9.5 C
Душанбе

100-СОЛАГИИ КИНОИ ТОҶИК

Масъалаи омодагӣ ба Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» (15-20-уми октябр) ва таҷлили 100-солагии кинои тоҷик дар соли 2029 (7-уми октябр) дар ҷаласаи навбатии Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баррасӣ гардид. Дар ҷаласа дурнамои рушди соҳаи кино, аз ҷумла, такмили инфрасохтор, намоиши филмҳои миллӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва ҷалби бештари тамошобинон мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории мероси кинои миллӣ, барқарорсозӣ ва рақамикунонии фонди кино, омодасозии кадрҳои касбӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳо масъалаҳои баланд бар доштани сифати филмҳо, рушди шабакаи кинотеатрҳо, рақамикунонии бойгонии кино, такмили низоми интихоби филмномаҳо ва омодасозии кадрҳои ҷавон аз самтҳои муҳимми фаъолияти соҳа боқӣ мемонанд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо