…Моро дида, аз ҷо хест ва оромона «марҳамат, даро ед» гуфт ва ба нишастан таклиф кард. Нишастем. Раҳим пурсид:– Мирзоҷон, ба ту чӣ шуд? На таомро ҳалол хӯрдиву на ба кӯча баромадӣ? Охир, дирӯз ин тавр набудӣ-ку?– Айнӣ, – гуфт хаёломез Мирзо, – дар рӯзҳои охири умраш дар боғи ҳукуматӣ зиндагӣ мекард. Касал буд. Ҳар рӯз ба диданаш мерафтам, дуру дароз нишаста, суҳбат мекардем. Суҳбати мо аксар вақтҳо дар бораи адабиёт, нависандагон, махсусан дар бораи тарбияи эҷодии на висандагони ҷавон буд. Лекин рӯзе ӯро рангканда дидам ва ҳамин суоли туро ба вай додам. Устод бар асо такя карда, бо ҳасрат гуфт: «Он рӯзҳое, ки сангро ҳазм карда метавонистам, чизи барои хӯрдан надоштам, вале имрӯз, ки ҳама чиз дорам, хӯрдан наметавонам, ҳатто шӯрбо аз гулӯям намегузарад! Ман ки аз ҳоли Мирзо бохабар будам, хомӯш будам, вале Раҳим пурсид:
– Аз он кас-ку сурхрӯдааш касал буд, аммо ба ту чӣ шуд?– Лекин аз ман тамоми узвам касал аст, – гуфт маъюсо на Мирзо, – ҳатто чашмонам аз кор баромада истодаанд.– Мон, Мирзо, ту беҳтараш як ду се рӯз дам гир, ин китобҳову коғазҳову қаламҳоятро даруни шикоф маҳкам карда мон! Бигзор онҳо ҳам дам гиранд! Мирзо бо ришханд гуфт:– Устод Айнӣ ҳар бор ин суханони Камоли Хуҷандиро такрор мекард: «То ҳаст зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст!», Ман ҳам шогирди Айниям. * * * Даводавии духтурҳо зиёд шудан гирифт. Рӯзи дигар гурдаҳои Мирзо аз кор монданд. Барои ёрӣ ба Маскав муроҷиат карданд. Духтур Саидқул ба ману Раҳим гуфт, ки ҳамин бегоҳ бо самолёт аз Москва духтури гурда меояд. Аз нигоҳҳои маъюсонаи Саидқул фаҳмидем, ки касалии Мирзо хеле ҳам вазнин аст ва умеди ягона ва охирин аз табобати духтури сертаҷрибае, ки аз Маскав меояд. Дар охири он рӯз баъди мудохилаи дуюми ҷарроҳӣ дили беқарори шоири бузург аз тапидан монд ва чашмони ӯ абадӣ аз дунё пӯшида шуданд. Ҳамсафон ва шогидони Мирзо дар атрофи тобути ӯ ҷамъ омаданд ва дар нигоҳи ғамолуди ҳар яке хондан мумкин буд;– Дӯсти мо, бародари мо, устоди мо, Мирзои азиз! Мо суханони пандомези падаронаву бародаронаи туро ҳеҷ гоҳе фаромӯш намекунем, аз рӯи онҳо амал мекунем, кору анъанаҳои туро давом медиҳем ва барои он мекӯшем, ки ҳеҷ вақт ба фикри касе наояд, ки ту дар сафи мо ва бар сари мо нестӣ. Бигзор ҳама ва ҳамеша бо боварии комил гӯянд, ки шоир Мирзо Турсунзода зинда аст, ба адабиёти тоҷик роҳбарӣ мекунад, гулгулшукуфии ин адабиёт сама раи меҳнат ва ғамхории ӯст!
Хабари мудҳише, ки дар назарам
Гӯиё кӯҳу даштро ларзонд,
Паҳн шуд дар фазо чу абри сиёҳ,
Ки дили шоир аз тапидан монд.
Он диле, ки дили ҷаҳоне буд.
Шоири коммунисти мо Мирзо
Гул парастиду чашмасоронаш,
Сер асло нашуд тамоми умр
Аз тамошои лолазоронаш,
Дилхуш аз кишвари ҷавонӣ буд.
Гоҳ аз зиндагонӣ назми баланд,
Гоҳ аз назм зиндагонӣ сохт.
Рӯдакивор дар диёри Шарқ
Алами назми тозае афрохт,
Сулҳро ёру пуштбоне буд.
Ҷойгир аст дар дили халқаш
Меҳри пурҷӯши ӯ, каломи ӯ.
Мешавад сабт бар ҷаридаи даҳр
Бо хати зар давоми номи ӯ
Зинда бо ишқи ҷовидонӣ буд.





