(зикри хайр)
Аз шаҳри Салавати Ҷумҳурии Бошқирдистон шумхабаре расид: 29-уми апрели соли равон шоиру инсони хоксору заҳматкаш, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саид Абдулло баъд аз бемории тулонӣ ин ҷаҳонро тарк гуфт. Ӯ 15-уми ав густи соли 1935 дар деҳаи Фаркаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, дар тифлӣ ятим монд ва дар хонаҳои бачаҳо таълиму тарбият гирифт. Соли 1953 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Сталинобод ва соли 1965 Донишгоҳи дорусозии шаҳри Пятигорски Федератсияи Русияро хатм намуда, қариб тамоми умр дар соҳаи дорусозӣ, аз ҷумла, ба ҳайси сардори Сарраёсати дорухонаҳои Тоҷикистон кор кард. Маҷмуаҳои шеъри «Дармони ҷон» (1983), «Мардумгиёҳ» (1985), «Дунёи дил» (1987), «Обшорон» (1989), «Дорухонаи табиат» (1991) «Давои ҳазору як дард» (1995), «Хоби равшан» (2005), «Ватан дар дил» (2016), «Лекарство для души» (2023)-ро ба табъ расонда, соли 1993 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваста буд. Солҳои охир бо тақозои қисмат дар ғурбат зиндагӣ мекард, вале ҳамеша ёди Тоҷикистони азизро ба сар дошт:
Ватан, чун дида бар дунё кушодам,
Туро дар чеҳраи модар бидидам.
Зи рӯи дилкашу дилҷӯи модар
Туро ман дилкашу дилбар бидидам.
Шунидам ман зи сози аллаи ӯ
Садои кабку овои ҳазорат.
Бигуфтам, нӯш карда шири модар:
Фидои чашмаҳои ширборат!
Ман аз чини ҷабини ӯ бидидам
Ҳама роҳу ҳама пайроҳаатро,
Ки беминнат барад моро ба манзил,
Ки беминнат барад моро ба фардо.
Муддати мадиде ранҷи беморӣ бар азоби ғарибиаш
афзуда буд ва аз ин хусус пурсӯзу боалам сатрҳои
содаву дилрас менавишт:
Сармастии ман гузашт, сардард шудам,
Гармии дилам намонд, дилсард шудам.
Бо фасли баҳор рафт сарсабзии ман,
Дар фасли хазони хештан зард шудам.
***
Орзу дорам, ки як бори дигар
Хоки покатро бубинам, эй Ватан.
Ҳамчу дар тифлӣ ба рӯи хоки ту
лаҳзае беғам бишинам, эй Ватан.
Хорҳоятро зи хоки поки ту
Чун гули қисмат бичинам, эй Ватан.
Шунидам ман зи сози аллаи ӯ
Садои кабку овои ҳазорат.
Бигуфтам, нӯш карда шири модар:
Фидои чашмаҳои ширборат!
Ман аз чини ҷабини ӯ бидидам
Ҳама роҳу ҳама пайроҳаатро,
Ки беминнат барад моро ба манзил,
Ки беминнат барад моро ба фардо.
Муддати мадиде ранҷи беморӣ бар азоби ғарибиаш
афзуда буд ва аз ин хусус пурсӯзу боалам сатрҳои
содаву дилрас менавишт:
Саид Абдулло гиёҳшинос ҳам буд ва аз гулу гиёҳи
Ватан давоҳои дармонбахш таҳия менамуд. Умедво
рем, ҳаёти дурахшону пурзаҳматаш тӯшаи роҳи охи
раташ бигардад, хотираи некашро дар дили дӯстону
мухлисони шеър зинда бидорад ва азбаски ҳама умр
гулу гиёҳҳои меҳру муҳаббат ва дӯстиву ростӣ мепар
варид, оромгоҳаш то абад ободу гулзор бошад.
Дили ман, эй дили ман, эй дили ман,
аё эй оқилу нооқили ман,
Туро гулхоҳу гулпарвар намудам,
Ки охир гул бирӯяд аз гили ман.
Ёдаш ба хайр бод!
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ
НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН





