6.1 C
Душанбе

АЗ ЗАМИН НОНРЕЗАҲОРО…

Устод Мирзо Турсунзода шоирест, ки аз байни халқ

баромадааст. Ӯ дар як хонадони одии деҳаи кӯҳистон

тарбият ёфтааст. Аз саргузашти халқ, аз таърихи воқеи

ву зиндаи он, одоби миллӣ, суннату ойинҳо, мушкилоту

фоҷиаҳои ба сари мардум омада, ормонҳои миллии

халқаш ба хубӣ огоҳ аст. Ӯ ин ҳамаро аз дилу аз сар

гузаронидаву дар пӯсти худ эҳсос намудааст. Ба ҷуз ин

ӯ фарзанди содиқу бовафо ва ҷоннисори ҳамин диёр

аст, ватанашро дӯст медорад. Ӯ дар тасвирҳои шоиро

нааш аз ин дониш истифода мекунад ва ҳамин сифату

ҳамин огоҳист, ки ашъори ӯ шираи маърифати халқро

дорад, бо забони халқ наздику фаҳмост. Аз ҳамин рӯст,

ки сухани ӯ дар ин мавзуъҳо равшану равону табиист:

Аз замин нонрезаҳоро чида, мемолам ба чашм,

Нони гарми меҳнатиро дида, мемолам ба чашм…

Чи қадар фалсафаву одобу ойини неки халқ таҷассум

ёфтааст дар ин як байт. Аз роҳҳо чидани нонреза, ба

чашмҳо молидани нон — ин тасвири зебо бо ҳадафҳои

маънавие, ки ин байт баён мекунад, на байт, балки як

алмоспораи дурахшони маънавиву шоиронаест, ки дар

он ҳам ҳунару диди шоирона, ҳам рӯшанбаёнӣ, ҳам

тасвирнигории олӣ ва ҳам илқои маъниву одоби бузург

ифода ёфтааст.

Дар мисраъҳои баъдина тасвир аз пайи тасвир ба

ҳамин услуби дилпазиру зебо меояд ва як ҷаҳон завқи

маънавӣ ба шумо мебахшад:

Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,

Хӯшачину боғбанду дос дар бар будаам.

Ва хонанда на ин ки огоҳӣ аз ин касбу ҳунари гандум

кориву даравгарӣ меёбад, балки манзари зебои онро

беҳтар аз ҳар наворе ба чашм мебинад:

Гӯш мекардам суруди марди хирманкӯбро,

Мешунидам зарбҳои говроначӯбро.

Ва минбаъд тасвирҳои шоирона хонандаро бо манза

раҳои воқеии он замон ва мардуми он замон ошно ме

гардонанд, ки наметавон онро бе риққати дил пазируфт:

Побараҳна, дилгурусна сарсари кӯҳу адир,

Хӯрҷин дар китф мегаштам чу як марди фақир.

Ҳамин манзараи кӯчак тавонистааст тамоми фоҷиа

ва мушкили рӯзгори он замонро дар худ таҷассум ку

над. Чӣ қадар ҳунармандона бо бадеияти баланд ва

тасвирҳои зебои шоирона баён ёфтаанд андешаҳои

шоир дар ин мисраъҳо:

Рӯзу шаб чун коҳҳои монда дар саҳро будам,

Дар парешонӣ чу боди бесару бепо будам.

Ҳамин чанд байти кӯтоҳ кофӣ буд, ки шоир тамоми

тасвиру манзараи он рӯзгорро муҷалло ба қалам би

диҳаду як олам маъниву тасвирро дар он бигунҷонад.

Аммо баъд шоир дар ин шеър тавассути як вожаи

«кунун» гардиши ғайричашмдошт мекунад ва ноаёну

ҳунармандона имрӯзро бо дирӯз пайванд медиҳад:

Нонвои шаҳр меояд кунун гар пушти дар,

Нони гарми хешро бардошта вақти саҳар.

Ва ин манзара: нони гарми саҳар дар пушти дар,

албатта, рамзи сериву пурии замона, рамзи шодбошии

рӯзгори хушбахтонаи нав аст. Шеърро мехонед ва

машоми шумо аз бӯи нони гарм муаттар мешавад. Ин

аст ҳунари шоир, сеҳри сухани шоиронаву бамаврид

гуфтаи ӯ:

Кӯчаҳоро пур кунад аз бӯи нони ширмол,

Пур кунад хони арусон дар шаби тӯйи висол…

Воқеан шеъри устод Мирзо Турсунзода нафақат бӯи

нон, бӯи меҳр, бӯи ишқ, бӯи ҷавонмардӣ, бӯи сиришти

нек, бӯи хайрхоҳӣ ва дар маҷмуъ бӯи Замин – бӯи Ва

тан мекунад. Чунон ки дар шеъри «Нонреза» дидем, як

вежагии ашъори Турсунзода, хусусан шеърҳое, ки аз

зиндагии мардум ва табиати диёр гирифта шудаанд,

дар он аст, ки ӯ огоҳии комил аз ин мавзуъҳо дорад ва

бардоштҳояш ҳаргиз зоҳириву сатҳӣ нестанд. Барои

далел метавон шеъри «Чӯпон»-ро мисол овард. Вақте

ки ин тасвирҳои дилпазир, ин манзараҳои зебои шои

рона таҷассумшударо мехонед:

Чӯпон ба сари сангу чаридан рама дорад,

Аз санг ба харсанг ҷаҳидан рама дорад.

Бӯи гули кӯҳию алафзори чарогоҳ

Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад.

Чун абри сафеде, ки гирифтаст фазоро,

Чодар ба сари сабза кашидан рама дорад,

Сарчашма занад ҷӯш, аз он барра кунад нӯш,

Аз ҷӯи сафобахш паридан рама дорад…,

яқин мекунед, ки устод Турсунзода огоҳии хубе аз чӯпо

ниву рамачаронӣ дорад, балки дар наврасиҳо чӯпонӣ

ҳам кардааст.

Ба замми он, ки дар ин тасвир бо камоли маҳорати як

рассоми чирадаст манзараҳои рамаву дара ба қалам

омадаанд, баёнҳое чунин шоирона «дар панҷаи бод

будани бӯи гули кӯҳиву алафзор», «чодар ба сари сабза

кашидани абри сафед» аз бозёфтҳои шоиронаи устод

Турсунзода мебошанд.

бо бӯи замин

Банда як кашфиёти бузургро дар шеъри устод Турсу

зода мушоҳида кардаам. Биёед, аввал далел меорам,

таваҷҷуҳ кунед ба ин байтҳо:

Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин,

Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин.

Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,

Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.

Агар Нютон Қонуни кашиши заминро дар илм кашф

карда бошад, маҷозан мегӯем, ки ба андешаи мо, устод

Мирзо Турсунзода Қонуни маънавии кашиши замини

Ватанро кашф кардааст, ки ҷои баҳс надорад. Зеро дар

саросари ин шеър неруи ин кашиш ба тасвир омадаву

эҳсос мешавад ва ин фалсафа, яъне фалсафаи неруи

кашиши замини Ватан, дар шеъри «Оҳанрабо» бо да

лелҳои шоирона нишон дода шудааст:

Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,

Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.

Чи қадар зиндагӣ, чи қадар руҳбаландӣ, бовару эъти

мод – он меъёрҳое, ки инсонро сарбаланд медоранд,

баён мешаванд дар шеъри устод Турсунзода:

Зинда кардам дар замин ман шуълаи хомӯшро,

Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро.

Ман ба ҳар як тифли аз модар бадунёомада

Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро.

Бо замин, бигзор, ки пайванд бошад пои ман,

Дар замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман,

То абад, бигзор, бошад шуълаафкан, шуълабор

Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ман!

Замин-модар дар шеъри Турсунзода ҷисми ҷондор

ва ҳассос аст. Шоир табиатро мисли инсони зинда

дармеёбаду ба тасвир мегирад:

Боғбон боғи ҷавонро ба буридан сар кард,

Шираи ток чу ашке ба чакидан сар кард.

Синаи хок – дили модари деринаи мо

Чун дили дардкашида ба тапидан сар кард.

Ин манзараи муассирро бубинед, ки чӣ гуна ҳунарман

дӣ, дид ва мушоҳидаи шоиронаи Турсунзодаро равшану

зебо ба мо нишон медиҳад. Ин қадар таъсирбахш, рехта

ва шоирона!

Дар ин пораи шеъри кӯчак, ки «Ток ва замин» ун

вон гирифтааст, бо тасвирҳое, ки саросар рамз аст,

пайванди инсону замин, фалсафаи ягонагии инсону

табиат хеле маънидор, нишонрас ва шоирона зебо ба

қалам омадааст:

Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт,

Бо замин ваъдаи як умр вафо кардан дошт,

Аз дами хоки сияҳ, аз нафаси гарми баҳор

Ток болида амал кардану сабзидан дошт.

Шояд устод Мирзо Турсунзода ягона шоирест, ки беш

тар аз дигарон ситоиши заминро карда бошад, аммо ин

ситоишҳо ба ҷуз он ки бори гарони заминро мекашанду

фалсафаи инсону заминро ба таҳқиқ мегиранд, сами

мияту муҳаббати фарзандонаи инсонро ба замин бо

забон ва тасвирҳои ноби шоирона ба қалам медиҳанд,

ки наметавон аз сари онҳо безавқ ё бетаваҷҷуҳ гузашт.

Масалан, ин қитъаи шеър бо ҳунари комил ва тасвирҳои

хеле тозаи шоирона гуфта шудааст:

Сабр кун, то сер бинад чашми ман рӯи замин,

То барам бо хеш чун атри кафан бӯи замин.

Сабр кун, гардад парешон ҳар саҳар дар гирди мо

Шуълаи хуршед чун заррина гесӯи замин.

Бо хеш бурдани “атри замин чун бӯи кафан” ва тасви

ри ҳар саҳар “парешон гардидани шуълаи хуршед чун

гесӯи заррини замин” бозёфти зебои шоиронаи устод

Турсунзода аст.

Бо шеъри ноби Турсунзода хонандаи хушзавқу закӣ

пайваста вориди дунёи нотакрору мунаққаши шоирона

мегардад, аз ҳар зуҳуроти табиат завқ мебардорад,

неру мегирад. Ва ин ҳама тасвирҳои дилпазир дар

шеъри Турсунзода барангезандаи беҳтарин ва балан

дтарин эҳсосоти инсониянд. Аз ҷумла:

Имрӯз баъди борон тирукамон баромад,

Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад.

Аз қатраҳои борон дар офтоби тобон

Рухсора тар намуда, абрукамон баромад.

Бо рангҳои дилкаш, бо чеҳраи мунаққаш

Ҳусни замин дамида, фавворасон баромад…

Ин сатрҳо чунон ҳунармандона гуфта шудаанд, ки ло

зим нест манзараҳои дар он бақаламомадаро хонанда

тасаввур кунад, зеро мисраъ ба мисраъ худи шеър ин

манзараҳоро пеши назаратон бо ҳама шукӯҳ ҷилвагар

менамояд:

Аз кӯҳ то ба кӯҳе, аз дашт бо даште

Товуси хушхироми Ҳиндустон баромад…

Рассоме чирадаст мебояст, ки тасвире чунин фаро

гирро ҳамин гуна зиндаву эҳсосшаванда мисли устод

Турсунзода ба қалам дода тавонад.

Вусъати ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода, ин

фарзанди наҷиби халқи тоҷик, ки тавонистааст мақоми

башарӣ гирад, чунон фарогир аст, ки ӯ аз баландии

осмон метавонад қитъаҳоро назора намудаву дарк

намояд ва андешарониву арзёбӣ кунад:

Аз Замин беҳтар барои мо дигар сайёра нест,

Беҳтар аз он дидаи моро раҳи наззора нест.

Ҷуз Заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим

Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.

Ин тасвирҳо имрӯз ҳам замонавӣ буда, аҳаммияти худро гум накардаанд, балки бештар аз дирӯз аҳаммият доранду ба дарди одамизод мехӯранд ва раҳнамои роҳи дурусти наҷоти инсониятанд.

бӯи ватан

Вожаи дигари муқаддас дар шеъри Турсунзода, ки

бо назари тоза ва камоли шоирӣ мавриди тасвир қарор

гирифтааст, вожаи «Ватан» аст.

Тозагониву навовариҳои устод Турсунзода дар тасви

ри Ватан на як бор мавриди гуфтугузор қарор гириф

тааст ва мо ҳам дар ин хусус изҳори андеша доштаем.

Устод Турсунзода аз он нахустин шоиронест, ки бар

акси ситоишу тавсифи урён ва шиоргунаи ватансароёни

он замон кӯшидааст симои Ватан, ормонҳои миллии

халқи худро дар пероҳани сухани бадеъ, дар ҳолаи

табиати зебои кӯҳистони диёр, чашмасору хоки зархези

Тоҷикистон, заҳмати ҳалоли мардумонаш бо эҳсосоти

баланд ва тасвирҳои таъсирбахш ба қалам бидиҳад.

Гумон мекунам, ин маънӣ ҷойи баҳс надорад, ки фал

сафаи муҳаббати Ватанро касе шоиронатару волотар

аз устод Турсунзода ба қалам надодааст ва барои

исботи ин андеша овардани ҳамон қитъаи машҳур ва

вирди забони ӯ кофист:

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчӣ дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Ин истеъдоди бузург ва муҳббати беназири ватан

дӯстонаи устод Мирзо Турсунзода аст, ки тавонистааст

чунин эъҷоз кунад, ки садои рӯдҳои Ватан баландтар

аз овову наъраи тӯфонҳои баҳру уқёнусҳо садо диҳанд

ва ин қадар фосилаҳои бузург, ҳазорон фарсахро

пушти сар карда, ба гӯшаи дигари олам, ба гӯши шоир

бирасанд. Ва аз ҳама шигифтангез ин аст, ки ин ҳама

муболиға нест, ҳақиқат аст, боварибахш аст ва наме

тавон онро инкор кард.

Вожаи муқаддаси Ватан дар шеъри Турсунзода ҷило

ву дурахш ва сеҳри хоссаи худро дорад. Ва ин ҷилоест,

ки дили шуморо равшан мекунаду сеҳрест, ки худи шу

моро тасхир месозад. Ва шумо низ таслими ин муҳаббат

худро «ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан» эҳсос

менамоед ва шумо ҳам «ба овози дуруди Ватан ва ба

оҳанги суруди Ватан» «дар замини ӯ менишинеду дар

ҳавои он парвоз мекунед».

Маҳз устод Мирзо Турсунзода фалсафаи дигари ва

тандориро ба мо талқин менамояд, ки метавон ва бояд

дур аз Ватан ҳам бо Ватан бошӣ ва ин гуфтаҳои худро ӯ

бо тамоми ҳастӣ, зиндагӣ ва фаъолияти шарафмандо

наи худ собит кардааст. Аз ин рӯ, ҳуқуқ дошт бо садои

баланд нидо кунад:

Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,

Ба сайёҳӣ маро карданд гарчӣ дӯстон машҳур,

Вале ман дар ҳама, ҷо дар ҳама кунҷу канори даҳр

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Устод Мирзо Турсунзода, ки вожаи «қасам» дар

ашъораш яке аз вожаҳои калидӣ ва дурахшон аст, дар

шеъри машҳур ва баланди худ бо номи «Савганд»

савганди инсонию шоирии худро дода, ҳама умр ба он

содиқ мондааст ва агар назари нек андозем, мебинем,

ки воқеан ҳар шеъри устод савганду ниёиши шоиронаи

вафодориву ватандориву инсонигарист.

Ба қасам то абад вафо кардан

Сарбаландии ҳар як инсон аст.

Ҳам қасам хӯрда, ҳам адо кардан

Ин фақат кори ҷумла мардон аст.

Имрӯз мо медонем, ки ин суханони устод Мирзо

Турсунзода суханони хушку холӣ набуданд. Устод  бо

як зиндагӣ ва эҷодиёти ҷоннисорона, бо як ҳаёту фаъо

лияти муҷалло, дар баҳои ҷони бедареғ дар хидмати

халқу Ватан додаи худ инро ба таври дурахшон исбот

кардааст.

Ҳаминро метавон илова кард, ки кам шоире тавони

стааст мисли Турсунзода ифтихори миллӣ, муҳаббати

ватандӯстонаи худро бо мавзуъҳои ҷиддии башарӣ чун

озодӣ, сулҳу дӯстӣ ва якдилии халқҳои олам пайванди

ногусастанӣ зада бошад.

КАМОЛ НАСРУЛЛО

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо