6.1 C
Душанбе

НОМА АЗ ҲИНДУСТОН

Хонандагони гуногунмиллати советӣ ва хориҷӣ

асарҳои Мирзо Турсунзодаро ба забонҳои худашон

хонда, муҳокима ва таҳлил намуда, бо шоир ҳам

фикру ҳамовоз будани худро ба воситаи мактуб ва

тақриз изҳор намудаанд. Мактубҳои бешуморе аз ҳар

гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои хориҷа ба унвони

шоир омадааст. Дар мактубҳо ба меҳнати шоир баҳои

баланд дода шуда, аҳаммияти баланди маърифатӣ

ва тарбиявӣ доштани асарҳояшро иброз мекунанд ва

равнақу ривоҷи боз ҳам муъҷазтару дилраси эҷодии

ӯро бо самимият таманно мекунанд.

Дар хориҷа, аз ҷумла дар Ҳиндустон, асарҳои

шоирро донишҷӯёну зиёиёни пешқадам мутолиа

менамуданд ва мазмуни онҳоро ба оммаҳои васеи

халқи мазлум мерасониданд. Ҳоло пораеро аз мак

туби донишҷӯйи донишгоҳи Роҷпутони Ганг-Нигор,

музофоти Биҳонири Ҳиндустон-Вишал Синг ба Мирзо

Турсунзода бо ҳам мехонем:

«Шоири бузург, лаурети мукофоти Сталинӣ,

Мирзои азиз! Ман аз номи худам ва рафиқонамстудентони пешқадами университети

мо Шуморо табрик менамоям, ки ба

рои мамлакати мо, халқи мо «Қиссаи

Ҳиндустон»-ро навиштаед. Мо ин

достони Шуморо ба забонҳои англисӣ

ва ҳиндӣ хондем. Таъсире, ки мо аз

он гирифтем, маро уҳдадор намуд, ки бо супориши

рафиқон ва аз номи онҳо ба Шумо нома фиристам.

Зиёиёни пешқадам ва студентон завқи калон доранд,

ки асарҳои Шуморо хонанд ва донанд. Ҳамаи ҷаво

нони пешқадам ва студентони бовиҷдони мамлакати

мо муқобили душманони сулҳ буда, ҳамеша бо Иттифоқи Советӣ, ки машъалабардори сулҳу демократия аст, дӯстӣ изҳор менамоянд…».

Албатта, донишҷӯёни ҳинд Мирзо Турсунзодаро

на танҳо барои зебоӣ ва равонии асарҳояш, балки аз

сабаби ҳисси худшиносиву ифтихори миллии онҳо

ро бедор намуданаш, роҳи ҳақиқатро нишон дода,

ғазаби нисбат ба империалистҳои Амрикою Англия

доштани онҳоро равшан ифода карданаш табрик

намудаанд. Чунин мактубҳо шаҳодати хурсандӣ ва

миннатдории беинтиҳои онҳо мебошад. 

ТАҲИЯИ М. ҲАМЗА

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо