Имсол бо Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ 115-солагии адиб ва шахсияти бузурги миллӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои эҷодию ҷамъиятӣ, вазорату идораҳо силсилаи чорабиниҳои илмиву адабӣ ва ҷашнию тантанавӣ дар назар гирифта шудаанд. Рӯзи 2-юми майи соли 2026 дар зодрӯзи шоири бузург ҳайати адибони Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз оромгоҳи устод Турсунзода боздид намуда, чун рамзи эҳтиром ба руҳи бузург ва хидматҳои шоистаи ӯ рӯйи марқади шоир гулчанбар гузоштанд. Дар маросими ёдбуд ва эҳтиромгузорӣ ба ҷойгоҳи Раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода намояндагони чанд насли адибони кишвар ширкат намуда, бо ёдоварӣ аз шахсияти маҳбуб ва осори мондагори ӯ дар ин макони муқаддас маҳфили хоссаи шеъру сухан барпо карданд. Силсилаи чорабиниҳо ба муносибати солҷашни устод Мирзо Турсунзода тамоми сол идома хоҳад ёфт.
АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҶОЙГОҲИ УСТОД ТУРСУНЗОДА
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





