6.1 C
Душанбе

9-УМИ МАЙ – РӮЗИ ҒАЛАБА

Инак боз 9-уми май – Иди Зафар бар фашистони олмонӣ фаро расид. Ба анҷоми ин ҷанг, ки ба қавли Абулқосим Лоҳутӣ, онро “дар таърих ҳамто набуд”, 81 сол пур мешавад. Тадриҷан сафи нафароне, ки дар майдони ҳарб иштирок карданду барои таъмини ғалаба бар душмани исти логар саҳм гирифтанд, кам мешавад. Дирӯз шунидам, ки ҳоло дар пойтахт як ва дар ҷумҳуриамон 9 нафар собиқадори он ҷанг боқӣ монданду халос. 9-уми май шаҳр фазои идона мегирад, иштирокдорони ҷанг, ки имрӯз ҳамаашон пиру фартуту асобадастанд, низомиён ва одамони одӣ ҷониби Боғи Ғалаба мешито банд. Ва маро ҳамеша дар ин рӯз манзарае аз овони кӯдакӣ пеши назар меояд. Охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта буд. Мо он вақт дар як шаҳраки хурди кор гарон, воқеъ дар шимоли ҷумҳуриамон, зиндагӣ мекардем. Дар ин шаҳрак ба ҷуз тоҷикон намояндагони халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ, кору иқомат доштанд. Дар он корхонаи бузурги равған барорӣ фаъолият дошт ва мутахассисонро аз гӯшаҳои гуногуни кишвари бузурги мо барои кор дар он корхона оварда буданд. Дар байни онҳо ветеранҳои ҷанг низ зиёд буданд. Нафаси сарди ҷанг ба ҳама ҷою ҳама кас расида буд. Дар шаҳрак онҳое низ зиндагӣ мекарданд, ки пас аз истилои шаҳру деҳоташон аз ҷониби фашистон ба Осиёи Миёна кӯчида буданд. Дар байни онҳо табибон, омӯзгорон, мураббияҳои кӯдакистонҳо, навозандагон, коргарони корхонаҳои истеҳсолӣ ба чашм мераси данд. Дар шаҳраки мо, ки тақрибан аз 70 80 хонавода иборат буд, русҳо, украинҳо, белорусҳо, тоторҳо, яҳудиён, бошқирдҳо, узбекҳо, қазоқҳо, ҳатто олмониҳо буданд. Калонсолон мегуфтанд, ки немисҳоро пас аз асир гирифтан ба кишвари мо фи ристодаанд. Новобаста ба миллату дин ҳама аҳлона таҳсил, кору зиндагӣ мекар данд, идҳо, маъракаи суру сӯги якдигарро дастҷамъона мегузарониданд. Ёдам меояд, ки дар шаҳракамон як пойафзолдӯзи гунге низ мезист. Ӯ на ҳарф зада метавонисту на шунида. Вай дар наздикии хонаи мо, дар қарибии мағозаи шаҳрак дар як ҳуҷраяки анбормонанде зиндагӣ мекард. Ҷойи кораш низ ҳамон ҷо буд. Аз сари субҳ дари онро мекушоду на зди остона менишаст ва рӯзашро сари кор кӯр мекард. Ман ҳеҷ гоҳ аз ҳуҷрааш қадаме дуртар рафтани ӯро надидаам. Номи ӯро касе намедонист. Ҳадди ақал ман нашунидаам, ки касе номашро гирифта муроҷиат карда бошад. Ва ӯ худаш ҳам ҳарфе намезад, балки танҳо садои берабту нофаҳмо мебаровард аз даҳон, ки аз он чизе фаҳмида намешуд. Одамон пойаф зол меоварданд ва ӯ хомӯш онро таъмир мекард. Дидани ҳуҷраи ӯ душвор буд, зеро дохили ҳуҷра торик, тирезаи ягонааш ҳа меша маҳкам буд. Аз остона маълум буд, ки фаршаш ношуста, рангнакарда, чиркин ва ҳамеша дар рӯи он тақрибан панҷ-даҳ ҷуфт пойафзол мехобид. Мӯзадӯз бо чашмони фурӯрафтаи бе нур, мӯйҳои бетартиби аз зери кепкаи фар судааш намоён дар ёдам мондааст.Баъзан ман шоҳиди ӯро таҳқиру масхара кардани бачаҳо мешудам. Онҳо ба ҳар роҳе ба иззати нафсаш мерасиданду мӯзадӯз дар ҷавоб ба овози хиррӣ чизе гуфта фарёд мезад, ки нофаҳмо буд ва ин бачаҳоро боз ҳам бештар ба ваҷд меовард. Ин одатан дер давом намекард, зеро фурӯшанда ва ё ягон нафари калонсол аз мағоза берун шуда, бачаҳоро сур мекард. Ман он вақт кӯдаки 7-8 сола будам ва ҳарчанд дилам месӯхт, ба мӯзадӯзи гунг ёрӣ дода наме тавонистам. Вай ҳанӯз пир набуд ва агар мехост, метавонист ҳар як кӯдакеро, ки ӯро масхара мекард, дастгир намуда, ҷазо диҳад. Аммо ӯ танҳо бо овози навмедона чизе мегуфту аз остонаи устохонааш оҷи зона даст меафшонд. Боре падарам тасмим гирифт, ки маро бо худ ба клуби шаҳракамон мебарад. Он клуб макони баргузории чорабиниҳои тан танавӣ, ҳам кинотеатр ва ҳам майдони рақс буд. Он рӯзи 9-уми май буд ва дар клуб чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ғала ба баргузор шуд. Падари ман, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамеша дар ин рӯз пиҷаки сиёҳи пур аз ордену медалҳояшро ба тан мекард. Ман ҳамроҳи ӯ бо ифтихор дар кӯча қадам мезадам, гарчанде аҳам мияти ин идро ҳанӯз хуб намефаҳмидам. Ҳамту шодӣ мекардам, ки маро ба як ҷа мъомади калонсолон мебаранд.

Дар назди клуб аллакай одамони зиёде ҷамъ омада буданд, ки дар байни онҳо мисли падарам амаку холаҳои сарсафеди пиҷакашон пури орден медал фарқ мекар данд. Як фазои аҷиби идонаю тантанавӣ эҳсос мешуд дар он макон. Падарам назди гурӯҳи собиқадорон рафту бо ҳама гарм-гарм салому пурсупос кард. Барои ман аҷиб он буд, ки бо вуҷуди ҳама дар як деҳа зиндагӣ кардану ҳар рӯз дар ҷои кор якдигарро дидан, имрӯз онҳо бо оғӯши гарм, дурудароз ва сахт дастҳои якдигарро фишурда, ҳолпурсию суҳбат мекарданд. Чунин манзараро дар дигар рӯзҳо мушоҳи да намекардам. Чашмони онҳо аз шодию нишот медурахшиданд. Ман бо тааҷҷуб ба онҳо менигаристам. Ана амаки Юра, ана амаки Вася, ҳамсояамон Иброҳимҷонтағо, ана бобои Алик Маназаров… Ҳамаашон хушлибос, хушбахт, якдигарро самимона табрик мекунанд. Ва ба мани хурдсол эътибор на медиҳанд. Ногаҳон чашмам ба як шахси дар сараш кепкаи фарсуда афтид. Ин мӯзадӯзи гунг буд. Ман бори аввал ӯро бо риши тароши да ва мӯйи ба тартиб қайчизада ва дар танаш либоси ба худаш зебандаи расмӣ дидам. Не, пиҷакаш нав набуд, онро ор дену медалҳо зеб медоданд. Вай аз байни занону кӯдакону ҷавонон гузашта, хомӯш ба собиқадорони ҷанг наздик шуд ва бо эҳтиром оғӯш кушода, салому ба таври худ ҳолпурсӣ кард. Онҳо низ дар ҷавоб хеле гарму самимӣ дасти ӯро фишурданд, бо ид табрик намуда, ба китфаш бо эҳтиром тап-тап заданд. Ӯ наметавонист сухан гӯяд, аммо намедонистам, ки мешунид ё не. Баъдҳо фаҳмидам, ки ӯ гунги модарзод набудааст. Он рӯз мӯзадӯзи гунг зоҳиран ва боти нан дигар шуда буд. Эҳсос мешуд, ки дар ин ҷо ӯ дар байни худиҳост. Вай ҳам мисли дигарон ҳомии ватан ва ин ҷашни ӯ низ буд! Агар бачаҳо ӯро дар ин ҷо низ масхараю таҳқир кардан мехостанд, яқин, ки ҳолашон бад мешуд, – меандешидам ман. Зеро дил пур будам, ки собиқадорон ва ҳам одамони одӣ ҳаргиз ба ин роҳ намедоданд. Мӯзадӯзи гунг мисли дигар собиқадо рон наметавонист аз гузаштаи ҷангии худ бо ҳарорат ҳикоят кунад. Аммо ба назар чунин менамуд, ки ӯ аз ин фазои дӯстона, эҳтироми бузург ва муносибати инсонӣ ба худ лаззат мебарад. Ва барои ин ҳатто чизе гуфтанаш лозим нест. Дар ин ҷо ӯ ҳузн надошт, баръакс чашмонаш мисли дигар собиқадорон барқ мезаданд. Ба ӯ одамон меҳрубонона нигоҳ мекарданд, роҳ медоданд ва ҳатто чанд нафар дастаи гул тақдимаш намуданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ ӯ низ мисли ҳама ҷониби минбар менигарист, гӯш мекард, сар меҷунбонд ва аз таҳти дил чапак мезад Ман намедонистам, ки ӯ дар ҷанг кӣ буд, барои кадом корнамоиҳо ин мукофотҳоро гирифт ва онҳо чӣ қурбе доранд. Аммо ба ҳамон ақлу фаросати кӯдаконаи худ дарк мекардам, ки фардо ва рӯзҳои минбаъд низ, ӯ боз чун пешина дар остонаи ҳуҷра яки худ нишаста, ба таъмири пойафзоли одамон машғул мешавад. Гоҳ-гоҳе бачаҳо пайдо шуда, масхараяш мекунанду боз калонсолон онҳоро ҷанг карда меронанд. Ва ӯ чун пешина онҳоро дошта танбеҳ на медиҳад, намезанад, дашном намедиҳад. Танҳо аз пасашон даст меафшонад, аз қаҳр чашм ало мекунаду халос. Оре, чу нин мекунад, ҳарчанд лоиқи таҳқир нест, ҳарчанд барои зиндагии хуби ин бачаҳо ва ояндагон ҷангидааст. Танҳо як чизро интизор мешавад – 9-уми май, рӯзе, ки ӯ боз пиҷаки ордену медалдорашро пӯшида, дар байни худиҳо мешавад, онҳое, ки мисли замони ҷанг омодаанд барояш сина сипар кунанд, то касе наранҷонадаш…

НАБӢ ЮСУФ, РӮЗНОМАНИГОР

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо