34.1 C
Душанбе

НУРИДДИНИ АМРИДДИН

БА ПЕШИ ХУДАШ МЕРАСЕМ

Гурӯҳи адибон ба ҷашни 1150-со лагии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шаҳри Панҷакент мепа риданд. Тайёраи онҳо хеле куҳнаю фарсуда менамуд. Шоир Сайқал ҳангоми сафар аз иллюминатор ба қанотҳои ларзони тайёра нигоҳ карда, аз Мирзо Файзалӣ, ки дар шафаташ нишаста буд, бо ҳарос пурсон шуд:– Мирзоҷон, бо чунин тайёра ба маҷлиси ҷашни устод мерасида бошем? Мирзо Файзалӣ тарсу ҳароси ҳамсӯҳбаташро дарк карда, чунин посух дод:– Ҳеҷ гап не, Сайқалҷон, ба маҷ лиси устод нарасем ҳам, ба пеши худаш мерасем.

АЁДАТИ ШОИР

Мирзо Файзалӣ ба беморхона афтод. Дӯсташ Аскар Азимов ба аёдаташ омад. Вақти рафтан ба дасти шоир 50 доллар дода, гуфт, ки «устод, бо ин дору бихаред».

Мирзо Файзалӣ 50-доллараро дар дасташ бозӣ доронда, бо ҳайронӣ гуфт:

– Ин амрикоиҳо панҷоҳ доллара ҳам доштаанд-е, ман хаёл мекар дам, ки онҳо фақат саддолара доранд.

Ё БИЁ, ТУ ТОҶИК ШАВ…

Як гурӯҳ ҳунармандони фалаксарои минтақаи Дарвози Афғонистон дар доираи чорабиниҳои Рӯзи «Фалак» меҳмони сокинони шаҳри Ваҳдат шуданд. Яке аз ҳунармандон мухаммаси машҳури шоири шаҳир Мирзо Авлиёҳусайни Дарвозӣ, мутахаллис ба Мағмумро бо лаҳни бисёр ширин сароид:

Моҳи кишвари русӣ, майли мазҳаби мо кун…

Ё биё, мусалмон шав, ё маро насоро кун!

Устод Мирзо Файзалӣ таронаи мазкурро шунида, бадоҳатан ин мисраъҳоро шӯхиомез гуфт:

Эй муҳандиси чинӣ, нақбу раҳкушоӣ кун,

Сад карат зи таҳҷоӣ беш пулрабоӣ кун.

Кам-камак ба тоҷик ҳам лутфу ошноӣ кун,

Музди меҳнаташ афзо, рафъи бенавоӣ кун.

Ё, биё, ту тоҷик шав, ё маро хитоӣ кун!

ЯКБОРА МЕРАВАМ

Як рӯз пеш бо ҳамкорамон Бобоқули Меликзода таги рег рафта будем. Рӯзи дигараш назди муҳаррир Мирзо Файзалӣ даро мада, гуфтам:

– Мову акаи Бобоқул ба таги рег меравем, шумо ҳам ба мо ҳамроҳ мерафтед.

– Не, ман ягон хел касал-пасал надорам,

– посух гардонд акаи Мир зо.

– Яку якбора таги хок меравам.

НАЁБАД, БОЗ БЕҲТАР

Шоир Низом Қосим ваадабиёт шинос Салом Нуриёни Баравнӣ дар идораи рӯзномаи «Шаҳриёр” меҳмон буданд. Нисфирӯзӣ ҳама аз идора баромада, хостем, ки ба ошхонае рафта, хӯрок хӯрем. Ин ҳангом банда аз эшон ҷудо шуда, пайи коре рафтам ва ваъда додам, ки зуд ба онҳо расида мегирам. Аммо каме таъхир карда, аз онҳо қафо мондам. Инро дида, Низом, ки ҳамсабақи банда аст, аз Мирзо Файзалӣ мепурсад:– Мо рафта истодаем, Нуриддин моро меёбад? Дар ҷавоб акаи Мирзо мегӯяд:– Наёбад, боз хубтар. Як хӯранда кам.

САГИ ДЕВОНА ГАЗИДААСТ

Номзади илмҳои физикаю мате

матика Иззатулло Юсуфов дӯсти

наздики Мирзо Файзалист. Рӯзе ӯ

вориди дафтари кории Мирзо Фай

залӣ шуд. Акаи Иззатулло ким-чӣ

хел дар ҳаяҷон ва безобита буд.

Гуфт, ки ӯро саги девона газидааст.

Хайриддин Иззатуллоро диду шодо

на хитоб кард:– Э устод, вақтҳои охир бисёр

камнамо шудаед. Кадом шамол пар

ронд, ки ба редаксия қадам ранҷа

кардед?

Ин суханони Хайриддинро шуни

да, Мирзо Файзалӣ гуфт:– Ҳеҷ гапу кор нашудааст. Саги

девона газидааст, ки устод ба ре

даксия омадаанд.

САД ШОГИРДУ ЯК ЗАН

Рӯзноманигор Саидмурод Искан

дарӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти

эҷодии Мирзо Файзалӣ матлабе

таҳия карданӣ буд. Ба ин хотир бо

устод ҳамсуҳбат шуд.– Устод, дар бораи ҳаётатон

каме муфассалтар ҳарф занед,

хубаш, лаҳзаҳои ҷолибашро гӯед,

ин чизҳоеро, ки ҳоло гуфтед, ҳама

медонанд.

Дар ҷавоб Мирзо Файзалӣ гуфт:– О, чӣ гӯям?! Хайр, навис, ки сад

шогирд дораду як зан.

ШАРИКШАВӢ

Рӯзноманигор Амруллоҳи Забир

ҳамчун сармуҳаррири моҳномаи

«Ёқутиён» маоши аввалинашро ги

рифта, Мирзо Файзалиро ба тараб

хона бурд. Пешхизмат вақти ҳисобӣ

«70 сомонию 60 дирам мешавад»

гуфт.

Амруллоҳ як-як 7 даҳсомониро ба

пешхизмат дода буд, ки дар ҳамин

лаҳза устод дасти ӯро дошта, гуфт:– Ту ҳам хонаю дар, зану фарза

нд дорӣ, ҳамаашро ту диҳӣ, ҷабр

мешавад. Исто, 60 дирамашро ман

медиҳам!

Ҳозирон чун ба шӯхии устод сар

фаҳм рафтанд, шикамсерӣ ханди

данд, махсусан пешхизмат.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо