Санаи 2-юми майи соли 2026 дар саросари кишвар 115-со лагии адибу шахсияти бузурги миллӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад. Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои эҷодию ҷамъиятӣ ва вазо рату идораҳо силсилаи чорабиниҳои илмиву адабӣ ва ҷашнию тантанавӣ дар назар гирифта шудаанд. Аз ҷумла, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар нақша дорад, ки дар чорчӯ би ин ҷашн ҳамоиши бузурги илмию адабию фарҳангиро дар толори калони ба номи устод Турсунзодаи ИНТ доир намояд.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аҳли ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» тамоми аҳли адабу фарҳанг ва мухлисону хонандагони азизро ба фарорасии ин санаи хуҷаста шодбош гуфта, чун пешкаш ба ин рӯзи фархунда, шумораи навбатии ҳафтаномаро ба баррасии ҷанбаҳои гуногуни шахсият ва осори устод Мирзо Турсунзода, тасвири симои ҷовидонаи ӯ дар хотираи дӯстону ҳаводорон ва шинохти хидматҳои беназири ӯ барои халқи худу халқи ҷаҳон мебахшад. Аз ҳамроҳии Шумо бо ин шумораи вижа сипосгузорем.





