Тирамоҳи имсола якбора сард омаду аҳволи пирамард бад шудан ги рифт. Рӯзи дароз сулфа мекард, сараш чарх мезаду дилаш танг мешуд. Хоби дурудароз сахт афгораш карда буд. Магар осон аст рӯзи дароз рӯи ҷойгаҳ ба пушт хобидан? Танҳоӣ ҳам ба дилаш зада буд. Фарзандону наберагон аз ҳолаш кам хабар мегирифтанд. Онҳо ба келини хона умед бастаанд, гӯё вақт надоранд, ки ба нигоҳубини ӯ машғул шаванд. Келин низ ҳафтаҳои аввал ба пирамард кумак мекард ва дар вақташ обу хӯрок медод, ҷойгаҳашро дуруст менамуд ва ҳоказо. Аммо рӯзҳои охир вай ҳам бепарво шудааст ё машғули тарбияи фарзандону кори хона шуда, пирамардро фаромӯш кард. Қариб ду ҳафта боз пирамард берун набарома дааст. Рутубати хона ва ҷойгаҳи куҳна ба дилаш фишор меоварду инак, бес адо менолид. Пирамард кӯрпаашро яктарафа карда, базӯр аз ҷояш нимхез шуд.– Худоё, ин чӣ ҳол аст? Аз ин дарду танҳоӣ марг беҳтар, – пичиррос зад ӯ. – Ё марг маро фаромӯш намуда аст? Тавба кардам, сад тавба кардам. Одам дар пирӣ хор мешудааст, баъди марги кампирам тамоман хору нотавон шудам. Оҳ, агар вай зинда мебуд… Ду сол боз дар барам нест, худам монда аму сари қоқам. Фарзандон, набераҳо гоҳ–гоҳ аз ҳолам хабар мегиранд, вале рӯз бегоҳ нашуда, ба хонаҳои худ ме раванд ва боз ман мемонаму ҳамин хоначаи сарду холӣ. Пирамард бо ёрии асочӯб то назди тиреза омаду онро кушод ва якбора ба димоғаш бӯи сардӣ расид. Ҳарчанд дар бадани афгораш сардиро ҳис кард, аммо ҳайкалвор рост истод, то аз ҳавои тозаи тирамоҳӣ нафас кашад. Баъд оҳиста-оҳиста асозанон берун баро мад. Борон меборид. Пирамард дар ҳавои кушод хастагиву пириашро гуё дар як дам фаромӯш кард. Ва мисли айёми ҷавонӣ дар айвон рост истода, атрофро муоина намуд. Ҳотаи сердолу дарахташ алҳол урёну холӣ метофт. Ниҳолу навдаҳои шикаста ва алафҳои кайҳо хазонгаштаро дид. Дар шохаи яккатут ду-се мусича ку-ку доштан ду дуртар гунҷишкакон болафшонӣ мекарданд. Пирамард аз тамошои ин манзара каме руҳаш болида ва нафасгирияш муътадил шуд. Худа шро бардам ҳис кард. Майдаборон гӯё интизори ҳукми шоҳи дай буд, ки якбора шиддат гирифт. Акнун омехта барфу борон мерехт. Пирамард дилу бедилон хост ба кулбааш баргардад. Яке чашмаш ба селаи зоғон афтод. Онҳо дар шохаи баланди бед интизори барфрезӣ буданд, ки якбора қар-қар қаркунон бол афшондаву шодикунон поён хамбиданд. Пирамард дид, ки чӣ тавр зоғҳои сиёҳ аз сармову омада ни зарраҳои барф хушнудӣ доранд ва бо садои наҳси худ қар-қар мекунанд. Зоғи калони сиёҳ хаёле муйсафедро шинохт, ки болои сараш як чарх зада, худро ба тӯдаи ҳамҷинсонаш расонд ва тӯй сар шуд. Овози шиноси зоғ пирамардро безобита кард ва ғайри чашмдошт худашро ҳақиру нотавон дид ва асояшро кашолакунон ба кулбааш даромад. Акнун аз тиреза манзараи тира моҳро тамошо дошт, лекин ҳушу ёдаш ба кампираш банд буд. Охир, чӣ хел фаромӯш кунад, ки як сол пештар ана дар ҳамин фасли пойиз кампираш бемори бистарӣ гардида буд. Гумонаш кампири чолокашро маҳз ҳамин садои наҳсу хунуки зоғ бемор карда буд. Он рӯзи сиёҳ низ хунуку сард буд ва зоғ қар-қар дошт. Кампираш базӯр бо овози нимшунаво гуфт:– Мӯйсафед, зоғро пеш кун, аз овози шумаш безорам– Чӣ хел! Охир, вай паранда аст, надонам дар шохи кадом дарахт ниш шастааст. Баъд, паранда садо мекунад, суруд мехонад ё ба ҳамин садо бо ҳамҷинсонаш гап мезанад.– Не, қар-қари вай садои марг аст, мефаҳмӣ, нишонаи марги ман.. Мӯйсафед ҳайрон шуд ва дарҳол аз дил гузаронд, ки мабодо кампираш асири ҷоду нашуда бошад! Кампир имдодталабона ба пира мард нигариста, ба ҳасрат гуфт:– Ҳолиё намефаҳмӣ маънои қар қари зоғи сиёҳро… чӣ илоҷ, вақташ расад, худат ҳамаашро дарк мекунӣ, албатта! Охир, бобоҳоямон мегуфтанд, ки агар зоғ қар-қаркунон парвоз кунад, барф меборад, дар шохи дарахтон шишта, садо диҳад, ягон офат рӯй ме диҳад ё ягон кас мемурад. Мефаҳмӣ?– Эй кампири содае, ба як қар-қари зоғ ҳамин қадар гап бофтӣ! – хандида буд он замон пирамард. Аммо ҳозир:– Ё тавба, – гӯён гиребонашро дошта афзуд: – Қадаму қар-қари зоғ воқеан ҳам наҳс будааст, ки ҳамон сол кампирам дунёро тарк гуфт. Аз ёди кампираш дили мӯйсафед сахт ларзид. Боз тарсид, ки алҳол садои нохуши зоғи наҳс баландтар ва гуё пирамардро марг даъват дорад. Аз ин хаёл ӯро ғам гирифт. Лаънатӣ, парандаи шумхабар! Зоғро парандаи умрдароз мегӯянд. Ва зоғ ҳамон па рандаест, ки бо роҳи фиреб оби ҳаётро ба даст оварда, ба Парвардигор ваъда додааст, ки онро ба инсон мерасонад. Вале дар роҳ аз ин нияташ баргашта, онро ба бехи дарахти арчае резондаа сту ба он умри дароз бахшидааст. Ана аз ҳамон касофатии зоғ то ҳол одами зод умри кутоҳ мебинад. Пирамард намедонист, ки зоғ ҳам парандаи одӣ нест, вай мисли калоғ сесад сол умр мебинад ва то охир ба ягона ишқи худ содиқ мемонад. Баъди марги зоғ модинааш дигар шавҳар на мекунад. Одамизод чӣ? – ба худ савол дод пирамард… Пирамардро дилаш сиёҳ шуду боз хастагӣ фаро гирифт ӯро. Инак, мон даю лаккот дар кулбааш танҳо қар-қари зоғро мешуниду халос. То дами бегоҳӣ ҳаво тираву тор буд ва ҳар замон тун дбод мевазиду барфу борон мерехт. Баъд келинаш омада, дар бухорӣ алов кард. Ҳезум месӯхту хонача гарм мешуд, аммо дили муйсафед ҳамоно сарду пурғам буд. Ёди гузашта, ҳасрати кампираки фавтидааш ва қар-қари зоғ вуҷудашро пахш карда буд. Агар ин дам наберааш тозон ба хона намеда ромад, яқин дилаш аз бухсу навмедӣ мекафид. Наберааш Воҳиди чаққонак ба кулба даромаду шодона нидо кард:– Ана, бин, бобо, чиро дастгир кар дам, – гуфт вай ва аз бағалаш зоғеро берун оварда, ба замин гузошт.– Аз куҷо ёфтӣ инро, ҷони бобош?– Дар об афтиду болҳояш тар шу данд ва дигар гурехта натавонисту ба дастам афтод.– Рост? – ба тааҷҷуб пурсид пи рамард. – Минқор назад? Минқораш сахт аст!– Чанд маротиба бо панҷаи пой ва минқораш зад, аммо ман сар надодам, – гуфт бо ифтихор набера ва берун баромад. Зоғ дар гармии кулба тадриҷан ба худ омад. Қанотчаашро базӯр (яқин захмӣ шуда буд) кушода, аз як кунҷи хона ба кунҷи дигар ҳаракат карда, кебида-кебида ба муйсафеди бемор нигоҳ менамуд. Баъд шояд фаҳмид, ки дар набудани писарак аз дасти пи рамарди бемору хаста чизе намеояд ва роҳи халосӣ меҷуст. Чор тарафро мушоҳида карда дид, ки тирезаю дар маҳкам аст. Дигар аз ҳаракат монд ва дар кунҷе ҳалқа зада, таги қаноташро хуб нӯл зад. ӯ ҳамоно хомӯшона аз пирамард чашм намеканд. Медид, ки пирамарди сайёд бармаҳал пиру нотавон шудаасту дигар ёрои аз ҷой хест надорад Пирамард низ аввал ба чашмо ни бадқаҳри зоғ диққат дод. Хеле нигоҳ карду оқи бат ба теғи нигоҳи ин парандаи наҳсу бехосият тоб нао вард ва сарашро хам карда, зери лаб гуфт: – Астағфируллоҳ, тавба кардам, Худоё, магар ҳамин зоғ ҳам маро шинохт? Чаро хомӯш аст! Ё аз ҳамон шикори бебарори ман бохабар аст, ки ин қадар хомӯшона ва пурасрор нигоҳ мекунад ба ман… Он замон мӯйсафед сайёди машҳур буд. Кӯҳистонро мисли даҳ ангушташ медонист. Ва ҳамон рӯзи наҳс субҳ ба шикор омодагӣ гирифт ва дар анбон тӯ шаи роҳ ва дурбину тирдонро андохта, милтиқи шикорӣ сари китфаш ҷониби дара рафт. Орзуи деринааш – бисёр мехост нахчиреро аз сари дараи кӯҳӣ шикор кунад. Он рӯз ҳам ҳавои тира моҳ дилгиркунанда буд, майдаборон меборид. Ҳар замон вазъи ҳаво тағйир ёфта, роҳгардӣ мушкил мегашт барои ӯ. Аммо сайёди он замон ҷавону та нуманд аз роҳаш баргаштанӣ набуд. Пайраҳаи ошно ва буттаву ниҳола кони шикаставу алафҳои бармаҳал хазонгашта бӯй ва тафи ҷангалаки хазонгаштаро меоварданд. Арчаҳои кӯҳӣ монанди мӯйсафеди асобадасте хамидаву ошуфта метофтанд. Аммо ҳавои ҷангалак баъди майдаборон серун буд. Сайёд хуб медонист, ки дар ин мавзеъ танҳо як ҷуфт нахчир боқӣ мондаасту халос. ӯ аз дунболи ҳамон ҷуфт омада буд. Аммо аз якбора пайдо шудани зоғ бим дошт вай. Зеро пай бурда буд, ки зоғи сиёҳе аз худи деҳа ӯро пайгирӣ мекунад. Ин парандаи наҳс чӣ мехоста бошад? Сайёд аз анбон дурбинро гирифта, ба атроф назар андохт. ӯ ба пайраҳаи морпече, ки ба паногоҳи нахчир мебурд, чашм дӯхт: ”Бале, ана, ҳамин роҳи морпеч айни муддаост. Ҳамин ки нахчир пайдо шуд, дарҳол ба нишон мегирам. Иншоаллоҳ, тирам хато намеравад. Охир, дигар ҷои рафтан надорад вай, бо пойи худаш омада ба дом меафтад. Ва дар сурати тир хӯрда наафтиданаш ҳам, қафо намегардад, – ба худ андешид Сайёд… Чашми ӯ боз дар шохи дарахти азиме ба зоғ афтид ва яқин кард, ки паранда ҳамоно ӯро назора дорад. Шояд майдаборон ба зоғ мефорид, ки ҳар замон худашро меафшонду қар-қар мекард. Дили Сайёд аз алам бухс кар да, ба худ ларзид ва аз қаҳр лабашро сахт газид. Баъд бо дили афгор ба милтиқи думила тир ҷой кард ва корди шикорияшро низ аз нав ба миёнаш сахт баст. Баъди борон ҳавои ҷангалак тоза ву хомӯш буд, оромии атрофро танҳо ягон-ягон хониши паранда ё садои хишир-хишири баргу навдаи дарахтон халалдор мекард. Сайёд ҳамоно дил пур буд, ки нахчир пайдо мешавад. Баъди нисфирӯзӣ ҳаво тағйир ёфту офтоб рух намуд. Ва ҷангалак чунон равшан гашт, ки дили сайёд об хӯрд. Вай аз дидани ниҳолони олучаи кӯҳӣ ва чормағзи ёбоӣ шод шуда, ба худ гуфт:– Агар ҳамин шикори нахчир наме шуд, як халта чормағзу олуча чида, хона мебурдам. Нохост пай бурд, ки гарданашро ёзонда, зоғ ӯро мепесонад. “Ин па рандаи наҳс чӣ мехоҳад аз ман, чаро маро дунболагир аст?” – инак, бори чандум меандешид Сайёд ва бо қаҳру итоб баргашта ба хамгашти қади дара чашм дӯхту садое ба гӯшаш расид ва оромиро аз даст дод. Оре, нахчири нозанине пайдо шуд. Бадани холдораш дар шуои офтоб ялаққос мезад. Ҷонвар хиромида-хиромида нишеб мешуд аз баландӣ ҷониби пайроҳа. Сайёд аз ҳаяҷон дасту по хӯрд. Вай ҳамоно аз нигоҳи синчакоронаи зоғ метарсид. Мабодо зоғи наҳс халал расонад! Не, не! Сайёд зуд ба шикам хобида, нахчирро ба нишон гирифт. Охир, ӯ сайёди таҷрибадор асту тираш ҳаргиз хок намехӯрад! Сайёд акнун ангушт ба куланги милтиқ бурда буд, ки ғайричашмдошт зоғ пайдо шуд болои сараш. Сайёд бо шитоб тир андохту нахчири захмин пойи хуншорашро кашида, қафо гашт ва лангон-лангон ба ҷангалак дарома ду нопадид шуд. Аммо зоғ медонист, ки нахчир аз он пайроҳае гузашта, дар марғзор аз як навъ алафи куҳӣ хӯрда, шифо меёбад. Сайёд аз ҳамон рӯз дигар ба шикор нарафт. Аз миён солҳои зиёде гузаштанд, вале то ҳол муйсафеди сайёд ҳамон чашмони зоғро дар хоб мебинад. Ва ҳоло дами бегоҳӣ, вақте ки сиёҳӣ оҳи ста-оҳиста фуромад, боз келинаш ба кулбаи пирамард даромад. Вай ҳатто пайи набурд, ки чӣ тавр зоғ аз роғи дар моҳирона парида рафт. Пирамард, ки ин ҳамаро назора мекард, танҳо оҳи бадарде кашиду чизе нагуфт. Келин боз ба бухорӣ ҳезум андохту аловро даргиронду ба болояш як белча ан гиштро рехт ва бо овози гирифта гуфт:– Бобо, ҳолатон чӣ хел аст? Ангишт овардам, тирамоҳ, берун хунук, хоб ку нед, – ва ҷавоби пирамардро интизор нашуда рафт. Боз пирамард монду танҳоӣ, ғаму ғусса ва кулбааш. Дилаш торафт сиёҳ мешуд, зеро медонист, ки дар берун ҳанӯз зоғ ӯро мепояд. Мӯйсафедро то дер хоб набурд. Нолиш мекард, оҳ мекашид. Вақте ки ба шишаи тиреза нигоҳ кард, нохост суроби зоғро дид. Зоғ ҳамоно пурасрор ба пирамард нигоҳ мекард, балки ӯро мепесонд, писханд мезад. Пирамард намедонист, ки имшаб шаби охирини умри ӯст. Вай бо вуҷуди гармии хона хунук хӯрда, рӯяшро бо кӯрпааш пӯшонд…
МАҶИД САЛИМ





