6.1 C
Душанбе

СИТОРА

Як ситора канда шуд дар осмон,

Тез рафт аз ҷой чун тири камон,

Монд нақшаш лаҳзае оташфишон,

Ноаён шуд баъд аз чашми замин,

Гӯй кам шуд як ситора бо ҳамин.

Лек мегӯянд, вай ҷои дигар

Аз сари нав боз меояд бадар,

Боз монад дар самои шуълавар,

Мисли он, ки одами рӯи замин

Ҳасту мегардад ба ҳар сӯи замин.

Чун ситора кандӣ, эй устоди мо,

Монд бе ту сакта дар эҷоди мо,

Рафтаӣ аз чашм, на аз ёди мо,

Рафтаю андар дили мо шиштаӣ,

Зиндаӣ худ, лек моро куштаӣ.

АШӮР САФАР

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо