Рӯзи 25-уми сентябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии шоири зиндаёд Тӯлқин Хоҷа маҳфили поси хотир баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар оғоз аз шахсияту шеъри мавсуф ёд карда, чунин гуфт:– Тӯлқин Хоҷа нимаи солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба арсаи адабиёт омад, ки мо шоҳиди аввалин қадамҳояш будем. Китоби якумаш бо сарсухани Бозор Собир ба табъ расида буд. Ӯ кӯшиш дошт, ки дар сояи шеъри нағзи худаш бошад. Дар деҳа омӯзгорӣ мекард. Ҳарчанд, ки худ шоири дардка шида буд, дар навиштаҳояш лутфи зиёд ба назар мерасид. Аз ҳаёти иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ канда набуд. Бо зиндагии халқу ватанаш пайванди ногусастанӣ дошт. Пас аз суханони ифтитоҳии Низом Қосим дар бораи шеърҳои Тӯлқин Хоҷа аз сӯйи Сафар Амир хон маъруза пешниҳод гашт. Тавре дар идомаи маҳфил Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад таъкид намуд, Тӯлқин шоире буд, ки саросемавор барои радифу қофия шуда, шеър намегуфт. То заҷӯиву тозагӯӣ мекард. Дар шеъри ӯ назокатҳои сухан ҳамеша риоя мегардиданд. Бисёре аз шоирон дар пайравӣ намудан ба шоири дигаре муваффақ намешаванд ва такроргӯӣ мекунанд. Лекин Тӯлқин, баръакс, дар пайравӣ ба Бозор Собир бисёр чизҳои тоза офарид. Марсияҳои дар марги фарзандонаш навиштаи ӯро бе ларзиши дил хонда намешавад. Ҳам баланд ҳастанду ҳам пурдард. Ҳамин тавр, Абдулҳамид Самад дар охири суханронияш пешниҳод намуд, ки ҷиҳати пос доштани хоти ри Тӯлқин Хоҷа ба ӯ Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷики стон ба номи Мирзо Турсунзода дода шавад. Шаҳрия Аҳтамзода, ки ҳамсабақи Тӯлқин Хоҷа будааст, аз ҳаёти до нишҷӯияшон ёдоварӣ карда, анде шаҳояшро ин гуна баён дошт:– Тӯлқин на танҳо шоире буд, ки бо шеърҳояш устод Бозорро ба хотир меовард. Дар баробари ин, аз устод фарқ мекард. Бояд гуфт, дар шоирӣ ба худи Тӯлқин пайравӣ кардан низ хеле мушкил аст. Ҳаёти деҳаро тасвир мекард. Дар мисоли як деҳа дунёро нишон медод. Ҳама мегӯянд, ки одам дар пирӣ мисли кӯдак мешавад. Аммо ин мавзуъро фақат Тӯлқин дар шеър «Модари кампири ман кӯдак шудаст» зебо гуфта тавонист. Баъзеҳо дар пайравии ин шеъри ӯ кӯшиданд, ки шеъре нависанд, вале комёб нагаш танд. Шоироне ҳастанд, ки аз Тӯлқин беҳтар менависанд, лекин монанди ӯ навишта наметавонанд. Ба андешаи Шоири халқии Тоҷи кистон Рустам Ваҳҳобзода, аввали баҳор дар ҷони бачаҳо оташе ме афтад, ки бояд гули нахустинро аз дашту дараҳо пайдо кунанд. Фикр мекунам, аз байни калонсолон ма росими гулгардониро касе нишаста, барномарезӣ карда, наёфтааст. Ин маросим аз умқи замири ҳамон бачаҳо ҷӯшидааст, ки мехоҳанд, гулҳои аввалини баҳорро дарё банду ба дигарон нишон диҳанд. Ин як навъ корнома ҳам ҳисоб ме шуд. Чунонки Рустам Ваҳҳобзода афзуд, ҳолати мазкурро дар шеъри «Гулбоз»-и Тӯлқин Хоҷа на танҳо чун порае аз сарнавишти хеш, балки як пора аз фарҳанги замирии миллӣ таҷассум кардааст. Дар шеъре, ки аз Тӯлқин мисол овардем, сабку баёни Ғаффор Мирзо ба назар мерасад, дар баъзе шеърҳои дигараш Бозор Собир пеши рӯ меояд. Вале тавре ки дигарон ҳам гуфтанд, боз шеъри Тӯлқин фарқкунанда аст. Шоир дар он муҳру имзои хештанро дошт. Салими Зарафшонфар низ аз вижагиҳои ашъори Тӯлқин Хоҷа сухан карда, пешниҳоди баъд аз вафот ба ӯ додани ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзодаро ҷонибдорӣ намуд. Сипас чанд пора шеъри ба зиндаёд бахшидаашро пешкаши ҳозирин гардонд. Дар охири маҳфил зикр гашт, ки ба муносибати 70-солагии Тӯлқин Хоҷа» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» маводи ҷолиб ба нашр мерасад.
Б. ТОҶИДДИН, «АС»





