикистон фурӯ наравад, вале замона каҷ мерафт, чашми маърифат кӯр мешуд…– Он солҳо Ҳукумати Шуро аз мар дум тилло ҷамъ мекард (гӯиё хазинаи торроҷгаштаи Бухоро кам буд), – ба ёд меоварад Муҳаммадҷон Шакурӣ, – ҳар кас, ки зар намесупорид, ҳабс карда мешуд ва азоби зиёд медид. Ҳатто бар хе, агар саҳван ба рӯйхати тиллодорҳо афтида бошанд, молу ҳолашонро ме фурӯхтанду, ба қавле, «ҷонашонро ба зар мехариданд». Падари ман ҳам ба чунин рӯйхат афтиданд. Аз куҷо исбот карда мешуд, ки дар ин хонадон на зару лаълу гуҳар, балки китобҳои нодирро ҷамъ меоварданд ва ҳавлии Садри Зиё ганҷури сарватҳои маънӣ буд…Модари камсуханам, ки Мусаббиҳа ном дошт, он рӯзҳо аз будаш камгаптар метофт. Воқеан, ӯро ҳам чанд муддат бо ҳамин қазия ҳабс карда буданд. Вай аз маҳбас бо касалии сил баргашт. Муштипар бештар рӯйи бистар дароз мекашид ва гоҳе хӯрок омода месохту аз дасти ман – писари ягонааш дошта, кӯтаҳ-кӯтаҳ сурфазанон ба ҳабсхона мебурд. Аламовараш, қиблагоҳиро дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Ғозиён ҳабс карда буданд. Ин маскани илмро мадрасаи Мирзомуҳаммадшариф низ мегуфтаанд. Азбаски мадраса замини зиёди вақф дошт, падарам аз он ҳуҷра еро харида, дар ихтиёри муллобача гони боистеъдоди камбағал мегузошт, то онҳо ҳам ройгон истиқомат кунанд ва ҳам аз ҳисоби да ромади замини вақф каме ма оши зиндагӣ ёбанд. Бо амри тақдиру ҷабри замона Шарифҷон-махдуми Садри Зиё шояд дар ҳуҷраи зархариди хеш рӯзҳои охирини умрашро бо азоби сангин паси сар мекард… Ва пас аз як соли марги падар мо дар низ аз олам рафт.– Маро тағои шоирам Ҳабибуллоҳ махдуми Авҳадӣ, ки чун хоҳарашон камсухану меҳрубон буданд, ба тарбия гирифтанд, – қисса мекунанд Муҳам мадҷон Шакурӣ, – он давраи кӯдакиа мро ёд мекунаму дилам гум мезанад. Тағоям, ки дар китобхонаи вилоятӣ хидмат мекарданд, аз кор баргашта, бештар ба меҳмонхона медаромаданд ва танбӯр ба даст мегирифтанд. Ман ба кунҷе нишаста, соатҳо гӯш ба навои сози дӯстдоштаи аҳли Бухоро медо дам. Воқеан, тағоям дар ин шуғл ҳавас кор не, танбӯрии комил буданд. Аз рӯйи таҳқиқоти адабиётшиносон, Авҳадӣ истеъдоди баланди шоирӣ дошта, аз ҷавонӣ эҷод мекардааст. Дар яке аз маҳфилҳо шоири 17-сола (тақрибан солҳои 1899-1900) ба Садриддин Айнӣ шеъре дар радифи «Офтоб» тақдим карда будааст, ки он дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷой дода шудааст. Муҳаққиқ А. Абибов маҷмуаи ашъори Авҳадиро бо хати сирилик ба шеър дӯстон расонидааст, ки ин рубоӣ аз он дафтар намуна аст:

Шӯхе, ки миёни гулрухон

 шаҳдлаб аст,

Шӯри Аҷам асту фитнаҷӯйи

Араб аст.

Кӯтоҳии он баёзи гардан ҳусн аст,

Яъне, ки баёзи муҷазу

мунтахаб аст.

Вале аз бахти бад соли 1937 тағойи шоирамро ба Сибир бадарға карданд ва аз мурдаву зиндаашон дигар хабаре нашуд. Он соли наҳс Авҳадӣ тақрибан 55-сола буданд. Устод Шакурӣ оҳи бадарде мека шанд ва қиссаро идома медиҳанд:– Амаам Иқболой ҳамроҳи духтару домодашон дар Душанбе иқомат дош танд. Эшон маро, ки 11-12-сола будам, ба худ гирифтанд. Аммаам зани закиву шоиртабиате буданд. Дафтари баёзе доштанд, ки бештар вақт онро варақ мезаданд ва бо лаҳни ширин шеър ме хонданд. Гоҳе ёди Бухоро мекарданду мегуфтанд: «Муҳаммадҷон, Садрид динхоҷаро гиред». Азбаски бо алифбои нав ошно набуданд, асарҳои устод Айниро ман хонда медодам. Воқеаҳои асар, ки барояшон ошно буд, бо тамоми ҷиддият гӯш меандохтанду лаззат ҳам мебурданд. Вале гоҳо бо нависанда  розӣ шуда наметавонистанд. Масалан, образи Қорӣ-ишкамбаро сохта мегуф танд. «Садриддинхоҷа муболиғаро аз ҳад гузаронидаанд, Қорӣ ин хел шахс набуданд», – норизо мешуданд ам мам. Эшон, ки шоҳиди зиндаи воқеаву ҳодисаҳои Бухорои ондавра буданд, мехостанд, ки тасвир низ воқеӣ бошад. Вале жанри интихобкардаи Айнӣ ба на висанда имконоти тасвирро фароҳам овардаву воқеаҳо аз асл то андозае дур ҳам рафта метавонистанд, ки ин табиист. Аммо аммаам ба ин ҳеҷ розӣ шуда наметавонистанд. Хотираҳои банда дар бораи ин зани оқилаву хушсавод доманадор аст. Агар дасти меҳри аммаам ба сарам намебуд, кӣ медонад, ҳолам чӣ мешуд… Чашмони камнури устод ба сӯе дӯхта мешавад. Оромиро халалдор кардан хуб нест. Шояд эшон хаёлан сайри Бухоро доранд. Симои азизони худро пеши назар меоваранд… Бухорои Шариф… Эй гаҳвораи тамаддуни тоҷик! Эй зодгоҳи лафзи дарӣ! Эй нигини бебаҳо дар ангуштари Осиё! Аё шаҳри ормонӣ, ҳеҷ аз гуза штагонат ёд дорӣ? Ёдат меояд, замоне дар гузари Чорхарос ҳавлие буд, ки аз он атрофу акноф нуру зиё мегирифт? Мегӯянд, соҳиби он ҳавлии дарун ба дарун Шарифҷон-махдуми Садри Зиё буд. Ва ин ҷоҳу макон бо китобхонаи бемислаш ба ӯ аз падараш-қозикалони Бухоро Абдушакур мерос монда буд. Агар хотираи таърихиат заиф нагашта бошад, медонӣ, ки падари Садри Зиёро Оят тахаллус буду табъи равонаш шеърбор! Нахустин шеъри ноб дар васфи туву бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнат бо за бони форсии тоҷикӣ эҷод гардида буд. Домани меҳрат дар давоми садсолаҳо ончунон удабову уламову фузалоро парварид, ки ҳисоб надорад. Абду шакури Оят аз садҳо, балки ҳазорҳо андалебгуфторонат яке буд, ки ин сон зебо тараннум мекард:

Ба тақлиди ҷунун з-он

душманони номусу фарҳангам,

Ки шояд он парирӯ аз сари

шӯхӣ занад сангам.

Мусаффо манзаре кардам сафед

 аз баҳри ташрифат,

Биё, биншон ба чашмам,

 гар малулӣ аз дили тангам.

Забон дар кеши мо худ

маҳрами асрори дил набвад,

Магар аҳволи дил гӯяд ба

гӯшат зардии рангам…

– устод, аз рӯйи шунидам, падару бобои Абдушакури оят аз Чорҷӯй буданд. Чанд пушт гуза штагонатонро медонед?– Аҷдоди падариам аз тоҷикони Чорҷӯйи аморати Бухоро (ҳоло мулки Ҷумҳурии Туркманистон) будаанд. Яъне падари Шарифҷон-махдуми Садри Зиё қозӣ Абдушакури Оят, па дари Оят мулло Абдурасул, падари Абдурасул мулло Насруллоҳи Чорҷӯйӣ буданд. Гузаштагони мулло Нуруллоҳ хама ба китобу дониш алоқаманд бошанд ҳам, аммо мояи зиндагиро аз паси меҳнати пуразоб меёфтаанд. Эшон корхонаи шустагарӣ (оҳарзанӣ) дошта, ба шуставу оҳарзании матои суфи хоми бофандагони маҳаллӣ машғул будаанд. Мулло Насруллоҳи соҳибкорро аз Чорҷӯй ба Бухоро шавқу рағбати донишандӯзӣ овардааст. Ӯ ба рои соҳибмаърифат гаштани писараш Абдурасул тамоми саъю ҳаракатро ме кунад. Мулло Абдурасул, ки дар андак вақт байни уламову удабо ва фузалои Бухорои шариф мақому мартаба ёфта буд, дар навбати худ писараш Абду шакурро ба илму донишандӯзӣ ҳидоят намуд. Абдушакур улуми замони хешро азхуд карда, байни хосу ом ангуштна мо гардид, аз ин рӯ, ӯро бо эҳтиром Мавлоно Абдушакур мехонданд. Вай дар аҳди амир Музаффар ба мансаби қозикалонӣ расида бошад ҳам, аз наза ри банда, пешаи аслиаш, ки мударрисӣ буду бо тахаллуси Оят шеър ҳам ме гуфт, истеъдоди худододаш муҳимтар метобад. Ва боз хизматҳои фарзанди накӯномаш Шарифҷон-махдум шоёни таъкиду таҳсин аст. Шарифҷон–мах дум яке аз чеҳраҳои маъруфи охири асри ХIХ ва авали асри ХХ-и милодӣ буда, садри равшанфикрони Бухоро эътироф гардидааст. Садри Зиё пе шрафти ҷомиаро дар маърифатнокӣ медид ва пояи сиёсату давлатдориро дар адолат. Ҳамин андешаи дуруст ӯро раҳнамо буд, вале чархи каҷрафтор коре кард, ки оқибат ҳолаш ба танг омад: на ҳукуматдорони тоинқилобӣ ва на шуравиён ба қадраш расиданд…– устод, гузаштагони мода ратон-чӣ? Эшон аз кадом дудмон будаанд?– Бобои модариамро Абулфазли Сирати Балхӣ мегуфтанд. Зодгоҳи Абулфазл Балх буда, баъд аз гириф тани маълумоти ибтидоӣ баҳри давом додани таҳсил ба Бухоро омадаанд. Пас аз хатми мадраса ба Балх барна гаштаанд. Дар Бухоро хонадор шуда, то охири умр (1898) ба кори таълиму тадрис машғул будаанд. Донишманд, олим, шоири тоҷик Сирати Балхӣ дар ҳаёти илмиву адабии нимаи дувуми асри ХIХ-и Бухорои Шариф нақши муҳимме доштааст. Маҷмуаи ашъори Сират бо кӯшиши адабиётшиноси тоҷик А. Абибов дар хатти кириллӣ ба дасти ҳаводорони осори манзум расида буд.

Эй, каҷкулаҳ! Аз ту гила дорам

ба ду чиз:

Дер омадӣ, зуд гузаштӣ ба ситез.

Ашкам, ки ба гӯшаи кулоҳат

 ҷо ёфт,

Аз баҳри Худо, кулоҳ «каҷ

дору марез.»

Ин байтҳо намуна аз ашъори бобо ям Сират аст.– Ғайр аз модаратон Мусаббиҳа ва тағоятон Авҳадӣ сират фарзандҳои дигар ҳам доштанд?– Бале. Ба ғайр аз Ҳабибуллоҳ-мах дум боз ду тағои дигар доштам. Эшон солҳои НЭП (сиёсати нави иқтисодӣ) дӯкони баққолӣ боз намуда буданд. Чун сиёсати ҳукумати Шуро нисбат ба НЭП дигар шуд, дӯкондорон ба азобу шиканҷа гирифтор шуданд. Тағоҳоям модарашонро гирифта, ба Афғонистон рафтанд. Шояд мехостанд ба зодгоҳи падар раванд. Намедонам, онҳо дар кадом шаҳри Афғонистон қарор гириф та бошанд. Ба ҳар ҳол, баъд аз ҷоҳу ҷалолдор шудан ба бародарашон мак туб фиристодаанд, ки ҳамон хат боиси бадарға гардидани Авҳадии шоир шуд. Боре Муҳиддин Олимпур аз Афғо нистон ба номи ман мактубе овард. Он аз як тағобачаам буда, менавишт, ки бибиам ва тағоҳоям аз олам дар гузаштаанд. Дар нома чандин нафар номбар шуда буданд, аз зиндагиву кору борашон маълумот буд, вале ман намедонистам, ки онҳо фарзандони кадом тағоям бошанд. Зоҳиран фири стандаи мактуб фикр мекардааст, ки ман онҳоро ном ба ном мешиносам. Назар ба шунидам, ҷиянҳои модари раҳматиам аксаран аҳли маърифат буда, дар Балх, Мазори Шариф, Ара бистон, Олмон, Амрико ва дигар ҷойҳо зиндагӣ мекардаанд.– дар бухоро аз наздиконатон касе мондааст? Хонаи падарӣ дар дасти кӣ бошад? – Ба ростӣ, намедонам, ки дар он ҷо аз ақрабо киҳо барҳаётанд. Солҳои донишҷӯйӣ як гурӯҳ шарикдарсон дар боғи ҳукуматӣ бо устод Садриддин Айнӣ вохӯрдем. Эшон аз ҳар нафар «Шумо аз куҷо?» гуфта мепурсиданд. Ва ба ҳамин васила суҳбатро гарм ни гоҳ медоштанд. Устод дар бораи номи зодгоҳ, хусусияти лаҳҷаву фолклори диёри донишҷӯй назари ҳамсуҳбатро мепурсиданд, андеша баён мекарданд. Навбат ба ман расиду фаҳмиданд, ки бухороиям, дубора савол доданд: «Аз кадом гузар ҳастед?» Гуфтам, ки аз Чорхарос. Устод ба ҳаяҷон омаданд. «Аз авлоди кӣ?» Афсус, ки он солҳо чун имрӯза имкониятҳои техникӣ уму ман набуд. Он манзараи ҳаяҷоноварро бо сухан тасвир кардан имконнопазир аст. Чун гуфтам, ки писари Садри Зиё ҳастам, чанд лаҳза ба фикр фурӯ рафтанд. Мазмун, рӯзгореро, ки Ша рифҷон-махдум гули сари сабади уламову шуарои Бухорои Шариф буд, пеши назар меоварданд. Пас аз чанде сар бардошта пурсиданд:– Падаратон ба чӣ айб ҳабс шуда буданд, медонед? Ман сабаби он бадбахтиро гуфтам.– Дар ёд дошта бошед, ки он кас бо гуноҳи сиёсӣ ба маҳбас наафтодаанд. Ҳа, воқеан, фалониро медонед? – яке аз хешовандонамонро ном гирифтанд устод. Ман чизе нагуфтам. Садриддин Айнӣ ҳамин тавр боз чанд касеро ном гирифта, дар бораи ҳар яки онҳо ҳико яҳои аҷиб карданд, ки мутаассифона, ягон нафари онҳоро ёд надоштам. .. Хонае, ки ман ба дунё омадаам, чунон ки зикраш рафт, дар гузари Чорхароси Бухоро ҷой гирифта буд. Устод Айнӣ дар қисми сеюми «Ёддо штҳо» ин хонаро ҳамчун манбаи нуру зиё муфассал тасвир кардаанд. Баъд аз сари падар хонаи мо ҳукуматӣ шуд. Дар ҳавлии берун чанд хонаводаро ва дар қисмати дарун як оиларо ҷой дода буданд. Китобхонаи моро мусодира карда, аввал ба ихтиёри китобхонаи вилоятӣ доданд, сонӣ як қисми китобҳо ро ба Тошканд бурданд. Дарвоқеъ, дар шуъбаи дастхатҳои Академияи улуми Узбекистон чанде аз онҳоро дидам, ки муҳри шахсии падарамро дошт. Садри Зиё дар ҳошияи он дастхатҳои нодир ишораҳо гузошта буданд…   Банда чанд сол муқаддам бо як гурӯҳ адибон ва бори дигар ҳамроҳи фарзандам Рустам ба зиёрати хонаи падар рафтам. Вале охирин да фъа маро ба он хона рухсат надо данд. Чанд рӯз дар меҳмонхо наи шаҳр зи стем. Рустам, ки ҳаваси му саввирӣ дар дил мепарва рид, дар хуну кии 33-дараҷа гӣ мекӯшид, ки ангораи хо наҳо ва гунба ду манораҳои куҳаншаҳрро рӯйи коғаз андозад. Ман дарун-дарун мегиристам… Хонаи па дар то соли 1994 поянда буд. Созмони «Офтоби суғдиён» дар талоши ба осорхона табдил додани манзили Садри Зиё буд, вале… Чун шунидам, ки хонаро сарватманде аз ҳукумат харидааст, зуд озими Бухоро шудам. Дар ҳокимхона гуфтанд, ки «дер кар дед, худи мо ҳам бехабар мондаем, ки иморатро кушода, аз чӯбаш хонаи дигар андохтаанд».– бояд руҳи Шарифҷон-махдум ором бошад, ки аз насли он кас як даста олимон рӯйи кор омадаанд.– Шукри Парвардигор! Рӯзе, ки пи сари дуюмам – Анвар рисолаи докторӣ дифоъ мекард, дар айни зиёфат гуфт: «Айёми бачагӣ мо танҳо тахтапушти падарро медидем, ки пайваста чизе менавиштанд. Мо аз падар шишта омӯхтану навиштанро мерос гириф таем». Ман дар ҷавоб гуфтам: «Аз афти кор, пушти падари Садри Зиё, яъне, бобокалони шумо – олим ва шоири тоҷик қозӣ Абдушакури Оят бисёр бақувват бадааст, ки он табъи эҷодкорӣ тавассути тахтапушти ман ба набераву абераҳояшон гузашта аст. Хуб карда будаам, ки шумо танҳо тахтапушти маро дидаед ва ибрат ги рифтаед.» Воқеан, писаронам Шариф, Анвар ва Рустам ҳама олиманд. Дух тари Шариф Ксения низ эҷод мекунад. Ӯ рассом аст. Фарзандонам аз бобову бобокалонҳои хеш фахр мекунанд. Ман писари нахустинамро ба ифти хори бобояш Садри Зиё Шариф ном гузоштаам. Вай бошад, фарзандашро Оят ном кард. Ояти мо дар мактаби тоҷикии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳсил мекунад. 

***

 Ин навиштаҳо пораест аз лавҳихотироти банда, ки дар давоми солҳо андак-андак нақш ёфтаанд. Ман устод Шакуриро аз наздик бори аввал соли 1991 дар дафтари кориам дидаам. Он айём хабарнигори нашрияи «Садои мардум» будам. Солҳои аввали ҷан ги шаҳрвандӣ (1992–1997), ки дӯсту душманро шинохта намешуд, зуд-зуд ба коргоҳашон (устод раиси Кумитаи истилоҳот буданд) ва гоҳе ба манзи лашон мерафтам, то соате аз суҳба ташон баҳра барам, оромии руҳонӣ ёбам. Баъди суҳбати гармашон ба оянда бовар мекардам, дилгармона ба даст боз коғазу қалам мегирифтам. Сонитар, дақиқтараш соли 1996, барои маҷаллаи «Фирӯза» бо устод суҳбате оростем, ки дар поёнсуханаш омада: «Бо устод Муҳаммадҷони Шакурӣ хайрухуш кардам, вале он рӯзу чанд рӯзи дигар дар таъсири суҳбати гарми эшон будам. Ба пиндорам, дафтари кори устод хонаи Садри Зиёро мемо над. Он ҷо фарде ба хотири фарҳанг машъалафрӯзӣ мекунад, балки худ гулханест, ки аҳли маърифат аз он шамъи ақлу дониши хеш мегиронанд. Дар тули чанд соате, ки дар ин дар гоҳ будам, аз донишҷӯву унвонҷӯ то олимони шинохта даҳҳо нафар назди устод Шакурӣ меомаданд: яке бо хоҳиш, дигар бо маслиҳату машварат, севумӣ ҳамту барои дидорбинӣ. Ва бегумон, ҳар яке аз ин хона хушнуду қаноатманд мебароянд. Ҳангоми хайрухуш дил мехост гӯяд, ки «Ҳеҷ гап не, устод, агарчи хонаи падарӣ бароятон хеле азиз буд ва кӯрдилоне онро хоку туроб кардаанд, Шумо худ дастаи нуре ҳастед аз чилчароғи он хонадони муътабар. Чароғи маъри фати тоҷик дар тули қарнҳо гоҳ ола мро нур мебахшиду гоҳ хира месӯхт, ҳаройина, хомӯш намешуд. Боз аз ин қавми коҳидаруҳ афроде ба миён мео маданду чароғи хирасӯзро неруи дигар мебахшиданд, ҳамон сон ки дар қарни гузашта Шарифҷон-махдум машъали ҷони худро манбаи шамъафрӯзии аҳли адаби Бухоро карда буд».

***

Ҳамон қудрату тавони ботинӣ ва равшандилии меросӣ буд, ки дар миё ни солҳои пурошӯб, ки кишвар андар обу оташ қарор дошт, ин абармард худро набохтанд. Зуд-зуд эшонро дар кӯчаву хиёбонҳо, дар ҷашну маҷлисҳои гуногун, бештар ҳамроҳи ҳамсарашон Дилафрӯзи Икромӣ ме бинем, ки устод дар ҳаққи эшон «як пора меҳр асту бас» мегӯянд. Қомати расо, сари баланд, ла бони андаке фишурда ва нигоҳи андешаманд… Бале, ин сару қомат ҳеҷ хам нашуд, агарчи дар қатори ҳазорон нафар мухлисону хайрхоҳон нотавонбинону ҳасудон низ дошт ва ҳарчанд даҳу саду ҳазор дӯст гоҳе, дар муқобили як нафар душман коре карда наметавонанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин чанори қавӣ аз боду тӯфони рӯзгорон парвое надорад. Ба рағми ғанимон бо оромиву там кини беандоза пайваста нури чашм рӯйи коғаз мерезад. Дар ин миён (аз солҳои 1996 то 2004) «Хуросон аст ин ҷо», «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ», «Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон», «Садри Бухоро», «Инсон гаройӣ омӯзиш ва забони миллӣ», «Сарнавишти форси тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист», «Ҷусторҳо дар бораи забону адаб ва фарҳанги Тоҷикис тон», «Рӯзнома»-и Садри Зиё дар нашриётҳои мухталифи Душанбеву Хуҷанду Теҳрон ба табъ расидаанд. Муҳаққиқон осори Муҳаммадҷон Шакурии Бухороиро 42 китоб ҳисоб кардаанд. Адади мақолаҳо 536-то буда, ба гуфти муаллиф, аксари онҳо дар мавзуи рӯз бо дар назардошти ду-се рӯз навишта шудаанд, вале аз нигоҳи пажуҳишгарон онҳо имрӯз ҳам аҳаммиятноканд.

***

Эй азиз! Бешак, ту борҳо устодро дар хиёбонҳои Душанбешаҳр дидаӣ. Бале, эшон ҳар субҳи сешанбеву ҷумъа дар даст кифи чармине ҷони би Академияи улум бардам-бардам қадамзанон мераванд. Мехоҳӣ дар мулоқоташон бошӣ? Истиҳола накун, устоди мо инсони бетакаббур ҳастанд, аз ин рӯ салом деҳу зуд худро шино сон. Барои он кас шоҳу гадо – баро бар. Чун саломашон додӣ, гӯиё туро як умр мешинохта бошанд, бо лаҳни хосси худ меҳрубонона, гарму ҷӯшон ҳолпурсӣ мекунанд: «Шумо нағз ҳастед? Хона будагиҳо саломатанд? Салом гӯед. Ба хона биёед…» Ва агар ту дур аз Душанбе зиндагӣ дориву дидори Шакурии Бухороӣ му яссарат нагардида бошад, аминам, ки ақаллан чанд асар ё мақолаи устодро хондаву равшандил гардидаӣ. Шояд дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» рӯйи мизи кориат бошад. Пас, ту эшонро хуб мешиносӣ. Охир, ҳама медонанд, ки Муҳаммадҷони Шакурӣ яке аз мураттибони ин мифтоҳи осори классикон ҳастанд, вале кам касон огоҳанд, кори дандоншикани му саҳҳеҳии «Фарҳанг» аз ҷониби устод сомон ёфтааст. “Ҳамон солҳо ба чашм сахт зӯр омад”,– боре дар омади гап гуфта буданд Шакурӣ. Хусусан, даҳ-дувоздаҳ соли охир он кас серкоранд. Боре гуфтанд, ки тамоми мақолаву осори худро таҷ диди назар карда истодаанд: «Дар зиндагиам ба чопи тозааш бовар нест, ба ҳар ҳол, бо дастони худам ислоҳ дароварданам беҳтар аст». Чашмонашон рӯз аз рӯз заифтар мегардаду ҳаҷми корашон зиёдтар. Ҷойи айнакҳои махсуси чашмро пурбинҳои пурқуввату калонандоза мегиранд, ки дӯстони эрониву фа ронсавӣ ҳадя кардаанд. Устод матни китобҳоро зери пурбин ҳарф ба ҳарф мехононанд ва дар ҳошия қайду ишо раҳо мегузоранд. «Ин воситаҳо ҷойи чашмро бахубӣ гирифта наметавонанд. Дидаи бинои ман ин кас,– мегӯянд ба ҳамсари оли маашон, фарзанди нависанда Ҷалол Икромӣ ишорат карда устод Шакурӣ,– бе Дилафрӯз ҷойе рафтан намехоҳам. Бештар бону матнро мехонанду ман гӯш мекунам ва лозим ояд, ислоҳ ме дарорам. Дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ»-ро дар Теҳрон ба чоп омода карданд. Аз мураттибони «Фарҳанг» имрӯз танҳо ман зинда мондаам, бинобар ин, аз таърихи таълифи ин китоб сарсухане омода сохтем, боз чанд китоби дигар чоп кардем, ки дар ин корҳо Дилафрӯз ёвару чашму рӯйи ман буданд». Пас чашму дили мо низ рӯшан аст, эй ҳамназар! Насли хушбахтем, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ барин бузур гвор мову туро ба Бухорои шариф мепайвандад. Ба назарам, аз Шакурӣ бӯйи Бухоро меояд!

МАРЯМБОНУИ ФАРҒОНӢ, СОЛИ 2004

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо