6.1 C
Душанбе

САЛИМИ ЗАРАФШОНФАР

***

Кушоям субҳгоҳе чашм,

Шафақро мисли пешин арғувон бинам,

Бипиндорӣ, анори тоҷикӣ хирвор дар хирвор

Ба пеши дидагон бинам.

Кушоям субҳгоҳе чашм,

Насими накҳатогинро вазон бинам.

Ғазалхон ҳамчунон дар тифлиям ҳур-ҳур ба пиромун

Паёмовар барои хеш аз аҳли ҷаҳон бинам.

Кушоям субҳгоҳе чашм,

Биафрозида дар дашту даман тирукамони  дилситон, аммо

На дар дасти касе тиру камони ҷонситон бинам.

Кушоям субҳгоҳе чашм,

Каноре пӯстсурх одам,

каноре пӯстзард одам,

Булӯринпӯст ин ҷониб,

зуғолинпӯст он ҷониб,

 Дили ин хайли рангорангро лекин

              тиҳӣ аз гарди кин ойинасон бинам.

Кушоям субҳгоҳе чашм,

Набинам гушнае ҳаргиз,

Набинам ташнае ҳаргиз.

Ба монанди самои мамлуи анҷум

Пур аз нони мушаъшаъ ҳар танӯреро,

Чу дар ганҷина ганҷи шойгон, бал ройгон 

 дар  кӯзаҳои ташнагон оби зулолу соф,

Зи ҳар як қул-қули он ғул-ғули ҳастӣ

Ба қалби пиракону кӯдакон бинам.

Кушоям субҳгоҳе чашм,

Ба ҷои бумбҳои оҳанини ҷангии вазнин

Сабукпар, симпайкар кафтарони

 сулҳи Турсунзода Мирзоро

Ба авҷи осмони лоҷвардӣ парфишон бинам.

Кушоям субҳгоҳе чашм,

Ба ҷои хитта-хитта хокҳои тир хӯрда,

                                                    чок гардида,

Ба ҷои хитта-хитта хокҳои тир хӯрда,

                                                       заҳр ҷаббида

Ва умре бенишону бесамар монда,

Дарахтистону бустонҳо кароне то

 карон бинам.

Кушоям субҳгоҳе чашм,

Тамоми ҷангпардозони гетиро

Ба ҳар ҷое, ки тир онҳо

Ниҳодастанд боқӣ, гулшинон бинам.

Муқаддас руҳи Пири сулҳҷӯёнро

 фараҳманду ризоятманд

Ва оромида ӯро зери гил беормон бинам.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо