Писарҳои ҷинояткори Берлин!
Куҷо ин сон ҳаросон мешитобед?
Куҷо? Пеши зану фарзанд? Ҳайҳот!
Шумоҳо ҳам зану фарзанд доред?
Куҷо шуд зарбаҳои “барқовар”?
Ватанро ёд кардед? Эҳтимол аст,
Ки мехоҳед дидан рӯйи модар?
Хаёли хуш, вале амри муҳол аст!
Муқаддас модарони русу украйн,
Ки диданд ин қадар таҳқиру кулфат,
Магар буданд бефарзанд? – гӯйед





