6.1 C
Душанбе

ТУРСУНЗОДА ДАР САҲНА

Саҳми Мирзо Турсунзода дар мустаҳкам гаштани сулҳ миёни халқҳои ҷаҳон хеле бузург аст. Бесабаб нест, ки устод Турсунзодаро дар ҷаҳон ҳамчун қосиди сулҳ мешиносанд. Муҳаққиқ Атахон Сайфуллоев ҳангоми омода намудани асари «Хур шедсавор» маҳз аз ҳамин нуқтаи назар амал менамоянд. Ҳанӯз ҳаким Арасту дар мавриди тасвири бадеии таърих ва фардиятҳои таърихӣ фармуда буд, ки он «нисбат ба нигориши таърихӣ ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати воқеӣ авлотар аст. Санъати шеър ба мағз андар мағзи рӯйдод ворид мешавад, ҳисоботи дақиқ бошад, рӯихати пай дарҳами тафсилоти онро пешниҳод менамояд». Ба иншои драмаи мазкур даст зада ни адиб танҳо ба истиқболи 90-солагии зодрӯзаш бахшидани он набуд. Он чан дин сабаби дигар низ дорад. Аввал ин ки аз солҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба таърихи халқи тоҷик ва ҳаёти бузургмардони кишвар, ки дар пешрафти он дар давраҳои мух талиф саҳми босазо гузоштаанд, хеле зиёд гардид. Ба ин инкишофи илми таърих аз нимаи дуюми садаи ХХ дар ҷумҳурӣ низ таъсири мусбат расонид. Таҳқиқоти олимони таърихшинос аз доираи асарҳои монографии онҳо берун рафта тамоми паҳлуҳои ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии мардумро фаро гирифтанд. Дигар, он ки Сайфуллоев худ ҳам муҳаққиқ ва ҳам мунаққиди адабиёти муосир аст ва дар таҳқиқ, таҳлил ва тасвири ҳодисоту воқеоти таърихию бадеӣ таҷрибаи зиёд дорад. Мавзуъҳои таърихӣ ва ҳаёти шахсиятҳои шинохта, аз қабили рӯзгори Мирзо Турсунзода, диққати муаллифро на аз рӯи драма тизм, ё дилангезиву шадидияти воқе аҳо, балки, пеш аз ҳама, бо моҳияти муҳимми маънавӣ ва ғоявиаш ҷалб намудааст. Як хислати муҳимми таби ати худи Атахон Сайфуллоев он аст, ки хеле пурмутолиа, пухтакор ва дақиқ назар аст. Бахусус, таваҷҷуҳи махсуси муҳаққиқ ба маводи таърихию адабӣ аз назар ғоиб намемонад. Андешаҳои ӯ роҷеъ ба саҳифаҳои муҳимми таърихи адабиёти тоҷик дар садаи бистум та риқи маҷмуаҳои алоҳида, дастаҷамъӣ ва матбуоти даврӣ ба таври доимӣ нашр мешаванд. Онҳо миёни мухли сони илму адаб маҳбубияти хосеро касб намудаанд. Дар офаридаҳои олим фактҳои таърихӣ танҳо такрор ё ёдрас нашуда, нигоҳи муаллиф, оқибатҳои ҳар кадоми онҳо, таъсирашон ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангии мардум мавриди таҳқиқ ва андеша қарор дода шудаанд. Танҳо омӯзиш барои адиб манфиат намеорад, паси ҳар маводи шиносшуда андеша таҳлилу пажуҳиш мебояд, ки ин ҳамаро Атахон Сайфуллоев доро мебошад. Аз рӯи табиати тадқиқоти илмӣ Сайфуллоев чандин маводро дар муқоиса бо ҳам омӯхта, ҳини бозгӯ онҳоро ба ҳам омезиш надода, назари хешро роҷеъ ба масъалаи омӯхта шаванда иброз медорад. Дар жанри драма баён намудани андешаҳояш аз муаллиф масъулияти ҷиддиро талаб менамояд. «Драматургия чист? – ме пурсад ходими намоёни давлатӣ ва ҳунарии русу шуравӣ Анатолий Луна чарский ва ба пурсиши худ чунин ҷаво би мушаххас медиҳад. – Драматургия як қисмате аз адабиёт аст. Ва адабиёти бадеӣ барои мо чист? Он ҳодисаи му айяни фавқулодда муҳимми ҷамъиятии тафаккур, эҳсос ва эҷод аст. Дар ин амал ҷамъият тариқи намояндагони муайяни худ, ходимони сарсупурдаи хеш, ки аз уҳдаи иҷрои ин амали муҳим мебароянд, аъмоли худшиносӣ, худ маҳкумсозӣ, худташкилнамоиро пиёда месозад. Ва то даврони мо низ драматургия ин нақшро иҷро мекардааст, агарчи аксар вақт бо мақсадҳои манфур ва бешуурона». Тавъам омадани таҳқиқи адабӣ ва публитсистика дар асари «Хуршедса вор» ба таври возеҳ рӯнамо гашта. Ба асарҳои театри сиёсии даврони шуравӣ монанд будани асар аз чашм ниҳон намемонад. Ба услуби театри сиёсӣ рӯ овардани драматург сабаби дигар низ дорад. Чуноне аз воқеоти нимаи дуюми садаи бистум бар меояд, фазои сиё сии тамоми кишварҳои узви Иттифоқи Шуравиро насими озодихоҳӣ фаро гирифт. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ки бар асари бо кундӣ инкишоф ёфтани иқтисод, ҷамъ гаштани масоили зиёди ҳалталаб, ақибмонии иҷтимоӣ гурӯҳи равшанфикроне рӯи кор омаданд, ки дар рушди минбаъдаи кишвар таъсири амиқ гузоштанд. Дар ин раванд нақши Мирзо Турсунзода ҳамчун шахсияти бузурги сиёсӣ, давлатӣ ва эҷодӣ хеле бузург аст. Чуноне маълум аст дар театр, чун тамоми дигар анвои ҳунар, офари дани симои зиндаи эҷодкоре, ки дар хотири мардум абадӣ ва дақиқ нақш бастааст, хеле мушкил аст. Аз замони зиндагии устод Мирзо Турсунзода он қадар айёми зиёде нагузаштааст. То ҳол ҳамзамонон, дӯстон, ихлосман дон, умуман, касоне, ки алоқамандони ашъори устод буда, шарафи вохӯрӣ бо он кас барояшон насиб гаштааст, хеле зиёд ҳастанд. Дар хотираи онҳо ҳар лаҳзаи вохӯриашон бо Турсунзода ба таври абадӣ нақш баста, бо одитарин ангеза ин лаҳзаҳои ширин пеши назарашон рӯнамо мегардад. Барои касоне, ки баҳрашон дидорбинӣ бо Мирзо Турсунзода насиб нагарди дааст, симояшро тариқи аксҳои дар маҷаллаву рӯзномаҳо нашргардида ва сабтҳои телевизионии зуд – зуд тариқи симо намоишдодашаванда бисёр дидаанд. Садои марғуладор ва ширадори овозаш, ки тариқи радио шунавонида мешавад, дар хаёли та моми ихлосмандонаш нақш бастааст. Роҷеъ ба ҳаёти устод асарҳои зиёди таҳқиқотӣ ва тарҷумаиҳолӣ офарида шудаанд. Ҳамаи онҳо ба мо имкони пурра медиҳанд, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Турсунзода маълумоти мукаммал дошта бошем. Аз ин лиҳоз рӯи саҳна овардани симои Мирзо Турсунзода аз ходимони театрӣ масъулияти ҷиддиро талаб менамуд. Новобаста аз ин, олими шинохта ва мунаққиди адабиёт Атахон Сайфуллоев дар асари «Хуршедсавор» кӯшиш ба харҷ додаст, ки раванди ташаккули ҷаҳонбинӣ ва эҷодии шоирро мавриди таҳқиқи амиқ қарор бидиҳад. Мақсади асосии театр низ таҳқиқи руҳи инсон аст. Бинобар ин, тавассути саҳнаи те атр бо тамошобинон – муосирони мо рӯбарӯ намудани Турсунзода ҳам осон ва ҳам мушкил аст. Осон барои он, ки шахсиятҳои наҷибе мисли Турсунзода аз лиҳози омӯзиш ва таҳқиқи ҳунарӣ худ аз худ хеле ҷолиб аст. Мушкил аз он ҷиҳат, ки дар мавриди татбиқи саҳнавии табиати хислати ин гуна шах сиятҳо метавон ба иштибоҳ роҳ дод. Дигар ин ки чун ҳар навъи ҳунар даст ба муаррифии ин ё он шахсият тавассути василаҳои хеш даст мезанад, бояд ҳатман чизи наве мавриди он шахсият гуфта тавониста бошад. Муаллиифи асари «Хуршедсавор» Атахон Сайфуллоев ва ҳайати эҷодии Театри давлатии ҷавонони Тоҷики стон ба номи Маҳмуд Воҳидов дар рафти таҳияи асар бо ана ҳамин гуна мушкилот рӯ ба рӯ гардиданд. Пеш аз рӯи саҳна овардани асар он миёни мутахассисон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамаҷониба муҳокима гардид. Махсусан он дар рафти семинарии драматургон, ки соли 2001 баргузор гардида буд, мавриди баҳси умумӣ қарор гирифт. Мунаққидон ва таҳияга рону ҳунармандоне, ки дар рафти он ширкат варзида буданд, аз камбудиҳои асар ёдрас гардида, дар рафти таҳияи он бо мушкили рӯ ба рӯ шудани театрро пешбинӣ намуданд. Новобаста аз он, ки асар дар асоси воқеоти дақиқи таърихӣ ва тарҷума иҳолӣ нигошта шудааст, драма хеле қолабӣ сохта шуда, дорои воқеаи яго наи ба ҳам пайвастнамояндаи микро воқеаҳо ва микронизоъҳо намебошад. Динамикаи инкишофи воқеаҳо суст ҷараён мегирад. Драматург ҳангоми тасвири ҳолатҳои равонии қаҳрамони хеш бештар ба монологҳо такя намуда, ба бозгӯи воқеаҳои бо Турсунзода рух дода машғул аст. Монолог дар асари драмавӣ барои бозгӯи ҳолати равонии қаҳрамон бештар истифода мешавад, на барои тавзеҳи рафти воқеаҳо. Бархурдҳои шадид, мубодилаи афкор ва муҳокимаҳои рафиқонаю дӯстона, ки дар рафти онҳо Турсунзо да хеле зиёд ширкат варзидааст, дар асар ё сарфи назар карда шудаанд, ё корбаст шаванд ҳам инкишоф дода намешаванд. Эҳсос мегардад, ки му аллиф барои ба вуҷуд овардани барх урдҳои шадид кӯшиш ба харҷ додаст, вале дар рафти инкишофи онҳо ба нокомӣ мувоҷеҳ гардиданаш низ аён аст. Дар натиҷа, низои ягонаи шадид ва ҷараёнёбандаро таъмин карда на тавонистааст.

Персонажҳои дигар низ зери фи шори доимии муаллиф қарор доранд. Онҳо озодона амал карда наметаво нанд, бинобар ин ба рафти воқеаҳо таъсири ҷиддиашон ҳам ба назар намерасад. Дар қисми дуюми асар, бо ворид шудани Фолстер, кас умед бар он мебандад, ки акнун низои асар мукаммал гардида, ба равиши минбаъ даи воқеот таъсири мусбат мерасонад. Мутаассифона, як саҳнаи бархурди онҳо дар муқобили саҳнаҳои дигари тавзеҳотӣ нақши муҳиммеро намебо зад. Пас аз бархурд бо Фолстер воқе аҳо боз ба раванди муқаррариашон бармегарданд. «Агар пйеса бо маҳорати баланди режиссёрӣ, ҳақиқатнигоронаву санъат корона ба саҳна гузошта шавад, – ме гӯяд яке аз муҳаққиқони драматургияи миллӣ Ҷӯрахон Бақозода, – вай бешта ру хубтар аз дигар навъҳои адабӣ ба тамошобин таъсири амиқ мегузорад, ӯро ба фикру андеша водор месозад. Зеро тамошобин шоҳиди бевоситаи воқеа ва рафтору амалиёти дар саҳна амалкунанда мебошад. Образи инсоне, ки дар саҳна офарида мешавад, пеш аз ҳама, бо мавқеи фаъоли гражда нию иҷтимоӣ ва ғановати маънавию ахлоқии худ аҳаммиятнок аст». Театри давлатии ҷавонони Тоҷики стон ба номи Маҳмуд Воҳидов ҳангоми таҳияи асар маҳз ҳамин ҷиҳатҳои онро ба инобат гирифта, намоиши аз лиҳози ҳунарӣ ба воқеияти таърихӣ мутобиқро рӯи саҳна овард. Таҳиягари намоиш Абдулҳафиз Қодиров кӯшиш ба харҷ додааст, ки образи муборизи озодии тамоми халқҳои рӯи ҷаҳонро офарад. Дар натиҷа, образи қаҳрамон ба таври монументалӣ офарида шуда, воқеияти таърихӣ ва мантиқи равиши воқеаҳо ва инкишофи характерҳо на ҳамеша риоя гардидааст. Вобаста ба суст будани маводи драмавӣ ҷиҳатҳои ҷолиби ҳунари Бобосаид Ятимов низ дуруст кушода нашуданд. Алҳол тамошобинонро шабоҳати берунаи ҳунарманд бо Мирзо Турсунзода ба ваҷд оварда, эътиқодашонро ба ӯ бедор менамояд. Вале табиати хислати қаҳрамон дуруст инкишоф наёфтааст. Бобосаид Ятимов ин камбудии асарро бо инъикоси ҳо латҳои зоҳирии қаҳрамонаш пурра на мудааст. Дар натиҷа, пас аз тамошои асар, ба таассуроти пешинаи мо роҷеъ ба рӯзгор ва осори Мирзо Турсунзода ҳисси ҳамзистӣ ва ҳамгироӣ бо ин нобиға зам мегардаду халос. Табиист ки чунин эҳсос то дер гоҳ ҳар бинан даро зери таъсири худ нигоҳ дошта, мояи ифтихораш низ мегардад. Инро метавон далели навгоние, ки асар бо худ ба тасаввури мо дар бораи шоири бузург ворид намудааст бишмарем. Тамошобин шоирро дар ҳолатҳои воқеӣ ва ба таври аслӣ мебинад. Ҳар ҳаракат ва сухану луқмаҳои обдор ва пурмаънои шоирро тамошобин бо тамоми ҳастиаш қабул намуда, дар рафти воқеаҳо шарик буданаш ӯро ба ваҷд меорад. Дар ҳолатҳои воқеӣ амал намудани шоир эътиқод ва бо варии тамошобинро афзун менамояд. Тамошобин дар ҳама ҳолат худро шарик ва ғамгусори шоири маҳбубаш меҳисобад. Шоир низ аз халқи худ, таърихи он ифтихор дорад. Дар ҳар намоиш суханронии Мирзо Турсунзода дар конфронси байналмиллии тараф дорони сулҳ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва бардавом ба итмом мерасид. Дар ин ҳолат тамошобин тапиши набз ва рафти андешаҳои шоири маҳбубашро ба хубӣ эҳсос намуда, бо боварӣ ва ҳисси ифтихормандӣ аз ин фарзанди фарзонааш назар меафканад.

МУҲАММАДУЛЛО ТАБАРӢ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо