6.1 C
Душанбе

БА МУНОСИБАТИ 80 СОЛАГИИ ШОИР ДОРО НАҶОТ

Доро Наҷот фаъолияташро чун хабарнигор дар рӯзно маҳои ноҳиявию вилоятӣ оғоз кард. Сипас ба пойтахт омада, дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор пардохт. Дар ин давра ҳам фаъолияти рӯзноманигорӣ ва ҳам кори шоирияш равнақ ёфт ва чун шоири ҳунарманд дар муҳити адабӣ шинохта шуд. Баъди таъсиси «Бунёди байналмилалии забони фор сии тоҷикӣ» сармуҳарририи нашрияи он – «Сомон»-ро ба уҳда гирифт. Бо кӯшишҳои ӯ ин ҳафтанома ба майдони нашри матлабҳои ҷолиби вобаста ба забон табдил ёфт. Баъдан то замони бознишастагӣ корашро дар Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон идома дод. Доро Наҷот дар оғози фаъолияти эҷодӣ дар қолабҳои гуногуни суннатӣ табъозмоӣ карда, чандин маҷмуаи шеърашро ба чоп расонд. Китобҳои «Соҳиби кӯҳсор», «Шабнам», «Дарав», «Хирмани маҳтоб» ва «Тулуъе дар ғуруб» марҳалаи аввали фаъолияти шоирияшро ташкил медиҳанд. Диду баёни тозаи ӯ дар ашъори ин китобҳо равшан аён аст.

Сипас шоир бо касби таҷрибаи бештар ва омӯзиши амиқи шеъри нави форсӣ ба шеъри сафед рӯй овард ва бо чопи китобҳои «Меоям аз шигифт», «Як кашкул ишқ», «Гулҷӯшаҳо» маҳорати хос ва дасти расояшро нишон дод. Шеъри сафеди Доро Наҷот бо хусусиятҳои хос, аз ҷумла, дарунмояи пурбор, забони комилан мутафовит ва тасвирҳои ғайриодияш имтиёз дорад. Хусусиятҳои шеъри тоҷикӣ дар ашъори сафеди ӯ ҳифз шудаанд. Метавон гуфт, ки ин шоир дар эҷоди шеъри сафед ба ҳадди устодӣ расидааст. Доро Наҷот ба кори душвору масъулиятталаби таҳияи фарҳанг низ ма шғул шуда, дар ду ҷилд «Фарҳанги Доро»-ро мураттаб кард, ки дар Тоҷи кистону Эрон ба табъ расид. Муҳимтарин хусусияти ин фарҳанг гузиниши вожаву таъбирҳои фаровони мардумӣ мебошад, ки аз луғатномаҳо берун монда буданд. Ӯ барои шарҳи ин вожаҳои забони зиндаи халқ шоҳидҳои фаровони шеърӣ аз шоирони муосири тоҷик овардааст, ки далели заҳмат писандияш мебошад. Доро Наҷот чун шоири сафедсарои тоҷик дар кишварҳои ҳамзабонамон низ шуҳрат дорад ва чанд китоби шеъраш дар Эрон интишор ёфтааст. Ба тарҷума низ шуғл варзида, намунаҳое аз ашъори А. Блок, Ф. Тютчев, А. Ахматова, В. Соколов, М. Дудин, Д. Павличко ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонда, пешкаши хонандагон намудааст. Соли 2012 бо китоби «Меоям аз шигифт» Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба даст овард. Шоири халқии Тоҷикистон аст. Бо самимият ва эҳтиром Доро Наҷотро ба муносибати 80-солагияш табрику муборакбод гуфта, барояш саломатии бардавом, илҳоми саршор ва асарҳои нав орзумандем! РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо