Дар замоне, ки замон афтода буд,
Номи тоҷик аз ҷаҳон афтода буд,
Бо нишону бо забони зиндааш
Бенишону безабон афтода буд.
Шаҳсаворе миллати афтода зод,
Модари тоҷик Турсунзода зод.
Дар замоне, ки сафедӣ тира шуд,
Шеъри нав андар сафедӣ хира шуд,
Мурдаашро ин сафедӣ шуд кафан,
Шеърро хоби сафеде чира шуд.
Шоире бедору фавқулъода зод,
Модари тоҷик Турсунзода зод.
АТО МИРХОҶА





