6.1 C
Душанбе

Тоҷгузори миллат

Шоми 30-юми апрел дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши “Тоҷгузори миллат” дар таҳияи кор гардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов пешкаши бинандагон гардонида шуд. Намоиши мазкур фарогири марҳалаи муҳимму тақдирсозе аз таърихи давлати бу зурги Сомониён аст. Он дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва асари бадеии нависанда Бароти Абдураҳмон рӯйи саҳна омада, давраи тиллоии давлатдории миллии моро дар шахсияти шоҳ Исмоили Сомонӣ таҷассум менамояд ва барои насли имрӯзу фардои миллат волотарин сабақи худшиносиву меҳанпарастӣ медиҳад. Нақшҳоро Ибодулло Машраб, Ортиқ Қодир, Абдукарим Машраб, Фирӯз Умаров, Асалбек Назриев, Исфандиёр Ғуломзода, Султонмурод Бобомуродзода, Аъзам Розиқов ва дигарон иҷро намуданд. Ин намоиш ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо