(МУСОҲИБА БО НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН БАХТИЁР МУРТАЗО)
– Дар оғози суҳбат Шуморо самимона табрик менамоям, ки китоби бо ҳаммуаллифии Нависандаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Мусо таҳти унвони «Чароғафрӯзон» эҷоднамудаатон ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мушарраф гардид.
– Ташаккур, бародар, барои табри катон! Чи тавре ки маълум аст, моро ҳамқаламонамон «нависандагони роғуншинос» меноманд. Ҳам Шералӣ Мусо, ҳам камина дар тасвири ҳаёти қаҳрамононаи бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» як силсила очеркҳою қиссаҳои проблемавӣ ва мустанад навиштаем. Дар китоби «Чароғафрӯзон» як теъдоди ин асарҳо гирдоварӣ шудаанд. Биноан, ин китоб ба адибон писанд омад ва хушбахтона, ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор шуд. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати мил лӣ-Пешвои муаззами миллат, Прези денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сидқи диламон ташаккур мегӯем, ки чунин мукофоти олиро ба мо, адибон, шоиста дониста, сарамонро ба осмонҳо бардоштанд. Ваъда медиҳем, ки боз ҳам асарҳои арзандаи замон навишта, ба халқу Ватани азизи худ содиқона хидмат менамоем.
– Бо пайвастан ба кори рӯзнома аз оғоз ба очерку публитсистика бештар рӯ овардед ва шуморо дар ин роҳ ба ҳайси қаламкаши содиқта рин ном мебаранд. Сабаб чист, ки рӯз то рӯз муҳаббататон ба ин жанр бисёртар гашт?
– Дар соли сеюми таҳсил дар до нишгоҳ аллакай корманди нашрияи до нишгоҳӣ «Ба қуллаҳои дониш» интихоб гаштам. Ману Мазҳабшо Муҳаббатшо ев, ки ӯ як курс пештар аз ман мехонд, ҳамроҳ кор мекардем. Баъд Абдунабӣ Сатторзода ба кор омад. Моҳи марти соли 1963 ба баракати кор дар рӯз номаи «Ба қуллаҳои дониш» маро сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» устод Мутеулло Наҷмид динов ба вазифаи ходими адабӣ ба кор даъват кард, ки он замон дар курси 5-уми донишгоҳ таҳсил доштам. Ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» Мазҳабшо Муҳаббатшо ев ва Нур Табаров ҳам ба кор омада буданд. Мазҳабшо котиби масъул буду ҳамкурсаш Нур мудири шуъбаи мактабҳо.
– Чанд сол дар он ҷо кор кардед?
– Чордаҳ сол. Мутеулло Наҷмидди нов ба мактаби ҳизбии Маскав рафтанӣ шуда, қаблан гуфт, ки медонам, дониш гоҳро хуб хондӣ, дониши нағз дорӣ, лекин ба олами рӯзноманигорӣ ворид шудану рӯзноманигори ҳақиқӣ шудан заҳматталаб аст. Боз фикр накунӣ, ки донишгоҳро тамом кардам, аз уҳдаи ҳама кор мебароям, зеро баъзеҳо чунинанд, мағрур мешаванд. Журнали стикаи русӣ бисёр баланд аст ва барои мо мактаб ба ҳисоб меравад. Ман омӯхтам, дигарон ҳам. Дар баробари омӯзиши навиштаҳои устодон Айнӣ, Улуғзода, Муҳаммадиев… навиштаҳои қаламкашони русро омӯхтем. Ва номи якчанд журналисти русро гирифта, гуфт, ки ҳатман аз онҳо омӯзам.
– Барои мисол киҳоро?
– Аз ҷумла, Василий Михайлович Песковро. Песков тамоми умр дар рӯзномаи «Комсомолская правда» кор кардааст. То ба дараҷае, ки китобаш «Қадамҳои рӯйи шабнам» соли 1964 ба мукофоти ленинӣ пешниҳод шуд ва сазовор гардид. Китоб фарогири маводест, ки муаллиф қаламрави Иттиҳоди Шуравиро гашта, онро навиштааст. Худаш барои очерку мақолаҳояш акс мебардошт. Рӯзноманигору публитсисти ҳақиқӣ буд. Китобҳои бисёре навиштааст. Бо олимон ба Антарктида рафта, муддате меистад ва китобу мақолаҳо менависад. Соли 1967 50-солагии инқилоби Октябр ҷашн гирифта шуд. Песков 11 моҳ дар сафари хидматӣ буд. Аз Шарқи Дур, аз атрофи Сахалин, аз вулқонҳо сар карда, то Брест, саросари Иттиҳоди Шуравиро гашта, репортажҳо навишт. Ҳар ҷо, ки мерафт, бо чархболи ҳарбиён аз боло гӯшаву канорҳои Иттиҳоди Шуравиро аксбардорӣ мекард ва дар бораи тараққиёти давлат менавишт. Соли 1967 боре бо Нур Табаров дар Самарқанд, дар сафари хидматӣ ӯро дидем. Самарқандро бо чархбол му шоҳида мекард. Дар очеркаш сутунҳои мадрасаҳоро ба ракетаҳои кайҳонии дар ҳоли парвоз шабоҳат додааст. «Деҳкадаҳо» китобест дар бораи деҳаҳои сарсабзу зебои русҳо, ки сокинонашон дару тирезаҳояшонро тахта зада, ба шаҳрҳо кӯч бастаанд. Песков дар навиштааш ин равандро таҳқиқ намуда, гуфтааст, ки ин деҳаҳо ро бояд аз нав обод кард. Дар яке аз чунин деҳаҳо Антониха ном кампиреро ёфтааст, ки мототсикли аз немисҳо мондаро ҳай карда, бо он ба одамон ёрӣ медодааст. Китоби дигараш «Ҷан галроҳи бунбаста» дар бораи аҳли оилае ҳикоят дорад, ки онҳо муътақиди дини куҳан буда, аз солҳои сиюм дар ҷангал мезистаанд. Ин оила ду духтару ду писар доштааст. Песков бо геологҳо ба он ҷангал рафта, онҳоро ёфтааст. Асбоби рӯзгор, аз ҷумла корди аз исти фодаи зиёд хӯрдашудаи онҳоро акс бардошта, дар рӯзнома нашр мекунад. Онҳо аз воқеаҳои замон бехабар зин дагӣ доштаанд. Вақте Песков аз ҶБВ мегӯяд, ҳайратзада мешаванд. Дар бораи киштиҳои кайҳонӣ нақл мекунад, боварашон намеояд. Модар аз азоби сахти зиндагонӣ мемирад. Боре чоҳе канда, хирсеро ба он афтонда, меку шанд ва гӯшташро муддате мехӯранд. Пасон гаштаву баргашта аз ин корашон ёдоварӣ мекунанд. Песков дар рӯзно маи «Комсомолская правда» бо номи «Равзанаи табиат» гӯшае дошт, ки дар он навиштаҳояшро ба нашр мерасонд. Ҳамин тавр, китобҳои қиссаву очеркҳои «Зиндагӣ давом дорад»-и Овечкин Валентин Владимирович дар бораи деҳа, «Ҳалқаи раисон»-и Радов Георгий Георгиевич дар бораи раисҳои машҳури Русия, «Як соли ҳаёти хосса» и Анатолий Иванович Стреляний дар бораи вайрониҳои замони Хрушёв, «Сифати картошка» ва «Гандуми русӣ»-и Юрий Черниченко, инчунин, асарҳои Анатолий Аграновский аз қабили адабиёте буданд, ки барои омӯхтан тавсия гирифта будам. Анатолий Аграновский дар рӯз номаи «Известия» кор мекард. Дар навиштани очеркҳои проблемавӣ маҳорати баланд дошт. Падараш Аб рам Аграновский ва додараш Виктор Аграновский ҳам публитсист буданд. Падараш низ дар рӯзномаи «Известия» кор мекардааст. Додараш дар рӯзно маи «Комсомолская правда» очеркҳои проблемавӣ менавиштааст.
– Мехоҳем бидонем, ки очерки «Лимуи тоҷик»-и шумо чӣ гуна на вишта шуд?
– Фаҳмидам, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ солҳои сиюм озмо ишгоҳи лимупарварӣ ташкил шуда будааст. Сипас ба он ҷо рафта, якчанд рӯз бо фаъолияти озмоишгоҳ ошно шудам. Солҳои сиюм як гурҷӣ бо номи Владимир Иванович Сулая бо занаш дар Батуми донишгоҳро ба итмом расонида, дар замони азхудкунии заминҳои водии Вахш ба Тоҷикистон ба кор меояд. Мефаҳмад, ки иқлими кишвари мо лимупарварӣ мувофиқ аст. Аз Батуми навъҳои гуногуни лимуро оварда, ба парвариш машғул меша вад. Баъди чанде ба ҶБВ меравад. Аз майдони ҷанг дар номае ба занаш хоҳиш мекунад, ки агар лозим шавад, лимуҳоро бо палтои ман пӯшону аз сармо нигоҳ дор. Зан ҷавоб менависад, ки Володя, хотирҷамъ бош. Агар ойӣ, туро бо лимуҳои нав зиёфат мекунам. Дар ҳақиқат, ҳамин хел шудааст. Инро ба ман худи Владимир Иванович ҳикоя карда буд. Чор бех ниҳоли лимуи дар солҳои сиюм шинонидаи ӯро солҳои 70-80 дидам. Як дарахт то 1600 дона лиму медодааст. Баъд ба тамоми Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон аз ҳамон ҷо ниҳолони лиму бурдаанд. Солҳои 47-48 Котиби якуми ҳизби Коммуни сти Тоҷикистон, донишманди аллома Бобоҷон Ғафуров аз он лимуҳо дидан карда, заҳматкашонро табрик мегӯяд ва ба мукофотҳо пешбарӣ менамояд. Ман пайравони лимупарварони аввалинро ёфта, суҳбат кардам ва бо номи «Лимуи тоҷик» барои моҳномаи «Садои Шарқ» очерк навиштам. Дар ҷашни 50-солагии азхудкунии заминҳои Вахш онро ба шакли китоб чоп карданд. Ин китоб бо кадом роҳе ба Амрико раф тааст. Яҳудиёни Бухоро дар Ню-Йорк рӯзнома доштаанд, ки дар он чоп кардаанд. Лекин сарлавҳаро ба «Лимуи Тоҷики стон» иваз намудаанд.
– Яке аз паҳлуҳои на зарраси фаъолияти Шумо тарҷума аст. асарҳои ба забони тоҷикӣ тарҷумакар даатон дар чӣ ҳолу шароит ба миён омадаанд?
– Дар соли аввали корам дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ки тавре гуф там, дар курси 5-уми дониш гоҳ таҳсил доштам, повести «Роҳи Каҳкашон»-и Чингиз Айтматовро тарҷума кардам. То он вақт ҳикояҳо аз ҷумла ҳикояҳои Чеховро тарҷума карда будам. Фолклоршиноси қиргиз Тойтӯра Ботирқулов, ки чанде дар Тоҷикистон буд, асарҳоро аз тоҷикӣ ба қи рғизӣ тарҷума менамуд. Баъзе чизҳоро аз ӯ мепурсидам. Боре повести «Роҳи Каҳкашон»-и Чингиз Айтматовро овард. Тарҷума кардам. Дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» пурра нашр шуд. Баъди аскарӣ чанд муддати дигар дар рӯзнома ҳамчун мудири шуъбаи таблиғ ва тарвиҷ (яъне пропаганда) ва котиби масъул кор карда, сипас ба Афғонистон рафтам. Соли 1968 маро Вазорати нақлиёти ИҶШС ба кишвари Афғонистон ба кори тарҷумонӣ дар сохтмони роҳ фиристод. Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон роҳ месохт. Ноҳияҳоро бо якдигар, бо марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Кобул пайваст мекард. Дар он ҷо тарҷумон будам. Ҳар вожаи классикиеро, ки бори аввал мешунидам, ҳифз менамудам. Яке аз аввалинҳо шуда, «рухсатӣ», «хушкашӯӣ» барин вожаҳоро барои истифода ба Тоҷикистон овардам. Дар Афғонистон ба тарҷумаи бадеӣ ҳам машғул шудам. Шаш-ҳафт моҳ бо луғат сарукор гирифта, ба рухсатӣ барома дам. Пеш аз тарҷума кардани романи «Сурх ва сиёҳ»-и нависандаи бузурги Фаронса Стендал чор ҷилд китоби «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Толстойро хондам.
– Дар чанд муддат тарҷума кардед?
– Сеюним сол. Баъди бозгашт ба Ватан бо роҳбарии сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» устод Убайд Раҷаб тарҷумонҳои машҳур Ҳабиб Аҳрорӣ, Шамсӣ Собир, Шариф Шараф ва Нусур Холмуҳаммадов тарҷумаи романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендалро муҳокима намуда, ба чоп тавсия кар данд. Муҳаррири ин китоб устод Шамсӣ Собир буд. ӯ ин асарро ҳангоми исти роҳат дар Қрим мутолиа менамояд. Ҳамон вақт Сотим Улуғзода низ дар ҳа мон тафреҳгоҳ истироҳат мекардааст. Рӯзе устод Сотим Улуғзода Шамсӣ Собирро дар мутолиаи китоб дида пурсон мешавад:
– Чӣ мехонӣ?
– Як ҷавон романи «Сурх ва сиёҳ» ро тарҷума кардааст. Ҳамонро бо супориши нашриёти «Ирфон» хондан дорам.
– Магар ин китоб тарҷума шуд?
Нағз, нағз. Ба ман ду саҳифа хон. Шамсӣ Собир гуфт: Ду саҳифа хондам, гӯш карда истоданд, баъд сечор… хулоса, 8 саҳифа хондам. Ҳай рон шуда гуфтам, ки муаллим, шумо ду саҳифа хон гуфтед. Ман 8 саҳифа хондам.
Чӣ мегӯед?
– Тарҷума мешавад. Нағз. Бо овардани ин нақл Шамсӣ Собир дастамро фишурда, табрик гуфт, ки Сотим Улуғзода тарҷумаи ҳар касро «мешавад» намегӯяд. Баъд тавсияно ма навишт. Дар он чунин навишта буд: «Романи «Сурх ва сиёҳ»-и адиби бузурги Фаронса Стендал, ки аз тара фи Бахтиёр Муртазоев тарҷума шудааст, пурра тайёр аст. Ман онро ба чоп тавсия менамоям». Хуллас, китоб бо теъдоди даҳ ҳазор нусха чоп шуд.
– Чӣ қадар ҳаққи қалам гириф тед?
– Шаш ҳазор сӯм доданд. Пули як мошин. Ҳадафи ман пул гирифтан набуд. Ҳамчунин, аз маҷаллаи «Садои Шарқ» барои чопи як пораи тарҷума 300 сӯм гирифтам. Нашри ин китоб диламро бисёр бар дошт. Романи калон аст. Дар ошёнаи якуми ИНТ дӯкони китобфурӯшӣ буд, ки духтараке китоб мефурӯхт. Китоби «Сурх ва сиёҳ» дар он дӯкон 2 сӯму 70 тин нарх дошт.
– Китоби «Садбарги зарин»-ро хеле пештар тарҷума кардаед, аммо дар «Садои Шарқ» дер чоп шуд.
Чаро?
– Аввал дар нашриёт ба шакли ки тоб чоп шуд. Баъд дар «Садои Шарқ» ба нашр расид. Нашри дувум низ бо таҳриру такмил ба анҷом расонда, дар симпозиуми китоби Душанбе ба дипломи дараҷаи аввал сазовор до ниста шуд. Дар хидмати ҳарбӣ солҳои 1964-1965 дар ҷангалзори Ленинград дар дасти русбачае ин китобро дида, хостам аз назар гузаронам. «Гир, ман хондам», – гуфт. Хонда, мафтун шудам. Фикр кардам, ки бояд ҳатман инро тарҷума кунам. То он вақт «Роҳи Каҳкашон»-ро тарҷума карда будам. Ду бор хондам. Калимаҳои қадими русӣ зиёд дошт. Тасвирҳои аҷибу зебоеро фаро гирифта буд. Луғатҳоро кофтам, барои тарҷума омодагӣ дидам. Баъди аскарӣ тарҷума кардам. Як қисмаш дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шуд. Ба нашриёти «Ирфон» бур дам, тоторзане он ҷо кор мекард, ки хатмкардаи донишкадаи педагогӣ буду забони тоҷикиро медонист. Гуфт, ки ин асарро аз мутарҷимони тоҷик ҳеҷ кас тарҷума карда наметавонад. Забонаш мураккаб аст. Китоби М. Шолоховро тарҷума кардаанд, чанд кас гуфт, ки тарҷумааш нағз нест, забонаш хароб. «Ҷанг ва сулҳ»-ро тарҷума кардаанд, боз мегӯянд, ки онро аз нав тарҷума кардан даркор аст. Ман ҷавоб додам: «Ба тарҷумаи худ масъулият дорам. Хоҳед, шумо муҳаррир шавед». Лекин тоторзан чизе нагуфт. Пас аз чанде ин китоб чоп шуд. Нашри дуюмаш низ амалӣ гардид ва ба ҳама писанд омад.
– Аз сафарҳоятон ва бардоштҳову навиштаҳоятон чӣ гуфтаниҳо доред?
– Аз сафари кишвари Афғонистон баргашта, боз дар рӯзномаи «Комсомо ли Тоҷикистон» котиби масъул шудам. Гулназар, ки муовини сардабир буд, ба ИНТ ба кор гузашт ва ман ба ҷойи ӯ ҷонишини сармуҳаррир шудам. Моҳи майи соли 1974 сохтмони шоҳроҳи Байкали Амур оғоз ёфт. Дар анҷумани комсомоли умумииттифоқ котиби яку ми комсомол ба Котиби генералии КМ КПСС муроҷиат менамояд, ки мо дар ин сохтмон иштирок мекунем. Комсо молони солҳои ҳафтодум ба мисли комсомолони солҳои бистуму сиюм, ки чи қадар дар ҷангҳо иштирок карданду шаҳрҳо сохтанд, ин роҳро месозанд. Аз тамоми ҷумҳуриҳои Иттифоқ яктоӣ бригадаи комсомолон иштирок кард. Вилоятҳои Русия, худи ҷумҳурии федеративии Русия алоҳида. Ҳар як ҷумҳурӣ дар роҳи БАМ як истгоҳ месо зад. Истгоҳи Тоҷикистон дар вилояти Хабаровск, дар ноҳияи Солони воқеъ буд. Бригадаи ҳар ҷумҳурӣ бо иқтидори худаш духтурхона, кӯдакистон, даби стон, бозор, хона, хуллас шаҳрак ме созад, ки номи он ҷумҳуриро мегирад. Моҳи июли соли 1974 ба ин сохтмони комсомолӣ рафтам, ки баъди ду моҳи кор чизе нависам. Мактаб аллакай тайёр шуда буд. Ҳаёту кори ҷавонони тоҷикро омӯхтам. Роҳи оҳан бояд аз ҷангалистон мегузашт. Ҷавонони мо ба дарахтбурӣ машғул буданд. Роҳ сохта шуд. Ба ин сохтмон 50 сол пур шуд. Ба номи ман медал омадааст. Аз Вазорати фарҳанг гуфтанд, вале то ҳол насупурдаанд. Пас аз сафар ба ин коргоҳ зиёда аз 70 мақолаву очерк навиштам. Аз тамоми рӯзномаҳоямон хоҳиш ме карданд, ки мавод фиристам. Даҳ очеркро бо номи «Қасидаи бародарӣ» дар як маҷмуа чоп кардам. Соли 1975 бори дигар ба сохтмони БАМ рафтам. Шоирон Мастон Шералӣ ва Мавҷуда Ҳакимова ҳамроҳи ман буданд. Хо мӯшак ману Мавҷударо бисёр газид, лекин Мастонро не. Тобистон буд, ки дар дарёчаи Таюра оббозӣ кардему Мастон дар лаби дарё ин рубоиро навишт:
Аз хомушаки Сибир гардам, ки ҳама
Танҳо чу замини кишт шудгор шуданд.
Мастони арақхор саломат монда,
Мавҷудаю Бахтиёр абгор шуданд.
Барои як силсила очерки дигар мавод гирифта, баргаштам ва дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» сармуҳаррир таъйин шудам. Шоҳроҳи Байкали Амур сохтмони овозадор буд. Соли 1975 маро роҳбари бригадаи таблиғотии Тоҷикистон дар БАМ таъйин карданд. Сохтмони роҳи оҳан аз шаҳри Иркутск то Шарқи Дур меравад. Ба тули 3146 км. Ҳозир зиёдтару васеътар гаштааст. Дар ҳайати бригадаи мо пешқадамони истеҳсолот, собиқадорон, варзишгарон, нафақахӯрони хидматнишондода, ансамбли «Наврӯз»-и ДМТ, чемпиони ҷаҳон Саидмуъмин Раҳимов буданд. Саёҳат Неъматова ровигӣ мекард. Ин сафари сеюмам буд. Вақт ёфта, бо гурӯҳи ҳунарпешагон ба Хабаровск, ба истгоҳи Тоҷикистон рафтам. Дар бораи ин истгоҳ очерки дигар навиштам. Очеркҳои дар сафари дувуму севуми навиштаамро дар китоби «Чанор дар Солони» нашр кардам. Дар истгоҳи Тоҷикистон дарахтони сибирӣ бисёр буданд. Ба тоҷикписаре гуфтам, ки ниҳоли чанореро аз Тоҷикистон оварда, шинонад. ӯ бо ҳавопаймо ниҳолро оварда шинонд. Мақсадам ин буд, ки чанори тоҷикӣ дар Сибир ҳам нашъунамо кунад. Ҳамин тавр, очерке бо номи «Чанор дар Солони» навишта шуд. Солони дарёест, ки дар он ҷо номи ноҳия низ ҳаст. Аз одамони он ҷо фаҳмидам, ки маънои «Солони» «дарёи хушбахтӣ» будааст.
– Кадом навиштаатон дар ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо кард?
– Солҳое чанд дар вазифаи сар муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор кардаам. Беҳтарин маводи рӯзномаро бояд худи сармуҳаррир нависад. Кӯшиш кардам, ки ин талаботро риоя намоям. Хабар расид, ки дар Данғара Талбак Лолаев ғаллазорро аз сӯхтор ҳимоя карда, ҳоло аҳволаш вазнин аст. Ман ба Данғара рафтам. Котиби якуми ком сомоли ноҳия Хосият Азизова гуфт, ки Лолаев вафот кард. Баъд ҷойи воқеаро ба ман нишон дод. Аз дудбарои мошин оташпораҳо парида, яке аз ғаллазори хурд дар гирифтааст. Талбак Лолаев оташи он ғаллазорро хомӯш карда, нагузоштааст, ки тамоми ғаллазор сӯзад. Дар натиҷа худаш сӯхта, дар беморхона мемирад. Бо модараш суҳбат кардам. Гуфт, ки: «Талбаки ман гунҷишко ворӣ ҳелча кард, ҳелчаш нимкора монд». (Дар очерк ин сухано нашро овардаам). Ба Душанбе баргаштам. Бояд пагоҳ рӯзнома ба чоп мерафт. Аввал бо номи «Корнамоӣ дар ҳалқаи оташ» хабар на виштам, дар шумораи дигари рӯзнома як саҳифа очеркро бо номи «Муҳориба бо оташ» омодаи чоп намудам. Ин очерк ҳамовозии зиёд пайдо кард, ки зиёда аз 1000 мактуб гирифтам. Ҷаво нон менавиштанд, ки нишонии хонаи Талбак Лолаевро диҳед, рафта, барои фарзанди ояндааш ҳелчаашро созем. Ҳеҷ гоҳ надидам, ки сармуҳаррир мақо ла навишта, аз хонандагон беш аз 1000 мактуб гирифта бошад. Котиби райком Маҳмудов одами хуб буд, гуфт, ки худам хонаи Тал бакро месозам. Ҳар касе дари хонаи Талбакро мекушод, модар бо умед нигоҳ мекард, ки писарам зинда шуда, медарояд…
– Дар ҳафтаномаи «адабиёт ва санъат» ҳам, ки кор кардаед, ҷараёни эҷодиятон ба кадом самт бештар равона буд?
– Соли 1982 аз Афғонистон баргашта, вақти сардабирии Аскар Ҳаким ба ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» ҳамчун мудири шуъба ба кор даромадам. Баъди се сол ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ташкил шуд. Дар ин ҳафтанома бо номи «Талвосаи чизпарастӣ» як силсила мақола навиштам. Инчунин, мақолаи ман «Модари аскари шаҳид» аз силсила мақолаҳое буд, ки дар бораи аскарони шаҳид бо модаронашон суҳбат кар да, навиштаам. Баъди як–ду сол ба «Садои Шарқ» бо даъвати устод Лоиқ ба кор гузаштам. Якчанд очерки про блемавӣ навиштам. Аз ҷумла, очерки «Домани дарё» ба адибон писанд омада буд. Дар он доир ба заминҳое, ки дар соҳилҳои дарёҳо ҳастанд, сухан мерафт. Бо мӯйсафедон дар бораи он ки заминҳои соҳилҳои дарёро са марабахш истифода кунем, суҳбатҳо доштам. Нишон додам, ки чӣ қадар одамон дар ноҳияҳои Дӯстиву Қубо диёну шаҳри Бохтару дигар ҷойҳо кор карда, ҳамин заминҳоро самарабахш истифода мекунанд.
– Аз замони ташкилшавии рӯз номаи «Садои мардум» дар он фаъолияти пурсамар нишон до даед. Ин рӯзнома чӣ гуна ба роҳ монда шуд ва барои пойдорияш киҳо заҳмат кашидаанд?
– Соли 1990 рӯзномаи «Садои мардум» ташкил шуд ва аз соли 1991 нашраш оғоз ёфт. Бо даъвати сар муҳаррир Муродулло Шерализода дар он узви ҳайати таҳрир, мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ шудам. Муродулло гуфт, ки кормандони боварибахшро аз ҳар ҷо, ки медонӣ, ба кор ҷалб кун. Рӯзи 4-уми майи соли 1992 Муродул лоро парронданд. Ду нафар муовин дар солҳои вазнин аз кор рафтанд. Мирзомаҳмуд Мирбобозода дар муо винӣ танҳо монд. Маро иҷрокунандаи вазифаи муовин монда, худаш бо як ҳамкори дигар ба Иҷлосияи 16–уми Шурои Олӣ рафт. Тамоми маводи иҷлосияро хонда, ба чоп омода мекар дам. Доир ба ин масъала сармақолаи «Вопасин умеди растагорӣ»-ро дар рӯзномаи «Садои мардум» навишта ам. Дар иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона Раиси Шурои Олӣ ва Сардори давлат интихоб гарди данд. Чанд мусоҳиба бо он кас анҷом додаем. Соли 1996 Иброҳим Усмонов, вакили мардумӣ, мудири шуъбаи маъна виёти Шурои Олӣ, маро даъват карда, гуфт, ки бояд сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» шавам. Розӣ нашу дам. Баъди чанде боз даъват кард, ки ҳафтаномаи «Минбари халқ»-ро таш кил намоям ва ба ин розӣ гардида, кор ро оғоз бахшидам. Рӯзи 7-уми сентябр, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ якумин шумораи рӯзномаи «Минбари халқ»-ро ба нашр расондам. То соли 2001-ум сардабирии ин ҳафтаномаро бар дӯш доштам. «Минбари халқ» рӯзномаи дустдоштаам нашрияи ҲХДТ 30-сола шуд!
– Лутфан, аз таълиф ва нашри романи мустанади «Нақби Истиқлол», ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он баҳои баланд додаанд, қисса кунед.
– Вақте ки кори нақб оғоз ёфт, дар нафақа будам. Мансур Суруш, сардабири вақти ҳафтавори «Минбари халқ» маро даъват кард, ки ба кор баргардам. Баъди чанде ҳамроҳи Суруш кор кардан, ба ӯ гуфтам, ки дар сохтмони нақби «Истиқлол» хабарнигор мешавам. Се сол дар нақб кор кардам. Эрониҳо маро ба хубӣ пазируфтанд. Алӣ Мусавӣ Раҳимӣ, роҳбари муҳандисину мутахассисини эрониён гуфт, ки забонро нағз медонӣ, дар паҳлуи ман бош. Ӯ дар раванди кор тамоми фаъолия ташро ҳикоят намуд, ки сабт кардам. Дар нақб ҳар сангу кӯҳпораи афтодаро рафта медидем. Вақти кушодани нақб ва сӯрох кардани кӯҳ ҳам он ҷо будам. Гузаштан аз шимол ба ҷануб ё баръакс аз ҷануб ба шимол ҷашн гирифта шуд. Дар роман се нақбканро низ тасвир кардаам, ки симоҳои онҳо тахайюлӣ мебошанд. Ҳаёти хонаводаву зодгоҳи ҳар якеашро то охир нишон додаам. Соли 2006 нақб шикоф шуд ва соли 2007 китоб дар нашриёти «Адиб» ин тишор ёфт.
– Яке аз муаллифони очеркҳои проблемавӣ низ ҳастед. Барои чӣ чунин навъи очерк имрӯзҳо аз байн рафтааст?
– Барои он ки навиштанаш заҳмат талабу мушкил аст. Мавзуи очеркро аввал бисёр омӯхтан даркор аст, ки вақту имконоти зиёд талаб мекунад. Барои навиштани очерки проблемавии «Садди сойи Оби Шӯр» ман то кӯҳҳои Ховалинг рафтаам. Умуман, дар Роғун аз соли 2008 то 2020 мунтазам будаам. Ҳозир ҳам фикру ёдам дар Роғун аст.
– Мақолаву очеркҳое, ки аз оғо зи кор дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» навиштаед, аз директори генералии он сар карда, дар бораи мутахассисон, алоҳида-алоҳида дар бораи қисматҳои сохтмон, ҳама заминаи зиёди омӯзиш, дониш ва мушоҳидакорӣ доранд. аммо бисёриҳо масъалаи «Роғун»-ро сабук мегиранд. Маводи сатҳӣ менависанд. Ба фикри Шумо вақте адиб дар бораи «Роғун» навиштанӣ мешавад, бояд чиро нишон диҳад? Дар бораи «Роғун» чӣ чизҳои нонавишта мондаанд, ки ба онҳо та ваҷҷуҳи қаламбадастон кам аст?
– Мавзуъҳои дастнахӯрда бисёранд. Дар бораи душвориҳои кор дар «Роғун» касе қариб чизе на навиштааст. «Роғун»-ро сохтан осон нест. Хурсанд шудам, ки олими забардаст Мурод Муродӣ очеркҳои маро таҳқиқ кардаанд. Очерки «Пирӯзии муҳандиси тоҷик» дар бораи ҳаёти давраи эҳёи сохтмон маводи муътамад аст. Дар он нишон дода шудааст, ки муҳандиси тоҷик ба муҳандисони аврупоӣ саҳеҳии лоиҳаи «Роғун»-ро комилан исбот кардааст.
СУҲБАТНИГОР БУЗУРГМЕҲРИ ТОҶИДДИН, «АС»





