I. зимистон
Даме ки лашкари Гитлер
Ба сӯи Москва метохт,
Вай аз мағрурию мастӣ
Ба олам ҷор меандохт…
Қушуни Сурхи мо он гаҳ
Чунон ҳам торумораш сохт,
Ки он: «Дод аз зимистон, дод»!
Гӯён дар фиғон омад.
Ба тухми лашкари Гитлер
Қирон омад! Қирон омад!
II. баҳор
Пас уммед аз баҳорон кард,
Лекин ҳосилаш ғам шуд,
Сипоҳаш мисли барфу ях
Дамодам об шуд – кам шуд;
Шикасту торумори нав
Ба Гитлер дар Тунис зам шуд,
Ки вай: «Дод аз баҳорон, дод!»
Гӯён дар фиғон омад,
Ба тухми лашкари Гитлер
Қирон омад! Қирон омад!
III. Тобистон
«Ба тобистон зафар аз мост»!
Гуфту тохт боз имсол,
«Паланг»-и беадад дар пеш,
Гурги беҳад аз дунбол…
Вале ин дафъа бар Гитлер
Зад оташ Белград, Орёл,
Ки: «Дод аз дӯзахистон, дод»!
Гӯён дар фиғон омад,
Ба тухми лашкари Гитлер
Қирон омад! Қирон омад!
V. Тирамоҳ – хазон
Ҳамин ки тирамоҳ омад,
Ба душман тиратар шуд рӯз.
Задему мезанем аз нав
Паёпай зарбаи ҷонсӯз,
Фритс аз марг мерезад
Ба монанди хазон имрӯз,
Ки вай: «Дод аз хазон ҳам дод!..»
Гӯён дар фиғон омад,
Ба тухми лашкари Гитлер
Қирон омад! Қирон омад!
Сентябри с. 1943





