6.1 C
Душанбе

ИДОМАИ ҶАШН ДАР ЗОДГОҲИ УСТОД ТУРСУНЗОДА

Сиюми апрели соли ҷорӣ ҷашнҳои пур шукӯҳи солгарди устод Мирзо Турсунзода дар зодгоҳи шоир, деҳаи номвари Қаратоқ идома ёфтанд. Ҳайати меҳмононро дар да ромадгоҳи деҳа аҳли он бо хушию хурсандӣ, базму суруду мусиқӣ ва нону намак пешвоз гирифтанд.

Муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъ матзода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Акрам зода, муовини аввали Раиси ИНТ Толиби Луқмон, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳи Раҳнамо ва гурӯҳи калони олимон, шоирон ва аҳли ҳунар дар ин рӯзи муборак меҳмони ҳамдиёрони устод Турсунзода шуданд. Чеҳраҳои шодон, руҳи болида, табъи баланд, ҳунари воло, суханварии беназир нишон медод, ки дар ин деҳа ҳамоно руҳи устод Турсунзода зиндаву ҷовид аст. Ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳз ба ҳамин нукта ишора намуда, дар суҳ бати худ бо аҳли деҳаи Қаратоқ баён дошт, ки ин деҳа бо чунин боду ҳаво бо мардуми хушзавқу чеҳракушода, ҳунарманду суханвар табиист, ки шахсияте чун устод Турсунзодаро ба миллат ҳадя кардааст. Барои истиқболу эҳтироми меҳ монон ба бузургдошти зодрӯзи устод Турсунзода мардуми Қаратоқ, хусусан ансамбли фолклории «Қаратоқ», барномаҳои рангинеро таҳия карда буданд, ки писанди ҳамаи ҳозирин ва меҳмонон гардид. Дар ин намоиши пуршукӯҳ хусусан лаҳзаҳои дилангезе аз достони “Ҷони ширин”, “Қиссаи Ҳиндустон”, “Ҳисори Шодмон” ва филми машҳури “Ман бо духтаре вохӯрдам” ба саҳна гузошта шуда буданд, ки дар ҳар қадам барои меҳмонон як лаҳзаи ғайриинтизор ва хотирмон буд. Дар рафти намоиш ҳамчунин ҳунарҳои мардумии деҳаи Қаратоқ ба маъраз гузошта шудаанд, ки аз он маълум мегардад, ки деҳаи Қаратоқ ҳамчун як деҳаи бостонӣ косибӣ ва ҳунари рушдёфта дошта, дар ин ҷо ҳанӯз дар асрҳои миёна бофтани алоча, дӯзандагӣ, касби оҳангарӣ, мисгарӣ, пухтани ҳалвову шириниҳои хоссаи ҳи сорӣ, инчунин сурудхонӣ, қофиягӯӣ ва дигар ҳунарҳое рушд карда буданд, ки то имрӯз низ идома доранд. Дар бахши ниҳоии барнома меҳмо нон аз Хонамузейи устод Турсунзода дидан карданд, дар он ҷо мизу курсӣ, либосҳо, ашёи кориву хидматии устод, китобу даф тарҳои нодир, маҷмуаи бузурги нигораҳо, китобҳо, дастхатҳо ва ашёи арзишманд аз таърихи Қаратоқ ва таърихи Ҳисори Шодмон ба намоиш гузошта шудаанд. Дар ҷамъбасти ин барномаи пурҳашамат муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба мардуми шарифи Қаратоқ, ба ҳамаи аҳли ҳунар, хусусан ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Раиси шаҳри Турсунзода изҳори сипосгузорӣ намуданд.

Ҳамин тавр ҷашни зодрӯзи устод Турсун зода дар деҳаи Қаратоқ дар сатҳи баланд баргузор шуд, ки шоистаи мақоми шоири бузург ва Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо