НИЗОМ ҚОСИМ
Соли 2023 буд. Раиси Иттифоқи нависандагони Доғистон Марина Ахмедова занг зада гуфт, ки ба муносибати 100-солагии Расул Ғамзатов китобе аз тарҷумаи шеъри машҳури «Турнаҳо» ба тамоми забонҳо омода мешавад ва тарҷумаи тоҷикиаш лозим аст. Гуфтам, ки ин шеърро ба тоҷикӣ шоири машҳури мо Лоиқ Шералӣ бисёр фаҳмову зебо тарҷума кардааст, ҳатто чор сатри аввали тарҷума ва чор мисраи қаринаи русии шеърро, ки азёд медонистам, ба рояш хондам ва ваъда додам, ки ба зудӣ шакли пурраи онро ёфта барояш мефиристам. Гӯшакро мондаму дар ҷустуҷӯи тарҷума шу дам, лекин ҳарчанд кофтам, наёфтам. Аз бисёр ҳамкорону ҳамқаламон пурсидам, ба ёди касе набуд. Ҳатто Абдураҳмон Абдуманнон, ки аз ҳама рухдоду падидаҳои адабиётамон, аз ҷумла тарҷума, бисёр огоҳ аст, шубҳа кард, ки Лоиқ Шералӣ ин шеърро баргардонда бошад. Лекин ман бовар доштам, чунки чор сатри аввалашро азёд медонистам! Хуллас, тарҷума пайдо нашуд, вале фурсат мерафт ва Марина Анатолйевна ҳар замон занг задаю паёмак навишта, фиристодани онро хо тиррасону хоҳиш менамуд. Чун ба ҷашн рӯзҳои башумор монд ва китобашон бояд ба чоп супурда мешуд, ноилоҷ худ ба тарҷумаи «Турнаҳо» сар кардам. Ба муносибати ҷашни шоири шаҳир дар Тоҷикистон ба чоп ҳам расид ону дар таҷлили бошукӯҳи 100-солагиаш дар Доғистон аз ҷониби тарҷумон қироат ҳам шуд. Лекин фикре оромам намегузошт, ки тарҷу маи пешин куҷо шудааст? На дар маҷмуаҳои Лоиқ Шералӣ ёфтам онрову на дар китобҳои ба тоҷикӣ баргардоншудаи ашъори Расул Ғамзатов. Аммо як чизро аниқ медонистам, ки тарҷума ҳаст. Чӣ хел набуда метавонад, ки ман чор мисраашро азёд медонам! Боре бо чӣ зарурате бастаи солҳои пешини ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро варақ мезадам, ки дар роҳи ҷустуҷӯям ғайричашмдо шт «Турнаҳо»-и Расул Ғамзатов дар тарҷумаи Лоиқ Шералӣ пайдо шуд. (Воқеан, панҷ банд аст он ва намедонам, ки дар асли тарҷума, яъне бо тасмими тарҷумон, чунин будааст, ё ҳангоми таҳияву чоп як бандаш афтодааст). Афсус хӯрдам, ки дер ёфт шуд, вале қонеъ будам, ки ба ин баҳона тарҷумаи нави шеъри машҳур ба вуҷуд омад. Инак, ҳарду пешкаши хонандаи азиз мешавад. Боз такрор мекунам, ки ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ мусобиқа нест, Худо нигаҳ дорад аз худнамоиву мусобиқа бо тарҷумаҳои собиқ, ки хизмати бузургашонро ҷиҳати ошноии хонандаи тоҷик бо адабиёти дигар халқҳо ва таҳкими робитаҳои адабии кишварҳо кардаанд. Мақсад фақат бозгӯи сафҳаҳои таърихи тарҷумаи ин ё он шеър, муносибати фардии тарҷумонҳо ба матнҳои асл, вогузор намудани қаринаҳои тарҷума ба муҳаққиқон ва дар ин замина ба вуҷуд овардани шавқу завқи хонандагон аст. Бо ҳамин андешаҳо, инак, боз ду тарҷумаи як шеър манзур мешавад.
ТУРНАҲО
Хаёлам, ҷумла сарбозон, ки аз ҷанг
Ба мулки худ саломат барнагаштанд,
На мадфунанд дар гӯри шаҳидон,
Магар дар осмонҳо турна гаштанд?
Ҳама бо боли симин болафшон
Ба мо ово диҳанд аз осмонҳо,
Вагарна аз чи мо ғамгину хомӯш
Нигаҳ созем бар парвози онҳо?
Бубинам, шомгоҳи абролуд
Паранд андар фазои мулки дигар,
Саф андар саф ту гӯӣ одамонанд,
Ки по монанд андар хоки кишвар.
Ба дуриҳо паранду ном гиранд
Ҳама номи кадомин одамеро,
Аз ин рӯ нестанд оё ҳамоҳанг
Забони турнаю лафзи аварҳо?
Қатори турнаро дидам ба парвоз,
Ба ёд омад ҳама ёру ҳарифон.
Миёншон як ваҷаб холӣ бидидам,
Яқин кардам, барои ман бувад он.
тарҷумаи
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
РАСУЛ ҒАМЗАТОВ
ЖУРАВЛИ
Мне кажется порою, что солдаты,
С кровавых не пришедшие полей,
Не в землю эту полегли когда-то,
А превратились в белых журавлей.
Они до сей поры с времен тех дальних
Летят и подают нам голоса.
Не потому ль так часто и печально
Мы замолкаем, глядя в небеса?
Сегодня, предвечернею порою,
Я вижу, как в тумане журавли
Летят своим определенным строем,
Как по полям людьми они брели.
Они летят, свершают путь свой длинный
И выкликают чьи-то имена.
Не потому ли с кличем журавлиным
От века речь аварская сходна?
Летит, летит по небу клин усталый
Летит в тумане на исходе дня,
И в том строю есть промежуток малый
Быть может, это место для меня!
Настанет день, и с журавлиной стаей
Я поплыву в такой же сизой мгле,
Из-под небес по-птичьи окликая
Всех вас, кого оставил на земле.
ТУРНАҲО
Гумон мекунам гаҳ, ки он аскарон,
Ки аз ҷабҳаи хунфишон н-омаданд,
Нахуфта дар ин хокдон ҷовидон,
Париданд бар авҷу турна шуданд.
Кунун низ он турнаҳои сафед
Кунанд аз фарози фалакҳо садо,
Намоем, аз ин рӯ, ба дарду умед
Нигаҳ мо хамӯшона сӯи само.
Бубинам дар ин шомгаҳ ман аён
Ба парвоз ҳар турнаро байни меғ,
Ки буданд одам ҳама як замон,
Равон дар ҷаҳон хушдилу бедареғ.
Гумонам, ки дар роҳи бас дури хеш
Ҳазин аз басо ном ёдоваранд,
Садоҳояшон аз ҳамон даври пеш
Маро ҳамчу лафзи хуши модаранд.
Фақат тӯша-шон хастаболӣ бувад
Дар ин роҳи дуру махуфу куҳан,
Дар он саф яке ҷои холӣ бувад,
Бувад аз қазо шояд он ҷои ман!
Расад рӯзи ман низу эй ҷони пок,
Маро ҳампари селатурна бидон,
Шуморо, ки мондам дар ин рӯи хок,
Аз афлок созам садо турнасон.
ТАРҶУМАИ НИЗОМ ҚОСИМ





