БА ДОНАНДАГОНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКИИ САДАИ ХХ ПӮШИДА НЕСТ, КИ ДАР ТАЪРИХИ ХОНАДОНИ ДОНИШМАНДИ НОМВАР МУҲАММАДҶОН ШАКУРИИ БУХОРОӢ ЯК ҶУЗЪИЁТИ ХЕЛЕ ҶОЛИБ ВУҶУД ДОРАД ВА ШОЯД МАЪНИИ ОН АЗ ДИ ГАР ТАЪРИФУ ТАВСИФИ МАЪМУЛӢ ДАР БОРАИ ИН ХОНАВОДАИ ФАРҲАНГӢ БЕШТАР АСТ. ШАКУРӢ УМРЕ БА ТАҲҚИҚИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ФОРСИИ ТОҶИ КӢ ШУҒЛ ДОШТ, АММО СЕ ПИСАР БА РОҲИ ДИГАРИ ИЛМ РАФТАНД. ШАРИФ ШУКУРОВ БА ОМӮЗИШИ САНЪАТУ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ РӮ ОВАРДАВУ АНВАР ШУКУРОВ ДАР АСТРОФИЗИКА БА КАМОЛ РАСИД, РУСТАМ ШУКУРОВ ТАЪРИ ХИ ВИЗАНТИЯ ВА ПАЙВАН ДҲОИ ГУНОГУНИ ШАРҚУ ҒАРБРО САМТИ ПАЖУҲИШ ҚАРОР ДОД. ДАР МЕҲВА РИ АСОСИИ ИН СЕ РОҲИ БАРГУЗИДАИ ФАРЗАНДОНИ ИН ХОНАВОДА ДОНИШ, ЗА БОН ВА МУТОЛИА ҶОЙГОҲИ ХОС ДОШТААСТ.
Шариф (1948), Анвар (1952) ва Рустам (1961) аз издивоҷи аввалини устод Муҳаммадҷон Шакурӣ бо хонуми рус Клавдия Василевна Луканина (1922-2011) – омӯзгори риёзии макта би миёна ба дунё омадаанд. Издивоҷи зиёиёни ғайрируси ҷумҳуриҳои миллӣ бо хонуми рус як зуҳуроти хосси му носибатҳои байниқавмии он замон ҳисоб мешуд. Хонавода ва фарзандони накуно ми Шакурӣ мавзуи ҷолиб аст ва дар ин бора борҳо навишта шуда, албатта, имкони рӯи саҳифа овардани ҳамаи онҳо нест. Аз миёни ин манбаъҳо нақли Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бораи тарбияи фарзандон дар китоби «Ҳи коятҳои оканда аз ҳаёт» (ба саъйи Д. Қурбонӣ, 2014) – бахши «Ҳикояти омӯзиши забони форсии тоҷикӣ ба фарзандонам» хеле арзишманд аст. Аз ин нақл ба дарки расои фарораф ти маънавии муҳити тарбиявие раҳ меёбем, ки дар он се фарзанди олим ба воя расида ва камолоти илмӣ ёф таанд. Ровӣ ин ҷо чун падаре сухан гуфта, таҷрибаи хонаводагиашро бо ҷузъиёти зинда ва баёни хос ба ёд овардааст. Як ҷузъиёти муҳим ба писари хур дӣ Рустам дахл дорад, ки аз хурдӣ бо ду забон суҳбат мекард. Вақте ӯ дар курси севуми Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил мекард, ба падараш хабар дод, ки ба тарҷумаи рисолаи фалсафӣ дар асри XIII аз тоҷикӣ ба русӣ машғул аст. Устод Шакурӣ на хуст бо нигаронӣ аз таъсири ин кор ба рафти дарсу имтиҳонҳои писар пурсид, ки тарҷумаро кӣ ба ӯ супурда аст? Маълум гардид, ки Рустам инро дар вақтҳои фориғ аз хониш анҷом медиҳад. Арзиши ин гуфтугӯ аз чанд ҷиҳат сазовори зикр аст. Муҳити донишгоҳӣ Рустамро ба омӯзиши таърихи асрҳои миёна афганда буд ва ӯ баробари ин ба матни фалсафии форсӣ таваҷҷуҳ карда ва мустақилона ба тарҷумаи он даст зад. Барои падар муҳим он буд, ки шавқи ҷӯшони илмии писар барои тарҷума ба раванди таҳсили асосии ӯ халал нарасонад. Дар ин гуфтугӯ на талоши падар барои маҷбур кар дани писар ба идомаи роҳи худ эҳсос мешавад ва на хоҳиши писар барои истифода аз номи падар. Ҳама рухдод табиӣ ба назар мерасанд. Он чизе ки мебинем, муносибати падару писа рест, ки дар он донишу масъулияти шахсӣ ба ҳам пайвастаанд. Роҳи илмии Шариф Шукуров, ки номаш ба ифтихори бобояш буда, ӯ ҳам фарзандашро ба ифтихори бобокалонаш Оят гузоштааст, аз назари мавзуъ бо фаъолияти Рустам фарқ мекунад. Ӯ пас аз дохил шудан ба аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба нигоргариҳои «Шоҳнома» рӯ оварда, таҳқиқи миниатюраҳои онро ҳадафи кор қарор дод. Ба гуфтаи Шакурӣ, Шариф «Шоҳнома»-и Фирдавсиро се дафъа аз аввал то ба охир хонда, аз луғатномаҳо истифода бурда ва, ба ин васила, забони форсӣ омӯхт. Ӯ пайваста гирифторӣ ба омӯзиши таърихи санъату фарҳанги исломӣ дошт. Дар пажуҳишҳои ӯ масъалаи образ, рамз ва тасвири инсон дар ҳунари исломӣ мавқеи назаррас дорад. Китоби «Образи инсон дар ҳунари исломӣ» (Маскав, 2004) ба тафсири вижагиҳои тасвири инсон дар муҳити фарҳангии исломӣ бахшида шудааст. Шариф дар баробари ин ба санъати асримиёнагии Эрон ва робитаи анъанаҳои адабӣ бо тасвирҳои бадеӣ таваҷҷуҳ карда, ки ин самти таҳқиқ низ ба омӯзиши мероси фарҳангии Шарқ пайванд дорад. Рустам Шукуров бо омӯзиши муносибатҳои таърихии халқу миллатҳо, Шариф Шукуров бо бозкушоии маънои образу рамз дар арсаи ҳунар ба ду роҳ гаравидаанд, бо вуҷуди ин ҳар ду аз рӯйкарди хосаи худашон ба таърихи фарҳанг ва маъноҳои амиқи он шаҳодат медиҳанд. Пас пайкорҳои Шарифу Рустам бе штар дар иртибот бо адабиёт, таърих ва мероси фарҳангӣ арзишманданд. Ин нақли устод Шакурӣ дар бораи Анвар ҷолиб аст, ки ӯ дар кӯдакӣ аз тоҷикӣ камтар баҳравар шуд, зеро падар дар давраи забонбарории ӯ як сол дар Маскав қарор дошт ва им конияте, ки барои дигар фарзандон пеш омад, барои ӯ ғайриимкон гар дид. Аммо баъдтар Анвар ба таври мустақилона забони тоҷикиро омӯхт. Ин нукта махсусан арзишманд аст, зеро ҳам мушкили ибтидоӣ ва ҳам кӯшиши шахсии ӯро нишон медиҳад. Анвар Шукуров намояндаи равияи дигар – илмҳои дақиқ ва табиатши носӣ, профессори гидродинамикаи астрофизик дар Донишгоҳи машҳури Нюкасл буда, масъалаҳои муҳити байни ситораҳо, майдонҳои магнитии галактикаҳо ва равандҳои физикии дохили онҳоро таҳқиқ кардааст. Ин гуногунии роҳҳои илмӣ баёнгар аст, ки мероси як хонаводаи зиёӣ ҳатман дар интихоби касби яксон ё пайравии фа рзандон аз соҳаи фаъолияти падар ба намоиш намеояд. Эҳтимол, муҳимтар аз ҳама, қонунияти муҳитест, ки дар он шавқи мустақил ба дониш, ҷустуҷӯ ва пажуҳиш қадр мешавад. Роҳи баъдии Рустам Шукуров ин ҷузъиёти ҷавҳари хонаводагиро боз ҳам бештар маънои хосса мебахшад. Ӯ яке аз самтҳои муҳимму зарурии илми таърихнигории асрҳои миёна – омӯзиши Византия ва робитаҳои он бо ҷаҳони Шарқро барои худ интихоб намуд. Китоби «Туркҳои Византия. 1204-1461» (2016) ба таърихи ҳу зури ин қавм дар муҳити византӣ ва таъсири ҳамдигарии фарҳангҳо бахшида шудааст. Рустам Шукуров барои силсилаи таҳқиқоти худ дар заминаи ҳамин робитаҳои этникӣ ва фарҳангӣ ба ҷоизаи Ломоносови До нишгоҳи давлатии Маскав сарфароз гардидааст. Албатта, ҳангоми баррасии ко мёбиҳои илмии се фарзанди Муҳам мадҷон Шакурӣ қазияи заминаҳои ирсии қобилият низ метавонад мав риди таваҷҷуҳ қарор гирад. Монандии баъзе аз вежагиҳои зеҳнӣ ва майли донишҷӯӣ дар наслҳои як хонавода моро вомедорад, ки робитаи эҳтимо лии омилҳои ирсият ва муҳити тарбия ро низ ба назар гирем. Аммо гуногунии соҳаҳои фаъолияти Шариф, Анвар ва Рустам нишон медиҳад, ки ҳатто дар сурати мавҷуд будани заминаҳои муштараки қобилият, зуҳури онҳо ба шароити тарбия, таҷрибаи шахсӣ, таҳсил ва интихоби мустақилонаи ҳар фард вобаста аст. Аз ин рӯ, арзиши ин хонавода на танҳо дар эҳтимоли пайванди ирсии истеъдод, балки дар он низ ҳаст, ки чӣ гуна имконияти ин сонӣ дар муҳити мусоиди фарҳангӣ ба роҳҳои гуногуни эҷод ва пажуҳиш табдил меёбанд. Комёбиҳои илмии устод Шакурӣ бо ин се фарзанди донишманд аз дар ки комили асолати меросбарӣ, таҳ сил, муҳити донишгоҳӣ, роҳнамоии устодон, талошҳои шахсӣ, имконияти илмии замона дарак медиҳад. Шавқу кӯшиши онҳо гувоҳи он аст, ки майли мустақилона ба донишу иродаи шахсӣ дар ташаккули роҳи илмии ҳар кадом нақши муҳим доштааст. Дар иқтибоси зер нигаҳдошти пайванди маънавӣ бо гузашта равшан таҷассум дорад: «Банда (Шакурӣ – С. А.) чанд сол муқаддам бо гурӯҳи адибон ва бори дигар ҳамроҳи фарзандам Рустам ба зиёрати хонаи падар рафтам. Вале дафъаи охир маро ба он хона рухсат надоданд. …Рустам, ки ҳаваси мусав вирӣ дар дил мепарварид, дар сармои 33-дараҷа мекӯшид, ки ан гораи хонаҳо, гунбаду манораҳои куҳаншаҳрро рӯйи коғаз андозад. Ман дарун-дарун мегиристам…» Рафтори Рустам талоши бо тинӣ барои пайвастан ба ҷаҳони аз дастрафтаи падар аст: ӯ бо за бони тасвир гӯё мекӯшид хотираи макону муҳити таърихро аз фаро мӯшӣ нигоҳ дорад ва ба ҳасрати падар шакли моддӣ бахшад. Нақли Марямбону Фарғонӣ аз ёдкарди Анвар дар зиёфати дифои рисолаи докториаш аз як ҷузъиёти хотирмони давраи кӯдакиаш низ муассиртар аст: се бародар тахтапушти падар ро медиданд, ки пайваста дар навиштан буд. Аммо Шакурӣ бо лутфу шӯхии андешабаранге зи ба назар сода ва аммо амиқ ин ёдовариро ба ёди аҷдод, меҳнати ҳамешагии падар ва идомаи табъи эҷодӣ дар наслҳои баъдӣ пайванд медиҳад: «Аз афти кор, пушти па дари Садри Зиё, яъне бобокалони шумо – олим ва шоири тоҷик қозӣ Абдушшакури Оят, бисёр бақувват будааст, ки он табъи эҷодкорӣ ба воситаи тахтапушти ман ба набе раву абераҳояшон гузаштааст. Хуб кардаам, ки шумо танҳо тахтапушти маро дидаед ва ибрат гирифтаед». Хонадони Шакурӣ ба зиёиёни тоҷик намунаи ҷолиби ибрат аст, ки, ба назари банда, аз доираи комёбии касбии се фарзанди як донишманд фаротар меравад ва ба масъалаи моҳияти суннати зиёӣ, тарзи интиқо ли он аз насл ба насл ва муносибати мерос бо истиқлоли фикрии инсон пайванд меёбад. Ин ҷо суннати хо наводагӣ он аст, ки фарзандон ҳам мисли гузаштагон ба ҷаҳон меросе арзишманд боқӣ гузоштаанд. Шояд ҳамин қобилияти пайвасти ихлосу эҳтиром ба гузашта бо истиқлоли андеша ва масъулияти имрӯзӣ муҳимтарин вежагии суннати зиндаи зиёӣ бошад.
СУБҲОНИ АЪЗАМЗОД





