22-юми сентябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил гардид. Ба ин муносибат маҳфили шеър баргузор шуд ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон онро оғоз бахшид. Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа доир ба шеъри Рӯдакӣ, ҳунари шоирии ӯ ва вазъи адабу фарҳанг дар замони шоир суханронӣ намуданд. Камол Насрулло чунин гуфт:
– Он унвонҳои баланду ифтихо рие, ки устод Рӯдакӣ шарафёб шуда аст, каси дигар дар таърихи адабиёти форсизабон шарафёб нагардидааст. Аз ҷумла, ду унвонро мехоҳам ёдо вар шавам ва аввалини он унвони Одамушшуарост. Танҳо устод Рӯда кист, ки шоистаи ин унвони баланду нотакрор будааст. Одамушшуаро, яъне, нахустшоири ҷаҳон. Яъне Ху дованд нахустин инсонро бо номи Одам офаридааст. Ва дар шеър ҳамон нахустин одам фарзанди миллати мо устод Рӯдакист. Унвони дигаре, ки низ танҳо шоиста ба номи Рӯдакӣ шудааст, вожаи “устод”, яъне, дар шеъри аҷам Рӯдакӣ бо ин унвон сазовор гардидаву ном бурда меша вад. Акнун ҳамзабону ҳаммиллати устод Рӯдакӣ будан низ шарафи бузург аст. Табиист, ки ин унвонҳои баланд дар паси худ хидматҳои баланду бесобиқаи устод Рӯдакиро маҳфуз доштаанд. Рӯдакӣ ҳамон нахустшоирест, ки чун аввалин бунёдгузори забони адабии тоҷикӣ-форсӣ, чун аввалин бунёдгузори шеъри форсӣ ва навъҳои асосии он – қасидаву ғазалу маснавиву рубоӣ ва ғайра, чун устоди “саҳли мумтанеъ” эътироф гардидааст. Зиёда аз он, ҳамон қадаре, ки шоҳони Сомонӣ дар бунёди давлатдории миллии мардуми ориёинажод саҳми бузург ва мондагор доранд, устод Рӯдакӣ дар бунёди забону адабиёт ва маънавиёти бузурги ин давраи миллатамон саҳмгузор аст. Маънавиёте, ки баъдан дар зербуни он як адабиёт ва фарҳанги бузург ва оламшумули форсӣ қомат афрохт. Эъҷози шеъри Рӯдакӣ дар он аст, ки баъд аз гузаштани садсо лаҳо боз ҳам тару тозаву имрӯзист ва ҳаргиз куҳнагӣ намепазирад. Бо шеъри ӯ метавон имрӯз зист, онро чун раҳнамову раҳкушои ҳамешагии зиндагии худ истифода бурд. Он киштие, ки Устод Рӯдакӣ ҳазору анд сол пеш дар шеъри худ аз накӯкорӣ сохта буд, имрӯз ҳам одамонро наҷот мебахшад: Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад, Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ. Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ Киштие соз, то бад-он гузарӣ. Ато Мирхоҷа аз хидматҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси як шоире, ки нисбати ягон мушкилоти ҷомеаи замонаш бетараф набудааст, сухан карда, чунин афзуд:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Ато Мирхоҷа аз хидматҳои Абуаб дуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси як шоире, ки нисбати ягон мушкилоти ҷомеаи замонаш бетараф набудааст, сухан карда, чунин афзуд:
– Вақте ки устод Рӯдакӣ ба арсаи адабиёт омад, аллакай забонҳои паҳлавӣ, бохтарӣ, хоразмӣ… ва лаҳҷаҳои зиёди эронӣ аз байн рафта буданд. Аъроб ба дӯши мардуми мо суннатҳои худашонро бор мекар данд ва маҳз Рӯдакӣ дар хатти пеши мубориза истод. Вазири бузурги давлати Сомониён Балъамӣ дар ка нори Рӯдакӣ буд. Он асарҳое, ки дар вақташ аз забони паҳлавӣ ба забони арабӣ баргардонида шуда буданду нусхаҳои аслашон аз байн рафта буданд, аз забони арабӣ ба забони форсӣ тарҷума карда шуданд. Он вақт забони форсӣ мисли забони арабӣ доман густарда набуд, вале барои он ки забони форсӣ бузург бошад, бо забони арабӣ мубориза карда тавонад, Рӯдакӣ ва дигарон дар ин арса хеле талош намуданд. Агар ин корро намекарданд, забони форсӣ ҳам аз байн мерафт. Рӯдакӣ бо шеърҳои ба забони тоҷикӣ-форсӣ сурудааш таъриху тамаддуни моро наҷот дод ва Эрон бори дигар шарафманд гашту дар назди арабҳо ба зону назад. Шеърҳои Рӯдакӣ тарғибгари зин дагии воқеии инсонанд. Дар ягон шеъри ӯ ҳеҷ навъи ифротгароии ди ниро намебинем. Яке аз ганҷинаҳои калимаҳои ноби забони форсӣ маҳз шеърҳои Рӯдакӣ ҳастанд. Сипас адибон Юсуфҷон Аҳмад зода, Шаҳрия Аҳтамзода, Давлати Раҳмониён, Баҳринисо, Муродалӣ Собир, Ховари Абдулҳай ва Бузург меҳри Ҳаким шеърҳои худро қироат карданд. Ҳамчунин иштирокдорон шеърҳои Одамушшуаро Рӯдакиро хонданд ва дар охир як шеъри ба устод бах шидаи Нодири Нодирпур аз сӯйи Толиби Луқмон пешниҳод гардид, ки аз намунаҳои беҳтарини ин бахш шеърҳо маҳсуб меёбад.





