9.5 C
Душанбе

НИШОНИ БУХОРО

АБДУЛҲАМИД САМАД, НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН

Донишманди арҷманд устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аз зумраи фарзандони ҷоннисори пажуҳиши илму адаби тоҷик аст. Эшон дар Бухорои Шариф дар хона дони шахсияти маъруфу маорифпарвари овозадор Садри Зиё ба дунё омад, вале аз ҷабру ҷафои таърих замони авҷи ши кори равшанфикрону аҳли саводи тоҷик чун унсури бегона ба сохти нав падару модарашро зиндонӣ карданд. Сипас ҳам падари донишманд, ҳам модари ғамгусор дар зиндон ба ҳалокат раси данд. Хабари ҷонсӯз. Ӯро, ки шашсола буд, аммаи даҳшатзадааш ба Душанбе овард. Ҷудоии якумрӣ аз зодгоҳи азизаш Бухорои Шариф. Имрӯз устод аз Бухорои бар асари инқилоби сурх ба савдову яғмо рафта, аз даргоҳи падари донишманду шоир, ки мактаби адабӣ ҳам буд ва оромгоҳи волидайн, танҳо хотироти талху пурҳа срате дораду бас. Ва гоҳе аз ноадола тиҳои таърих, зиндаҷудоӣ аз зодгоҳаш – гаҳвораи тамаддун – Бухоро, коҳидани забони модарӣ ва фарҳанги ниёгон дар ин шаҳри бостонӣ сухан равад, вай, ба қавле, мисли чӯби тар бедуд дарун дарун месӯзад. Ин табиист. Ва дарду алами ӯ дарду алами як донишманди бедордилу меҳанпараст аз фоҷиаи гӯшношуниди таърих ба мардуму зод гоҳаш, ки дар сарчашмаҳо чун гаҳвораи тамаддуни миллат сабт ёфтааст, мебо шад. Ба таъбири маъмул, ба он буттае, ки оташ афтода бошад, сӯхтанашро худаш медонад. Зимнан аз сари инсоф пеши назар биёрем, ки писараки нозпарвареро аз хонадони падари донишманду во ломақом, ки ба ҳама равшанфикрони Бухоро иртибот дошт, қозӣ Садри Зиё ва модари меҳрубони босаводу заковатманд дар овони чор-панҷсола гӣ талхком ва дар чорроҳаи зиндагӣ нагунбахт, сарсону овора мекунанд, дарду фоҷиаи Шакуриро андаке эҳсос мекунем. Падараш Садри Зиёро, ки аз ашрофзодагони номвар, донишманду соҳибмансаб буд, бо тамғаҳое зиндонӣ мекунанд, модарашро низ. Ва ӯ аз оғӯши гарму меҳрубониҳои падару модар аба дан бенасиб мемонад. Бахтбаргашта. Хона ва амволи онҳо мусодира мешавад. Сипас хабари ҷонсӯзи марги модар дар зиндон ба гӯш мерасаду баъдтар қатли падар ҳам. Ба қавле, по аз замин мека наду даст аз осмон. Ва аммаи китобхони босаводаш ӯро, нишонаи бародари гиромиашро барои аз ҷабру ҷафои мар говари душманони хонадон раҳонидан, ба диёри амну осуда, ба пойтахти Тоҷи кистони навтаъсис – Душанбе меорад. Боре зимни як суҳбати, ба қавле са рипоӣ аз устод Шакурӣ пурсидам: – Аз падари бузургвор ва китобхонаи овозадораш ягон хотирае доред? Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки дар на зарам ҳамеша хомӯшӣ ва сукути кӯҳро дошт, сар аз андешаи гарон бардошта, бо дарду алам, дар дил оҳу воҳ, посух дод:– Омаданду китобҳоро бо ғазаб аз ҷевону сандуқҳои китобхона бароварда, намоишкорона бардошта бурда, ба аро баҳо партофтанд. Вақте аробаҳо бо ши тоб мерафтанд, китобҳои муқоваҳояшон чармии гуногунранг ба роҳ меафтоданд… Ҳар касе мехост, китобе мегирифт. Хотираи талху мудҳиш. Ва ба рағми ҳама ҷабру ҷафоҳои сар навишт, таърихиву сиёсӣ Муҳаммадҷон Шакурӣ тамоми умр неруи ҷавонӣ, андӯх тани донишу малакаи таҳқиқгарияшро ба кори эҷодӣ, пажуҳиши осори бадеӣ, руш ди илми адабиётшиносии навини тоҷик ва таълифи китобҳои маорифпарварӣ мебахшад. Дар ин ҷода вай чун пайрави падараш Садри Зиё, ки шогирди аллома Аҳмади Дониш буд ва чун иродатманди устод Садриддин Айнӣ аз равандҳои  эҷодии адибон, масъалаҳои мубрами мактабу маориф, вазъи забони модарӣ дар нигоштаҳояш басо ҷонсӯзона бонги изтироб мезанад. Ва гоҳе аз лағзишҳо дар пажуҳиш ва пазириши сарзанишҳо дарси ибрат мегирад… Ба назари ман пажуҳишҳои даҳсолаи охири умри устод аз андешаҳои жарфи худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, сабақ гирифтан аз шикасту рехт ва нокомиҳои гузашта, ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба да стовардҳои замони Истиқлол, рушди фарҳангу маънавият, масъалаҳои доғи мактабу маориф дар замони муосир саршору судманданд. Росташ, ки таъкидҳои пайвастаи академик Муҳаммадҷон Шакуриро дар маҳфилу ҳамоишҳои аҳли илму адаб оид ба покизаву беолоиш ҳифз кардани забон на ҳама хуш мепазируфтем. Бе шак, ин нишонаи як андоза бепарвоӣ ва камогоҳӣ аз сарнавишти печидаи забонамон дар марҳалаҳои доғи таърихӣ буд. Фавҷи “забонгумкардагони худбехабару худобехабари манфиатҷӯй…” (таъбири устод Лоиқ) аз даъватҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ нохуш шуда, бо гиреҳу чини ҷабин ӯро мазаммат низ мекарданд. Вале ҳақиқат ин буд, ки соҳибзабоно ни шаҳрҳои бостониямон дар замони Шуравӣ аз фориғболӣ ганҷи шойгон – забонашонро гум карданд. Фоҷиа! Хушбахтона, чун Президенти муҳтарам, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон забон ро рукни давлату ҳастии миллат эълом карданд, эҳтирому омӯзиши онро барои хурду калон, махсусан соҳибони забон, ҳатмӣ шумурданд, манзараи хушоянд пеш омад. Пирӯзӣ!  Албатта, дар олами илму ҳунар ҳар фард аз рӯи армон ва орзуе, ки дар дил мепарварад, ба қадри зарфияти донишу заковат, хираду тавоноии хеш барои дар ин ё он шакл, – таълифи китобу рисо лаҳо, кашфиёту роҳҳои усули тозаи табо бат ба суди миллат, – талош меварзад. Ҳадафи бузург. Ва дар роҳи мақсадҳои шоиста гоҳе кас ба ихтилофи назар, муқовимати афкор, баҳсу мунозираҳои шадид низ дучор меояд. Ин сарнавишт мероси азалии инсонҳои илмпеша буда аст, ки аз аҳди қадим то кунун аз насл ба насл мегузараду олами афкор ва фар дҳои донишмандро пухта, рангину комил месозад. Билохира гирудор ва часпу та лошҳои хушу нохуши илмиро парвезани таърих бафурсат мебезаду ҳар касро ба андозаи хизмату арзиши офаридаҳояш дар маснади сазовор мешинонад. Вале мо шукргузорем, ки аз дудмони Садри Зиё чун Муҳаммадҷон Шакурӣ дониш манди заҳматписанде дорем. Ба назари банда аз оғози роҳи таҳқиқу пажуҳиш бо тамкину сабру таҳаммул ба воситаи иншои мақолаву рисолаҳои  пурмағзу хонданӣ пиромуни шахсият ва осори гуногунпаҳлуи устод Айнӣ, вижагии маҳорату офарандагии С. Улуғзода, Р. Ҷалил, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев, Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун, М. Хоҷаев, Сорбон, Баҳром Фирӯз… ҳамчунин, таъкидҳои эътибор додани аҳли сухан ба покиву бе олоишии забон дар навиштор “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”, “Забони мо – ҷаҳони мо”, “Инсонгаройӣ. Омӯзиш ва забони миллӣ” ва боз нигоштаҳои афзунаш оид ба падидаҳои андешаи миллӣ дар осори адибон ворису ном бардори сазовори падари донишманду бузургвораш Садри Зиё ва фарзанди вафодор ва асилу бухорозодаи тоҷик будани Муҳаммадҷон Шакуриро исбот мекард. Устод инро на танҳо рисолати пажуҳишгарӣ, балки қарзи фарзандии худ мешумурд. Посух ба сарнавишти пе чидаи пурфоҷиаву заҳрогин, давои доғу дарду аламҳои сӯзон, чун ҷигарбанди  покдили миллат аз худ ному осори нек ба ёдгор гузоштан… Бешак, Муҳам мадҷон Шакурӣ дар роҳи пуршебу фарози па жуҳиш аз файзи маъри фат ва ба сарзанишу хӯрдагириҳои ноҳақ тоб овардани устодони пе шин баҳраҳо мебар дошт. Ва боз таънаву тамғагузории ҳасудон “қозибача”-ро низ бо фурӯтанӣ ва офари даҳои нав пӯшонд. Чӣ чора, ки захми теғи за бони нотавонбинон ба аҳли донишу офариниш ҳамеша мерасидааст… Пас аз расидан ба истиқлоли давлатии миллӣ, ки орзуи ҳазорсолаи миллату фарзандони бе дордилу озодихоҳи тоҷик буд, чун бисёр муҳаққиқон Муҳаммадҷон Шакурӣ низ мавзуъ ва роҳу равиши пажуҳишро каме дигар кард. Иқрор мекунам, ки он вақт ин иқдоми устод ба камина низ нафорид. Аммо алҳол дар ин замони пурҳодиса, ки берӯёна, яғмогарона ғасб кардани абармардони илму кашфиёт, фарзанд ва сарвати маънавии миллии худ шу моридани онҳо аз ҷониби бегонаҳо авҷ мегирад, банда асарҳои пурмӯҳтаво ва бо хуни дил офаридаи устод “Хуросон аст ин ҷо”, “Фитнаи инқилоб дар Бухоро”, “Пантуркизм ва сарнавишти таърихиии халқи тоҷик”-ро варақ мезанам, ба руҳи поки эшон борҳо дуруду таҳният мефи ристам. Ва боз иқрор мекунам, ки дар ин мавзуъ ва масъалаҳои доғу ҷигарреш танҳо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ сухани ҳақро гуфта метавонист ва хай рият, ки навишт. Ҳушдор ба содалавҳӣ ва гумроҳиҳои пешин.  Ман аз оғози солҳои ҳаштодуми асри 20 бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ гоҳ-гоҳ ҳусни нишасту суҳбат доштам, – баъзан дар Иттифоқи нависандагон, гоҳе дар манзили эшон. Вай ҳангоми суҳбат басо боназокат андешаҳояшро оид ба навиштаҳои банда аз шахсияту осори устодон С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев… иброз медошт, камина аз «Рӯзнома»-и Садри Зиё ва тақдири китобхонаи қи благоҳаш чизҳое мепурсидам. Ботамкин посухҳое медод. Солҳои охир, ки заъфи беморӣ хаставу бистарияшон карда, нури чашмонаш низ коста шуда буд, гоҳе ҳамсараш Дилафрӯз Икромӣ занг зада меогоҳонид: “Муаллим шуморо мепур санд”. Ба зиёраташ мерафтам. Боре пас аз чунин даъват ба дидани  устод рафтам. Ҳамсараш дарро кушода, нарм гуфт, ки муаллим дар хуҷра машғу ли коранд. Дароед. Ба ҳуҷраи ошно, ки бо акси Садри Зиё, баъзе ашёи ёдгорӣ ва ҷилд-ҷилд китоб оро ёфта буд, қадам ниҳода, шоҳиди манзараи дигаре шудам. Устод сари по рост истода, чашм аз шишаи асбобе наканда, дастхатеро ме хонд. Чун салом додам, сар аз мутолиа бардошта, хушҳол, аммо каммаҷол ба салом посух дода, ба нишастан ҳидоят карда гуфт:– Ин заррабинро аз Теҳрон фиристо данд. Нисбат ба заррабинҳои пештара ҳарфҳоро хеле калон, равшану хоно ни шон медиҳад. Солҳои пеш агар дастрас мешуд, хондани бисёр дастхатҳоро осон мекард…  Ман ба чеҳраи коҳидаи устод нигари ста, дар дил мегуфтам: “Танҳо фидоии асили илму пажуҳиш ба чунин заҳмати сангин тан медиҳад”. Зимни ин суҳбат боз аз Бухорову хонаи падарияш сухан ба миён омад. Устод пас аз хаёлу андешаи мармуз бо ҳасрат гуфт:– Боре бо ҳайате Бухоро рафтем ба маҷлис. Аз кӯча ва назди дарвозаи худа мон гузаштан иттифоқ афтод. Дилам гум зад. Хостам, ки хонаву ҳавлии даврони бачагиямро як назар бубинам. Ба дар воза ҳалқа задам. Марде дарро кушод. Пас аз салом фаҳмондам, ки ман дар ҳамин хона таваллуд шуда, то шашсо лагӣ зистаам. Мехоҳам, ки даромада, як лаҳза онро бубинам. Авзоаш дигар шуду дарро ба рӯям пӯшид. Ана, ҳамин тавр сарнавишти талху дарди сӯзон. Оре, фитнаву дасисаҳои инқилобу пантуркизм беҳтарин овони ширинии ба чагии М. Шакурӣ ва садҳои дигар мисли ӯро дуздиду поймол, онҳоро аз меҳру навозиши волидайн маҳрум, бесарпаноҳ, ятиму дур аз зодгоҳ овораву дарбадар кардааст. Ӯ ин ҷабру ҷафоҳоро бо дар ду алам фош намесохт, гуноҳ мешуд, гуноҳи азим. Ин дардҳо ва шикасту рехтро нисбат ба ҳамаи мо Муҳаммадҷон Шакурӣ то мағз-мағзи устухонаш медонисту азияти равонӣ мекашид. Пояш аз зодбум канда, забони ҳазорсолаи модарӣ дар шаҳри қадима ба боди фаромӯшӣ рафта. Дар ин росто андешаеро барои ҳамзамонон ва наслҳои оянда мехоҳам иброз дорам. Инсон, хосса аҳли илму фазл соҳиби ватани ҷуғрофӣ ва меҳани таърихист. Бешак, арзишҳои миллӣ чун ҳимояи марзу буми ватани ҷуғрофиямон – Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ҳар нафас қарзи бошарафона аст. Аммо донистану шинохтани ватани таърихӣ, ки мероси ҳазорсолаи ниёгони арҷ манди мост ва аз ватани ҷуғрофиямон басо паҳновар аст, бароямон ҳатмӣ мебошад: худогоҳӣ, худшиносӣ, хотираи таърихӣ. Дар куҷо пайдо шудем, чӣ сох тему бунёд кардем? Чӣ рузгореро аз сар гузарондем ва то куҷо расидем? Ибрат аз роҳи тайкардаи ниёгон дар масири таърихи пургирудор. Зимнан ҳар фард ҳуқуқи комил дорад, ки ватани таърихи яшро биёмӯзаду донад. Ин амал барои ҳушёриву зиракӣ, дурандешиву ба қадри дастоварду арзишҳои миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ расидан хеле зарур аст. Ҳадафи пажуҳишҳои солҳои охири академик Муҳаммадҷон Шакурӣ чун до нишманди маърифатпарвару равшангар ҳамин аст. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ нишони Бухорост, Бухорое, ки даҳҳо нобиғаҳои илму адаб ва сиёсатмадорони оламшумулро ба миллати тоҷик дода. Вай дар радифи донишмандони яккатози соҳаи адабиёти муосирамон солҳои зиёд бо фазлу заковати зотияш барои рушди илму фарҳанги миллӣ, тарбияи олимону адибони ҷавони Тоҷикистон хидматҳои арзишманд кардааст. Ҳар қадар солҳо сипарӣ мешаванд, ҷилои шахсият ва осори мондагори Муҳаммадҷон Шакурӣ бештар хоҳад шуд.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо