6.1 C
Душанбе

ДАСТХАТТИ ЗЕБОИ «ҶОНИ ШИРИН»

Достони «Ҷони ширин» бегумон яке аз беҳтарин

ва машҳуртарин навиштаҳои устод Мирзо Турсун

зода мебошад, ки аксари дӯстдорони осораш матни

онро ҳатто азбар медонанд. Ин достон дар баробари рӯшанӣ ба баъзе ҷанбаҳои ҳаёти шахсиву

оилавии муаллиф, маҷмуаи андешаҳои муҳимму

ноби иҷтимоӣ ва сиёсии ӯро низ баён мекунад.

Яке аз хусусиятҳои асосии достони «Ҷони

ширин» содагию равонии забони ин асар аст, ки

борҳо аз ҷониби муҳаққиқон эътироф ва ёдоварӣ

шудааст. Аммо дастхатҳои дастрасшудаи устод

Турсунзода нишон медиҳанд, ки чунин забони

равону мазмуни баланди достон на танҳо маҳ

сули табъи дарёии шоир, балки натиҷаи заҳмату

таҳриру такмилаҳои зиёди устод рӯи матни он низ

мебошад.

Се саҳифа аз дастхатти ин достон, ки дар зер

пешниҳод мешавад, зоҳиран нусха ё шакли аввали

матни он аст, зеро дар чанд маврид аз матни ниҳои

ву чопшудаи достон фарқ мекунад. Масалан, матни

байти аввали нусхаи расмии достон чунин аст:

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,

Ин қадар беҳуда дилтангам макун.

Аммо аз дастхатти устод маълум мегардад, ки

шакли аввалини ин байт чунин будааст:

Ҷони ширин, ин қадар айбам макун,

Бозгаштам аз сафар, айбам макун.

Ин сатрҳо, ки дар варақа ё бланкҳои расмии

«Вакили Шурои Олии ИҶШС» навишта шудаанд,

шояд ишора ба он низ дошта бошанд, ки устод

таълифи достонро ҳанӯз дар сафар оғоз намуда

будааст. Аммо хатхӯрдагию ислоҳоти рӯи матн

гувоҳи онанд, ки устод матни достонро пайваста

таҳриру такмил намуда, онро сахтгирона ислоҳ

мекардааст.

Аз ин рӯ, ин дастхатҳо на танҳо нишонгари

хатти зебову хонои устод, балки баёнгари заҳмати

пайвастаи устод дар такмили осори худ мебошанд.

Дар бораи ҳусни хатти устод бояд илова намуд, ки

ин дастхатҳо намунаи ҳунари хаттотии ӯ набуда,

бе қаламу коғази хаттотӣ, ҳамчун сиёҳнависи корӣ

бо ручкаи маъмулӣ рӯи варақҳои одӣ навишта ва

таҳрир шудаанд. 

Матни дастхатҳои ироашуда ба тартиби варақҳо 

(дар самти рости саҳифа) чунин мебошад:

Варақи 1:

Ҷони ширин, ин қадар айбам макун,

Боз гаштам аз сафар, айбам макун.

Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,

Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,

Дар дили бесабри ман ёди ту буд,

Ёди рӯи ҳуснободи ту буд.

Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,

Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.

Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол буд,

Бе ту аз ман дар гурез иқбол буд.

Варақи 2:

Қалъа аз як пояи девор нест,

Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.

Халқҳо хоҳанд, ки бо ҳам шаванд,

Дӯстиро қалъаи маҳкам шаванд.

Дилбаро, ин қадр дилтангӣ макун,

Бо ду-се гапчин ҳамоҳангӣ макун.

Алҳазар аз фитнаҷӯён, алҳазар!

Алҳазар аз бадзабонон, алҳазар!

Кошки онҳо ҳунар медоштанд,

Бо сухан дар дил асар медоштанд.

Лек аз онҳо маҷӯ гуфтори хуб,

Маънии барҷаставу осори хуб.

Варақи 3:

Ҷони ширин, мо, ки озод аз ғамем,

Аз ғами мазлумҳо огаҳ камем?

Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон

Файз буд дар хонаи мо меҳмон.

Шуъла меборид аз чашмони ӯ,

Дуди оҳ аз мағз-мағзи ҷони ӯ…

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо