Меравонд аз дида хуноби сиёҳ,
Миллати моро сиёҳӣ пахш кард,
Чашми ӯ пур гашт аз хоби сиёҳ.
Шеъри рангорангу софу сода зод,
Модари тоҷик Турсунзода зод.
Дар замоне, ки ҷаҳон аз мо рамид,
Дар замин тӯфони сурх омад падид,
Миллати ман сар ба хоби сурх монд,
Сурхияш чун сурхакон дар мо дамид.
Ӯ алайҳи бандагӣ озода зод,
Модари тоҷик Турсунзода зод.
Шеъри ӯ гарчи сиёсат будааст,
Ҳам фасоҳат, ҳам фаросат будааст.
Баъди Сомониву Айнӣ дар ҷаҳон
Миллати моро раёсат будааст.
Дар сиёсат ахтари сарвода зод,
Модари тоҷик Турсунзода зод.
ЗИЁ АБДУЛЛО





