34.1 C
Душанбе

БАҲСИ “КУҲНАХУДО” ВА “ТОЗАХУДО” –И МАВЛОНО

(Ё НИГОҲЕ БА АСЛИ ҲАРАКАТ ВА ПӮЁӢ ДАР ОСОРИ Ӯ ВА КОРБУРДИ ИМРӮЗИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА)

Безорам аз он куҳнахудое, ки ту дорӣ, Ҳар лаҳза маро тозахудои дигар астӣ. Ин байти зебову фиребову пурмаъ но аз баъзе нусхаҳои Девони Шамс баҳонае шуд, то чанд нукта дар боби мафҳумҳои андешабарангези «куҳна худо» ва «тозахудо», асли ҳаракат, пӯёӣ ва нав шудан аз нигоҳи Мавлоно ва корбурди амалии он дар рӯзгори мо гуфта шавад. Зеро аз чеҳраҳову гуфтаҳову навиштаҳоямон рӯшан аст, ки ҳамаи мо ҳамеша ба як неру, тозагӣ, ҳаракат, эҳё ва нав шудан ниёз дорем. Чизе, ки равиши онро Мавлоно ба мо омӯхта буду мо ба фаромӯшӣ ниҳодем. Чун дар мавзуи мақому мафҳуми ҳаракат ва навнигарию навшавӣ дар осори Мавлоно навиштаҳои фаровони илмию таҳқиқӣ дастрасанд, ин ҷо ба шарҳи онҳо напардохта, танҳо аз на зари корбурди имрӯзи он, нигоҳи худро дар боби дидгоҳи хоссаи Мавлоно дар масъалаҳои ҳаракат ва таҳаввул дар олами ҳастӣ, яъне ҳаракати пайвастаи тамоми мавҷудот барои камол (1), ҳаракат ва таҳаввул дар ҷаҳонбинӣ ва маърифат, яъне ҳаракати огоҳонаи башар барои такмили шинохт ва покиву висол (2) ва низ ҳаракату таҳаввул дар зиндагии инсон ва ҷомеа, яъне талоши созандаи инсон барои бунёди зинда гии озодаву шоисати инҷаҳонӣ (3) ба миён ниҳодам ва низ баҳси машҳури “куҳнахудо” ва “тозахудо”-и Мавлоноро, ки бар меҳвари асли ҳаракат ба миён омадааст, аз диди худ бозкушодам. Албатта бо эътирофи ин фармудаи он бузургвор, ки “ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман…” Мавзуи ҳаракат, таҳаввул, пӯёӣ ё динамизми пайваста дар осори фикрии гузаштагони мо, хосса осори сегонаи тӯфонии Мавлоно, Бедил ва Иқбол, яке аз масъалаҳои марказӣ ба ҳисоб мео яд. Ин бузургворон ҳаракатро аломати аслӣ ва воситаи асосии зинда будани кулли мавҷудот дониста, дар нисбати инсон онро натанҳо дар фаъолияти корию ҷисмонӣ, балки дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ӯ як асли зиндадор ва таъйинкунанда муаррифӣ кардаанд. 1. ҲаРаКаТ ва ТаКоМул даР олаМи ҲасТӣ Агар ба ин мавзуъ ба таври бунёдӣ нигарем, дар таълимоти Мавлонои Балхии Румӣ ҷаҳон ва табиату коинот ҳастии зиндаву ҳамоҳангу огоҳ ва дар ҳоли ҳаракату такомули мудом буда, худи олами ҳастӣ дар пайи гузори такмилӣ аз зинае ба зинаи дигар дар низоми мавзуну камоли имрӯзаи худ қарор гирифтааст. Ӯ ҳанӯз садсолаҳо пеш аз “назарияи таҳаввул” занҷи раҳои пайванд ва радабандии мақомии мавҷудоти олами ҳастиро матраҳ наму дааст, ки дар он аввал ҷимодӣ (ҷисми содаи сахти беҷон), баъд номӣ (ҷисми нумуъкунандаи беҳис ё рустанӣ), сипас ҳайвон (ҷисми соҳиби нумуъ ва ҳис), си пас инсон (ҷисми фарогирандаи ҳамаи он сифот ба иловаи шуур) ва сипас ма лоики муҷаррад аз ҷисм қарор доранд:

Аз ҷимодӣ (1) мурдаму

номӣ (2) шудам,

Аз нуму мурдам ба ҳайван (3)

 сар задам.

Мурдам аз ҳайвониву одам (4)

 шудам,

Пас чӣ тарсам, кай зи

мурдан кам шудам?

Ҳамлаи дигар бимирам аз башар,

То барорам аз малоик (5)

болу пар….

Ва муҳимтарин аломати ҷобаҷойии мавҷудот дар ин силсиламаротиби Мавлоно маҳз камол аст, ки он низ дар натиҷаи талош барои расидан то сатҳи дигари камолу ҳастӣ ҳосил шудааст. Аз ин рӯ, мафҳуми «мурдан» ин ҷо на ба маънои адамии барои ҳамеша нобуд гаштан, балки маҳз ба маънои тако мулии аз як ҳолат ба ҳолати дигар гу заштан, тарки нуқсонҳои зинаи пешин, яъне ҳамчун ҳолати пешина мурдан ва ҳамчун ҳолати нави мукаммалшу да ҳастӣ ёфтан аст. Ва ҳамин талош барои камоли бениҳоят руҳи ҳаракати пайвастаи такомулии олами ҳастиро таъмин кардааст. Дар навбати худ, ҳамин ҳаракати мудовим худи бақои ҳаётро таъмин намудааст. Дар биниши Балхӣ ҳаракат, тағйи рёбӣ ва динамизму навшавӣ аломати асосии мавҷуд будани худи ҳаёт, меъёри аслии зинда будани худи мавҷудот ва сифати аслии ҳастии зин да дониста мешавад ва баръакси ин, нав нашудан, карахтӣ ва беҳаракатӣ аломати рӯшани набудани ҳаёт ва аломати нестист. Чуноне ки ин маъни ро шогирди ин мактаб Иқболи Лоҳурӣ дар робитаи миёни ҳастии об ва асли ҳаракат ва мафҳуми рафтан хулоса мекунад: Ҳастам, агар меравам, гар наравам, нестам. Бо таъкид бар пайванди усулии «ҳа ракат» ва «зиндагӣ» Мавлоно андешаи худро мактаби «нав шудан» унвон кар да, тамоми ҳаётро як раванди навша вии пайвастаи доимӣ медонад. Дар ибораи «навшавии пайвастаи доимӣ» ё ба забони истилоҳии китобҳо «таҷди ди муттасили мудом», ҳар се калима ҷой ва маънои дақиқи худро дошта, «навшавӣ» ба тағйири ҳолату сифати мавҷудот дар тули ҳаракат, «пайваста» ба пайиҳамӣ ва қатънашавии раванди навшавӣ дар тули ҳаракат ва «доимӣ» ба тули замонии бениҳояти ин хатти ҳаракати такмилӣ ишорат менамояд. Дар ин дидгоҳи Мавлоно ҳаракат танҳо ба маънои физикии дар ҳамвории па зируфта аз нуктаи «А» то нуктаи «Б» тағйири макон кардани ҷисм набуда, балки он бештар хатти таҳаввул ва талоши пайваста барои бақо (1), барои такмили сифатӣ (2) ва барои камолу висоли мутлақро (3) фаро мегирад. Ҳаракате, ки ҳамвора бо сегонаи огаҳӣ (1), неру (2) ва ҷуръат (2) ҳамроҳ аст. Дар ин масир худи зиндагии шахсии Мавлоно ва осори шигифтангезаш тимсоли рӯшани ҳаракату ҷасорат ва нав дидану нав шудан буда, ӯ ҳамчун “растхези ногаҳон” ҳам дар водии ла фзу баён ва ҳам дар олами маънию тахайюл бо нигоҳи бисёр хосса сун нату қолабҳоро шикаста, барои худ ва барои мо роҳу намунаю ҷаҳони наверо кушодааст. Аз диди ӯ олами ҳастӣ бо тамоми аҷзояш ҳар нафас нав мешавад ва агар мо низ чи бо ҷисму (1) чи бо руҳу (2) чи бо илму маърифат (3) баробари ҳара кату навшудани олам нав нашавем, дар як лаҳза аз гардиши он канор монда, ба гузашта тааллуқ мегирем. Ва бо набзи замон ҳамоҳанг мондан, аз нав шудан ғофил нашудан ва ба гузашта тааллуқ нагирифтан яке аз талошҳо, балки яке аз вазифаҳои инсони зинда мебошад.

Ҳар нафас нав мешавад дунёву мо,

Бехабар аз нав шудан андар бақо.

Аср ҳамчун ҷӯй нав нав мерасад,

Мустамиррӣ менамояд дар ҷасад.

Яъне, олами ҳастӣ бо тамоми аҷзою зарроти худ дар ҳаракати мудом буда, ҳар лаҳза нав ва дигаргун мешавад, аммо азбаски он раванди тағйирёбӣ бисёр тез ва пайиҳам аст, дар назари мо мисли рафтани оби ҷӯйбор як на вор ё як раванди пайвастаи бардавом (муттасил) менамояд ва гоҳо аз дарку эҳсоси тағйири он ғофил мемонем. Ин назари Мавлоно дар бораи тиғйири пайваставу ҳарлаҳзаии тамо ми зарроти ҷаҳони ҳастӣ бо навтарин ёфтаҳои илмии зистшиносии имрӯз мутобиқ аст, ки тибқи он ҳар лаҳза дар тамоми олами ҳастӣ тағйири му дом идома ёфта, аз ҷумла дар бадани инсон низ ҳар лаҳза миллионҳо ҳуҷайра нобуд шуда, ҷойи онро миллионҳо ҳуҷайраи наву тоза мегирад ва тариву тозагию шодобии ҷисм, балки худи зинда будани инсон, натиҷаи ҳамин ҳа ракату бозтавлиду навша вии доимӣ мебошад. Маҳз ҳаракати пайвастаи дил, хун, нафас ва таҳаввули ҳар узву ҳар ҳуҷайраи ин сон дар кул бақои ҳаёт ва зинда буданро имконпазир мекунад ва дар натиҷа, ин сони ин лаҳза на аз назари ҷисмӣ ва на аз назари ҳис сию таҷрибӣ дигар он ин сони як лаҳза пештар нест. Ҳатто аз назари гузари умр ҳам ин лаҳза аллакай мо инсони дигар шудаем, ки лаҳзае пештар он набудем ва пас аз лаҳзае инсони дигаре меша вем, ки ин лаҳза он нестем… 2. ҲаРаКаТ ва ТаКоМул даР ҶаҲонбинӣ ва МаЪРифаТ Аммо ҳолати авҷ ва фарогирии назари Мавлоно дар боби ҳаракат дар он аст, ки ин раванди нав шудани ҳа мешагӣ ҳам ба табиат, ҳам ба ҷамъият ва ҳам ба маърифат баробар тааллуқ мегирад. Яъне, ӯ ин мафҳумро аз сатҳи ҷисмонию биологии олами ҳастӣ фаро тар бурда, мафҳуми зинда будани ан деша ва ҷаҳонбинӣ ва такмили тафак кур ва ҳатто зиндаю пӯё будани имону эътиқодро ба миён мегузорад, ки дар ин нукта ӯ аз аксари маърифатшиносони муосир низ пештар қарор дорад. Ба назари Мавлоно, агар дониш ва дарку шинохти мо дар бораи табиат, ҷомеа ва ҳатто шинохти мо дар бораи Худованд пайваста наву пурраву зиёда нагардад, он донишу шинохт куҳнаву фарсуда шудаву дар ниҳоят меган дад. Ин ҳаракати такомулӣ ба ҳадде бисёрсамтиву бисёрсатҳист, ки ҳара кати ҷавҳарӣ, ҳаракат дар худ, ҳаракат аз худ, ҳаракат дар андеша, ҳаракат дар маърифат, ҳаракат ба моваро ва ғайраро фаро мегирад ва ин раванди пуршӯри навшавӣ чизеро лаҳзае дар ҳолати пешина боқӣ намегузорад. Ин аст, ки ӯ дар масъалаи ҳаракат мавзуи навшавии шинохт ва такмили ҳамешагии маърифату имонро матраҳ карда, дар канори мафҳумҳое чун «дониши зинда» ва «дониши мурда», ҳатто мафҳумҳое чун «куҳнахудо» ва «тозахудо»-ро низ ба кор мегирад. Ва дар зарфияти беканори забони форсии тоҷикии мо «куҳнахудо»-и Мавлоно на худи Худо, балки маълумоту фаҳмиши пешинаи мо дар бораи Худост, ки инак бо расидан ба фаҳмишу дарки комил тари он куҳна шудааст. Аммо «тозаху до» он шинохту дарки навинест, ки мо акнун дар бораи Худованд дарёфта ва эҳсос мекунем. Аз баски донишу дар ки инсони пӯё, аз ҷумла дар шинохти Худованд ҳар лаҳза такмил меёбад, дониши як лаҳза пеш доштаи мо дар ин бора аллакай куҳна шуда, ҷойи он «куҳнахудо»-ро «тозахудо» мегирад, яъне ҷои тасаввури пешина аз Худоро тасаввури навину беҳтару комилшуда дар бораи Худо мегирад. (Барои қиёси сирфан зоҳирӣ, ки ҳаргиз ба азамати он масъала наздик нест, мо метавонем бо чӣ суръат куҳна шудани ахборро дар кори шабакаҳои иттилоотии муосир мушоҳида кунем, ки он ҷо ҳар лаҳза ҳодисаи навшавии маълумот пеш меояд ва ахбору маълу моти пешин дар як он “куҳна” ва аз эътибори аввал соқит мешавад.) Ин аст, ки Мавлоно чун инсони зинда ва чун соҳиби шинохти зиндаи такмилёбанда дар он байт аз донишу шинохти куҳнашуда дурӣ меҷӯяд, аз инсони мутаассиби мағзаш хушкидаву донишаш шахшуда безорӣ меҷӯяд. Безорам аз он куҳнахудое, ки ту дорӣ, Ҳар лаҳза маро тозахудои дигар астӣ. Сабаби бо чунин кароҳият безорӣ ҷустани Мавлоно аз илму шинохти куҳна ва аз соҳиби он дар он аст, ки акнун он илм натанҳо дуруст ва муфид нест, балки барои ҳаракат ба сӯи тако мул монеа ва таҳдид аст. Зеро инсони дармонда дар алифбо ва маҳрум аз қудрати ҳаракати такмилӣ дар он тасав вури маҳдуди куҳнашудаи худ исрору пофишорӣ менамояд, дар доираи он таассуб меварзад, сатҳи нави тако мулро напазируфтаву маҳкум мекунад, алайҳи он ҳукм содир мекунад ва барои нашри он монеа эҷод менамояд. Би нобар ин, ҷаҳл ва таассуб, ки ҳамеша хатарбор аст, пеш аз таслиму рафтан боз хатарноктар мешавад… Сухани Мавлоно дар боби навша вию мукаммалшавии пайвастаи маъри фат ва имон аз назари каломию эътиқодӣ низ ҳаргиз густохона нест ва ба он маъно нест, ки сифати навию куҳнагӣ ба зоти бетағйири Худованд нисбат дода шавад, балки ба он маъ ност, ки маърифати мо дар бораи Худованд, дар бораи зоту сифатҳои ӯ ва дар бораи неъматҳои ӯ ва ҷаҳони офаридаи ӯ ба таври мудом нав, тоза ва такмил мешавад ва бояд бишавад. Чунин такмили шинохт ва таҳкими имон метавонад чи дар натиҷаи омӯзиш, чи дар пайи таҷриба ва чи дар пайи тақ вою мукошафа ба даст ояд. Аммо агар мо аз раванди замон ва аз дарки олами ҳастӣ қафо монем ва илми мо илми мурда ва маърифату худошиносии мо низ куҳнаву афсурда шавад, назди навшудагону навдидагон, ки ба сатҳи дигари камоли маърифат расидаанд ва умуман, дар раванди пуршӯри такомули маърифатии башарӣ, диди куҳнаи мо дигар арзише надорад. Чуноне ки шарҳи рӯшантари ин андеша дар «Маснавии маънавӣ» омадааст:

Куҳнаву афсурдаву гандидаро,

Ҳадя мебар баҳри ҳар нодидаро.

Он ки нав дид, ӯ харидори ту нест,

Мурғи Ҳаққ асту гирифтори ту нест.

Яъне, онҳое, ки маърифаташон такмил меёбад ва шинохташон дар боби муҳит, табиат, инсон ва Худо ба сатҳи наву мукаммале мерасад, дигар харидори он шинохти пешини куҳна ва тасаввури афсурдаи пешина нестанд. Зеро онҳо ба яқин медонанд, ки он шинохти пешина, аз ҷумла дар шинохти зоту сифоти Худо, ноқис будаву акнун ба сатҳи нави шинохту маърифат дар ин бобат расидаанд. Ва аз сифоти асосии инсони зинда ин аст, ки ҳамин ҳаракати мудом ва ҳамин масири тако мулии маърифат дар ӯ пайваста ва то бениҳоят идома дошта бошад: Мо зинда аз онем, ки ором надорем, Мавҷем, ки осудагии мо адами мост… Ва агар барои озмоиши ин мафҳум ҳамин ҳоло лаҳзае чашмҳои худро бипӯшему дар оромиши комил мурур бикунем, дармеёбем, ки тасаввуру шинохти имрӯзи ҳар яки мо дар бораи Худо нисбат ба тасаввури андаке пеш тари мо дар бораи Ӯ хеле дигартару бештару комилтар шудааст. Ҳатто пас аз як ҳодиса, як комёбӣ, як беморӣ, як наҷот ё як мақолаву як маълумоти навин мо эҳсос мекунем, ки акнун аз қудрати Ӯ, аз неъмати Ӯ ё аз раҳмати Ӯ шинохти бештар касб кардаем, ки пештар онро дар ин шаклу дар ин ҳад ҳаргиз надоштем. Ин ҳамон шинохти нави мо дар бораи Худованд, шакли содатарини ҳамон “тозахудо”-ст, ки Мавлоно гуфт. Бо ин тафовут, ки сатҳи дарки Мавлоно сатҳи орифи пайваст шуда аст, ки ғарқ дар лаззати ирти боту висол ҳар лаҳзаи ин нав шудани маърифати худро муроқибат ва эҳсос мекунад. Агар нек бингарем, чунин ҳаракат ва навшавии такомулӣ ҳатто дар даруни худи мафҳуми имон ба Худованд низ ҷорист ва худи имон низ пайваста дар таҳаввул аст ва агар ҳазор кас ин ҷо ҳозир бошанд, бешак, дар ҳазор мар табаи имонӣ қарор доранд. Дар баёни содатарин, инсон дар ибтидо фақат маълумот ё майле бар шинохти Худо доштааст, сипас ҳастии Худоро ба забон иқрор мекунад ва дар марҳалае имони ӯ ба ҳадде камол меёбад, ки ӯ Худоро бо дил тасдиқ мекунад ва боз марҳалаи комилтаре фаро мерасад, ки бо аъзои бадан таъйид мекунад ва дар сатҳи дигаре унсу робитаи ӯ бо Худо шакл мегирад ва низ марҳалае назди орифон эътироф аст, ки бо руҳ бо Худо пайваст мешаванд. Ҳар яке аз ин дараҷаҳои имон, ки миёни онҳо ҳазорон зинаҳои суудист, сатҳи нави шинохт ё шинохти наве аз Худованд аст, ки нисбат ба он шинохти пешинаи акнун куҳнашуда («куҳнахудо») мукам малтару арзишмандтару дурусттар аст. Ва низ, мафҳумҳои баҳсии ин байти тӯфониро метавон ишора ба як раван ди бардавом будани худи офариниш ва бепоёнии қудрату таҷаллии илоҳӣ низ донист, ки чунин мазмун дар ибораи қуръонии “куллу явмин ҳува фи шаън” (сураи «Ар-Раҳмон», бахше аз ояи 29, мазмунан, «Худованд ҳар рӯз дар кору таҷаллии дигарест») ба рӯшанӣ ифода шудааст. Яъне, агар инсон бар фарзи муҳол, бо ҳама талош тамоми илму рози ҳастиро дар як замон бишиносад, боз қудрату офариниши пайвастаи Худованд дар ҷилваҳои нав андар нав зуҳур меёбад ва боз ҳам дарки он шинохти нав мехоҳад ва аз ин рӯ, маърифат низ раванди бениҳоят ва таҷдидшаванда буда, баробари та ваққуф ҳамоно куҳна мешавад. Пас, ҳамон гуна, ки қудрату таҷал лии илоҳӣ бениҳоят аст, шинохту маърифати он низ ниҳоят нахоҳад дошт ва ин аст, ки Саъдӣ эътирофи «мо ъарафнока ҳаққа маърифатик» пеш овард, яъне, Туро ҳаргиз чунонки шоистаи Туст, нашнохтем… Ва танҳо чизе, ки барои чунин шинохт кофӣ наменамояд, ҳамин умри инҷаҳонии одамист ва шояд ин эътироф ҳам талх ва ҳам гуворост, ки бо ин тавони ода мӣ вуҷуду азамати Худованд то охир шинохтанӣ нест, балки пайвстанист… Аммо ин назарияи такомули дои мии дониш ва шинохт танҳо маҳдуди илоҳиёту худошиносӣ нест, балки ин асл ба тамоми раванди маърифатомӯ зии мо дар боби муҳит, табиат, ҷомеа ва офариниш марбут мегардад. Ин дидгоҳ аз инсон тақозо дорад, ки до нишу шинохти худро дар ҳама самтҳо ҳамвора сайқал диҳад ва зинда нигоҳ дорад ва аз рушди улум ва набзи замон берун намонад ва чуноне ки дар ҳадиси шариф омадааст, ба сабаби ғафлат аз замони худ марги ҷоҳилона надошта бошад. Ва тавре зикр шуд, аз назари таъсири ин ҳолат ба ҷомеа низ, хушки ву пасмондагии инсон аз набзи замон ва дурии ӯ аз маърифати зинда барои худаш фоҷиа ва назди дигарон зишт мегардад. Ёд дорем, ки баъзе устодон бе дарки тағйири замон афкори фарсу даро аз варақҳои зардшудаи даврони тоистиқлолӣ бо равиши онзамонӣ аз минбар мехонданду мехонданд ва он саҳна мавриди тамасхуру эътирози донишҷуёни замони нав мешуд. Ва низ ҷабре дар ҳаққи рушди ин ҷавонон мебуд… 3. ҲаРаКаТ ва ТаКоМул даР зиндагии инсон ва ҶоМЕа Вале чун яке аз мақсадҳои асосии ин навишта баёни корбурди асли ҳа ракат ва пӯёӣ барои камоли шахсию рушди иҷтимоии инҷаҳонии инсони имрӯзаи мо буд, бояд ба ин ҷанбаи таълимоти Мавлоно низ таваҷҷуҳ кард, ки дар он масъалаи ҳаракат гоҳе аз пардаҳои фалсафию ирфонию руҳонӣ урён шуда, ба сифати як асли ҳаёти фардӣ ва як рукни зиндагии иҷтимоии инсон дар ҷомеа ва ба сифати як рози муваффақияти инсон дар олам боз ҳам рӯшантар зуҳур мекунад. Ҳаракат дар назари ӯ як неруи тавоно дар набарди зиндагӣ буда, воситаи асосии ба кор гирифтани қудрати худӣ ва татбиқи зарфияту тавони инсон аст. Инсон низ ҳамчун бахше аз ҷаҳони дар ҳоли ҳаракат барои таъмини ҳа стии худ маҳкум ба ҳаракат аст ва аз ҳаракат бозмондани ӯ оғози завл ё худи заволи ӯст. Маҳз ҳаракат ва пӯёӣ аст, ки инсонро дар ҷомеа фаъол, созанда ва навовар месозад ва муҳити зинда гиро обод менамояд. Ва тавре таъкид рафт, ҳаракати инсон танҳо ба маънои фаъолияти моддию ҷисмонии ӯ нест, балки ақлу шууру донишу маърифату шинохти инсон низ бояд дар ҳаракати мудом бошад ва ҳамвора таҳаввулу такмил ёфта, аз сатҳи илму огаҳии замони худ канор намонад. Аз ин рӯ, агар муҳим тарин рисолати инҷаҳонии ин сон расидан ба зиндагии озода ва шоиста бо шад, неруи асосии ӯ дар ин роҳ маҳз ҳаракати ҷисмӣ ва фикрӣ аст. Ҳамон мафҳумҳои сегонаи огоҳӣ, ғайрат ва ҳаракат. Ва аз он ҷо ки маҳз ҳаракат ва таҳаввул айни зиндагӣ ва сифати асо сии зинда будан аст, инсони коҳилу беҳаракату карахтҷону карахтандеша аз аломати аслии зиндагӣ маҳрум мебошад… ва аз назари рушду со зандагию нафърасонӣ шояд битавон гуфт, ки дар шумори зиндагон нест. Мавлоно гоҳе ба чунин инсонҳои коҳилу беҳаракату бенафъ мешӯрад, ки эй гурӯҳ, магар мо камтар аз кӯҳу кам тар аз сангем, ки бо ҳама сангияш боз аз вуҷуди он сабзае мерӯяду аз дили он чашмае ҷорӣ мешавад ва нафъе ба халоиқ мерасад, аммо аз инсони сангбастаи карахт ҳеҷ осори зиндагӣ ва ҳеҷ нафъи ом падид нест: Ҷон пазируфту хирад аҷзои кӯҳ, Мо кам аз сангем охир, эй гурӯҳ?! Не зи ҷон як чашма ҷӯшон мешавад, Не бадан аз сабз пӯшон мешавад… Аз ин рӯ, вақте бар чеҳраҳои па жмурдаву ҷонҳои афсурдаву дилҳои ниммурдаву руҳҳои беҳудаи баъзе аз ҷавонони худ менигарем, беихтиёр ба зеҳн мегузарад, ки ба онҳо маҳз ҳамон ғайрати Мавлоно, ҳамон ҳаракати Мавлоно ва ҳамон ҳидояту ҳушдори созандаи Мавлоно намерасад, ки хитоб ба мо гуфтааст: Чу по дорӣ, биё, дасте биҷунбон, Туро бедаступойӣ маслиҳат нест! Яне, эй ҷавон, модоме ки дасту пой дорӣ ва ақлу тани солим дорӣ, пас дархури он номусу ҳаракат низ дошта бош, зеро чунин бедаступойӣ, яъне коҳиливу беҳунариву ноуҳдабароӣ ё заъфу фақру бесаводию пасмондагӣ барои ту шоиста нест! Ту аз зоти ша риф, аз боми баланд, аз табори бузург, аз миллати номвар ҳастӣ ва туро ҳаргиз «пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест…» Ва ниҳоят, агар ба фарҳангу бо варҳои ҷории мардумии худ низ дуруст нигарем, асли ҳаракат дар он нақши бунёдӣ дошта, шарти аслии «кушоиши корҳо» дониста мешавад. Ин бовари амиқ дар ибораи машҳури «аз ту ҳа ракат, аз ман баракат» низ хулосаву рехта шудааст, ки дар он замонати баракат ва муқаддимаи комёбӣ дар фаъолият унвон гаштааст. Вале барои он ки ин таълими азим дар боби динамизму ҳаракати мудом дар китобҳо нахобида, дар замири ҳар шаҳрванд ва дар фазои ҷомеа кор кунад ва ҳаракату иззату ободӣ офарад, бояд пеш аз ҳама, дар ин боб фарҳангсозӣ сурат гирад, то як кӯдак ва ҷавони мо дар руҳияи ҳаракат, сахткӯш, иззат ва навоварӣ тарбият ёбад. Фарҳангсозӣ равандест, ки сараввал барномаҳои ҳадафманди таълимиро дар бар мегирад, зеро арзишҳо, аз ҷум ла арзиши иззату ҳаракату созандагӣ, дар замири наврасон фақат бо даъвату насиҳат ҷорӣ намешаванд, балки бо барнома ва бо таълиму тарбият ва бо маҳоратсозии рафторӣ ҳамчун арзиши ҳаётӣ ҷой мегирад. Ба масал, агар гоҳе мушоҳида ме шавад, ки офатҳои ахлоқию иҷтимоие чун танбаливу коҳилию мушкилгурезӣ, бесаводию илмситезӣ, набуди эътиқод ба нақши раҳоибахши илму маърифат, дурӣ аз рушди замон, нашнохтани ҷой гоҳи вақту надоштани барномаи рушд, ифроти эҳсосию нафсонӣ, хушунату мардумозорию беадабӣ, бетафовутию беуфуқӣ, майл ба таассубу ҷаҳолат, набуди иззати нафс ва руҳи созанда ва ғайра баъзе ҷавонони моро дар худ фурӯ мебарад, ин ҳолат ба он маъност, ки баъзе аз арзишҳои муҳимми ҳаётӣ дар раванди тарбият дар замири онҳо ҳамчун асл ва ҳамчун арзиши зинда ё ҳамчун эътиқод ҷой карда нашудаанд. Зеро тарбият бояд ба гунае тарҳрезӣ шавад, ки ҷавони мо худи танбаливу беҳаракатию бесаводию пасмондагиву муҳтоҷию беҳудагиро дар сатҳи арзиш ва дар сатҳи эътиқоди шахсии худ нанг шуморад ва дар сатҳи шахсию номусӣ ҳаргиз ба он созиш накунад. Ин аст, ки дар ин самт маҳз барномаву фарҳан созию маҳоратсозӣ нисбат ба даъвату насиҳат таъсири ҷиддитари амалӣ хоҳанд дошт. Дар сатҳи тафаккуру номус ва то ҳадди эътиқод ҳамагонӣ шудани як ан дешаи муҳаррик ва пешбар дар таҷри баи рушди ҷомеаҳои ҷаҳонӣ натиҷаҳои муҳимму амалӣ додааст. Дар таърихи таҷрибаҳои комёби Ҷопон, Кореяи Ҷа нубӣ, Сингапур, Олмон, Чин, Амрико ва ғайра метавон дид, ки эътиқоди васеъ ба андешаи созанда заминаи раванди рушду созандагиро фароҳам кардааст. Чуноне Макс Вебер дар шарҳи руҳи сармоядории ғарбӣ овардааст, маҳз таълимоти мазҳаби протестантизм дар боби фарз будани зиндагии шоиста ва рушди соҳибкорию худкифоӣ барои пайравони ин мазҳаб яке аз заминаҳои ташаккули сармоядорӣ ва рушди бес обиқаи ҷаҳони Ғарб гашта буд. Мо низ метавонистем ҳаракату на внигариро ҳамчун як хислати миллӣ, ҳамчун як арзиши номусӣ ва ҳамчун як ахлоқи амалӣ таълими ҳамагонӣ диҳем ва ҳампойӣ бо замон, огоҳӣ аз набзи асри худ ва созандагию зиндагии шоистаро ҳамчун фарзаҳои миллию фармудаҳои номусии худ барои навра сон талқину тарбият намоем. Дар ҳоле, ки дар матни фарҳанги худи мо барои чунин барномаҳо андешаву намунаву таълимоти зарурӣ фаровон аст ва аз назарияи ҳаракати Румӣ то равиши «дил ба ёру даст ба кор»-и Баҳоуддини Нақшбанд ҳама метавонанд зами насоз ва ҳидоятгари ҳаракату рушду созандагӣ бошанд. Барои эҷоди такон дар мағзи ҷавон, гоҳе ҳатто як суҳбату ошноӣ бо як инсони пурталошу комёб низ метавонад аз як дарс насиҳату шиор муассиртар бошад. Ва агар дар пайи татбиқи чунин барномаҳо насли нави мо дар сатҳи тафаккур дар руҳияи ҳаракату таҳавву лу навбинию навоварии доимӣ тарбият ёбад, неруи миллии мо маротибаҳо афзуда, суду сифати тавони зеҳнӣ ва нерӯи инсонии мо бисёр болотар ме равад. Фалсафаи ҳаракату таҳаввули мудоми Мавлоно дар замири ҳар фард муҳаррикеро мемонад, ки ба ӯ неруи парвоз, ангезаи пешрафт, иззати ин сонӣ ва рӯҳи созандагӣ мебахшад. Ва маҳз ҳамин динамизм ё андешаи пӯёву навовару озодаву созанда зиндагӣ ва ҷомеаро сифатан дигар намуда, ба сӯи рушду созандагии ҳамагонӣ хоҳад бурд. Дар ғайри ин сурат, тафаккури карахту (1) муҳофизакори (2) ишрат писанду (3) масрафгаро (4) тамоми талошу сармоягузориҳои давлатӣ ва хусусӣ дар самти рушдро фурӯ бурда, дар раванди рушд натиҷаи дилхоҳи зербиноӣ ба даст намеояд. Аз ин рӯ, маҳз соҳиби тафаккури ҳаракатмеҳ вару созанда ва арзишҳои номусии озода гаштани ҷавонон ва ҳампойии огоҳонаи онҳо бо таҳаввулоти арзишию технологии замони муосир метавонад сатҳи дигари рушду маърифати ҷомеа ро фароҳам орад ва зиндагии ворисони мактаби ҳаракату таҳаввулу навшавии Мавлоно метавонад басе шодобтару ободтар аз ин бошад.

АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо