9.5 C
Душанбе

СУБҲИ ДОНОӢ

Санаи 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Ҳисор даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд. Дар ин даври озмун 4 ҳазору 484 довталаб иштирок менамоянд. Аз ин шумора 3 ҳазору 584 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 373 нафар донишҷӯ, 38 нафар магистранту аспирант, 385 нафар омӯзгор ва 104 нафар намояндаи дигар қишрҳои ҷомеа мебошанд. Шумораи занону духтарон дар ин давр 3 ҳазору 625 нафарро ташкил медиҳад. Дар озмун барои иштироки тоҷикону форсизабонони бурунмарзӣ ба тариқи маҷозӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо