«Матои меҳр» аввалин суруде нест, ки эҷодкоро наш пушти он шаҳди шуҳрату маъруфият чашиданд, вале аз сурудҳоест, ки ба ин дастаи ҳунариву адабӣ муваффақияту комёбии бузург эҳдо сохт. Матни суруд моли Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Рустами Ваҳҳобзода аст, оҳангро бастакори шинохта Фарҳоди Зикир ба нота гирифтааст. Фарҳоди Зикир яке аз оҳангсозони муваффақ дар кишвар мебошад, ки роҳбарии ансамбли давлатии «Дарё»-и Кумитаи теле визион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис тонро ба зимма дорад. Ба гуфтаи Фарҳод, ба тавлиди ин оҳанг беэътиноии баъзе аз шаҳрвандон ва хусусан ҷавонон нисбат ба либоси миллӣ сабаб шудааст:– Ман соли 2005 дар Дубай қарор доштам. Он ҷо баъзе ҳамватанонамонро вохӯрдам, ки аз пӯшидани либоси миллӣ худдорӣ мекарданд. Рафтори онҳо ба ман хеле сахт расид. Ба худ аҳд кардам, ки дар ин мавзуъ оҳангу суруде эҷод намоям, ки баёнгари ақи даҳои ман ё худ эътирозе ба чунин нафарон бошад. Фикр мекунам, либоси миллии мо яке аз зеботарин ва куҳантарин либосҳои дунёст ва мо ҳама масъулем онро нигоҳдорӣ намуда, ба наслҳои оянда бирасонем. Бо гузашти солҳо ба устод Рустами Ваҳҳобзода барои матни мувофиқ муроҷиат намудам. Эшон маро хеле зуд дарк ва кумак карданд.– Аслан, баъзеҳо аз канор истода, фикр мекунанд, ки матни суруд чизи содаву сабуке аст нисбат ба дигар навъҳои адабӣ. Вале вақте ки одам бевосита ба ин кор машғул мешавад, маълум мегардад, ки душвортарин кор таълифи матни суруд аст. Чаро? Чунки матни суруд бояд пурмаъно бошад, расову гиро, мусаввару мухайял ва дар айни замон аз содатарин ва хушоҳангтарин калимот таркиб ёфта бошад, то ки завқи хонандаро ба худ ҷалб намояд ва ҳам барояш мафҳум бошад. Масалан, калимае метавонад вазни арузро пур кунад, вале дар айни ҳол наметавонад, ки посухи мусиқӣ дошта бошад, оҳангро пурбор созад. Ҳар як калима бояд зарбу оҳанги хосу муносиби худро дошта бошад ва дар айни ҳол мафҳум, маълум бошад барои саросари шунавандагон ҳам дар кишвар ва ҳам берун аз он. Агар китоб бошад, дар зер шарҳ минависем ва хонанда он калимаро дармеёбаду кор осон мешавад, вале дар суруд ин кор ғайриимкон аст. Суруд бояд ба маҳзи садо додан ба умқи фаҳми хонанда бирасад, ба ӯ аз назари завқӣ ва мусиқавӣ писанд ояд. Ҳамаи инро дар матни суруд ба ҷо овардан, печидатар ва сахттар аст ҳамсони навиштани нотаи суруд. Дар вақти нотанависӣ мо ба маъно кор надорем, вале дар вақте ки мо матни сурудро менависем, кор аслан рӯи маъно аст,- мегӯяд Рустам Ваҳҳобзода, муаллифи суруд. Баъди интихоби матн ҳарду эҷодкорро лозим омад рӯйи ибораву калимаҳои табодули назар ва баҳсу му нозира намоянд.– Матни ин суруд ба ҳамон мазмуне, ки Фарҳод Зикир мехост, пештар дар як шеъри банда ҷой дошт ва баъди пешниҳоди он байни банда ва оҳангсоз шояд ки сари беш аз даҳ маврид табодули назар шуд. Баъзе чизҳоро албатта, мувофиқат кардем, баъзе чизҳое, ки қабул намешуданд, мо шарҳу тафсир дода, қабул кунондем, баъзе чизҳое, ки воқеан ислоҳ мехостанд ва дархост дуруст буд, онҳоро ислоҳ кардем. Бандҳои нав ҳам илова гардиданд. Масалан, ҷое ибораи «манзури ҷаҳонам» боиси гуфтугӯ шуд. Ба ман занг зада, гуфтанд, ки «Оё шунаванда чунин дарк, чунин маърифат наме кунад, ки мо мегӯем «ман зӯри ҷаҳонам»?» Ман гуфтам на, дар кулли матн чунин маъноро ифода намекунад. Албатта, агар дар майдоне бархезему эълон кунем, ки «ман зӯри ҷаҳонам» ҳамин хел фаҳмидани одамон дуруст аст, вале вақте мегӯем, ки «ман кӯҳи сараф розаму манзури ҷаҳонам» мақсад аз гуфта тамоман дигар мешавад. Кӯҳи сарафроз, кӯҳи баланд. «Манзур» намоён будан аст. Вале агар касе фикр кунад, ки мо гуфтан мехоҳем: «ман зӯри ҷаҳонам», чорае нест, ӯ ҳамин вариантро писандидааст. Ҳарчанд ба гуфтаи муаллиф, мақсад аз истифодаи калимаи «манзур» намоён будан аст, ҳангоми тамошои намоҳанг рӯйи ин ибора наворе дида мешавад, ки паҳлавони тоҷик рақибашро бардошта, ба замин ме занад. Ин ҷо хулоса кардан мумкин ки вожаи «манзур» ба ҳарду маъно истифода шудааст. Баъди тай шудани ин марҳала Фарҳоди Зикирро масъулияти дигар бар дӯш буд: Кадоме аз сароянда гон барои иҷрои ин суруд бояд интихоб шаванд? Киҳо метавонанд аз иҷрои сурудани он ба хубӣ бароянд? Интихоб ба осонӣ даст надод, ҳарчанд овозхонони ансамбли «Дарё» аксаран ҷавон ва соҳиби овози фора му дилнишинанд. Гиреҳ сари ин буд, ки садоҳо бояд му вофиқу муносиб истифода шаванд. Баъди андешаҳои зиёд Фарҳоди Зикир сарояндагонро назди худ ҷамъ овард. Инҳо Ҷовидон Нозимов, Нигина Амонқулова, Амирҷон Рӯзиев, Зокирҷон Сафаров, Нозанин Шари фова, Ақназар Аловатов ва Саидҷон Кенҷаев буданд. Қарор шуд, ки оғози сурудро Ҷовидон Нозимов сарояд. Нафаре агар боре ин сурудро шунида ё дар навор дида бошад, наметавонад аз интихоби Фарҳоди Зикир изҳори норизоӣ кунад. Овози марғуладори Ҷовидон, ки ёдгоре аз сарояндаи бузург Зафар Нозим асту мероси бузурге дар санъати овозхонии суннатӣ, ин ҷо чун бонги ифтихор баланд мегардад:
Бе нақши Ватан пираҳан аз хештанам нест,
Бар сар наниҳам, он чи кулоҳи Ватанам нест.
Ман вориси Ҷамшедаму фарзанди Таҳамтан,
Орияти бегона сазовори танам нест.
Садои созҳои зарбӣ якҷо бо овози марғуладору қудратманди Ҷовидон, либоси миллие, ки тани овоз хонро зеб медиҳад наметавонад диққати бинандаву шунавандаро ба худ ҷалб насозад. Нафаре, ки заррае ҳисси миллӣ дар худ дораду дар шарёнаш хуни тоҷикӣ ҷорист, нохоста аз ин фарҳангу ин ёдгории бузург фахр мекунад, балки сараш ба осмон мерасад. Сипас ҳамсони атласу адрас зебову нозук ба майдони ҳунар Нигина Амонқулова бо овози, ба қавли бузургон, «абрешимӣ»-и худ ворид мегардад. Садояш ҳамранги атласи танаш аст: зебо, маҳин, дилкаш.
Ин атласи абрешими мо Атласи дунёст,
Нури назари модари дилсӯз ҳувайдост.
Дар нусхаи хуршеднигоринаи гулбанд
Хатлону Ҳисор аст ба ҳам сисилапайванд.
Ба андешаи муаллифи матн, Нигина Амонқулова ҳам бо либос ва ҳам бо иҷрои худ матлабро хуб ба бинандаву шунаванда расонидааст:– Ин қитъа барои Нигинабону бисёр муносиб, му ассир ва баҷо интихоб шудааст. – иброз медорад ӯ. Баъдан шуруъ мегардад нақароти суруд ва ба овози Нигинаю Ҷовидон Нозимов садои сарояндагони дигари ансамбли «Дарё», Амирҷон Рӯзиев, Зокирҷон Сафаров, Нозанин Шарифова, Ақназар Аловатов ҳа мроҳ мешавад:
Аз меҳри Ватан ҳаст матои дилу ҷонам,
Сар дар қадами парчами бегона намонам.
Бо мазҳари озодии фархундаи миллат
Чун кӯҳи сарафрозаму манзури ҷаҳонам!
Чун суруди мазкур дар арафаи 30- солагии ҷашни Истиқлол эҷод гардида буд, дар иҷрои аввал мисраи сеюм ба ин шакл омадааст: «Бо мазҳари озодии 30-со лаи миллат», аммо баъдан муаллиф барои дур кардани маҳдудият матнро таҳрир намуда, ба шакли дар боло овардашуда даровард. Суруд идома меёбад ва Ақназар Аловатов ва Са идҷон Кенҷаев бо лаҳни бадахшиву суғдӣ ин мисраъҳо ро месароянд:
Ман ҷомаи ориятии бегона нагирам,
Озодагии хеш ба завлона нагирам.
Ман бенасабу суннату таърих набошам,
Ҳар кас, ки “чу ман бош” бигӯяд, напазирам!
Гар бо ҳамагон ёвару наздик бимонам,
Дар рӯйи ҷаҳон орию тоҷик бимонам.
Бинад чу маро модари ман, нек шиносад,
Ҳаргиз падар аз сурату рангам наҳаросад.
Вожаи «напазирам» дар рафти иҷрои суруд дар мавқеи оҳанге қарор дода шудааст, ки чун наъра садо медиҳад. Ҷудогона, бо як зарби махсус. Дар баёни ин нукта таҳиягарон хеле заҳмат кашидаанд. Ба гуфтаи шоир, ҷомаи орият монанд ба занҷир аст, ки дар пои руҳи мо баста мешавад. «Напазирам» гуфтани шоир ва ба шакли алоҳида талаффуз шудани он дар суруд эътирозест ба пӯшишидани либоси бегона. Дар идома мо садои овозхони ҷавони ансамбл Амирҷон Рӯзиевро мешунавем, ки ҷаззобияти махсус дорад. Ин ҷавони ба чеҳра дилкашу ба тану бозу тану манд мисоли Таҳамтан наъра мезанад:
Хурдем қасам сахт ба ин беқасаби хеш,
Зеро ки азиз аст чу ному насаби хеш.
Бингар ба баҳорон, ки чу девори Бухоро
Ин ҷома ба бар мекунад он қуллаи хоро.
Амирҷон мақсади муаллифро ба хубӣ дарк сохта, муҳтавои матнро ба мухотаб бекаму кост расондааст. Ширинӣ ва дилнишинии овозаш руҳу равони бинандаро чун боди сабо менавозад. Бинанда бештару бештар дилдодаву дилбастаи либоси миллӣ, фарҳанги ниёгон мегардад. Бамаврид аст бигӯем, ки дар мисраи сеюми ин банд низ дигаргуниҳо ворид шудаанд. Гарчанде дар шеър “Бингар ба баҳорон, ки чу девори Бухоро” омадааст, бо ризояти шоир он ба “Бингар ба баҳорон, ки чу пирони мадоро” суруда мешавад.
Ин тоқии тоҷикии ман тоҷи каёнист,
Пироҳани тоҷикии ман санъати Монист.
Бо ҷомаи миллӣ, ҳама ҷо парчами миллӣ
Дар сурату дар сирати ман хешнишонист.
Иҷрои банди боло ба овозхон Нозанин Шарифова вогузошта шудааст. Овоз ва пироҳани хеле зебои Ноза нин андешаҳои шоирро тақвият мебахшанд. Ба гуфтаи муаллиф калимаи «тоҷикӣ» бо «тоҷи каёнӣ», ки дар банди боло ҷой дорад як навъ таҷниси мураккаб аст: «тоҷикӣ», «тоҷи каёнӣ». Яъне, мо гӯё гуфтан мехоҳем, ки таъбири «тоҷикӣ» ба «тоҷи каёнӣ» ҳамреша аст. – Дар матоъҳои қадимии мо, чи дар пӯшоки мардона ва чи дар пӯшоки занона нақшу нигорҳое ҳастанд, ки онҳо таърихи хеле куҳан доранд. Дар муди имрӯз ҳам ин нақшу нигорҳо нишонда шудаанд ва зебоии худро ҳифз мекунанд. Масалан, рамзҳои давраи монавия, давраи меҳрпарастӣ, он рамзҳое, ки дар матни Авесто, «Шоҳнома» омадааст. Маса лан, Сарви Кишмар ё гули нилуфар, ки дар Тахти Сангин аст, нилуфари ҳаштгӯша, ҳаштбарг дар хеле аз онҳо. Ё тасвире, ки боли Сурӯш мегӯянд дар тоқии тоҷикӣ, чор боли Суруш дар тори сар. Инҳо ҳам дар муди муосир ҳастанд ҳам замони пеш вуҷуд доштанд, ки нишони ҷовидонагиашон аст. Онҳо куҳ нанашавандаанд ва дар ҳар навъ муде тоза ҷойи худро меёбанд, менишинанд, монанди нуқтаҳои нур, – илова мекунад Рустам Ваҳҳобзода.
Фирӯзаву лаъл аст ҳама тоҷи бадахшӣ,
Чун мавҷаи Вахш аст ҳама адраси вахшӣ.
Бо нури саодатасари толеъи равшан
Чун кавкаби иқбол ба гардун бидурахшӣ. мехонад Зокирҷон Сафаров ва бинандаро боз ҳам ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз ин кишвари аҷдодӣ, фарҳанги бою рангин, урфу одатҳои зебо фаро ме гирад. Мақсади таҳиягарон низ ин ҷо бобарор амалӣ мегардад. Дар зеҳни бинандаву шунаванда либоси миллӣ чун муқаддасот арзишманд мегардад. Минбаъд ба бар намудани сарутани тоҷикӣ барои онҳое, ки аз он ибо мекарданд на зарурати моддӣ, балки ифтихору ҷонибдорӣ аз мероси ниёгон мешавад. Дар охир месазад аз заҳмату ранҷи наворбардори намоҳанг Иброҳим Сатторов ва танзимгар Исматулло Назаров ёдрас шавем. Маҳз ранҷи кашидаи онҳо сурудро зеботару ҷолибтар пешорӯи бинанда қарор медиҳад . Дарвоқеъ, суруду мусиқӣ агар пурмаъно асту дилпазир рӯдеро ёд меорад, ки дили ҳазорон нафар ташнагони савту каломро шодоб месозад. Ин намоҳан гро метавон дастоварди арзишманди фарҳангӣ хонд. Он дар тарбия намудани ҳазорон нафар ҷавонон дар руҳияи фарҳангпарастӣ ва донистани қадру манза лати либоси миллӣ, ки ҷузъе аз фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи мост, комёб гардидааст. Ин суруд марзи кишварро убур карда, дар кишварҳои ҳамзабон низ му хотаби худро пайдо намудааст. Фарҳангиёни мамолики ҳамзабон ба ин офарида баҳои хеле баланд дода, онро дар барномаҳои ютубии худ тарғибу ташвиқ намуданд, ки ба бовари мо, хеле арзандаву баҷост.
МИЖГОН ХАЛИЛЗОДА, «АС»





