9.5 C
Душанбе

ТАТБИҚИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ ЮНЕСКО ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Мусаллам аст, ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатиро ба даст овард ва бори дигар ба ормони деринаи худ расида, тоҷикон соҳиби давлати мустақил шуданд. Ин истиқлол барои тоҷикон пеш аз ҳар чизи дигар истиқлоли фарҳангӣ ва тамаддунӣ буд. Чаро? Чунки Тоҷикистон акнун кишваре ба ҳисоб мерафт, ки сиёсати фарҳангии худро худаш мустақилона муайян мекунад. Бо созмонҳои байналхалқӣ мустақиман робитаҳои дипломатиро барқарор мекунад. Ин имконият барои кишварҳои узви Шӯравӣ пештар иҷоза набуд. Гарчанде созмони бонуфузтарини фарҳангии ҷаҳонӣ — ЮНЕСКО дар соли 1945 таъсис ёфта буд ва то соли 1991 Ҳукумати Шӯравӣ бо он ҳамкорӣ дошт, вале кишварҳои ғайримарказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳақ надоштанд беогоҳии марказ ё ҳатто бо огоҳӣ бо ин созмон робитаҳои фарҳангиро барқарор намуда, густариш диҳад.  Маҳз, истиқлоли давлатӣ шароит ва имкониятҳоро фароҳам овард, то Ҷумҳурии бевосита робитаҳои фарҳангии худро густариш диҳад.

Истиқлол — авҷи шукӯҳи давлатдорӣ ва якпорчагии кишварро дар ҷанбаҳои гуногуни давлатсозӣ муарифӣ менамояд. Аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ, истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли иҷтимоӣ, истиқлоли фарҳангӣ ва ғайра. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ истиқлоли давлатиро дар бар гирифта, устувории пояҳои миллиро таъмин менамояд. Аз миёни он танҳо фарҳанг ва истиқлоли фарҳангиро метавон пояи асосӣ ва мустаҳками давлатдории миллӣ номид. Бинобар ин, яке аз аввалин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони тоза истиқлол ва ваҳдат ба даст оварда ин таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» буд, ки соли 1997 бо мазмуну муҳтавои баланди меъёрии ҳуқуқӣ ва фарогирии соҳаҳои калидии иҷтимоӣ ба тасвиб расид. Дар заминаи қонуни мазкур як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳову дастурамалҳои танзимкунандаи соҳавӣ таҳия гардида, қабул ва тасдиқ шудаанд. Зеро, тавре маълум аст барои идора ва танзими ҳар соҳа меъёри муайян ва хатти қирмиз лозим аст ва ин санадҳо ҳамчун меъёр аз замони қабул то имрӯз хизмат карда истодаанд.

Дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи васеъ ва гуногунҷабҳа буда, фарогири масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои фарҳангӣ бо тамоми давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои минтақавӣ дар соҳаи ба шумор меравард. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо беш аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои фарҳангиро ба роҳ мондааст, ки бахши асосии дипломатияи фарҳангӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки баъди даргириҳои дохилии солҳои 1992-1997 як қатор муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили осорхонаҳо, китобхонаҳо, клубҳои фарҳангӣ, муассисаҳои табъу нашр ва полиграфӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва базаҳои археологӣ харобу фарсуда гардиданд. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои фарҳангӣ барқарорсозӣ шуда, гузашта аз ин дар аксарият шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қасрҳои фарҳанг бо тарҳу услуби хоссаи меъморӣ аз нав бунёд карда шуда, бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи расмӣ дар онҳо сурат гирифтааст.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсусро барои барқарорсозии муассисаҳои фарҳангӣ ва мероси фарҳангӣ равона кард. Зеро барои сохтани идеологияи миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ин амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Дар шароити имрӯза агар хоҳанд миллатеро аз байн бубаранд, пеш аз ҳама забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллиашро аз байн мебаранд». Хушбахтона бо шарофати истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист фарҳангу забон ва тамаддуни беш аз 6000 солаи худро ҳифз кунад. На ин ки ҳифз кунад, балки онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дар ин давра мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дубора эҳё карда шуда, рушди онҳо яке аз вазифаҳо ва барномаҳои авлавиятдоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар доираи Барномаҳои давлатӣ 116 адад (то соли 2025) ёдгориҳои таърихию фарҳангии меъморӣ ва бостонӣ пурра тармим ва барқарорсозӣ гардида, ҳатто иддае аз онҳо ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил карда шудаанд. Намунаи олии онҳо шаҳри бостонии Саразм, Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Ҳулбук, мазор- мақбараи Ҳазрати Султон, мақбараи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, мақбара-мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаи Бешкент, қалъаи Балҷувон, Қалъаи Вомар, қалъаи Ямчун, Муғтеппаи шаҳри Истаравшан ва даҳҳои дигар амсоли инҳо. 

Инчунин унсурҳои фарҳангии миллии ғайримоддии тоҷик, ки солҳо сол ва асрҳои аср ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва хатари аз байн рафтанашон зиёд буд, дубора эҳё карда шуданд. Ҷашнҳои чаҳоргонаи миллӣ ба монанди Навруз, Сада, Меҳргон, Тиргон намунаи олӣ ва барҷаста маҳсуб меёбанд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора қарори дахлдор қабул намуда, ба вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат Феҳристҳои миллии мероси фарҳангиро таҳия намояд. Ин яке аз иқдомҳои муҳим барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт, ки баъдтар заминаи муҳим барои ҷаҳоникунонии мероси фарҳангӣ шуд. Чунки, соли 2010 вақте Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ пайваст шуд, мувофиқи он кишварҳое, ки унсурҳои фарҳангии худро мехоҳанд ҷаҳонӣ кунанд, мебоист аввал феҳристҳои миллӣ дошта бошанд ва унсурҳои фарҳангии худро дар он феҳристҳо номнавис кунанд.

Тибқи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо фарогирии 3413 (се ҳазору чорсаду сездаҳ) адад ёдогрии таърихӣ (бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ) ва Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо фарогирии 538 (панҷ саду сиву ҳашт) адад унсурҳои фарҳангии миллии ғайримоддӣ дар 7 бахш бори аввал таҳия гардида, ҳатто дар шакли китоб аз чоп баромад. 
Гузашта аз ин, дар зарфи 35 соли истиқлолияти давлатӣ як қатор мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда, ба феҳристҳои мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуданд. 

То имрӯз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 (бисту як) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии моддӣ: Шаҳраки Саразм (бо таъриху тамаддуни 5500-сола), ёдгориҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум (Панҷакенти Қадим, Санҷаршоҳ, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Тали Хамтуда, Низоми обёрикунии Токсанкорез, қалъаҳои Қум, Муғ ва Ҳисорак), ёдгориҳои таърихию фарҳангии силсиланоминатсияи “Хуттали Қадим: Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Золи Зард (ноҳияи Данғара), Шаҳртеппа, Корвонсарои Тоҳир, Шаҳристони Золи Зар (ноҳияи Фархор), Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Манзаратеппа (ноҳияи Восеъ), Дайри Буддоии Хишттеппа (ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш) ва Ҳалевард (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомиланд.

Ҳамзамон, унсурҳои фарҳангии ғайримоддӣ: Ҷашни Наврӯз, Фалак, Чакан, Шашмақом, Атласу адрас, кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ, латифаҳои Хоҷа Насриддин, санъати тазҳиб ба феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шомиланд.

Як қатор ҷашну солгардҳои муҳим ва мероси хаттӣ низ дар феҳристҳои ҷашнвораҳо ва хотираи ҷаҳон сабти ном шуда, намоди ифтихори миллӣ ва муаррифгари фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд. 

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон муносибатҳои фарҳангии зич дошта, ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонии фарҳангӣ ба монанди ЮНЕСКО ва ИСЕСКО узви комилҳуқуқ мебошад. Маҳз, ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва муносибатҳои дипломатӣ имкон фароҳам меорад, ки доираи таблиғоти фарҳангии мо густариш пайдо карда, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шаванд. 

Истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард то ҳайатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра рӯзҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор намоянд. Авҷи шукӯҳи ин ташаббусҳо маҳз ду-се маротиба баргузор намудани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо сарони кишварҳо иштирок кардаанд. 

Қобили ишораи хос аст, ки панҷсолаи ахир таваҷҷуҳи давлату ҳукумат хоссатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши мероси фарҳангӣ бисёр назаррас ва ҷиддитар аз ҳар давраи дигар арзёбӣ мешавад.

Зеро, дар ин давра иқдомҳое сурат гирифт, ки гуфтаҳои моро собит месозанд.

Соли 2021 дар доираи ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташкил ва баргузор карда шуд. Дар он сарони кишварҳои Тоҷикистону Фаронса ва роҳбарияти олии Созмони ЮНЕСКО иштирок карданд. Соли 2024 намоишгоҳи дигари байналмилалӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар қароргоҳи Созмони Миллали Муттаҳид бо иштироки сарони давлатҳо ва роҳбарияти созмони мазкур баргузор гардид. Тақдими туҳфаи рамзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли СММ ҷаноби Антоннио Гуттериш нусхаи тоҷи кунгурадори заррин буд, ки муаррифии сатҳи ҷаҳонии тамаддун ва тоҷдории миллати тоҷик буд.

Дар ин давра даҳҳо намоишгоҳҳои миллию байналмилалии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба нақша гирифта шуда, бо иштироки доираи васеи шаҳрвандони дохилию хориҷӣ баргузор карда шуданд.

Ҳамчунин, бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатӣ дар моҳи октябри соли 2026 намоишгоҳи сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри таърихии Руми Итталия ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки дар он нодиртарин нигораҳои таърихии кишвар ба намоиш бурда шавад ва барномаҳои рангини ҳунарии аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъраз пешниҳод карда шаванд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки тавассути ЮНЕСКО имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи фарҳангии худро бисёр дар сатҳи хуб ва касбӣ ба роҳ мондааст. Минбарҳои фароҳам овардаи ин созмон имкон дода истодааст, ки кишвари мо арзишҳои тамаддунии худро дар ҷаҳон муаррифӣ намояд.

Аз ин рӯ, ҳифзи муносибатҳои ҳасана бо созмон ва омӯзиши роҳҳои рушди бештар ба мақсад мувофиқ мебошад.

Абдусаломзода Мирзошариф Муҳаббат – ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои мероси фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО, муҳаққиқ, коршиноси масъалаҳои мероси фарҳангӣ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо