Таҳия ва тадвини фарҳангҳо, бахусус, фарҳангҳои калонҳаҷм кори басо пурмашаққат ва заҳмат талаб аст ва аз фарҳангнигор ҳав салаи зиёд ва дониши амиқу ҷаҳон бинии васеъро талаб менамояд. Агар ба шарҳи аҳволи бузургтарин фарҳангнигорони гузашта назар афканем, мебинем, ки аксари онҳо олим, шоир ё фозилу донишманди замони худ будаанд. Доро Наҷот низ пеш аз он ки фарҳангнигор бошад, шоир аст ва бо офаридаҳои худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик хид мати шоиста намудааст. Хидматҳои дар ҷодаи илми бадеъ кардаи шоир бо унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр шудаанд. Доро Наҷот ба хотири анҷоми хидмати бештар дар пешгоҳи забони модарияш, ки ба он муҳаббати беан доза дорад, замоне ки зиндагияш ба як марҳалаи муайян расида буд, ба манзури тадвини як фарҳанги тозаи тафсирии забони тоҷикӣ даст ба кор зад ва соли 2012 тавассути Па жуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон фарҳангеро таҳти унвони «Фарҳанги Доро» ба нашр расонид, ки фарогири беш аз панҷ ҳазор воҳиди луғавӣ мебошад. Му аллиф баъд аз таълифи ин фарҳанг, ки беш аз ҳафт сол вақти ӯро гириф тааст, боз наздик ба даҳ соли дигар дар такмилу таҳрир ва тасҳеҳи он кор карда, соли 2021 онро дубора тариқи нашриёти «Дониш» дар ду ҷилд бо фарогирии беш аз бисту панҷ ҳазор воҳиди луғавӣ нашр намуд. Аз шиносоӣ бо «Фарҳанги Доро» маълум мегардад, ки барои таҳи яи он муаллиф аз теъдоди зиёди фарҳангҳои тафсирӣ, фарҳангҳои дузабона, фарҳангҳои этимологӣ, фарҳангҳои лаҳҷавӣ ва фарҳангҳои соҳавии гуногун истифода намуда, дар ҷустуҷӯи шоҳид садҳо сарчаш маи адабӣ ва бадеиро варақгардон намудааст, яъне соҳиби фарҳанг тани танҳо кореро анҷом додааст, ки як ниҳоди илмӣ-адабӣ бо фарогирии чандин корманд анҷом медод. «Фарҳанги Доро» бо чандин ху сусияти худ аз фарҳангҳои дигари тафсирии тоҷикӣ фарқ мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин фарҳанг дар он зоҳир мегардад, ки дар он як миқдор вожагони хосси забони фор сии тоҷикӣ, ки дар забони форсии эронии муосир мустаъмал нестанд ва як миқдор вожагони хосси забони форсии эронӣ, ки тайи солҳои охир бо роҳу воситаҳои гуногун ба забони форсии тоҷикӣ роҳ ёфтаанд, тафси ру ташреҳ гардидаанд, ки ин амр ба ғанӣ гардидани шохаҳои гуногуни забони ноби форсӣ ба гунаи некӯ мусоидат хоҳад кард.
Хусусияти дигари ҷолиби фарҳан ги мавриди назар ин аст, ки дар он теъдоде аз вожагон, аслан хосси забони зиндаи халқ мебошанд ва бо назардошти он, ки аз ҷиҳати қиёфаи овозӣ ва маъно ба меъёрҳои забони адабӣ мувофиқат менамоянд, шо ирону нависандагон дар осори худ онҳоро истифода карда, барои ворид гардиданашон ба забони адабӣ роҳ кушодаанд. Бояд гуфт, ки теъдоди ин гуна воҳидҳои луғавӣ дар фарҳанг зиёд ба мушоҳида мерасанд ва онҳо бо ишораи махсус зикр гардидаанд. Ҳамин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки Доро Наҷот дар таҳияи фарҳанги худ аз омезаи шеваҳои зи кру тафсири фарҳангҳои тафсирӣ ва фарҳангҳои решашиносӣ истифода карда, дастае аз вожагонро бо нишон додани мувозиҳояшон аз забонҳои дигари эронӣ ё забонҳои мухтали фи ҳиндуаврупоӣ аз нигоҳи таърихи баромадашон батафсил шарҳ дода аст. Зимнан, бояд гуфт, ки ин шеваи фарҳангнигорӣ аз фарҳангнигор до нишу истеъдоду неруи фавқулодаро тақозо менамоянд. Дар давроне, ки зарурати ба ҳам наздик овардани шохаҳои форсӣ, тоҷикӣ ва дарии забони ноби фор сӣ ҳарчи бештар эҳсос мешавад, таҳияву тадвин ва нашри «Фарҳанги Доро» барин фарҳанг шоистаи ҳар
гуна таҳсину таҳният аст ва он бояд ба теъдоди бештар мунташиру паҳн карда шавад. Дар боло гуфтем, ки аксари фарҳангнигорон пеш аз он ки фарҳангнигор бошанд, олим, шоир ё фозилу донишманди бузурги замони худ будаанд ва бо таваҷҷуҳ ба аҳам мияти фаъолияти фарҳангнигорӣ фаъолиятҳои дигари эшон дар сояи фаъолияти фарҳангнигорияшон мон дааст ва мардумон ононро бештар на ҳамчун олим, шоир ё фозил, балки ҳамчун фарҳангнигор мешиносанд. Хушбахтона, Доро Наҷот дар ин ра диф қарор надорад. Имрӯз ӯро дар олами илму адаби форсӣ ҳам ҳамчун шоир ва ҳам ҳамчун фарҳангнигор хуб мешиносанду арҷ мегузоранд. Ҳам маҷмуаҳои ашъор ва ҳам фарҳанги Доро Наҷот дар кишвари ба мо дӯсту ҳамзабон ва ҳамфарҳан ги Эрон чоп ва аз ҷониби аҳли илму адаб хуб пазируфта шудаанд. Шоир ва фарҳангнигори муъта бар Доро Наҷот имрӯзҳо ба синни мубораки 80 мерасад. Ба ӯ сиҳатии комилу давлати пирӣ ва ба осори гаронарзишашон умри ҷовидона таманно менамоем.
САБУР НОСИР, НОМЗАДИ ИЛМИ ФИЛОЛОГӢ.





