6.1 C
Душанбе

ҶАШНИ ЗЕБОИ ТУРСУНЗОДА ДАР ШАҲРИ ЗЕБОИ ТУРСУНЗОДА

Рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори 115-солагии шоири бузурги миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода конфронси илмию назарӣ ва як силсила маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор шуданд. Ин барномаҳо бо ибтикори Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ ва МИҲД шаҳри Турсунзода созмон ёфта, рангину хотирмон доир гардиданд. Субҳи он рӯз меҳмонони пойтахт – муовини аввали Раиси ҲХДТ Маликшоҳ Неъматзода, Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, духтари устод Мирзо Турсунзода, номзади илми фалсафа Фирӯза Турсунзода, муовини аввали Раиси ИНТ Толиби Луқмон, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷамолиддин Саидзодаро мизбонон гарму самимӣ ва дар ҳолу ҳавои идона пешвоз гирифтанд. Наврасони шаҳр бо қироати шеърҳои устод Мирзо Турсунзода табъи меҳмононро болида гардониданд. Сипас Раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Акрамзода ва масъулони КИМ ҲХДТ меҳмононро ба сайри боғи марказӣ даъват карданд. Дар саҳни ин боғ муҷассамаи барқаду дидании устод Мирзо Турсунзода бо шукӯҳи хос қомат афрохта, ҳусни шаҳрро назарработар кардааст. Шеъру сурудхонӣ ва ҳунарнамоии наврасон дар домани сабзу шодоби боғ меҳмононро болидахотир намуд. Сипас дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳр конфронси илмию назарӣ оғоз ёфт. Муовини аввали Раиси ҲХДТ Маликшоҳ Неъматзода дар суханронияш аз бузургию наҷобат ва осори гаронқадри устод Мирзо Турсунзода ёд карда, таъкид намуд, ки ашъори ширину рангини шоир ҳамеша ба хонандагон сабақи ватанпарастиву инсондӯстӣ хоҳад дод. Дар суханронии Раиси ИНТ Низом Қосим ҷанбаҳои гуногуни ашъори устод, талошу муборизаҳои ӯ барои барқарории сулҳу салоҳу адолат, шахсияти дурахшону бемисли вай бо мисолҳову далелҳои мушаххас зикр гардиданд. Фирӯза Турсунзода ғамхориву меҳрубонии устодро ба ёд оварда, падари беҳтарину муттакои хонавода буданашро махсус зикр намуд. Меҳмонони дигари ҳамоиш низ дар бораи шахсият ва эҷодиёти пура рзиши шоир суханронӣ ва шеърхонӣ карданд. Қисми дигари маҳфил дар зодгоҳи устод – рустои биҳиштманзари Қара тоқ идома ёфт. Ҳавлии падарии устод Мирзо Турсунзода сарсабзу шодоб буд ва ин хуррамию зебоӣ бо оҳанги рӯди канори он ҳамхонии табииву комил дошт. Тамошои осорхонаи шоир меҳмононро ба сайри рӯзгори тифливу ҷавонии ӯ бурд. Аз оғоз то анҷоми барнома мизбонон тавонистанд, ки рӯзгору осори устод Мирзо Турсунзодаро пора-пораву лаҳза-лаҳза, ба таври зиндаву муассир ба намоиш гузоранд ва ба меҳмонон таассуроти амиқ бахшанд. Саҳ. 14-15 Ад Ҷашни зебои Турсунзода дар шаҳри зебои Турсунзода

Т. Халилӣ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо