Магар он кӯдаконеро, ки гаштанд
Нишони бомбаи кин, тири бедод,
Падарҳошон намеоранд бар ёд
Падарҳои фидокори зафарманд?
Магар ҷанговарони гашта қурбон
Азизи дилбарони худ набуданд?
Занони қаҳрамонрафтори онон
Муҳибби шавҳарони худ набуданд?
Писарҳои ҷинояткори Берлин!
Куҷо ин сон ҳаросон мешитобед?
Куҷо? Пеши зану фарзанд? Ҳайҳот!
Шумоҳо ҳам зану фарзанд доред?
Куҷо шуд он ғурури бениҳоят,
Чӣ менолед? – Беорию шармӣ?
Магар сармои русӣ хуш наомад?
Ва ё ки оташи мо кард гармӣ?
Зи фарзандони Маскав, шояд акнун
Тараҳҳум ҳаст бар дуздони Берлин?!
Тараҳҳум бар шумо? Ҳайфи тараҳҳум!
Ба сангиндил дили мо низ сангин!
На теғи мо ва на сармои мудҳиш
(Мададгори қадими лашкари рус!),
На шери партизан – надҳад амон ҳеч
Ба гитлерзодагони шуми манҳус.





