Маҷмуаи ашъори Сафар Амирхон «Базми баҳор» дар нашриёти «Адиб» ба нашр расид. Гулхандаи фасли баҳор, дамидани сабзаву оғози киштукор, садран гиҳои табиати дилпази ри диёр, нағмапардо зии мурғони хушнавою оҳанги хуши чашмасор, ишқу муҳаббати ёрони вафодор ва шукргузорӣ аз фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ асоси мавзуи ки тобро ташкил медиҳад. Ба ақидаи Мубашшири Акбарзод, «Баҳор ва Наврӯз дар адабиёти деринсоли мо мавзуъҳои нав нестанд ва шоирони қадимиву имрӯзаи мо дар ин бора шеъре гуфтаанд. Ҳамин қадимӣ будани мавзуъ корро барои шо ирони имрӯзӣ душвор мегардонад, зеро тала боти адабиёт ва шеър ин аст, ки шоир бояд дар ин мавзуъ сухани тоза бигӯяд. Сафар Амирхон бо огоҳӣ аз ин талабот ба майдони шеър омадааст ва ба тавре сухани худа шро мегӯяд». Китоб фарогири бахшҳои «Замзамаи баҳор», «Гулхандаи ишқ», «Гули баҳман», «Таронаи меҳр», «Шукуфаи ғазал» мебошад.





