6.1 C
Душанбе

НАМОДИ МИЛЛАТИ ОЗОДА

Ӯ намоди миллати озода буд,

Ӯ саломи сулҳ, пайки ҷода буд.

Ӯ садои Осиёву Африқо,

Ӯ сафои ошиқи дилдода буд.

Ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори мӯ

Дар дифои меҳанаш истода буд.

Бар алайҳи бодҳои тунди аср

Бо ҷасорат синаро бикшода буд.

Гашт фарзанди ҳама қавму нажод

Тоҷике, ки сарваташ сарвода буд.

Бо вуҷудаш қитъаҳоро васл кард,

Дар раҳи ҳақ ҷону танро дода буд.

Дар қатори қуллаҳои ин диёр

Қуллаи Мирзои Турсунзода буд.

Камол Насрулло

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо