РАҲМАТ НАЗРӢ
***
Ба поси ишқат, эй санам, ба эҳтиром
Дудаста бо саги ту мекунам салом!
***
Ҷавонам ман ҳанӯз, эй духтари хола,
Нав акнун мешавам як кам
навадсола!
***
Ҷавонам ман ҳанӯз, эй духтари сода,
Ки танҳо сиву як дандонам афтода!
***
Лангон паси бонувон давонӣ, бобо,
Дар хоби шабат дигар ҷавонӣ, бобо!
***
Хушаш ояд гар аз мардум ягон байт,
Пайи дуздиданаш мепояд ӯ пайт.
***
Гарчи душвор дар гап истодан,
Лек душвортар хап истодан!
***
Намонад гарчи шеъре аз сари ӯ,
Нишон монад нишонҳои бари ӯ.
***
Агар мағзи китобашро хурад муш,
Равад аз ҳарфи заҳрогинаш аз ҳуш.
***
Бо фалонӣ дигар чи мегӯӣ?
Чеҳраи рӯз шуд ба берӯӣ!
***
Аз занакҷанги даҳонӣ
Сар шавад ҷанги ҷаҳонӣ.
***
Бурдем як тарбузакаш,
Хӯрдем як калбузакаш.
***
Ман туро, ёри ягона,
Дӯст медорам сагона!
***
Гарчи дар хуни сиёҳи худ
ба ранги сурх ҷӯшид,
Дилсиёҳии варо шеъри
сафеди ӯ напӯшид.
***
Хомаашро дабир меронад,
Номаашро алов мехонад.
***
Дина аллома туро хонд ҳама
дар ҳар кор,
Навбати мо ба хушомад
нарасид, эй саркор!
***
Дар ҳар ангушти занак як-ду чала,
Кори дасти ӯ ҳама ҳар сӯ чала…
***
Мехурад аз дасти зан марде чапотӣ,
Мехурад аз дасти зан марде шапотӣ!
***
Агар ошиқ шавад кас, бе ягон танбӯр
Ба калтак ҳам суруди дил
сарояд зӯр.
***
Андарзи бузургон надиҳад обу нон,
Гӯши ҳама акнун ба гапи бозургон!
***
Чун назм нашуд, ба наср охир кӯчид,
Аз пучии фикри худ худашро пучид.
***
Дӯшизаи илҳом шуд охир кампир,
Аз гардани мо газид ҳамчун вампир.
***
Хурдагирии дабирон аст борик:– Шаб чаро дар шеъри
имрӯз аст торик?
***
Гарчи бахшоянд як ними ҷаҳонаш,
Ҳар чи бинад, меравад оби
даҳонаш…
***
Эй, ба харигарии худ чӣ медавӣ?
Як хараки дутор ҳам намешавӣ!
***
Хурӣ як тонна моҳӣ ҳам ту танҳо,
Намерезад гуноҳат назди занҳо!
***
Арузи ту агар дорад дуруштӣ,
Бидон, аз шоирони шӯрапуштӣ!
***
Монда байни ҳамқаламҳояш алов,
Мехурад бо ҳамқадамҳояш палов.
***
Аз паси зебохироме ҳой гуфтем,
ӯ қафо гашту аз афташ вой гуфтем!
***
Ҳарфи пурашро ҳама як сӯ ниҳед,
Гар нанависад, навасонаш диҳед!
***
Дар танаш ҷомаи назм аст,
дареғо, калта!
Дар танаш ҷомаи наср аст,
дареғо, халта!
***
Мӯсафед охир шуд, аммо
дилсияҳ монд,
Дар сари ӯ аз хирад танҳо
кулаҳ монд.
***
Ҳой оташ, ҳой дилкаш, ҳой саркаш,
Бо кашокаш гирамат охир таги каш!
***
Обрӯи бардурӯғаш зуд хаф шуд,
Дида дар оина худро, талхакаф шуд.





